Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (43) – Аҳли қибла ва такфир (1)

Матни китоб:

ونسمّي أهل قبلتنا مسلمين مؤمنين ما داموا بما جاء به النبي صلى الله عليه وسلم معترفين، وله بكل ما قاله وأخبر مصدّقين، ولا نخوض في الله، ولا نماري في دين الله، ولا نجادل في القرآن ونشهد أنه كلام رب العالمين نزل به الروح الأمين، فعلمه سيد المرسلين محمدا صلى الله عليه و سلم، وهو كلام الله تعالى لا يساويه شيء من كلام المخلوقين ولا نقول بخلقه، ولا نخالف جماعة المسلمين، ولا نكفّر أحداً من أهل القبلة بذنبٍ ما لم يستحلّه

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (р) гӯяд:) Аҳли қибларо мусалмон ва мӯъмин медонем модоме, ки ба он чӣ Паёмбари Акрам (с) оварда эътироф дошта ва эшонро ва ҳар он чиро, ки эшон фармудаанд тасдиқ кунанд.

Дар бораи зоти Худованди Мутаъол кунҷков намешавем ва дар бораи дини Худо ба мироъ (ҷидол) намепардозем.

Дар бораи Қуръони Карим муҷодала намекунем ва гувоҳӣ медиҳем, ки Қуръони Карим каломи Парвардигори ҷаҳониён аст, ки Ҷабраили Амин онро фуруд оварда ва ба сарвари фиристодаҳо ҳазрати Муҳаммад (с) омӯхтааст.

Қуръони Карим каломи Худованди Мутаъол аст, ки ҳеч чизе аз каломи махлуқоташ баробар ва ҳамсанги он намешавад ва мо ақида надорем, ки каломи Худо махлуқ аст.

Ва бо ҷамоати муслимин мухолифат намекунем, ва ҳеч кас аз аҳли қибларо ба сабаби иртикоби гуноҳе модоме, ки онро ҳалол нашуморад, кофир намехонем…

* * *

Шарҳ:

Дар ин бахш аз гуфтор, Имом Таҳовӣ (р) мутаъарризи масоили зерин шудааст:

1. Кунҷков нашудан дар зоти Худованд: Ва далелаш ҳам он аст, ки зоти Худованди Мутаъол қобили дарк нест. Мо дар ин мавзӯъ дар қисмати 5 ба тафсил баҳс кардаем, руҷӯъ ба он қисмат бишавад.

* * *

2. Мироъ (ҷидол) накардан дар бораи дини Худованд: Бо равшан шудани нуктаҳои зерин, мурод аз “адами ҷавози мироъ ва ҷидол дар дини Худо” возеҳ мегардад:

а) Нуктаи аввал ин ки: маорифи исломӣ аз як назар ҳамагӣ аз такягоҳи ақлӣ бархӯрдор буда ва хирадписанд мебошанд; мунтаҳо, ин маориф ду дастаанд: яке, усули исломӣ (мисли вуҷуди Худованди Мутаъол ва сифоти ӯ, асли паёмбарӣ, асли маъод), ки инҳо бевосита ба бурҳон ва далели ақлӣ собитанд. Ва дастаи дигар, баъзе масоили эътиқодӣ (мисли чигунагӣ ва кайфияти фариштагон ва аҳволи рӯзи қиёмат ва ғайра) ва низ фурӯи исломӣ (мисли бисёре аз аҳкоми динӣ), ки ҳарчанд бевосита ба бурҳи ақлӣ бароямон собит нестанд, вале аз он ҷо, ки аз сӯйи хабардиҳандаи содиқ (Худо ва Паёмбар (с)) гузориш шудаанд, мо тасдиқашон мекунем.

б) Бо таваҷҷӯҳ ба ин, гӯем: Агар касе бо шумо вориди бигӯмагӯ дар бораи масоили дастаи дуввум — мисли кайфияти вуҷуди фариштагон ва ё чигунагии аҳволи рӯзи қиёмат ва ё кайфияти Меъроҷи Паёмбар (с) ва ё ин ки чаро масалан дар ҳангоми ҳаҷ пиромуни Каъба бояд тавоф кард ва ғайра аз ин қабил масоил — бишавад, дар инчунин мавориде, набояд вориди ҷидол ва мироъ шуд. Зеро тараф дар сар ҳатман ғаразе ҷуз ёфтани ҳақиқат дорад. Вагарна, бо таваҷҷӯҳ ба нуктаи аввал, равшан аст, ки ин қабил масоил — ки мо мусалмонон ба онҳо таъаббуд дорем — чун хабардиҳандаи содиқ онҳоро бароямон гузориш карда, аз ин рӯ ба онҳо имон ва бовар ҳосил мекунем. Зеро, хеле аз масоил ҳастанд, ки мо инсонҳо қодир ба дарки онҳо нестем. Ва адами дарки масъала, далел бар ин нест, ки набошад.

Барои тақриб ба зеҳн, метавон масъалаи мавриди назарро ташбеҳ ба ин кард, ки агар марде мубтало ба беморӣ бишавад ва назди пизишк биёяд ва пизишк барояш доруеро таҷвиз бикунад, ӯ чашмбаста ба тавсияи пизишк гӯш фаро дода ва доруи тавсияшударо истеъмол мекунад (яъне ба ӯ таъаббуд мекунад), бо ин ки барояш бо далел ва бурҳон собит нашуда, ки оё ин дору давои бемории ӯ ҳаст ё нест. Ва агар аз ӯ бипурсанд, ки чӣ гуна бидуни он ки бидонӣ ин дору даво ҳаст ё нест, чашбаста ба тавсияи пизишк гӯш додааст, хоҳад гуфт, ки пизишк чун солҳо таҳсил дида ва таҷриба карда ва дурӯғ ҳам намегӯяд, ҳатман тавсияаш дуруст аст.

Аз ин рӯ, ҷидол ва мироъ дар ин гуна масоил ҷоиз нест. Зеро касе ки бо шумо мехоҳад дар ин қабил масоил ҷидол кунад, ғарази ӯ ё истеҳзо ва ба масхара гирифтани маорифи исломӣ аст ё ҳадафи шуми дигаре бар сар дорад. Се ояти зерин ба ҳамин матлаб ишора доранд:

وَلَئِن سَأَلْتَهُمْ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلْعَبُ قُلْ أَبِاللّهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنتُمْ تَسْتَهْزِئُونَ

Ва агар аз эшон бипурсӣ, мусалламан хоҳанд гуфт, ки мо фақат шӯхӣ ва бозӣ мекардем. Бигӯ: Оё Худо ва оятҳои ӯ ва паёмбарашро ришханд мекардед?!” (Сураи Тавба, ояти 65)

وَقَدْ نَزَّلَ عَلَيْكُمْ فِي الْكِتَابِ أَنْ إِذَا سَمِعْتُمْ آيَاتِ اللّهِ يُكَفَرُ بِهَا وَيُسْتَهْزَأُ بِهَا فَلاَ تَقْعُدُواْ مَعَهُمْ حَتَّى يَخُوضُواْ فِي حَدِيثٍ غَيْرِهِ إِنَّكُمْ إِذًا مِّثْلُهُمْ

Ва албатта Худованд дар Қуръон бар шумо нозил карда, ки ҳар гоҳ шунидед оятҳои Худо мавриди инкор ва масхара қарор мегиранд, бо онон манишинед, то ба сухане ғайр аз он дароянд, чаро ки дар ин сурат шумо ҳам мисли онон хоҳед буд…” (Сураи Нисо, ояти 140)

 وَإِذَا رَأَيْتَ الَّذِينَ يَخُوضُونَ فِي آيَاتِنَا فَأَعْرِضْ عَنْهُمْ حَتَّى يَخُوضُواْ فِي حَدِيثٍ غَيْرِهِ

Ва чун бибинӣ касоне дар оятҳои мо фурӯ мераванд, аз эшон рӯй бартоб, то дар сухане ғайр аз он дароянд…” (Сураи Анъом, ояти 68)

* * *

3. Қуръони Карим махлуқ нест: Дар бораи ин мавзӯъ низ дар қисмати 21 ба тафсил баҳс оростаем, хонанда метавонад ба он қисмат руҷӯъ кунад.

* * *

4. Аҳли қибла ҳама мусалмон ва мӯъмин ба шумор меоянд модоме, ки ҳазрати Паёмбар (с)-ро ва ҳам он чиро, ки овардааст эътироф ва тасдиқ кунанд. Ва ҷоиз нест аҳли қибла ба иллати анҷоми гуноҳе кофир хонда бишаванд модоме, ки онро ҳалол нашуморанд.

Ин масъала ниёз ба шарҳ ва тавзеҳ дорад. Аз ин рӯ, дар се чаҳор қисмат фақат пиромуни ин масъала баҳс хоҳем намуд. Албатта, бино дорам рисолае ҷудогона дар ин мавзӯъ ба риштаи таҳрир дароварам, иншоаллоҳ.

Инак, баҳс дар ин мавзӯъ:

* * *

Даромад

Муҳимтарин мавзӯъ дар ин баҳс, масъалаи мукаффирот — яъне умуре, ки сабаби кофир шудани як мусалмон мегардад – аст; чаро ки дар бораи “асли адами ҷавози такфири аҳли қибла” ихтилофи назаре вуҷуд надорад. Зеро ҳамаи фирақи исломӣ мӯътақиданд, ки хуни мусалмонро набояд рехт. Аммо бархе аз рафторҳо ё боварҳо ба назари гурӯҳе, сабаби хуруҷи фард аз ислом мешавад.

Ба сухани дигар, дар асли қоидаи “ҳурмати такфир” ихтилофи назаре вуҷуд надорад, балки ишкол дар ташхиси мусалмон ва таърифи ислом аст, ки баъзеҳо бо “далелҳое” талош дар танг кардани доираи ислом дошта ва ба сирфи анҷоми бархе гуноҳон — ки шояд аз назари дигар мазоҳиб аслан гуноҳе набошад — фардро аз доираи ислом хориҷ карда ва такфир мекунанд.

* * *

Маънои луғавӣ ва истилоҳии такфир:

Вожаи “куфр” дар луғат ба маънои “пӯшондан” ва “нодида гирифтан” аст ва дар истилоҳи фиқҳӣ ва каломӣ ба маънои “номусалмонӣ” аст.

“Такфир”, ки масдари боби “тафъил” аст, дар фарҳанги исломӣ ҳаддиақал чаҳор корбурди комилан мутафовит дорад:

а) Маънои аввал, ки бештар дар калом ва тафсири Қуръон аз он гуфтугӯ мешавад ва мутаъаллақи он “гуноҳон” аст, ба маънои “бахшиши гуноҳон” мебошад:

 وتكفير السيئات هو العفو عنها

Ва такфири гуноҳон бахшиши онҳост”.

б) Маънои дуввум, ки дар фиқҳ фаровон ба кор меравад “каффора додан” барои анҷоми бархе гуноҳон ё аъмоли нописанд аст.

в) Маънои севвум, ки боз дар фиқҳ аз он гуфтугӯ мешавад, “дастбаста намоз хондан” аст.

г) Маънои чаҳорум, ки ҳам дар калом ва ҳам дар фиқҳ корбурди зиёде дорад, “кофир шумурдан”-и як инсон аст. Яъне ин ки ӯро аз ҷиргаи ислом хориҷ бидонем ва аҳкоми исломиро бар ӯ ҷорӣ надонем.

Албатта, маъмулан ин вожа дар мавориде ба кор меравад, ки фард ё афроде собиқаи исломӣ дошта, вале ба иллати эътиқод ё рафторе, мавриди такфир қарор гиранд. Бинобар ин, ин вожа дар мавриди касоне, ки аз аввал мусалмон набуда ва иддаъои мусалмон будан ҳам надоранд, ба кор намераванд.

Ба ҳар ҳол равшан аст, ки мақсуди мо дар ин навиштор баҳс аз ҳамин корбурди ахир аст.

* * *

Ҳурмати такфир аз дидгоҳи Қуръони Карим:

Дар ояти каримаи 94 сураи Нисо мефармояд:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِذَا ضَرَبْتُمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ فَتَبَيَّنُواْ وَلاَ تَقُولُواْ لِمَنْ أَلْقَى إِلَيْكُمُ السَّلاَمَ لَسْتَ مُؤْمِنًا تَبْتَغُونَ عَرَضَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فَعِندَ اللّهِ مَغَانِمُ كَثِيرَةٌ كَذَلِكَ كُنتُم مِّن قَبْلُ فَمَنَّ اللّهُ عَلَيْكُمْ فَتَبَيَّنُواْ إِنَّ اللّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا

Эй касоне, ки имон овардаед! Чун дар роҳи Худо сафар мекунед, (нек) баррасӣ ва расидагӣ кунед ва ба касе, ки назди шумо (изҳори) ислом мекунад, магӯед: ту мӯъмин нестӣ!, (то ба ин баҳона) матоъи зиндагии дунёро биҷӯед; чаро ки ғаниматҳои фаровон назди Худост. Қаблан худатон (низ) ҳамин гуна будед ва Худо бар шумо миннат ниҳод. Пас, хуб расидагӣ кунед, ки Худо ҳамвора ба он чӣ анҷом медиҳед огоҳ аст”.

Ин ояти шарифа пас аз оятҳое омадааст, ки аҳком ва ақсоми қатли нафсро баён намудааст ва дар ҳақиқат ҳушдоре муҷаддад дар бораи мавзӯи ҷони мусалмонон додааст. Худои Мутаъол дар ояти қабл сареҳан ба касоне, ки мусалмононро ба амд мекушанд, ваъдаи ҷовидон мондан дар ҷаҳаннам додааст:

وَمَن يَقْتُلْ مُؤْمِنًا مُّتَعَمِّدًا فَجَزَآؤُهُ جَهَنَّمُ خَالِدًا فِيهَا وَغَضِبَ اللّهُ عَلَيْهِ وَلَعَنَهُ وَأَعَدَّ لَهُ عَذَابًا عَظِيمًا

Ва ҳар кас амдан мӯъминеро бикушад, кайфараш дӯзах аст, ки дар он мондагор хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм мегирад ва лаънаташ мекунад ва азобе бузург омода сохтааст”. (Сураи Нисо, ояти 93)

Агарчӣ ихтилофоте дар бораи шаъни нузули ин ояти муборака вуҷуд дорад, аммо ба таври иҷмол мавриди он марбут ба бархе аз асҳоби Паёмбар (с) буда — Усома ибни Зайд ё Муҳаллим ибни Ҷассома ё Миқдод ибни Асвад ва ё фарди дигаре — ки ислом овардани фардеро қабул накарда ва ӯро мекушад.

Ибни Касир дар тафсири худ зайли ояти мавриди назар аз Ибни Аббос (р) ривоят кардааст:

عن ابن عباس قال: بعث رسول الله صلى الله عليه وسلم سرية، فيها المقداد بن الأسود، فلما أتوا القوم وجدوهم قد تفرقوا، وبقي رجل له مال كثير لم يبرح فقال: أشهد أن لا إله إلا الله، وأهوى إليه المقداد فقتله، فقال له رجل من أصحابه: أقتلت رجلا شهد أن لا إله إلا الله؟ والله لأذكرَن ذلك للنبي صلى الله عليه وسلم، فلما قدموا على رسول الله صلى الله عليه وسلم قالوا: يا رسول الله، إن رجلا شهد أن لا إله إلا الله، فقتله المقداد، فقال: ادعوا لي المقداد، يا مقداد، أقتلت رجلا يقول: لا إله إلا الله، فكيف لك بلا إله إلا الله غدا؟ قال: فأنزل الله: يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا ضَرَبْتُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَتَبَيَّنُوا وَلا تَقُولُوا لِمَنْ أَلْقَى إِلَيْكُمُ السَّلامَ لَسْتَ مُؤْمِنًا تَبْتَغُونَ عَرَضَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فَعِنْدَ اللَّهِ مَغَانِمُ كَثِيرَةٌ كَذَلِكَ كُنْتُمْ مِنْ قَبْلُ فَمَنَّ اللَّهُ عَلَيْكُمْ فَتَبَيَّنُوا

Паёмбари Акрам (с) гурӯҳеро, ки дар миёни эшон Миқдод ибни Асвад (р) низ буд барои ҷанге гусел дошт. Пас, вақте назди он қавм омаданд, диданд ҳамагон пароканда шудаанд ва танҳо марде аз онҳо – ки моли фаровоне доштааст – боқӣ монда ва ҷойе нарафтааст. Он мард калимаи шаҳодатайн ба забон ҷорӣ кард, яъне гуфт: Шаҳодат медиҳам, ки ҷуз Худо худое нест! Миқдод бар ӯ ҳамла кард ва ӯро кушт. Яке аз ёрон ба ӯ хитоб кард: Оё мардеро, ки калимаи шаҳодатайн ба забон ҷорӣ карда куштӣ? Ба Худо савганд, барои Паёмбар (с) инро хоҳам гуфт. Замоне ки ҳузури Паёмбар (р) расиданд, гуфтанд: Эй Расули Худо! Марде шаҳодатайн ба забон ҷорӣ кард, аммо Миқдод ӯро кушт. Паёмбари Акрам (с) Миқдодро хостанд ва фармуданд: Эй Миқдод! Оё мардеро, ки шаҳодатайн мегӯяд ба қатл расонидӣ, фардои қиёмат чӣ кор хоҳӣ кард бо “Ло илоҳа иллаллоҳ”? Сипас, ояти фавқ нозил шуд…” (Тафсири Ибни Касир, 2/384, Ашшомила)

Дар як ривояти дигар ҳаст, ки вақте дар ҷавоб мегӯяд, ӯ аз тарс шаҳодатайн ба забон оварда ва дар воқеъ мусалмон нашуда буд, Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: Оё қалби ӯро пора кардӣ ва дидӣ дар он чӣ навишта шуда?

Хуб, комилан возеҳ аст, ки вақте касе шаҳодатайн овард, дигар ӯ мусалмон аст ва касе ҳаққи такфири ӯ ва куштани ӯро надорад. Яъне ҷону молу номусаш ҳурмат пайдо мекунад, ҳатто агар қалбан имон наёварда бошад.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Имом Қуртубӣ дар тафсири худ зайли ояти мавриди назар гуфтааст:

وفي هذا من الفقه باب عظيم وهو أن الأحكام تناط بالمظان والظواهر لا على القطع واطلاع السرائر

Ва дар фиқҳ дар ин мавзӯъ боби азиме вуҷуд дорад. Ва он ин ки: меъёри ҳукм (дар бораи афрод) зоҳири онҳост, на ин ки воқеан қатъ пайдо карда бошем ва аз қалбашон огоҳ шуда бошем…” (Тафсири Қуртубӣ, 5/319, Ашшомила) Яъне, ҳамин ки касе ба зоҳир мусалмон бошад, бар асоси зоҳири ӯ бо ӯ муомила мекунем ва коре ба ин ки дар дилаш чист надорем.

Ба ҳар сурат, он чӣ дар ин ҷо барои мо муҳим аст паёми оят аст, ки бояд ба дурустӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад. Ва он иборат аз наҳй аз “такфир”-и ҳар касе аст, ки изҳори мусалмонӣ мекунад.

Ин бардошт мавриди пазириши бештари уламои барҷастаи ислом қарор гирифтааст. Дар китоби “Завобитут-такфир ъинда аҳлис-сунна вал-ҷамоа” мегӯяд:

 وفيها نهي صريح عن نفي وصف الإسلام عمن تظاهر بأي من شعائر الإسلام كالسلام مثلاً

Дар ин оят наҳйе сареҳ аст аз нафйи мусалмон будан аз касе, ки тазоҳур ба яке аз шаъоири ислом бикунад, мисли ин ки салом бидиҳад”. (Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ал-Қаранӣ, Завобитут-такфир ъинда аҳлис-сунна вал-ҷамоа, 1/100, Ашшомила)

Шиъа ва суннӣ дар ин маврид иттифоқи назар доранд. Шайх Тӯсӣ, аз уламои барҷастаи шиъа, дар зайли ояти мавриди назар мегӯяд:

والذي يستفاد من ذلك أن من اظهر الشهادتين لا يجوز لمؤمن أن يقدم على قتله، و لا إذا أظهر ما يقوم مقامها من تحية الإسلام

Он чӣ аз ин оят истифода мешавад ин аст, ки касе ки шаҳодатайн ба забон оварад ва ё чизе изҳор бидорад, ки қоим мақоми шаҳодатайн бошад мисли салом додан, барои ҳеч мӯъмине раво нест иқдом ба қатли ӯ намояд…” (Аттибён фи тафсирил-Қуръон, 3/295)

* * *

Дар қисмати баъдии баҳс, дар бораи ҳурмати такфири аҳли қибла аз дидгоҳи ривоёт хоҳем пардохт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Такфир

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: