Шарҳи Маснавӣ (158)

Тафсири “Раҷаъно минал-ҷиҳодил-асғари илал-ҷиҳодил-акбар” (2)

* * *

Ҳақ қадам бар вай ниҳад аз ломакон,

Он гаҳ ӯ сокин шавад аз “кун факон”.

Ҳақ Таъоло аз олами ломакон қадамашро бар дӯзах мениҳад ва бедиранг бино ба фармони Ӯ он дӯзах сокин ва ором мегардад.

Нукта: Ин байт баргирифташуда аст аз ҳадисе, ки муҳаддисон аз ҷумла Бухорӣ аз Абӯҳурайра ривоят карда, ки:

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ (ره) قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ (ص): تَحَاجَّتِ الْجَنَّةُ وَالنَّارُ، فَقَالَتِ النَّارُ: أُوثرْتُ بِالْمُتَكَبِّرِينَ وَالْمُتَجَبِّرِينَ، وَقَالَتِ الْجَنَّةُ: مَا لِي لا يَدْخُلُنِي إِلاَّ ضُعَفَاءُ النَّاسِ وَسَقَطُهُمْ. قَالَ اللَّهُ تَبَارَكَ وَتَعَالَى لِلْجَنَّةِ: أَنْتِ رَحْمَتِي أَرْحَمُ بِكِ مَنْ أَشَاءُ مِنْ عِبَادِي، وَقَالَ لِلنَّارِ: إِنَّمَا أَنْتِ عَذَابِي أُعَذِّبُ بِكِ مَنْ أَشَاءُ مِنْ عِبَادِي، وَلِكُلِّ وَاحِدَةٍ مِنْهُمَا مِلْؤُهَا، فَأَمَّا النَّارُ فَلا تَمْتَلِئُ حَتَّى يَضَعَ رِجْلَهُ، فَتَقُولُ: قَطْ قَطْ، فَهُنَالِكَ تَمْتَلِئُ وَيُزْوَى بَعْضُهَا إِلَى بَعْضٍ، وَلا يَظْلِمُ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ مِنْ خَلْقِهِ أَحَدًا، وَأَمَّا الْجَنَّةُ فَإِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ يُنْشِئُ لَهَا خَلْقًا

Биҳишту дӯзах бо якдигар муҷодала карданд. Дӯзах гуфт: Ман ба ҷабборон ва мутакаббирон ихтисос дода шудаам. Биҳишт гуфт: Маро чӣ шудааст, ки фақат афроди заъиф ва пеши по афтодаҳо вориди ман мешаванд?! Худованди Мутаъол ба биҳишт гуфт: Ту раҳмати ман ҳастӣ, ба василаи ту ба ҳар як аз бандагонам, ки бихоҳам, раҳм мекунам. Ва ба дӯзах гуфт: Ҳамоно ту азоби ман ҳастӣ, ва ба василаи ту ҳар як аз бандагонамро, ки бихоҳам, азоб медиҳам. Ва ҳар ду пур хоҳад шуд. Вале дӯзах пур намешавад, магар ин ки Худованд пояшро дар он бигузорад, он гоҳ дӯзах мегӯяд: Бас аст! Дар ин ҳангом дӯзах пур мешавад ва бархе аз қисматҳояш дарҳам печида мешавад ва Худованд Азза ва Ҷалла ба аҳаде аз махлуқоташ зулм намекунад, ва барои биҳишт махлуқи дигаре меофаринад”.

Аз назари бисёре аз уламои исломӣ, исноди қадам (пой) ба Худованд, исноде маҷозӣ аст. Вале фирқаи Муҷассима ва Аҳли ҳадис онро исноде ҳақиқӣ медонанд, бо ин тафовут байни Муҷассима ва Аҳли ҳадис, ки гурӯҳи дуввум мӯътақиданд, Худованд бо ин ки ҳақиқатан (на аз рӯйи маҷоз) ба доштани пой муттасиф мешавад, вале ҳеч монандӣ бо халқ дар ин мавзӯъ надорад ва Ӯ Таъоло пок ва барӣ аст аз он чӣ махлуқот ба он васф мешаванд. Имом Фахри Розӣ дар тафсири худ зайли ояти 11 сураи Шӯро, ба тафсил ба посухи Муҷассима ва Аҳли ҳадис дар ин мавзӯъ пардохтааст.

Чунки ҷузви дӯзах аст ин нафси мо,

Табъи кулл доранд ҷумла ҷузвҳо.

Аз он ҷо, ки нафси аммора ба дӯзах ташбеҳ шуда ва ҳамон гуна ки ҷузъ ҳамеша тобеи кулл аст, пас нафси аммора низ сифати дӯзахро дорад.

Ин қадам Ҳақро бувад, к-ӯро кушад,

Ғайри Ҳақ худ кӣ камони ӯ кашад?

Хамӯшии ин дӯзахи сӯзон танҳо ба воситаи қадами Ҳақ аст, ки он нафси аммораро низ мекушад, зеро ҷуз Худованд чӣ касе метавонад камони ин нафсро бикашад? Яъне ба муқобала бо ӯ хезад? Оташи нафс хомӯш шуданӣ нест, магар ба лутфи Ҳақ Таъоло. Ҳар гоҳ ҷазабаи ишқи илоҳӣ бар дили шахс афтад, ӯ аз банди нафс раҳо мешавад, чунон ки дар байте дар ҳамин дафтар гӯяд:

Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,

Ӯ зи ҳирсу ҷумла айбе пок шуд.

Камони касе ё чизе кашидан: киноя аз ӯҳда баромадан ва тоб овардан аст.

Дар камон нанҳанд илло тири рост,

Ин камонро бозгун каж тирҳост.

Тире, ки дар камон ниҳанд, бояд рост бошад, то ба ҳадаф исобат кунад, ва ин камони нафс тирҳои каҷ дорад.

Нукта: Ҳамон тавре ки тири каж ба ҳадаф нарасад, ҳамин тавр вақте ағрози нафсонӣ бар одамӣ чира шавад, одамиро ба мақсад нарасонад.

Рост шав чун тиру вораҳ аз камон,

К-аз камон ҳар рост биҷҳад бегумон.

Пас, барои он ки аз камони нафс вораҳӣ, бояд ростӣ ва дурустӣ ихтиёр кунӣ, зеро тире, ки дар камон рост бигузоранд, раҳо мешавад.

Нукта: Ишорат аст ба қисмате аз ояти 112 сураи Ҳуд:

 فَاسْتَقِمْ كَمَا أُمِرْتَ

Пас, ҳамон гуна ки дастур ёфтаӣ, мустақим ва пойдор бош…

Муроди Мавлоно аз “рост шудан” ба эътидол сулук кардан аст, яъне ӯ гуфтанист: на ҳамчун руҳбонон шаҳватро саркӯб кун ва на ҳамчун ибоҳиён асири шаҳавот шав. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.447)

Чунки вогаштам зи пайкори бурун,

Рӯй овардам ба пайкори дарун.

Чун ки аз пайкор ва набарди душмани берунӣ биёсудам, инак ба набард бо душмани дарунӣ мешитобам. (Ин байт ишора дорад ба мазмуни ҳадисе, ки пештар ёдовар шуда будем.)

“Қад раҷаъно мин ҷиҳодил-асғар”-ем,

Бо Набӣ андар ҷиҳоди акбарем.

Мо он гурӯҳе ҳастем, ки аз пайкор бо куффор бозгаштаем ва акнун ҳамроҳи ҳазрати Набӣ (с) машғули пайкор бо ҳавои нафсем.

Қувват аз Ҳақ хоҳаму тавфиқу лоф,

То ба сӯзан барканам ин кӯҳи Қоф.

Барои он ки кӯҳи Қофро бо сӯзан барканам, аз Худованд нерӯ ва тавфиқ ва тадбир мехоҳам.

Нукта: “Лоф” дар асл ба маънои “иддаои беасос” аст, аммо дар инҷо муносиби маънои тадбир ва чорасозӣ аст, чунон ки Никелсун онро ихтиёр кардааст. (Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.226). Ба маънои “мояи ифтихор ва сарафрозӣ” низ муносиб меояд.

Дар ин байт “кӯҳи Қоф” киноя аз нафси аммора ва “сӯзан” киноя аз душвории ислоҳи нафс аз тариқи риёзат аст. Ин тамсил бо мухтасаре тафовут дар мутуни ирфонӣ омадааст. Аз ҷумла дар “Кашфул-маҳҷуб” сафҳаи 263 омадааст: “Кӯҳ ба нохун кандан бар одамизод осонтар аз мухолафати нафс ва ҳаво бувад”. Низ Абӯҳошими Суфӣ гӯяд:

لقلع الجبال بالابر ايسر من اخراج الكبر من القلوب

Баркандани кӯҳҳо бо сӯзан осонтар аз зудудани сифати кибр аз қалб аст”. (Ба нақл аз: Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.489)

Саҳл шере дон, ки сафҳо бишканад,

Шер он аст, он ки худро бишканад.

Он шере, ки дар пайкор суфуфи душманро дарҳам мешиканад ва ҳарифро шикаст медиҳад, корашро (нисбат ба муҷоҳадаи нафс) осон бидон. Пас, шери ҳақиқӣ он шере аст, ки нафси аммораи худро дарҳам шиканад ва худро аз зиндони худбинӣ бираҳонад.

Нукта: Шикаст додани душман аз он рӯ, ки амале машҳуд ва ошкор аст, нафсро ирзо мекунад. Чӣ басо ин қабил муҷоҳидон дар нигоҳи мардум ба унвони қаҳрамони рашид ва диловари бебок шинохта шаванд ва ҳамин ононро сармаст гардонад. Аммо пайкор бо нафс чун амре пӯшида аст, ирзои нафсонӣ ва лаззати манӣ ба ҳамроҳ надорад, чӣ басо талх ва ногувор ҳам бошад, аз ин рӯ ялони ин арса андакшуморанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.448)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: