Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (44) – Аҳли қибла ва такфир (2)

Ҳурмати такфири аҳли қибла аз дидгоҳи суннати Паёмбар (с):

Дар аҳодиси гуногуне, ки дар манобеи ривоӣ вуҷуд дорад, ривоёти зиёде ба баҳси мо иртибот пайдо мекунад. Бархе аз ривоёт ба сурати мустақим ва бархе ба сурати ғайримустақим аз такфир наҳй менамояд.

Бархе аз ривоёт ба сурати муштарак дар манобеи ривоии шиъа ва суннӣ вуҷуд дорад, ки дар инҷо ба зикри чанд намуна басанда мешавад:

Ривоятҳои муштарак:

а) Ривояти аввал:

سِبَابُ الْمُسْلِمِ فُسُوقٌ، وَقِتَالُهُ كُفْرٌ

Дашноми мусалмон фисқ ва ҷанг бо ӯ куфр аст”. (Саҳеҳи Бухорӣ, 1/94, Ашшомила; Амолии Шайх Тӯсӣ, 2/114)

Албатта, “куфр” дар ин ҳадис ба маънои куфре, ки сабаби хуруҷи фард аз дини ислом гардад нест. Ва ин нуктае аст, ки бузургони суннӣ ва шиъа дар мавриди он ҳамдостонанд, чунон ки хоҳад омад.

б) Ривояти дуввум:

الْمُسْلِمُونَ إِخْوَةٌ يَتَكَافَئُونَ دِمَاءَهُمْ

Мусалмонон бо ҳам бародар ҳастанд ва арзиши хуни онҳо яксон мебошад”. (Аламволи Ибни Занҷавайҳ, 2/698, Ашшомила; Кофии Кулайнӣ, 1/596) Бино бар ин ривоят, хуни ҳеч мусалмоне бар хуни дигаре тарҷеҳ надорад.

в) Ривояти севвум: Ҳазраташ (с) дар Ҳаҷҷатулвидоъ мусалмононро хитоб қарор дод ва фармуд:

إِنَّ دِمَائَكُمْ وَأَمْوَالَكُمْ عَلَيْكُمْ حَرَامٌ كَحُرْمَةِ يَوْمِكُمْ هَذَا فِي شَهْرِكُمْ هَذَا فِي بَلَدِكُمْ هَذَا

Хунҳо ва амволи шумо ҳамонанди ҳурмати имрӯз ва ин моҳ ва ин сарзамин бар шумо ҳаром мебошад”. (Алмунтақои Ибни Ҷоруд, 1/123, Ашшомила, Кофии Кулайнӣ, 7/383)

г) Ривояти чаҳорум: Аз Расули Худо (с) ривоят шудааст, ки:

لَا يَحِلُّ لِمُسْلِمٍ أَنْ يُرَوِّعَ مُسْلِمًا

Ҷоиз нест, ки як мусалмон мусалмони дигареро битарсонад”. (Сунани Абӯдовуд, 13/190, Ашшомила, Уюну ахборир Ризо, 1/75)

Ва ё:

مَن نَظَرَ إلى مُؤْمِنٍ نَظْرَةً لِيُخِيفَهُ بِها أَخافَهُ اللهُ عزَّوَجَلَّ يَوْمَ لا ظِلَّ إلا ظِلُّهُ

Ҳар кас ба мусалмоне нигоҳи тарсноке кунад, то ӯро битарсонад, Худованд ӯро дар қиёмат хоҳад тарсонд”. (Кофии Кулайнӣ, 2/515)

Равшан аст, ки “такфир” аз умурест, ки — мустақим ё ғайримустақим — сабаби тарсидани мусалмонон мегардад.

* * *

Ривоятҳои ихтисосӣ:

Дар манобеи ихтисосии шиъа ва суннӣ ҳам ривоёти мутаъаддиде вуҷуд дорад, ки ба бархе аз онҳо ишора менамоем:

Ривоёти аҳли суннат:

а) Ривояти аввал: Муслим дар Саҳеҳи худ аз Абӯзар аз Паёмбари Акрам (с) ривоятеро нақл мекунад, ки дар он аз ҷумла омада:

وَمَنْ دَعَا رَجُلًا بِالْكُفْرِ أَوْ قَالَ عَدُوَّ اللَّهِ وَلَيْسَ كَذَلِكَ إِلَّا حَارَ عَلَيْهِ

Ҳар касе, ки дигареро ба куфр ё душманӣ бо Худо муттаҳам кунад, дар ҳоле ки чунин набошад, ҳарфаш ба худаш боз хоҳад гашт”. (Саҳеҳи Муслим, 1/197, Ашшомила)

Дар нақле дигар омада, ки ҳазраташ (с) фармудааст:

أَيُّمَا رَجُلٍ مُسْلِمٍ أَكْفَرَ رَجُلًا مُسْلِمًا فَإِنْ كَانَ كَافِرًا وَإِلَّا كَانَ هُوَ الْكَافِرُ

Ҳар мусалмоне, ки мусалмони дигареро такфир кунад, агар ӯ кофир буд, ки ҳеч, вагарна худи такфиркунанда кофир хоҳад буд”. (Сунани Абӯдовуд, 12/297, Ашшомила)

б) Ривояти дуввум: Бухорӣ дар Саҳеҳи худ бобе дорад бо унвони “Арзиши рӯй овардан ба қибла” ва дар он се ривоят аз Анас ибни Молик (р) нақл мекунад, ки чун мазмуни мушобеҳе доранд, фақат якеро интихоб менамоем:

مَنْ صَلَّى صَلاَتَنَا، وَاسْتَقْبَلَ قِبْلَتَنَا، وَأَكَلَ ذَبِيحَتَنَا، فَذَلِكَ الْمُسْلِمُ الَّذِى لَهُ ذِمَّةُ اللَّهِ وَذِمَّةُ رَسُولِهِ، فَلاَ تُخْفِرُوا اللَّهَ فِى ذِمَّتِهِ

Ҳар кас монанди мо намоз бихонад ва ба қиблаи мо рӯй кунад ва қурбонии моро бихӯрад (яъне аҳкоми зоҳирии шаръро муроъот кунад), мусалмон аст ва дар паноҳи Худо ва Расул, пас ба паноҳандагони Худо дастандозӣ макунед”. (Саҳеҳи Бухорӣ, 2/181, Ашшомила)

в) Ривояти севвум: Ва ҳам ӯ дар Саҳеҳи худ аз Ибни Аббос (р) аз Расули Акрам (с) нақл мекунад, ки фармуд:

لاَ تَرْجِعُوا بَعْدِى كُفَّارًا يَضْرِبُ بَعْضُكُمْ رِقَابَ بَعْضٍ

Пас аз ман куффор магардед, ки баъзе аз шумо гардани баъзеи дигарро бизанад”. (Саҳеҳи Бухорӣ, 6/410, Ашшомила)

Дар шарҳи ин ҳадис Ибни Асири Ҷазарӣ дар “Ҷомеул-усул” овардааст:

معناه: لا ترجعوا بعدي فرقا مختلفة يقتل بعضكم بعضا، فتشبهون الكفار، يريد أن الكفار يقتل بعضهم بعضا لعداوتهم، بخلاف المسلمين، فإنهم مأمورون بحقن دمائهم، وأن لا يقتل بعضهم بعضا

Маънои ҳадис ин аст, ки: пас аз ман фирқаҳое мухталиф магардед, ки баъзе аз шумо баъзеи дигарро бикушад, ки дар ин сурат ба куффор монанд хоҳед шуд. Манзураш ин аст, ки куффор ба хотири душманӣ ҳамдигарро мекушанд, аммо мусалмонон ба ҳифзи хуни ҳам маъмуранд ва ҳақ надоранд ҳамдигарро бикушанд…” (Ҷомеул-усул фи аҳодисир-Расул, 10/68, Ашшомила)

г) Ривояти чаҳорум: Ва ҳам ӯ (Бухорӣ) аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз Расули Акрам (с) ривоят мекунад, ки ҳазраташ (с) фармудааст:

أُمِرْتُ أَنْ أُقَاتِلَ النَّاسَ حَتَّى يَشْهَدُوا أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ، وَيُقِيمُوا الصَّلاَةَ، وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَ، فَإِذَا فَعَلُوا ذَلِكَ عَصَمُوا مِنِّى دِمَاءَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ إِلاَّ بِحَقِّ الإِسْلاَمِ، وَحِسَابُهُمْ عَلَى اللَّهِ

Дастур дорам, то бо мардум то замоне ки шаҳодат ба “Ло илоҳа илаллоҳ ва анна Муҳаммадан Расулуллоҳ” бидиҳанд ва намоз хонда ва закот пардохт кунанд пайкор кунам, аммо ҳангоме ки ин умурро анҷом доданд, ҷуз дар мавориде, ки дар ислом муқаррар шудааст, хунашон аз ҷониби ман маҳфуз аст ва ҳисоби рафтори онҳо бо Худост”. (Саҳеҳи Бухорӣ, 1/51, Ашшомила)

д) Ривояти панҷум: Муслим дар Саҳеҳи худ аз Расули Худо (с) ривоят карда, ки фармудааст:

 مَنْ قَالَ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَكَفَرَ بِمَا يُعْبَدُ مِنْ دُونِ اللَّهِ حَرُمَ مَالُهُ وَدَمُهُ وَحِسَابُهُ عَلَى اللَّهِ

Ҳар кас, ки бигӯяд: “Ло илоҳа иллаллоҳ” ва ба он чӣ ғайри Худо парастиш мешавад куфр варзад, ҷону молаш мӯҳтарам аст ва баррасии аъмолаш бо Худост”. (Саҳеҳи Муслим, 1/119, Ашшомила)

Ривоёти мушобеҳи дигаре низ вуҷуд дорад, ки барои риояти ихтисор аз зикри ҳамаи онҳо худдорӣ мекунем.

* * *

Ривоёти шиъа:

а) Ривояти аввал: Имом Содиқ (а) фармудааст:

الاسلام شهادة أن لا إله إلا الله والتصديق برسول الله صلى الله عليه وآله، به حقنت الدماء وعليه جرت المناكح والمواريث وعلى ظاهره جماعة الناس

Ислом шаҳодат ба “Ло илоҳа иллаллоҳ” ва тасдиқи Паёмбар (с) аст, ки ба василаи он, хуни афрод маҳфуз ва издивоҷ ва ирси онҳо машрӯият пайдо мекунад ва ҷамоати мардум бар ҳамин вазъияти зоҳирӣ ҳастанд…” (Кофии Кулайнӣ, 2/39)

б) Ривояти дуввум: Имом Боқир (а) фармояд:

الاسلام ما ظهر من قول أو فعل وهو الذي عليه جماعة الناس من الفرق كلها وبه حقنت الدماء وعليه جرت المواريث وجاز النكاح

Ислом гуфтор ва рафтори зоҳирии афрод аст ва ҳамон чизе аст, ки ҷамоати мардум аз тамоми фирақ (-и исломӣ) бар онанд ва ба василаи он, хунҳо маҳфуз ва ирс ва издивоҷ муҳаққақ мегардад…” (Кофии Кулайнӣ, 2/40)

в) Ривояти севвум: Имом Содиқ (а) фармудааст:

الاسلام هو الظاهر الذي عليه الناس: شهادة أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له وأن محمدا عبده ورسوله وإقام الصلاة وإيتاء الزكاة وحج البيت وصيام شهر رمضان فهذا الاسلام

Ислом ҳамин вазъияти зоҳирӣ аст, ки мардум доранд, яъне шаҳодат ба ин ки нест Худое ҷуз Ӯ Таъоло ва ин ки Муҳаммад банда ва фиристодаи ӯст ва анҷоми намоз ва пардохтани закот ва ҳаҷҷ ва рӯзаи моҳи Рамазон. Ин аст ислом…” (Кофии Кулайнӣ, 2/37)

г) Ривояти чаҳорум:

اتي رسول الله (ص) فقيل له: يا رسول الله! قتيل في جهينة، فقام رسول الله (ص) يمشي حتى انتهى إلى مسجدهم، قال: وتسامع الناس فأتوه، فقال: من قتل ذا؟ قالوا: يا رسول الله! ما ندري، فقال: قتيل بين المسلمين لا يدرى من قتله؟ والذي بعثني بالحق لو أن أهل السماء والارض شركوا في دم امرئ مسلم ورضوا به لاكبهم الله على مناخرهم في النار؛ أو قال: على وجوههم

Паёмбар (с) ташриф оварданд ва ба эшон гуфта шуд: Эй Расули Худо! Аз қабилаи Ҷуҳайна яке кушта шудааст. Ҳазраташ (с) бархост, то ин ки ба масҷиди онон расид. Рови гӯяд, мардум моҷароро шуниданд ва ба масҷид омаданд. Паёмбар (с) фармуд: Чӣ касе ӯро куштааст? Арз карданд: Эй Расули Худо! Мо намедонем. Фармуд: Як нафар мусалмон кушта мешавад ва маълум нест ӯро чӣ касе куштааст?! Савганд ба зоте, ки маро ба ҳақ мабъус карда! Агар аҳли осмонҳо ва замин дар рехтани хуни мусалмоне ширкат кунанд ва ба он розӣ шаванд, Худованд онҳоро аз биниашон гирифта (ва дар ривояте, аз чеҳраҳояшон) дар оташи ҷаҳаннам хоҳад андохт”. (Кофии Кулайнӣ, 7/381)

д) Ривояти панҷум:

قال أبو جعفر عليه السلام: يا سليمان! أتدري من المسلم؟ قلت: جعلت فداك، أنت أعلم، قال: المسلم من سلم المسلمون من لسانه ويده، ثم قال: وتدري من المؤمن؟ قال: قلت: أنت أعلم، قال: (إن) المؤمن من ائتمنه المسلمون على أموالهم وأنفسهم والمسلم حرام على المسلم أن يظلمه أو يخذله أو يدفعه دفعة تعنته

Имом Боқир фармуд: Эй Сулаймон! Оё медонӣ, мусалмон чӣ касе аст? Арз кардам: Ҷонам фидоят, ту худ беҳтар медонӣ. Фармуд: Мусалмон касе аст, ки соири мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Сипас фармуд: Оё медонӣ, мӯъмин чӣ касе аст? Арз кардам: Ту беҳтар медонӣ. Фармуд: Мӯъмин касе аст, ки мусалмонон бар молҳо ва ҷонҳои худ ӯро амонатдор бидонанд. Мусалмон бар мусалмон ҳаром аст, ки ба ӯ ситам раво бидорад, ё ӯро хор кунад ва ё ӯро ба кори баде бикашонад”. (Кофии Кулайнӣ, 2/334)

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ривоёт, уламои шиъа мӯътақид ба ҷорӣ будани аҳкоми ислом бар тамоми мӯътақидин ба шаҳодатайн буда ва ҳастанд, ҳарчанд танҳо мазҳаби саҳеҳро мазҳаби худ медонанд.

Абдулҷалили Розӣ (560 ҳ.қ), аз уламои барҷастаи шиъа гӯяд: “Шиъа аз ин ҳафтоду ду тоифа ҳечро кофир надонанд ва кофир нахонанд; зеро ки ҳама муқирранд ба Худой ва Расул ва аз уммати Расуланд… Ва агар дигаронро ноҷӣ надонанд, турфа нест, ки ҳар тоифаеро мазҳаб ва тариқат ин аст, ки аз ҳафтоду се ноҷӣ яке аст, пас шиъа ба ҳама ҳол ноҷӣ худро донанд”. (Китоби Нақз, Дорул-ҳадис, 1391)

Як нуктаро лозим аст инҷо тавзеҳ бидиҳам, ки барои бисёре аз пайравони шиъа ва суннӣ ва ҳатто бархе аз мубаллиғон ва уламои эшон пӯшида монда; нуктае, ки агар онро нек бифаҳманд, хеле аз суитафоҳумҳо бартараф хоҳад шуд. Ва он ин ки: дар масъалаи лузуми мусалмон донистани ҳар як аз мазҳаб аз тарафи мазҳаби дигар, баҳси ҳаққу ботил матраҳ нест, балки баҳси таъомул байни ҳамдигар матраҳ аст. Ба сухани дигар, вақте як шиъа бино бар ривоёти манқула, маъмур аст, ки ғайри шиъаро мусалмон бидонад, ва ҳамчунин вақте як суннӣ бино бар ривоёте, ки нақл шуд маъмур аст, то дигар фирқаҳоро мусалмон шуморад, ин бад-он маъно нест, ки ӯ лузуман соири фирқаҳоро барҳақ ва ба истилоҳ, фирқаи ноҷия (наҷотёфта) дониста бошад. Ҳаргиз! Зеро агар шиъа сунниро фирқаи ноҷия бидонад, ки шиъа набуд. Ва ҳамчунин агар як суннӣ шиъаро фирқаи наҷотёфта медонист, ки суннӣ набуд. Суннӣ мазҳаби худашро фирқаи ноҷия медонад ва шиъа мазҳаби худашро.

Аммо бо ин вуҷуд, ислом ба ӯ мегӯяд, ту дар айни он ки худро барҳақ ва дигар фирқаҳоро ноҳақ мешуморӣ, вале бидон, ки ислом як доираи бисёр васеъ ва густардае аст, ки ҳамаи касонеро, ки шаҳодатайн гуфта ва заруриёти динро (ҳарчанд ба зоҳир пазируфтаанд) шомил мешавад, агарчӣ ба назари ту ва бар асоси мазҳабе, ки пазируфтаӣ, ботилашон бидонӣ.

Ба сухани дигар, ҳамон тавре ки ислом дар таъомул бо кофирон, миёни онҳо тафсил қоил аст, ҳамин тавр дар таъомули пайравони худаш нисбат ба ҳамдигар низ тафсил қоил шудааст. Магар чунин нест, ки ҳам мушрик кофир аст, ҳам масеҳӣ кофир аст, ҳам яҳудӣ ва ҳам будоӣ ва ғайра? Вале ислом ҳамаи онҳоро дар як сатҳ қарор надодааст, балки мегӯяд, як масеҳӣ ё як яҳудӣ бо ин ки кофир маҳсуб мешаванд, вале ба ин ҷиҳат, ки аҳли китобанд, ту метавонӣ аз таъоми онон бихӯрӣ ва ё бо занонашон издивоҷ намоӣ.

Бар ҳамин асос, вақте ислом мегӯяд, мусалмон ҳар он касе аст, ки шаҳодатайн бигӯяд (ҳарчанд ба забон) ва заруриёти исломиро бипазирад (ҳарчанд ба зоҳир) ва хуну моли ӯ ҳаром аст, ин бад-ин маъно нест, ки ӯ дигар наҷотёфта аст.

Ба назарам, агар касе андак таъаммуле бикунад, ин нуктаро хоҳад фаҳмид, вале зоҳиран бузургтарин мушкил дар ҷаҳони ислом, адами таъаммул ва тафакур аст.

Ин ки шиъаён миёни вожаи “имон” ва “ислом” фарқ мегузоранд, сирраш дар ҳамин ҷост. Зеро вожаи “имон” дар назди онҳо як маънои дигаре (ғайр аз маънои луғавии он) низ дорад ва аз ин назар, байни ислом ва имон фарқ мегузоранд. Бино ба ин истилоҳ, дар назди онҳо як ғайри шиъа мусалмон аст, вале мӯъмин ба шумор намеояд. Зеро шарти имон (имони истилоҳӣ, на луғавӣ) дар назди онон, пазируфтани вилояти имомони дувоздаҳгона аст. Ба сухани дигар, вожаи мӯъмин дар назди онон, мутародифи вожаи шиъа аст.

* * *

Дар қисмати баъдӣ ба нақли суханони уламои исломӣ дар ин мавзӯъ хоҳем пардохт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Такфир

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: