Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (45) – Аҳли қибла ва такфир (3)

Суханони уламои уммати исломӣ:

Бо таваҷҷӯҳ ба далелҳое, ки дар бахши пешин нақл кардем, уламои барҷастаи уммати исломӣ нисбат ба масъалаи “такфир” ҳушдор дода ва бо он боэҳтиёт бархӯрд кардаанд.

Дар “Фиқҳи Акбар” (китобе мансуб ба Имом Абӯҳанифа (р)) гӯяд:

وَلَا نكفر مُسلما بذنب من الذُّنُوب وَإِن كَانَت كَبِيرَة إِذا لم يستحلها وَلَا نزيل عَنهُ اسْم الْإِيمَان ونسميه مُؤمنا حَقِيقَة وَيجوز ان يكون مُؤمنا فَاسِقًا غير كَافِر

Ҳеч мусалмонеро ба хотири анҷоми гуноҳе, ҳарчанд гуноҳе кабира, кофир намешуморем модоме ки гуноҳро ҳалол надонад. Ва (ба сабаби анҷоми он гуноҳ) унвони имонро аз ӯ салб намекунем ва ӯро ҳақиқатан мӯъмин мехонем, бале, равост, ки ӯ мӯъмине фосиқ дониста шавад, аммо на кофир…

Заҳабӣ дар “Сияру аъломин-нубало” дар шарҳи ҳоли Имом Абулҳасани Ашъарӣ (р) менависад:

رأيت للاشعري كلمة أعجبتني وهي ثابتة رواها البيهقي، سمعت أبا حازم العبدوي، سمعت زاهر بن أحمد السرخسي يقول: لما قرب حضور أجل أبي الحسن الاشعري في داري ببغداد، دعاني فأتيته، فقال: أشهد على أني لا أكفر أحدا من أهل القبلة، لان الكل يشيرون إلى معبود واحد، وإنما هذا كله اختلاف العبارات

Сухане дидам аз Ашъарӣ, ки воқеан маро шигифтзада кард; сухане, ки Байҳақӣ нақл карда. Ӯ (Байҳақӣ) гӯяд: Аз Абӯҳозими Абдавӣ шунидам ва ӯ аз Зоҳир ибни Аҳмади Сарахсӣ, ки мегӯяд: Ҳангоме ки аҷали Абулҳасани Ашъарӣ наздик шуд дар манзили ман дар Бағдод, ӯ маро пеши худ хонд, ба ҳузураш расидам, гуфт: Шаҳодат медиҳам, ки ман аҳаде аз аҳли қибларо кофир намешуморам; зеро ҳамагон ба маъбуде ягона ишорат доранд. Ва аммо ин (ихтилофи назарҳо миёни мазоҳиб) ҳама ихтилофи иборатҳост”. (Сияру аъломин-нубало, 15/88, Ашшомила)

Сипас Заҳабӣ мегӯяд:

قلت: وبنحو هذا أدين، وكذا كان شيخنا ابن تيمية في أواخر أيامه يقول: أنا لا أكفر )أحدا( من الامة، ويقول: قال النبي صلى الله عليه وسلم: «لا يحافظ على الوضوء إلا مؤمن» فمن لازم الصلوات بوضوء فهو مسلم

Эътиқоди ман ҳам чунин аст. Ва ҳамчунин шайхи мо Ибни Таймия низ дар охирҳои умраш мегуфт: Ман аҳаде аз умматро кофир намешуморам. Ва (Ибни Таймия) мегӯяд: Паёмбар (с) фармудааст: “Ҷуз мӯъмин бар вузӯъ мувозибат намекунад”. Пас, ҳар он ки намозҳояшро ба вузӯъ мегузорад, ӯ мусалмон аст”. (Ҳамон манбаъ)

Ва ҳамчунин Ибни Таймия дар “Маҷмуъул-фатово” мегӯяд:

وأما السلف والائمة فلم یتنازعوا فی عدم تکفیر المرجئة والشیعة المفضلة ونحو ذلک ولم تختلف نصوص أحمد فی أنه لایکفَّر هؤلاء

Ва аммо салаф (пешиниён) ва имомон ихтилофе дар ин матлаб надоранд, ки мурҷиа ва шиъаёни бартардонанда ва монанди онҳо такфир намешаванд. Ва тасреҳоти Имом Аҳмад ибни Ҳанбал низ ихтилофе дар ин ҷиҳат надорад, ки гурӯҳҳои номбурда такфир намешаванд”. (Маҷмуъул-фатово, 3/351)

Ибни Ҳумом, фақеҳи ҳанафӣ гӯяд:

يجب أن يحتاط في عدم تكفير المسلم، حتى قالوا إذا كان في المسألة وجوه كثيرة توجب التكفير ووجه واحد يمنعه، على المفتي أن يميل إليه

Дар робита бо масъалаи такфири мусалмон, бояд бисёр боэҳтиёт буд, то ба ҷойе, ки гуфтаанд: Агар дар масъала ҷиҳоти зиёде дида бишавад, ки мӯҷиби кофир донистани як нафар буда ва танҳо як ҷиҳат дар он миён бошад, ки монеъ аз он аст, бар муфтӣ воҷиб аст, ки ба ҳамон як ҷиҳат тамоюл пайдо кунад (ва такфираш накунад)”. (Фатҳул-қадир, 5/315, Ашшомила)

Аллома Ибни Обидин низ гӯяд:

 لا يفتى بكفر مسلم أمكن حمل كلامه أو فعله على محمل حسن أو كان في كفره خلاف

Фатво дода намешавад ба куфри мусалмоне, ки сухан ё рафтори (куфромези) ӯро битавон бар ҷиҳати нек ҳамл кард ва ё дар куфри ӯ ихтилоф бошад”. (Ҳошияи Ибни Обидин, 6/310, Ашшомила)

Имом Ғаззолӣ дар “Файсалут-тафриқа байнал-исломи ваз-зандақа” гӯяд:

والذي ينبغي الاحتراز عن التكفير ما وجد إليه سبيلا، فان استباحة الدماء والأموال من المصلين إلى القبلة المصرحين بالتوحيد خطأ والخطأ في ترك ألف كافر في الحياة أهون من الخطأ في سفك دم مسلم

Он чӣ лозим аст ин аст, ки бояд аз такфир, ҳар чӣ имкон дорад, парҳез кард; зеро мубоҳ шумурдани хуну моли намозгузорони ба сӯйи қибла ва тасреҳкунандагони ба тавҳид хатост. Хато дар тарки ҳазор кофир сабуктар аз хато дар рехтани хуни як мусалмон аст…

Ибни Ҳаҷар дар “Фатҳул-борӣ” гӯяд:

وقال الخطابي: أجمع علماء المسلمين على أن الخوارج مع ضلالتهم فرقة من فرق المسلمين وأجازوا مناكحتهم وأكل ذبائحهم وأنهم لا يكفرون ما داموا متمسكين بأصل الإسلام، وقال عياض: كادت هذه المسألة تكون أشد إشكالا عند المتكلمين من غيرها حتى سأل الفقيه عبد الحق الامام أبا المعالي عنها فاعتذر بأن إدخال كافر في الملة وإخراج مسلم عنها عظيم في الدين

Хаттобӣ гуфтааст: Уламои муслимин иҷмоъ доранд бар ин матлаб, ки Хавориҷ бо вуҷуди гумроҳиашон аммо фирқае аз фирқаҳои мусалмон ба шумор меоянд ва уламо никоҳ бо эшон ва хӯрдани қурбонии ононро муҷоз донистаанд ва ин ки онҳо такфир намешаванд модоме ки ба асли ислом чанг мезананд. Ва Қозӣ Аёз гуфтааст: Ин масъала (масъалаи такфир) нисбат ба соири масоил мушкилтарини масъалаҳо назди мутакаллимон ба шумор меомада то ба ҷойе, ки фақеҳ Абдулҳақ аз Имом Абулмаъолӣ дар бораи он пурсид ва Имом узр овард ба ин ки дохил донистани як кофир дар миллат ва хориҷ шумурдани як мусалмон аз он, дар дин кори бас хатире аст…” (Фатҳул-борӣ, 12/300, Ашшомила)

* * *

Суханоне, ки аз уламои қадим оварда шуд ва чунон ки дидем, эшон такфири аҳли қибларо раво намедонанд, манзури онон аз “аҳли қибла” ҳар мусалмоне аст, ки шаҳодатайн ба забон ҷорӣ созад ва ба заруриёти исломӣ қоил бошад, ҳол, ӯ чӣ суннӣ бошад ё шиъа.

Аммо ин нукта ҳам қобили ёдоварист, ки дар миёни уламои исломӣ – чӣ дар қадим ва чӣ имрӯз — будаанд ва ҳастанд ақаллияте, ки ғайри худро такфир кардаанд. Вале бо таваҷҷӯҳ ба тасреҳи аксарияти уламои фариқайн, қавли он ақаллият, чӣ шиъааш ё суннии он, эътиборе надорад.

Ҳол, барои иттилои бештар аз ин мавзӯъ, лозим медонам чанд намуна аз суханони уламои мусоир аз шиъа ва сунниро биёварам:

а) Суханони уламои муосири аҳли суннат:

Муҳаммад Рашид Ризо (соҳиби тафсири “Алманор”) гӯяд:

وقد صرحوا — أهل السنة — بصحة إيمان الشيعة، لأن الخلاف معهم في مسائل لا يتعلق بها كفر ولا إيمان، فالشيعي مسلم له أن يتزوج بأي مسلمة. وإذا نظرنا إلى ما أصاب المسلمين من التأخير والضعف بسبب العداوة المذهبية، وأننا في أشد الحاجة إلى التآلف والتعاطف والاتحاد يتبين لنا أن مصاهرة المخالف في المذهب ضرورية

Ва ба таҳқиқ аҳли суннат ба сиҳҳат ва дурустии имони шиъа тасреҳ кардаанд; зеро ихтилоф бо онҳо (шиъа), дар масоиле аст, ки рабте ба куфру имон надорад. Пас, шиъа мусалмон аст, ӯ метавонад бо ҳар зани мусалмоне издивоҷ кунад. Ва агар мо ба он чӣ имрӯза домангири мусалмонон шудааст – аз ақибафтодагӣ ва заъф ба сабаби душманиҳои мазҳабӣ – нигоҳ кунем ва ин ки мо имрӯза ниёзе мубрам ба улфат ва бародарӣ ва ваҳдат дорем, он гоҳ бароямон равшан хоҳад шуд, ки хешовандӣ бо мухолиф дар мазҳаб, як амри зарурӣ аст…” (Ассуол вал-фатво, Маҷаллатул-манор, 7/457, Ашшомила)

Муҳаммади Ғаззолӣ, мутафаккир ва донишманди муосир мегӯяд:

وأعتقد أن فتوى الأستاذ الأكبر محمود شلتوت، قطعت شوطاً واسعاً في هذا السبيل، واستئناف لجهد المخلصين من أهل السلطة وأهل العلم جميعاً، وتكذيب لما يتوقعه المستشرقون، من أن الأحقاد سوف تأكل الأمة، قبل أن تلقتي صفوفها تحت راية واحدة… وهذه الفتوى في نظري، بداية الطريق وأول العمل

Ман мӯътақидам, ки фатвои устоди бузург Маҳмуд Шалтут (дар мавриди ҷавози таъаббуд ба мазҳаби ҷаъфарӣ) гоме бисёр бузург дар ин роҳ (ваҳдат ва тақриб) ва дар роҳи аз саргирии талоши мухлисон аз ҳукком ва аҳли илм ва дар такзиби он чӣ мусташриқон умед доранд мебошад, аз ин ки кинаҳо ба зудӣ ин умматро хоҳад балъид пеш аз он ки суфуфаш зери як парчам қарор бигирад… Ва ин фатво ба назари ман, оғози роҳ ва нахустин амал аст…” (Дифоъун ъанил-ақидати ваш-шариъа”, 1/213-214, Ашшомила)

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

ومن هؤلاء الأفاكين من روج أن الشيعة أتباع على، وأن السنيين أتباع محمد، وأن الشيعة يرون عليا أحق بالرسالة، أو أنها أخطأته إلى غيره! وهذا لغو قبيح وتزوير شائن. ولكن تصديق هذا اللغو كان الباعث على تلك المجزرة المخزية التى وقعت بين أبناء الإسلام من سنة وشيعة. فجعلتهم — وهم الأخوة فى الدين — يأكل بعضهم بعضا على هذا النحو المهين. إن الشيعة يؤمنون برسالة محمد ـ صلى الله عليه وسلم ـ ويرون شرف على فى انتمائه إلى هذا الرسول وفى استمساكه بسنته. وهم كسائر المسلمين لا يرون بشرا فى الأولين والآخرين أعظم من الصادق الأمين ولا أحق منه بالاتباع، فكيف ينسب لهم هذا الهذر؟ الواقع أدى الذين يرغبون فى تقسيم الأمة طوائف متعادية لما لم يجدوا لهذا التقسيم سببا معقولا لجأوا إلى افتعال أسباب الفرقة، فاتسع لهم ميدان الكذب حين ضاق ميدان الصدق. لست أنفى أن هناك خلافات فقهية ونظرية بين الشيعة والسنة، بعضها قريب الغور وبعضها بعيد الغور، بيد أن هذه الخلافات لا تستلزم معشار الجفاء الذى وقع بين الفريقين، وقد نشب خلاف فقهى ونظرى بين مذاهب السنة نفسها بل بين أتباع المذهب الواحد منها، ومع ذلك فقد حال العقلاء دون تحول هذا الخلاف إلى خصام بارد أو ساخن

Ва дар миёни ин тӯҳматбофон касоне ҳастанд, ки ин пиндорро тарвиҷ кардаанд, ки шиъа пайрави Алӣ ва аҳли суннат пайрави Муҳаммаданд ва ин ки шиъа Алиро сазовортар барои паёмбарӣ медонад ё ин ки паёмбарӣ ба хато ба ғайри Алӣ рафтааст! Ва ин ҳарфе беасос ва зишт ва як таҳрифи беҷое аст.

Ин ҷойи худ, вале бадтар аз ин, тасдиқи ин ҳарфи беасос ангезае будааст бар хунрезиҳои шармовар, ки байни фарзандони ислом аз шиъа ва суннӣ иттифоқ афтода ва онҳоро – дар ҳоле ки ҳар ду бародаранд дар дин – водор кардааст хуни якдигарро бирезанд. Ва ин дар ҳоле аст, ки шиъа ба рисолат ва паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) имон доранд ва шарафи Алиро дар ин медонанд, ки ӯ ба ин паёмбар (с) нисбат дорад ва ба суннати ӯ чанг задааст. Шиъа низ мисли соири мусалмонон ҳеч башареро – аз Одам то ба Хотам – бузургтар аз ҳазрати Муҳаммади Содиқи Амин намедонанд ва касеро сазовортар аз ӯ барои паёравӣ намешиносанд. Пас, бо ин ҳол, чӣ гуна ин чарандиёт ба онон нисбат дода мешавад?

Воқеият ин аст, ки касоне, ки хоҳони пора-пора шудани уммати исломӣ ба гурӯҳҳои бо ҳам душман ҳастанд, инон чун барои ин пора-пора кардан сабаби маъқуле пайдо накардаанд, аз ин рӯ ба бофтани асбоби тафриқа паноҳ овардаанд. Яъне, вақте ки майдони ростгӯӣ барояшон танг омадааст, майдони дурӯғ ва бӯҳтон пеши рӯяшон густарда шуда.

Ман мункири ин нестам, ки миёни шиъа ва суннӣ ихтилофоте вуҷуд дорад, вале ин ихтилофот мусталзими ин ҳама ситаме, ки байнашон воқеъ шуда намебошад. Ихтилофи фиқҳӣ ва назарӣ байни худи мазоҳиби аҳли суннат низ воқеъ шуда ва балки миёни пайравони як равия низ ба вуқӯъ пайваста. Аммо бо вуҷуди ин, уқало монеъ аз он шудаанд, ки ин ихтилоф мунҷар ба душмании сард ё нарм бишавад…” (Ҳамон манбаъ, 1/218-219, Ашшомила)

Имом Ҳасан ал-Банно, поягузори ҷамоати Ихвонул-муслимин мегӯяд:

اعلموا أن أهل السنة والشيعة مسلمون، تجمعهم كلمة لا إله إلا الله وأن محمداً رسول الله، وهذا أصل العقيدة، والسنة والشيعة فيه سواء وعليه التقاؤهم، أما الخلاف بينهما فهو في أمور من الممكن التقريب فيها بينهما

Бидонед, ки аҳли суннат ва шиъа мусалмон ҳастанд, калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” ва ин ки “Муҳаммад паёмбари Ӯст” онҳоро гирди ҳам меоварад. Ин асли ақида аст, ки суннӣ ва шиъа дар он баробар ва бар болои ҳамон бо ҳам ҷамъ мешаванд. Аммо ихтилоф байни онон, дар умуре аст, ки мумкин аст онҳоро ба ҳам наздик кард…” (Маҷаллаи Алолам, шумораи 519, с.257)

Шайх Муҳаммад Абузуҳра мегӯяд:

لا شك أن الشيعة فرقة إسلامية… ولا شك أنها في كل ما تقول تتعلق بنصوص قرآنية أو أحاديث منسوبة إلى النبي. وهم يتوددون إلى من يجاورونهم من السنيين ولا ينافرونهم. وإذا رجعنا إلى كتّاب الأصول عند إخواننا الاثني عشرية، نجدهم يعتمدون على الكتاب والسنة. وإذا كان إخواننا الاثنا عشرية يرون أمر الإمامة عقيدة، ويرتبونها ترتيباً تاريخياً بالصورة التي ذكروها، فهم معنا في اصل التوحيد والرسالة المحمدية

Шакке нест, ки шиъа як фирқаи исломӣ аст… Ва дар ин ҳам тардиде нест, ки шиъа дар ҳар он чӣ мегӯяд, ба нусуси Қуръон ва аҳодиси мансуб ба ҳазрати Паёмбар (с) чанг мезанад. Онҳо бо аҳли суннат дӯстӣ мекунанд ва нисбат ба эшон нафрате дар дил надоранд. Мо агар ба навиштаҳои нависандагони бародаронамон аз шиъаи исноашарӣ муроҷеа кунем, мебинем, ки ба китоб ва суннат такя мекунанд. Ва агар бародарони исноашарии мо имоматро ба унвони як ақида пазируфтаанд ва бар он тартиби асар медиҳанд, ба ҳамон сурате, ки зикр кардаанд, бо ин ҳол, онҳо дар асли тавҳид ва паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) бо мо ҳамоҳанганд…” (Торихул-мазоҳибил-исломия, с.39)

Устод Абдулфаттоҳ Абдулмақсуд гӯяд:

إن في عقيدتي أن الشيعة هم واجهة الإسلام الصحيحة، ومرآته الصافية، ومن أراد أن ينظر إلى الإسلام، عليه أن ينظر إليه من خلال عقائد الشيعة ومن خلال أعمالهم، والتاريخ خير شاهد على ما قدمه الشيعة من الخدمات الكبيرة في ميادين الدفاع عن العقيدة الإسلامية. وإن علماء الشيعة الأفاضل هم الذين لعبوا أدوارا لم يلعبها غيرهم في الميادين المختلفة، فكافحوا وناضلوا وقدموا أكبر التضحيات، من أجل إعلاء الإسلام ونشر تعاليمه القيمة وتوعية الناس وسوقهم إلى القرآن

Ба назари ман, шиъа намоёнгари чеҳраи саҳеҳи ислом ва ойинаи софи он аст. Касе, ки бихоҳад ба ислом назар афканад, бар ӯст, ки ба ислом аз зовияи ақоид ва аъмоли шиъаён нигоҳ биандозад. Торих худ беҳтарин гувоҳ аст бар ин ҳақиқат, ки шиъа чӣ хадамоти бузурге дар арсаҳои дифоъ аз ақидаи исломӣ аз худ нишон дода. Ин уламои бузурги шиъа буданд, ки нақшҳоеро ифо кардаанд, ки ғайри онон дар арсаҳои мухталиф ифо накардаанд. Онҳо муборизаҳо ва пайкорҳо карда ва бузургтарин фидокориҳоро барои эътилои ислом ва нашри таъолими арзишманди он ва огоҳсозии мардум ва савқи онон ба сӯйи Қуръон тақдим намудаанд…” (Фи сабилил-ваҳдатил-исломия, с.573)

* * *

б) Суханони уламо ва мароҷеи муосири шиъа:

Имом Хумайнӣ, поягузори Инқилоби Исломӣ дар Эрон гӯяд:

Мо бо муслимини аҳли суннат яке ҳастем. Агар касе каломе бигӯяд, ки боиси тафриқа байни мусалмонҳо бишавад, бидонед, ки ё ҷоҳил аст ё аз касоне аст, ки мехоҳанд байни мусалмонон ихтилоф биандозанд. Қазияи шиъа ва суннӣ аслан дар кор нест, мо ҳама бо ҳам бародарем…” (Саҳифаи Имом, 6/95)

Оятуллоҳ Хоманаӣ, аз мароҷеи шиъа ва раҳбари Ҷумурии Исломии Эрон мегӯяд:

Фирқаҳои исломӣ ҳамагӣ уммати исломӣ ба шумор омада ва аз тамоми имтиёзоти исломӣ бархӯрдоранд ва тафриқа байни тоифаҳои мусалмонон, илова бар он ки хилофи таълимоти Қуръони Карим ва суннати Расули Гиромии ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аст, мӯҷиби тазъифи мусалмонон ва баҳона ба дасти душманони ислом додан аст. Бинобар ин, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест.” (Манбаъ: http://taghrib.ir/)

Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ, аз мароҷеи шиъа, мегӯяд:

Ислом дар изҳори шаҳодатайн хулоса мешавад. Ҳар кас пойбанд ба шаҳодатайн бошад, мусалмон аст ва аз ҳамаи ҳуқуқе, ки мусалмонон бархӯрдор ҳастанд, бархӯрдор аст ва ҳамаи вазоифи мусалмонӣ бар ӯ воҷиб мешавад. Инкори заруриёти дин ҳам, мӯҷиби куфр намешавад магар ин ки фарди мункир таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки лозимаи инкораш такзиби Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бошад… Аммо ихтилоф дар масоили назарӣ, ки ғолибан уламо дар он ихтилоф доранд ва ба хотири ихтилоф дар васоқати ровӣ, ё далолати ҳадис, ё бархе аз умури ҷанҷолбарангези дигар, мавриди муноқиша қарор медиҳанд, ба куфр намеанҷомад.

Дар партави ин назар, мо бар ин боварем, ки ҳамаи мусалмонон ва пайравони мазоҳиб, дохил дар уммати исломӣ ҳастанд. Ба ҳеч ваҷҳ такфири онҳо ҷоиз нест ва бояд мушкилотро аз роҳи гуфтугӯи илмӣ ва мантиқӣ ва хирадмандона дар партави ҳидояти Қуръон ҳал кунем…” (Манбаъ: http://taghrib.ir/)

Оятуллоҳ Сайид Саъид Ҳаким, аз мароҷеи шиъа мегӯяд:

Дар интибоқи унвони ислом бар инсон, иқрор ба шаҳодатайн ва воҷиботи зарурии дин мисли намоз ва ғайра кифоят мекунад. Бо ин иқрор, аҳкоми ислом ‒ аз ҳурмати молу хун ‒ бар онҳо мутараттиб мешавад.” (“Фи риҳобил‒ақида” ҷ.1, с.34 то 43)

Ба ҳамин андоза иктифо мекунем.

Хушбахтона дар соли 1425 ҳиҷрӣ (2004) уламои бузурги мазоҳиби исломӣ баёнияе дар бораи мамнӯияти такфири мусалмонон содир карданд, ки ба “Рисолаи Уммон” маъруф аст. Матни ин баёнияро дар қисматҳои баъдӣ хоҳем овард.

* * *

Дар қисмати баъдӣ иншоаллоҳ дар бораи мукаффирот баҳс хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Такфир

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: