Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (46) – Аҳли қибла ва такфир (4)

Асбоби такфир

Ҳамон тавр ки дар оғози ин силсилабаҳсҳо ёдовар шуда будем, баҳси аслии мо дар бораи умурест, ки сабаби хуруҷи фард аз ислом мешавад.

Ғолибан, умури зеринро ба унвони умуре, ки боиси хуруҷи фард аз ислом мешавад, бармешумуранд: 1. Куфр; 2. Ширк; 3. Инкори заруриёти дин; 4. Сабби муқаддасот; 5. Насб (душманӣ бо Аҳли Байти Паёмбар) ва 6. Бидъат.

Ҳол, ба баррасии яко-яки ин масоил мепардозем:

1. Куфр:

Равшан аст, ки агар мусалмоне пас аз эътиқод ба вуҷуди Худои Мутаъол ва нубуввати Паёмбар (с) ва рӯзи растохез, мункири ин боварҳо бишавад, аз ҷиргаи ислом хориҷ шуда ва такфир мегардад. Бале, “куфр” яке аз асбоби такфир аст ва ихтилофе дар асли он вуҷуд надорад.

Аммо дар бисёре аз нусуси динӣ, анҷоми бархе аз гуноҳон, ба “куфр” таъбир шуда ва муртакиби он гуноҳ “кофир” хонда шудааст. Валекин ҳамон гуна ки уламои барҷастаи исломӣ — шиъа ва суннӣ — гуфтаанд, дар ин гуна таъбирҳо, мурод аз куфр куфре нест, ки сабаби хуруҷи фард аз дин бишавад. Ба сухани дигар, вожаи “куфр” дорои маъноҳои гуногуне аст, ки танҳо яке аз онҳо куфре аст, ки сабаби хуруҷи фард аз ислом мешавад, на ҳамаи онҳо.

Аллома Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар зайли “Боби куфрони ашир куфре аст ғайр аз куфр” менависад:

قال القاضي أبو بكر بن العربي في شرحه: مراد المصنف أن يبين أن الطاعات كما تسمى إيمانا كذلك المعاصي تسمى كفرا، لكن حيث يطلق عليها الكفر لا يراد الكفر المخرج من الملة

Қозӣ Абӯбакр ибни Арабӣ дар шарҳи худ гӯяд: “Муроди мусанниф баёни ин матлаб аст, ки ҳамон тавр ки тоатҳо имон номида мешаванд, маъсиятҳо (гуноҳон) низ куфр қаламдод мешаванд, вале он ҷо, ки вожаи куфр бар маъсият итлоқ мешавад, манзур куфре нест, ки соҳибашро аз ислом хориҷ бисозад”. (Фатҳул-борӣ, 1/47, Ашшомила)

Носируддин Албонӣ, аз муҳаддисони муосир, дар рисолае бо номи “Фитнатут-такфир” – ки дар радди такфириҳо ба риштаи таҳрир дароварда – менависад:

Асли фитнаи такфир дар ин замон, ва балки аз замонҳое пеш, оятест аз Қуръон, ки ҳамеша такфириҳо пиромуни он мечарханд. Ва он оят ин аст, ки мефармояд: “Ва касоне, ки тибқи он чӣ Худо (дар китоби худ) нозил кардааст ҳукм накунанд, онон кофиронанд” (Моида, 44). Такфириҳо ба ин оят бидуни фаҳми амиқ чанг мезананд ва бидуни маърифат ва дарки дақиқ, бар забонҳо ҷориаш мекунанд…

Ва нишонаи нодонӣ ва ҷаҳли касоне, ки ба ин оят часпидаанд он аст, ки эшон ақаллан нигоҳе ба баъзе аз нассҳои шаръӣ (аз Қуръон ва суннат) – ки вожаи “куфр” дар он зикр шуда – наандохтаанд. Онҳо бидуни тафаккур ва андеша ба ин оят чанг зада ва гумон кардаанд, ки маънои куфр дар ин оят ба маънои “хуруҷ ва берун шудан аз дин” аст. Ва фарқе ҳам қоил намешаванд байни касоне, ки ба ин навъ куфр мубтало шудаанд ва байни мушрикон аз яҳуду насоро ва соири милали кофир.

Ва ин дар ҳолест, ки вожаи куфр дар забони китоб (Қуръон) ва суннат ҳамеша ба ин маъное, ки такфириҳо пиромунаш мечарханд ва таваҷҷӯҳашон ба он аст, намебошад.

Пас, баргардем ба ин оят (“Ва касоне ки тибқи он чӣ Худо (дар китоби худ) нозил кардааст ҳукм накунанд, онон кофиронанд”) ва бибинем, манзур аз куфр дар он чист? Оё хуруҷ аз дин аст? Ё маъное дигар дорад?

Пас гӯем: Бояд дар фаҳми ин оят диққат бишавад. Вожаи куфр дар ин оят ба маънои куфри амалӣ аст, ки иборат аст аз: “берун шудан ба воситаи амалҳо аз баъзе аҳкоми исломӣ”. Ва дар ин фаҳм моро муфассири Қуръон ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) кӯмак мекунад. Ӯ фармудааст: “(Ин куфр) он куфре нест, ки шумо мепиндоред. (Ин куфр) куфре нест, ки аз доираи дин берун бисозад, балки куфре аст ғайр аз куфр” (1)

Ба ҳамин ҷиҳаст аст, ки уламои аҳли суннат куфрро ба ду қисм: эътиқодӣ ва амалӣ тақсим карда гуфтаанд, танҳо куфри эътиқодӣ аст, ки инсонро аз доираи ислом хориҷ месозад, на куфри амалӣ. Онҳо куфри эътиқодиро инчунин таъриф кардаанд: “Куфри эътиқодӣ он аст, ки инсон бо қалб ва бо забонаш мункири заруриёти исломӣ бошад”. Ба сухани дигар, агар касе вуҷуди Худоро инкор кунад ё Қуръонро китоби Худо надонад ва ё намоз (ё ҳар ҳукми сареҳи Худо)-ро ба унвони ҳукми Худо қабул надошта бошад, ӯ дучори куфри эътиқодӣ шудааст. Аммо агар касе Худо ва Қуръонро қабул дошта, вале дар мақоми амал намоз нахонад (ё рӯза нагирад ва ғайра…), ӯ дучори куфри амалӣ аст.

Бинобар ин, гуфтаанд: “Касе, ки дорои куфри эътиқодӣ аст, ӯ мусалмон нест, аммо касе, ки дорои куфри амалӣ аст, ӯ мусалмон аст, лекин мусалмони фосиқ”.

Сипас гуфтаанд, дар манобеи исломӣ (Қуръон ва суннат) гоҳе вожаи куфр на ба маънои куфри эътиқодӣ, балки ба маънои куфри амалӣ омадааст.

* * *

2. Ширк:

Дуввумин сабабе, ки аз дидгоҳи тамомии мазоҳиби исломӣ – било истисно — боиси хуруҷи фард аз ислом мешавад, инкори ваҳдонияти Худо ва ба таъбири дигар, “ширк” аст. Ширкро ба акбар ва асғар тақсим кардаанд. Қисми аввал сабаби хуруҷи фард аз ислом мешавад, монанди эътиқод ба шарик доштани Худо дар рубубият ва ё монанди эътиқод ба шарик доштани Худо дар улуҳият ва парастиш.

Дар ин маврид, ҳеч мусалмоне аз ҳеч мазҳабе — шиъа ва суннӣ – тардид надорад, вале ишколе, ки дар ин миён воқеъ шудааст, дар таъйини мисдоқи “ширк” аст. Ба сухани дигар, бо ин ки ҳеч мусалмоне дар ин ҳақиқат кучактарин тардид надорад, ки ширк сабаби хуруҷи фард аз ҷиргаи ислом аст, вале барои баъзеҳо (бахусус барои пайравони ҷараёни маъруф ба ваҳҳобият) мисдоқи ширк дар олами воқеъ, ки кадом аст, халт шуда. Ба унвони намуна, онҳо тавассул ба ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ва ё авлиёуллоҳ пас аз вафоти эшонро ширк медонанд ва аз ин рӯ ҳар мусалмонеро, ки ба Паёмбари Акрам (с) мутавассил бишавад, мушрик қаламдод мекунанд. Ва ин дар ҳолест, ки ба назари уламо ва донишмандони исломӣ, ин кор иртиботе бо ширк надорад.

Ва далелҳое ҳам, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (поягузори ҷараёни ваҳҳобият) барои исботи муддаъои худ меоварад, аҷибу ғариб аст. Ӯ тавассул ба анбиё ва авлиёуллоҳ пас аз марги эшонро ташбеҳ ба амали мушрикони даврони ҷоҳилият мекунад ва мегӯяд, мушрикон агар мушрик хонда шудаанд, на бад-ин ҷиҳат аст, ки мушкиле бо “тавҳиди рубуият” дошта бошанд, балки мушкили асосии онон дар “тавҳиди улуҳият” аст. Мегӯяд, Қуръони Карим маҳз тавассули онон ба бутҳояшонро ширк дониста ва ба ҳамин хотир мушрикашон хондааст. Сипас мегӯяд, тавассули мусалмонони замони мо (замони ӯ) низ дар назди қубури анбиё ва авлиёуллоҳ кучактарин тафовуте бо аъмоли мушрикон надорад, бинобар ин, инон ҳам мушрик ҳастанд.

Ҳамин дидгоҳҳо ва орои бепояи Ибни Абдулваҳҳоб боис гардида бархе аз ҷавонони имрӯз, бидуни таваҷҷӯҳ ба дидгоҳҳои соири уламо ва бузургони исломӣ, фикр бикунанд, ҳар он касе, ки мутавассил ба анбиё ва авлиёуллоҳ дар назди оромгоҳҳои эшон бишавад, мушрик хоҳад буд ва аз қаламрави ислом берун.

Албатта, дар радди орои беасоси Ибни Абдулваҳҳоб уламо ва муҳаққиқони исломӣ посухҳое дандоншикан додаанд. Ва хулосаи он ин аст, ки: далели мушрик дониста шудани мушрикони даврони ҷоҳилият ин аст, ки онҳо бутҳояшонро мепарастиданд ва ибодат мекарданд. Вале аҳаде аз мусалмонон он ҷо, ки анбиё ва авлиёуллоҳро зиёрат мекунанд ва ба онҳо тавассул меҷӯянд, онҳоро – алаёзу биллоҳ! – ба ҷойи Худо нанишондаанд ва парастиш ва ибодати онҳоро қасд накардаанд.

Ва аз қазо, далеле ҳам, ки Ибни Абдулваҳҳоб дар ин замина барпо медорад, дуруст дар таъйиди рафтори мусалмонон аст, на дар таъйиди иддаъои ӯ; зеро он ҷо, ки Худованд аз забони мушрикон мефармояд:

مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَى

Мо онҳоро (бутҳоро) намепарастем, магар ин ки то моро ба Худо наздик кунанд… (Сураи Зумар, ояти 3) ин оят дар мақоми баёни ин аст, ки мушрикон, бо ин ки бутҳои худро Худо намедонистанд, вале онҳоро мепарастиданд ва ибодат мекарданд. Ин ҷумла як ҷумлаи истисноӣ аст. Яъне “мо намепарастем, магар ин ки парастиши мо бутҳоро ба хотири он аст, ки моро ба Худо наздик кунанд”. Мисли ин ки гуфта шавад:

ما نأكل هذا الخبز الا لنشبع

Мо ин нонро намехӯрем, магар ин ки то сер шавем”. Яъне ҳадафи мо аз хӯрдани ин нон ҷуз сер шудан нест.

Вагарна, агар ин оят дар мақоми мазаммати асли тавассул буд, ки дар ин сурат, бо он ҳама ривоёт ва ахборе, ки дар бораи ҷавоз ва машрӯияти тавассул – чӣ дар ҳангоми ҳаёт ва чӣ дар пас аз вафот — нақл шуда, чӣ бигӯем?! Оё бигӯем, ҳазрати Паёмбар (с) ба як амали ширколуд дастурамон дода? Мисли ин ҳадис:

حَدَّثَنَا عُثْمَانُ بْنُ عُمَرَ أَخْبَرَنَا شُعْبَةُ عَنْ أَبِي جَعْفَرٍ قَالَ سَمِعْتُ عُمَارَةَ بْنَ خُزَيْمَةَ يُحَدِّثُ عَنْ عُثْمَانَ بْنِ حُنَيْفٍ أَنَّ رَجُلًا ضَرِيرَ الْبَصَرِ أَتَى النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ ادْعُ اللَّهَ أَنْ يُعَافِيَنِي قَالَ إِنْ شِئْتَ دَعَوْتُ لَكَ وَإِنْ شِئْتَ أَخَّرْتُ ذَاكَ فَهُوَ خَيْرٌ فَقَالَ ادْعُهُ فَأَمَرَهُ أَنْ يَتَوَضَّأَ فَيُحْسِنَ وُضُوءَهُ فَيُصَلِّيَ رَكْعَتَيْنِ وَيَدْعُوَ بِهَذَا الدُّعَاءِ اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ وَأَتَوَجَّهُ إِلَيْكَ بِنَبِيِّكَ مُحَمَّدٍ نَبِيِّ الرَّحْمَةِ يَا مُحَمَّدُ إِنِّي تَوَجَّهْتُ بِكَ إِلَى رَبِّي فِي حَاجَتِي هَذِهِ فَتَقْضِي لِي اللَّهُمَّ شَفِّعْهُ فِيَّ

Усмон ибни Ҳунайф мегӯяд: Марди нобиное ҳузури Паёмбар (с) омад ва гуфт: Аз Худованд бихоҳ ба ман офият бахшад. Паёмбар (с) фармуд: Агар моил ҳастӣ, дуо кунам ва агар моил ҳастӣ, сабр кун, ки ин беҳтар аст. Марди нобино гуфт: Дуо бифармоед. Паёмбар (с) ба ӯ дастур дод, то вузӯ бигирад ва дар вузӯи худ диққат кунад ва ду ракъат намоз бигузорад ва он гоҳ инчунин дуо кунад:

“Парвардигоро! Ман аз ту дархост мекунам ва ба василаи паёмбарат Муҳаммад, паёмбари раҳмат ба ту рӯй меоварам. Эй Муҳаммад! Ман дар бораи ҳоҷатам ба василаи ту ба Худоям рӯй меоварам, то ин ҳоҷатамро бароварда созӣ. Парвардигоро! Шафоати ӯро дар бораи ман бипазир. (Муснади Аҳмад, 35/109, Ашшомила)

Ин ҳам бисёр хандаовар аст, ки гуфта бишавад, тавассул ба ҳазрати Паёмбар (с) (ва ё ҳар касе дигар) дар замони ҳаёташ ҷоиз, вале пас аз даргузашти ӯ ҷоиз нест ва ширк аст. Ҳол он ки агар як амал дар моҳият ва ба худии худ як амали ширколуд бошад, дигар фарқе надорад, ки оё тавассулшаванда мурда аст ё зинда.

Ва ба илова, мо ахбори саҳеҳе дорем мабнӣ бар ин ки саҳобаи киром пас аз даргузашти он ҷаноб (с) низ ба он ҳазрат тавассул кардаанд, ба унвони намуна:

حدثنا طاهر بن عيسى بن قيرس المصري المقرئ ثنا أصبغ بن الفرج ثنا ابن وهب عن أبي سعيد المكي عن روح بن القاسم عن أبي جعفر الخطمي المدني عن أبي أمامة بن سهل بن حنيف عن عمه عثمان بن حنيف : أن رجلا كان يختلف إلى عثمان بن عفان رضي الله عنه في حاجة له فكان عثمان لا يلتفت إليه ولا ينظر في حاجته فلقي ابن حنيف فشكى ذلك إليه فقال له عثمان بن حنيف : ائت الميضأة فتوضأ ثم ائت المسجد فصل فيه ركعتين ثم قل : اللهم إني أسألك وأتوجه إليك بنبينا محمد صلى الله عليه و سلم نبي الرحمة يا محمد إني أتوجه بك إلى ربي فتقضى لي حاجتي وتذكر حاجتك وروح حتى أروح معك فانطلق الرجل فصنع ما قال له ثم أتى باب عثمان بن عفان رضي الله عنه فجاء البواب حتى أخذ بيده فأدخله على عثمان بن عفان رضي الله عنه فأجلسه معه على الطنفسة فقال : حاجتك فذكر حاجته وقاضاها له

Табаронӣ дар “Ал-муъҷамул-кабир” дар хабаре бо санаде комилан саҳеҳ аз саҳобии ҷалилулқадр Усмон ибни Ҳунайф (р) нақл мекунад, ки: “Марде барои ҳоҷате назди халифаи севвум ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) омаду рафт мекард, вале эшон ҳеч илтифоте ба ҳоҷати ӯ наменамуд. Пас, он мард бо Усмон ибни Ҳунайф мулоқот кард ва ба ӯ ин мавзӯъро шикоят кард. Усмон ибни Ҳунайф ба ӯ гуфт: Ба хона бирав ва вузӯ бигир, сипас ба масҷид (масҷиди набавӣ) биё, баъд ду ракъат намоз бигузор ва бигӯ:

Худоё! Ман аз ту дархост мекунам ва рӯ меоварам ба сӯйи ту ба василаи пайғамбарамон Муҳаммад (с), паёмбари раҳмат. Эй Муҳаммад! Ба дурустӣ, ки ман рӯ овардам ба василаи ту ба сӯйи Худои худ, ки ҳоҷати маро бароварда созӣ”. Сипас ҳоҷати худро ёдовар шав.

Он мард рафт ва ҳамон гуна ки тавсия шуда буд анҷом дод. Сипас ба дари хонаи ҳазрати Усмон (р) рафт, дарбон (касе, ки дарро мегушояд) омад ва дасти ӯро гирифт ва ба назди халифа бурд ва дар канори ӯ нишонд. Ҳазрати Усмон (р) ҳоҷати ӯро пурсид. Ӯ ҳоҷати худро зикр кард ва халифа онро бароварда намуд… (то охири хабар) (Ал-муъҷамул-кабир, 9/30, Ашшомила)

* * *

Ба далели ҳамин дидгоҳи пуч ва беасос аст, ки пайравони ин ҷараён ҳамаи мусалмононеро, ки ба қасди зиёрати қабри шарифи Паёмбари Акрам (с) оҳанги Мадина бикунад, мушрик мехонанд. Ибни Таймия гӯяд:

ومن حج إلى قبر من القبور فهو مشرك بل لو سافر إلى مسجد لله غير المساجد الثلاثة ليعبد الله فيها كان عاصيا لله ورسوله فكيف إذا سافر إلى غير الثلاثة ليشرك بالله وفي الصحيحين من حديث أبي سعيد وأبي هريرة عن النبي (ص) أنه قال لا تشدوا الرحال إلا إلى ثلاثة مساجد المسجد الحرام والمسجد الأقصى ومسجدي هذا

Агар касе ба қасди зиёрати қабре аз қубур ҳаҷ кунад (сафар кунад), ӯ мушрик аст. Балки агар касе барои ибодати Худо ба масҷиде – ғайр аз масоҷиди сегона — сафар кунад, Худо ва Паёмбарашро нофармонӣ кардааст, пас чӣ гуна хоҳад буд агар ба ҷуз масоҷиди сегона сафар кунад, то ба Худо ширк варзад?! Дар Саҳеҳайн аз ҳадиси Абӯсаъид ва Абӯҳурайра аз Паёмбар (с) нақл шудааст, ки бори сафар мабандед, магар ба се масҷид; Масҷиди Ҳаром, Масҷиди Ақсо ва Масҷиди ман…» (Минҳоҷус-сунна, 2/440, Ашшомила)

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби “Фатҳул-борӣ” (шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ) дар радди ин дидгоҳи Ибни Таймия мегӯяд:

قال الكرماني وقع في هذه المساله في عصرنا في البلاد الشاميه مناظرات كثيرة وصنف فيها رسائل من الطرفين قلت يشير إلى ما رد به الشيخ تقي الدين السبكي وغيره على الشيخ تقي الدين بن تيميه وما انتصر به الحافظ شمس الدين بن عبد الهادي وغيره لابن تيميه وهي مشهورة في بلادنا. والحاصل إنهم الزموا بن تيميه بتحريم شد الرحل إلى زيارة قبر سيدنا رسول الله صلى الله عليه وسلم وانكرنا صورة ذلك وفي شرح ذلك من الطرفين طول. وهي من ابشع المسائل المنقوله عن بن تيميه. ومن جملة ما استدل به على دفع ما ادعاه غيره من الإجماع على مشروعية زيارة قبر النبي صلى الله عليه وسلم ما نقل عن مالك أنه كره أن يقول زرت قبر النبي صلى الله عليه وسلم، وقد أجاب عنه المحققون من أصحابه بأنه كره اللفظ ادبا لا أصل الزيارة فإنها من أفضل الأعمال واجل القربات الموصلة إلى ذي الجلال وأن مشروعيتها محل إجماع بلا نزاع

Кирмонӣ гуфтааст: Дар ин масъала (масъалаи сафар барои зиёрати қабри ҳазрати Паёмбар (с)) мунозираҳои зиёде дар билоди Шом воқеъ шуда ва китобҳои мутаъаддиде аз ду тараф (мухолифон ва мувофиқон) навишта шуда.

Ман (Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ) гӯям: (Манзури Кирмонӣ) китобҳое аст, ки Шайх Тақиюддини Субкӣ ва ғайри ӯ аз уламо дар радди орои Шайх Тақиюддин ибни Таймия навиштаанд ва он чӣ Шамсуддин ибни Абдулҳодӣ ва ғайри ӯ дар таъйиди орои Ибни Таймия ба риштаи таҳрир даровардаанд, ки дар билоди мо машҳуранд.

Ва хулоса ин ки: эшон Ибни Таймияро — ки мӯътақид ба ҳаром будани бори сафар бастан барои зиёрати қабри ҳазрати Паёмбари Акрам (с) мебошад — мулзам кардаанд.

Ва мо (Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ) низ инро (аз Ибни Таймия) инкор кардаем, ва албатта сухан дар шарҳи он аз ҷониби ду тараф тӯлонӣ аст.

Ва ин (яъне раъйи Ибни Таймия мабнӣ бар ҳаром будани бори сафар бастан барои зиёрати қабри ҳазрати Паёмбар (с)), аз зишттарин масоиле аст, ки аз Ибни Таймия нақл шуда.

Аз ҷумлаи далелҳое, ки (Ибни Таймия) дар радди иҷмоъ бар машрӯъ будани зиёрати қабри ҳазрати Паёмбар (с) – ки дигарон муддаъии он шудаанд – оварда хабаре аст, ки аз Имом Молик нақл мекунад, мабнӣ бар ин ки Имом Молик макрӯҳ медонист, ки касе бигӯяд: Паёмбар (с)-ро зиёрат кардам.

Муҳаққиқоне аз ёрони Имом Молик ба ин сухани эшон посух додаанд, ки манзури Имом худи лафз (яъне лафзи Паёмбар (с)-ро зиёрат кардам) ба лиҳози адабӣ макрӯҳ аст, на асли зиёрат. Зеро асли зиёрати қабри ҳазрати Паёмбар (с), аз бартарини аъмол ва бузургтарин чизҳое аст, ки моро ба Худованд наздик мекунад, ва машрӯъ ва ҷоиз будани зиёрати қабри ҳазрати Паёмбар (с) бидуни шак маҳалли иҷмоъи мусалмонон аст… (Фатҳул-борӣ, 3/66, Ашшомила)

Агар мо мантиқи амсоли Ибни Абдулваҳҳоб ва пайравони ӯро бипазирем, дар он сурат, на танҳо шиъаён, балки аксарияти уламои аҳли суннат бояд “қабрпараст” ва “мушрик” хонда бишаванд.

Дар “Таҳзибут-таҳзиб” дар бораи Имом Ибни Хузайма, аз бузургони аҳли ҳадис, мехонем:

سمعت أبا بكر محمد بن المؤمل بن الحسن بن عيسى يقول خرجنا مع امام أهل الحديث أبي بكر بن خزيمة وعديله أبي علي الثقفي مع جماعة من مشائخنا وهم إذ ذاك متوافرون إلى زيارة قبر علي بن موسى الرضى بطوس قال فرأيت من تعظيمه يعنى ابن خزيمة لتلك البقعة وتواضعه لها وتضرعه عندها ما تحيرنا

Аз Абӯбакр Муҳаммад ибни Муаммил шунидам, ки гуфт: Рӯзе бо пешвои аҳли ҳадис Абӯбакр ибни Хузайма ва дӯсташ Абуалии Сақафӣ ва дигар машойихамон ба зиёрати қабри Алӣ ибни Мӯсо (Имом Ризо) ба Тӯс (Машҳади имрӯза) рафтем. Онҳо ба зиёрати қабри эшон бисёр мерафтанд. Муҳаммад ибни Муаммил мегӯяд: Эҳтиром ва таъзим ва тавозӯъ ва гиряву зории Ибни Хузайма назди қабри Алӣ ибни Мӯсо ҳамагиро шигифтзада карда буд… (Таҳзибут-таҳзиб, 7/339, Ашшомила)

Дар “Фатҳул‒қадир” зимни баёни чигунагии зиёрати қабри шарифи ҳазрати Паёмбар (с) мегӯяд:

وَيَسْأَلُ اللَّهَ تَعَالَى حَاجَتَهُ مُتَوَسِّلًا إلَى اللَّهِ بِحَضْرَةِ نَبِيِّهِ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ. وَأَعْظَمُ الْمَسَائِلِ وَأَهَمُّهَا سُؤَالُ حُسْنِ الْخَاتِمَةِ وَالرِّضْوَانِ وَالْمَغْفِرَةِ، ثُمَّ يَسْأَلُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الشَّفَاعَةَ فَيَقُولُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُك الشَّفَاعَةَ ، يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُك الشَّفَاعَةَ وَأَتَوَسَّلُ بِك إلَى اللَّهِ فِي أَنْ أَمُوتَ مُسْلِمًا عَلَى مِلَّتِك وَسُنَّتِك

Дар маҳзари ҷаноби Паёмбар (с) бо тавассул ба Худои Таъоло, аз Худо ҳоҷати хешро дархост мекунад. Бузургтарин ва муҳимтарини дархостҳо, ин дархости оқибатбахайрӣ, ризои Худо ва мағфирати ӯст. Сипас аз ҷаноби Паёмбар (с) талаби шафоат хоста мегӯяд: Эй Расули Худо! Аз ту шафоат металабам, эй Расули Худо! Аз ту шафоат металабам ва туро восита қарор дода, аз Худо дархост мекунам, ки маро мусалмон ва дар миллат ва суннати ту бимиронад… (Фатҳул-қадир, 6/249, Ашшомила)

Дар “Маҷмаъул‒анҳур фи шарҳи мултақал‒абҳур” низ дар боби кайфияти зиёрати қабри ҷаноби Паёмбар (с) мегӯяд:

ثُمَّ يَسْأَلُ اللَّهَ تَعَالَى حَاجَتَهُ، وَأَعْظَمُ الْحَاجَاتِ سُؤَالُ حُسْنِ الْخَاتِمَةِ وَطَلَبُ الْمَغْفِرَةِ وَيَقُولُ السَّلَامُ عَلَيْكَ يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُكَ الشَّفَاعَةَ الْكُبْرَى وَأَتَوَسَّلُ بِكَ إلَى اللَّهِ تَعَالَى فِي أَنْ أَمُوتَ مُسْلِمًا عَلَى مِلَّتِكَ وَسُنَّتِكَ وَأَنْ أُحْشَرَ فِي زُمْرَةِ عِبَادِ اللَّهِ الصَّالِحِينَ

Сипас аз Худо дархости ҳоҷат мекунад ва бузургтарини ҳоҷатҳо дархости оқибатбахайрӣ ва талаби мағфират аст. Мегӯяд: Салом бар ту эй Расули Худо! Аз ту шафоати кубро металабам ва туро восита қарор дода, аз Худои Таъоло дархост мекунам, ки мусалмон ва бар миллат ва суннати ту бимирам ва дар зумраи бандагони солеҳи Худо маҳшур гардам… (Маҷмаъул‒анҳур фи шарҳи мултақал‒абҳур, 3/26, Ашшомила)

Дар китоби “Фиқҳул‒ибодот” низ зимни баёни кайфияти зиёрати қабри Паёмбар (с) гуфтааст:

قال تعالى: «ولو أنهم إذ ظلموا أنفسهم جاؤوك فاستغفروا الله واستغفر لهم الرسول لوجدوا الله توابا رحيما». وقد جئناك ظالمين لأنفسنا مستغفرين لذنوبنا فاشفع لنا إلى ربك واسأله أن يميتنا على سنتك وأن يوردنا حوضك وأن يسقينا بكأسك غير خزايا ولا نادمين. الشفاعة الشفاعة يا رسول الله

Худо фармудааст: “Ҳар гоҳ бандагон бар хештан ситам карда, назди ту оянд (эй Паёмбар!), сипас аз Худо талаби мағфират намоянд ва ту ҳам барояшон аз Худо талаби омурзиши гуноҳон кунӣ, ҳар ойина Худоро тавбапазир ва меҳрубон хоҳанд ёфт”. Ба дурустӣ мо, ки ситамкорони нафси хеш ҳастем, барои гуноҳонамон талаби мағфират карда, ба назди ту омадем, пас барои мо дар пешгоҳи Парвардигорат шафоат кун. Аз ӯ дархост кун, ки моро бар суннати ту бимиронад ва бар ҳавзат ворид карда ва ба ҷоми ту моро сероб намояд, на хор гардем ва на пушаймон. Аз ту шафоат металабем, шафоат металабем, эй Расули Худо!.. (Фиқҳул-ибодот, 1/207, Ашшомила)

* * *

Дар қисмати баъдӣ бақияи мукаффиротро мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳем дод.

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1)

فإن أصل فتنة التكفير في هذا الزمان — بل منذ أزمان — هو آية يدندنون دائما حولها ألا وهي قوله تعالى: «ومن لم يحكم بما أنزل الله فأولئك هم الكافرون» فيأخذونها من غير فهوم عميقة ويوردونها بلا معرفة دقيقة… فمن تمام جهل الذين يحتجون بهذه الآية باللفظ الأول منها فقط: «فأولئك هم الكافرون» أنهم لم يلموا على الأقل ببعض النصوص الشرعية — قرآنا أم سنة — التي جاء فيها ذكر لفظة «الكفر» فأخذوها — بغير نظر — على أنها تعني الخروج من الدين وأنه لا فرق بين هذا الذي وقع في الكفر وبين أولئك المشركين من اليهود والنصارى وأصحاب الملل الأخرى الخارجة عن ملة الإسلام. بينما لفظة «الكفر» في لغة الكتاب والسنة لا تعني — دائما — هذا الذي يدندنون حوله ويسلطون هذا الفهم الخاطئ المغلوط عليه… ولنرجع إلى الآية: «ومن لم يحكم بما أنزل الله فأولئك هم الكافرون» فما المراد بالكفر فيها؟ هل هو الخروج عن الملة؟ أو أنه غير ذلك؟ فأقول: لا بد من الدقة في فهم هذه الآية فإنها قد تعني الكفر العملي وهو الخروج بالأعمال عن بعض أحكام الإسلام ويساعدنا في هذا الفهم حبر الأمة وترجمان القرآن عبد الله بن عباس رضي الله عنهما… فقال رضي الله عنهـ: ليس الكفر الذي تذهبون إليه وإنه ليس كفرا ينقل عن الملة وهو كفر دون كفر

(Носируддин Албонӣ, “Фитнатут-такфир)

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Такфир

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: