Шарҳи Маснавӣ (159)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (1)

* * *

Хулосаи достон

Фиристодае аз сӯйи имперотури Рум ба сӯйи халифаи дуввум Умар ибни Хаттоб (р) равона шуд. Ин шахс роҳҳои пурпечу хам ва дуру дарозеро дарнавардид ва ба сарзамини мусалмонон гом ниҳод ва аз ҷойгоҳ ва қасри халифаи муслимин пурсидан гирифт. Ба ӯ посух доданд, ки: Умар қасре надорад. Ту чӣ гуна мехоҳӣ қасри ботинии ӯро мушоҳида кунӣ, дар ҳоле ки дидагони туро ҳиҷобе пӯшонда, ки монеъ аз дидани он аст?

Фиристодаи давлати Рум Умарро ҷустуҷӯ кард ва саранҷом зане саҳронишин ба ӯ гуфт: Умар дар зери хурмобуне оромидааст. Фиристода наздики маҳалли ӯ расид, вале пештар натавонист рафтан. Зеро ҳайбате аз Умар дар дилаш падидор омада буд. Бо худ гуфт: Ман, ки шоҳон ва амирони бисёр дидаам ва аз ҳеч кадомашон воҳимае надоштаам, вале чӣ тавр аст, ки ин марди содда ва беолоиш ҳуш аз сарам даррабудааст?

Ба ҳар ҳол, фиристодаи Рум он қадр истод, то ин ки ӯ аз хоб бархост ва ба вай салом дод ва Умар низ ӯро назди худ хонд ва паноҳаш дод. Ва дар ин ҷо фиристодаи Рум дар бораи руҳу ҷон суолоте кард ва Умар ба ӯ посухҳое дод, ки шарҳи ин гуфтугӯи ирфонӣ зимни тавзеҳи абёт хоҳад омад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.449-450)

* * *

Достони мазкур дар манобеи исломӣ ба ду сурат нақл шуда ва аз назари муҳаддисон, ҳеч як сиҳҳат надорад. Яке, он аст, ки Воқидӣ дар “Футуҳуш-Шом” нақл карда, бад-ин шарҳ:

Ҳерақл (имперотури Рум) вақте бохабар шуд, ки Умар ибни Хаттоб (р) пас аз Абӯбакри Сиддиқ (р) халифа гардидааст, подшоҳон ва руҳониҳо ва давлатмардони худро гирд овард ва дар калисо болои минбар рафт ва гуфт: Эй Банӣ Асфар (яъне урупоиён)! Ин ҳамон чизе буд, ки шуморо аз он ҳушдор медодам ва шумо ҳам ба ман гӯш намедодед. Ва инак, бо халифа шудани ин марди сабзина, кор бар шумо сахттар шуд ва замони соҳиби фатҳу футуҳот, ки ӯ шабеҳ ба Нуҳ аст фаро расид.

Ба Худо савганд, ба Худо савганд, ӯ ҳатман молики он чӣ зери ин тахти ман аст хоҳад шуд. Огоҳ бошед! Огоҳ бошед пеш аз воқеъ шудани ин ҳодиса ва фуруд омадани зарару зиён ва хароб гардидани кохҳо ва кушта шудани кашишон ва ботил шудани занги калисоҳо. Ин мард соҳиби ҷанг аст ва касе аст, ки бар Форсу Рум мусибатҳо ворид хоҳад овард. Ӯ дар дунё зуҳдпеша аст ва бар касе, ки пайрави ойини ӯ нест, бисёр дуруштхӯ…

Сипас марде аз насронишудаҳоро ба пеши худ хонд, ки номаш Талиа ибни Морин буд, ба ӯ мол бахшид ва гуфт: Ҳаминак ба Ясриб (Мадина) бирав ва бибин, ки чӣ гуна Умар ибни Хаттобро мекушӣ. Талиа ба имперотур гуфт: Ба чашм, эй подшоҳ!

Пас, муҷаззаҳ шуд ва равона гардид, то ин ки вориди Мадина шуд ва дар атрофи он камин гирифт. Ва ногаҳон Умар ибни Хаттоб (р) берун омад, то ба тақсими амволи ятимон назорат кунад ва ба боғҳои эшон расидагӣ намояд. Шахси насронишуда болои як дарахти хурмо, ки шоху баргҳои зиёде дошт рафт ва худро пушти баргҳои он пинҳон кард. Ва Умар ибни Хаттоб (р) низ наздик омад ва расид ба зери ҳамон дарахте, ки насронишуда бар он буд ва ҳамонҷо ба пушт хобид ва сангеро ҳам болини худ қарор дод. Ва замоне ки хобид, насронишуда қасд кард пойин ояд ва халифаро бикушад. Аммо ногаҳон ҳайвони ваҳшие аз саҳро даррасид ва пиромуни халифа чархид ва пойҳояшро мелесид. Ва дар ин ҳангом ҳотифе нидо дардод: Эй Умар! Адл кардӣ, пас осуда ҳастӣ!

Замоне, ки Умар (р) бедор шуд, ҳайвони ваҳшӣ рафт ва насронишуда фуруд омад ва ба зорӣ ва тавалло даромад ва дастони халифаро бӯсид ва гуфт: Падару модарам фидои ту! Касе, ки ҳайвонот муҳофизаташ кунанд, малоика васфаш намоянд ва ҷинн бишносандаш! Сипас моҷароро барои халифа таъриф кард ва ба дастони вай мусалмон гардид…” (1)

Ибни Ҳаҷар дар “Тақрибут-таҳзиб” дар бораи Воқидӣ гуфтааст:

متروك مع سعة علمه… فرواياته — إذا تفرّد بها — لا يصح الاستشهاد بها

Воқидӣ бо вуҷуди густардагии илмаш матрук аст… Ривоёти ӯ, агар дар нақли онҳо танҳо бошад, истишҳод ба онҳо саҳеҳ нест”. (Тақрибут-таҳзиб, 2/117, Ашшомила)

Ва илова бар ин, Воқидӣ достонро чунин оғоз карда: “ولقد بلغني أن” (Ба дурустӣ ба ман хабар расид, ки…) ва ҳеч санаде зикр накарда. Ва ин дар ҳоле аст, ки Воқидӣ вафотёфтаи соли 207 ҳ.қ аст ва фосила байни вай ва ин достон беш аз 160 сол мебошад. Бинобар ин, агар ин достон бо ин вазъ аз касе, ки ҳатто сиқа ҳам мебуд, пазируфта намешуд, то чӣ расад ба Воқидӣ, ки “матрук” аст.

* * *

Ва дигар он аст, ки Замахшарӣ дар “Рабиъул-аброр”, Ибни Халдун дар “Аттазкиратул-ҳамдуния” ва Нувайрӣ дар “Ниҳоятул-ираб фи фунунил-адаб” бидуни санад нақл кардаанд, бад-ин шарҳ: (Лафз аз “Рабиъул-аброр”)

 ولما جيء بالهرمزان ملك خوزستان أسيراً إلى عمر لم يزل الموكل به يقتفي أثر عمر حتى عثر عليه بالمسجد نائماً متوسداً درته. فلما رآه الهرمزان قال: هذا والله الملك الهني عدلت فأمنت فنمت: والله إني خدمت أربعة من ملوكنا الأكاسرة أصحاب التيجان فما هبت أحداً منهم هيبتي لصاحب هذه الدرة

Вақте Ҳурмузон, подшоҳи Хузистон асир шуд ва ӯро ба ҳузури Умар (р) оварданд, маъмур пайваста ба дунболи Умар (р) буд (яъне аз ӯ ҷустуҷӯ мекард), то ин ки ӯро дар масҷид дар ҳоле ки тозиёнаи худро болин қарор дода хобида буд пайдо кард. Ҳангоме ки Ҳурмузон халифаро дид, гуфт: Ин аст подшоҳ?! Гуфтанд: Бале, ҳам ӯст. Гуфт: Адл кардӣ, пас осуда ҳастӣ ва хобидаӣ. Ба Худо савганд, ман хидмати чаҳор подшоҳ аз хонадони Кисроро кардаам, ки ҳама тоҷ бар сар доштанд, вале аз аҳаде аз эшон наҳаросидам, аммо ҳайбати соҳиби ин тозиёна маро фаро гирифт”. (Рабиъул-аброр, 1/309, Ашшомила)

Ва аз он ҷо, ки достон ба ин сурат низ дар манобеи мазкур бидуни санад зикр шудааст, эътиборе надорад. Ба илова, моҷарои асир шудани Ҳурмузон ва овардани ӯ ба Мадина дар соли 17 ҳиҷрӣ ва ба ҳузури Умар ибни Хаттоб (р), дар бисёре аз китобҳои торихӣ мисли Табарӣ, Ибни Асир, Торихи исломи Заҳабӣ ва Бидоя ва ниҳояи Ибни Касир омада, вале ҳеч як аз инон ҳодисаи мазкурро нақл накардаанд.

Танҳо ривояте, ки бо санад оварда шуда, ривояти Ибни Саъд дар “Табақоти Кубро” аст, вале кӯтоҳ ва мухтасар аст ва ин тафсилот дар он мавҷуд нест. Ривояти Ибни Саъд ба ин шарҳ аст:

أخبرنا حميد عن أنس بن مالك أن الهرمزان رأى عمر بن الخطاب مضطجعا في مسجد رسول الله، صلى الله عليه وسلم، فقال: هذا والله الملك الهنيء

Анас ибни Молик гӯяд: Ҳурмузон Умар ибни Хаттоб (р)-ро дар масҷиди Расули Худо (с) дар ҳоле ки хобида буд дид, пас гуфт: Ин аст, савганд ба Худо подшоҳи сабукбор!” (Табақоти Кубро, 3/293, Ашшомила)

* * *

Бо ин ҳама ва бо ин ки барои исботи адолати хулафои рошидин ниёз ба паноҳ овардан ба ривоёти заъиф нест, аммо Мавлоно дар ин достон ба нукоти бисёр зариф ва пурҳикмате ишора кардааст.

Ва ваҷҳи иртиботи ин ҳикоят бо ҳикояти Нахҷирон, абёти поёнии нахҷирон аст. Дар он абёт сухан аз пайкор бо нафси аммора рафт. Ва ба назари Мавлоно, худшиканӣ беҳтар ва болотар аз саффшиканӣ ва диловариҳои арсаи пайкор аст. Ва Умар ибни Хаттоб (р) дар ин ҳикоят намоди муҷоҳидони нафси аммора аст. Мавлоно дар ин ҳикоят матолиби муҳиммеро шарҳ медиҳад, аз он ҷумла аст: тафовути ҷабр ва мақоми маъийят, ҷабри омма ва ҷабри хосса, иллати даромадани руҳи қудсӣ ба колбади унсурӣ, ваҳй ва ғайра…

* * *

Дар баёни ин шунав як қиссае,

То барӣ аз сирри гуфтам ҳиссае.

Дар баёни он чӣ ишора шуд, як достоне бишнав, то баҳрае аз розу рамзи он чӣ гуфтам бибарӣ.

То Умар омад зи Қайсар як расул

Дар Мадина аз биёбони нуғул.

Аз тарафи қайсари Рум фиристодае пас аз дарнавардидани биёбонҳои паҳновар барои дидани Умар (р) вориди Мадина шуд.

Нуғул: Жарф, амиқ.

Гуфт: Ку қасри халифа, эй ҳашам!

То ман асбу рахтро он ҷо кашам?

Фиристодаи қайсари Рум гуфт: Эй мардум! Кохи халифа куҷост, то ман аспу асбобу рахтамро ба он ҷо бибарам ва дар он ҷо раҳли иқомат афканам?!

Асбу рахт кашидан: Киноя аз фуруд омадан ва манзил гирифтан аст.

Қавм гуфтандаш, ки ӯро қаср нест,

Мар Умарро қаср ҷони рӯшанест.

Мардум ба фиристодаи қайсари Рум посух доданд, ки: Халифаи муслимин кохе надорад. Дар ҳақиқат, кохи ӯ ҳамон дили рӯшан ва равони тобноки ӯст.

Гарчи аз мирӣ варо овозаест,

Ҳамчу дарвешон мар ӯро козаест.

Агарчӣ Умар аз ҳайси фармонравоӣ овоза ва шӯҳрат дорад, вале монанди дарвешон дар хонае муҳаққар зиндагӣ мекунад.

Коза: Хонае, ки аз найу чӯб созанд.

Эй бародар, чун бибинӣ қасри ӯ?

Чунки дар чашми дилат рустаст мӯ.

Эй бародар! Ту мехоҳӣ чӣ гуна кохи ботинии ӯро бибинӣ дар ҳоле ки бар дидагони ботиниат мӯйи авсофи замима рӯйидааст?!

Мӯ дар чашм рустан: Рӯйидани мӯ дар пилки чашм аст, ки аз берун ба даруни чашм рушд мекунад ва чашмро меозорад. Ва дар қадим аз бемориҳои чашмӣ будааст. Табибони қадим ба он “шаъри зоид” ё “шаъри мунқалиб” мегуфтанд. Дар ин ҷо киноя аз ҳавоҳои нафсонӣ аст, ки чашми дилро мепӯшонад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.451)

Чашми дил аз мӯву иллат пок ор

В-он гаҳ он дидори қасраш чашм дор.

Ибтидо чашми дилатро аз мӯйи ҳирсу ҳаво ва аз ҳар айбу нақсе пок кун, сипас ба дидани кохи ӯ чашм бигушо.

Ҳар киро ҳаст аз ҳавасҳо ҷони пок,

Зуд бинад ҳазрату айвони пок.

Ҳар ки ҷону равонашро аз ҳавсаҳои дунявӣ пок кунад, ӯ бедиранг ҳазрати Ҳақ ва айвони поки илоҳиро мушоҳида кунад.

Чун Муҳаммад пок шуд з-ин нору дуд,

Ҳар куҷо рӯ кард, ваҷҳуллоҳ буд.

Ба унвони мисол: Ҳамин ки Муҳаммад (с) аз дуду оташи дунявӣ ва кудуратҳои башарӣ пок шуд, ба ҳар сӯ ки рӯй кард, ваҷҳуллоҳ дид.

Нукта: “Ваҷҳуллоҳ” истилоҳе аст қуръонӣ. Дар ояти 115 сураи Бақара омадааст:

وَلِلّهِ الْمَشْرِقُ وَالْمَغْرِبُ فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ إِنَّ اللّهَ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

Ховару бохтари ҳастӣ аз они Худованд аст. Пас, ба ҳар сӯй рӯй кунед, он ҷост ваҷҳи Худованд”.

Бархе гуфтаанд, ки мақсуд аз “ваҷҳуллоҳ” ҳамон зоти илоҳӣ аст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.90) Низ бархе гуфтаанд: Ваҷҳи ҳар чизе он ҷиҳате аст, ки шахс ба василаи он бо дигарон мувоҷеҳ мешавад ва зуҳуру таҷаллӣ мекунад. Пас, ваҷҳи ҳар кас мазҳари ӯст.

Мақсуд аз “ваҷҳуллоҳ” мазҳар ва мазоҳири Худованд аст. (Рисолатун фис-сайри вас-сулук, с.24) Худованд ба воситаи мазоҳир ва мароӣ бар олам таҷаллӣ мекунад, зеро тоби руъяти бевоситаи ӯро надоранд, чунон ки Мавлоно худ мегӯяд:

Гуфтам: Ар урён шавад Ӯ дар аён,

На ту монӣ, на канорат, на миён.

Дар ояти мавриди ишора ҷавоби шарт ҳазф шудааст ва иборати “فثم وجه الله” иллат барои ҷазои маҳзуф аст. Пас, мазмуни оят дар асл будааст: Ба ҳар ҷо, ки рӯй кунед, монеъе надорад, зеро Худо он ҷост.

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1)

ولقد بلغني أن هرقل لما بلغه أن عمر بن الخطاب قد ولي الأمر من بعد أبي بكر الصديق رضي الله عنه جمع الملوك والبطارقة وأرباب دولته وقام فيهم خطيباً على منبر قد نصب له في كنيسة القسيسين، وقال: يا بني الأصفر، هذا الذي كنت أحذركم منه فلم تسمعوا مني، وقد اشتد الأمر عليكم بولاية هذا الرجل الأسمر وقد دنا موعد صاحب الفتوح المشبه بنوح، والله ثم والله لا بد أن يملك ما تحت سريري هذا، الحذر ثم الحذر قبل وقوع الأمر ونزول الضرر، وهدم القصور وقتل القسس وتبطيل الناقوس، هذا صاحب الحرب والجالب على الروم والفرس الكرب، هذا الزاهد في دنياه، وهذا الغليظ على من اتبع في غير ملته هواه… ثم استدعى برجل من المتنصرة يقال له طليعة بن ماران وضمن له مالاً، وقال له: انطلق من وقتك هذا إلى يثرب وانظر كيف تقتل عمر بن الخطاب، فقال له طليعة: نعم أيها الملك. ثم تجهز وسار حتى ورد مدينة رسول الله صلى الله عليه وسلم وكمن حولها، وإذا بعمر بن الخطاب رضي الله عنه خرج يشرف على أموال اليتامى ويفتقد حدائقهم فصعد المتنصر إلى شجرة ملتفة الأغصان فاستتر بأوراقها، وإذا بعمر رضي الله عنه قد أقبل إلى أن قرب من الشجرة التي عليها المتنصر ونام على ظهره وتوسد بحجر، فلما نام هم المتنصر أن ينزل إليه ليقتله، وإذا بسبع أقبل من البرية فطاف حوله وأقبل يلحس قدميه، وإذا بهاتف يقول: يا عمر عدلت فأمنت، فلما استيقظ عمر رضي الله عنه ذهب السبع ونزل المتنصر وترامى على عمر رضي الله عنه فقبل يديه، وقال: بأبي أنت وأمي أفدى من الكائنات من السباع تحرسه والملائكة تصفه والجن تعرفه، ثم أعلمه بما كان منه وأسلم على يديه

(Футуҳуш-Шом, 1/85, Ашшомила)

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: