Шарҳи Маснавӣ (160)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (2)

Чун рафиқӣ васвасай бадхоҳро,

Кай бидонӣ “самма ваҷҳуллоҳ”-ро?

Эй касе, ки чашми дилат аз мӯҳои зоиди ҳавову ҳавас пок нашудааст, чун ҳамроҳи васвасаҳои шайтони бадхоҳ ҳастӣ, кай ба ин ҳақиқат воқиф хоҳӣ шуд, ки одамӣ ба ҳар ҷо рӯй оварад, зоти ҳазрати Ҳақ дар он ҷо мутаҷаллӣ аст? (Руҷӯъ шавад ба тавзеҳи байти пешин.)

Ҳар киро бошад зи сина фатҳи боб,

Ӯ зи ҳар шаҳре бибинад офтоб.

Ҳар кас, ки ба мақоми шарҳи садр бирасад, яъне ҳар кас, ки синаи ботиниаш ба рӯйи маорифи Ҳақ гушуда гардад, ӯ дар ҳар мартибае аз маротиби ҷаҳони моддӣ партави шамси ҳақиқатро мушоҳида кунад.

Нукта: “Фатҳи боб” ба маънои гушудани дари орзу ва ниёз аст. Мурод аз он дар ин ҷо кашфу шуҳуди илоҳӣ аст ва мартибае аст аз идроки ҳақиқат, ки дар он мартиба дарҳои ғайб ба рӯйи дилу қалби солик гушуда гардад. Ва “шаҳр” дар ин ҷо киноя аз ҳар мартиба аз маротиби мутаъайини ҷаҳони сурат аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.452)

Манзури байт: Ҳар кас ба мақоми кашфу шуҳуд расад, дар ҳар заррае офтоби ҳақиқатро мушоҳида кунад.

Ҳақ падид аст аз миёни дигарон

Ҳамчу моҳ андар миёни ахтарон.

Дар миёни ҳамаи коинот ва мавҷудот ҳазрати Ҳақ аз ҳама ошкортар аст; дуруст монанди моҳ, ки дар миёни ситорагон зоҳиртар ва тобонтар аст.

Нукта: Ҳазрати Ҳақ дар ин ҷаҳон аз ҳар чиз зоҳиртар аст, вале гоҳ аз шиддати зуҳур пӯшида ва мустатир мешавад. Зеро ҳамон тавр ки иститор мӯҷиби хафо мешавад, ғояти зуҳур низ мӯҷиби хафо мегардад, монанди хуршед, ки ҳар гоҳ мустақим бар дидагон битобад, чашмро табоҳ кунад ва номаръӣ гардад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.453) Аз ин рӯ, Шайх Маҳмуди Шабистарӣ гӯяд:

Ҷаҳон ҷумла фурӯғи нури Ҳақ дон,

Ҳақ андар вай зи пайдоист пинҳон.

(Шарҳи Гулшани роз, с.72)

Ду сари ангушт бар ду чашм неҳ,

Ҳеч бинӣ аз ҷаҳон? Инсоф деҳ.

Ба унвони мисол: Ду сари ангушти худро рӯйи чашмонат бигузор, инсофан бигӯ, оё аз дунё чизе мебинӣ? Мусалламан намебинӣ.

Нукта: Агар ҳазрати Ҳақро қалбан шуҳуд намекунем ва ба ӯ бовар надорем, ба ин хотир аст, ки ҳавоҳои нафсонӣ ва ҳиҷобҳои ғафлат дидаи дили моро пӯшондааст. Лоҳурӣ бо забони ирфони назарӣ байти фавқро чунин шарҳ кардааст: “Киноя аз он аст, ки таъайюни имконӣ ҳиҷоби басирати мо гардида”. (Мукошифоти Разавӣ, с.104)

Гар набинӣ, ин ҷаҳон маъдум нест,

Айб ҷуз з-ангушти нафси шум нест.

Агар ту чашмонтаро бибандӣ ё бо чизе онро бипӯшонӣ ва дар он сурат натавонӣ ҷаҳони ҳастиро бибинӣ, ин надидани ту далел бар ин намешавад, ки ҷаҳон вуҷуд надорад. Зеро чунон ки гуфтаанд:

عدم الوجدان لا يدلّ على عدم الوجود

Наёфтан, далел бар набудан нест”. Пас, ин ангушти наҳси нафси аммораи туст, ки дидаи дили туро пӯшонда ва сабаб шудааст, ки ту ҷаҳонро набинӣ. Пас, айби ту ва адами биниши ту аз ноҳияи нафси аммораи туст.

Ту зи чашм ангуштро бардор, ҳин,

В-онгаҳоне, ҳар чӣ мехоҳӣ, бибин.

Ту ангуштро аз рӯйи чашмонат бардор, баъд аз он ҳар чӣ дилат мехоҳад, тамошо кун.

Нукта: Абёти ахир истидлол аст бар ин ки ҳазрати Ҳақ ба наҳви комиле зуҳур дорад, мунтаҳо ҳавоҳои нафсонӣ одамиро аз ӯ муҳтаҷаб месозад.

Нуҳро гуфтанд уммат: ку савоб?

Гуфт ӯ: З-он сӯйи “вастағшаф сиёб”.

Уммати ҳазрати Нуҳ (а) ба ӯ гуфтанд: Пас ку он подоши ваъдакардаи ту? Нуҳ (а) низ посух медод: Подоши илоҳӣ дар моварои ҳиҷоби ҷаҳлу ғафлату иноди шумост, вале чӣ кунам, ки ҷомаи ҷаҳлу ғафлату инод бар сари худ кашидаед.

Нукта: Ин байт ишорат аст ба ояти 7 сураи Нуҳ (а), ки:

 وَإِنِّي كُلَّمَا دَعَوْتُهُمْ لِتَغْفِرَ لَهُمْ جَعَلُوا أَصَابِعَهُمْ فِي آذَانِهِمْ وَاسْتَغْشَوْا ثِيَابَهُمْ

Ва ман ҳар гоҳ эшонро фаро мехондам, то ту эшонро омурзӣ, ангуштони худ бар гӯш мениҳоданд ва ҷома бар сар мекашиданд…

Рӯву сар дар ҷомаҳо печидаед,

Лоҷарам бо дидаву нодидаед.

Эй касоне, ки сару рӯйи худ дар ҷомаҳо ниҳон доштаед! Шумо бо он ки дидаи ботинӣ доред, чун дар либоси ҷисмонӣ онро пӯшондаед, наметавонед ҳақиқатро мушоҳида кунед.

Нукта: Мисроъи дуввуми ин байт ишорат аст ба ин бахш аз ояти 179 сураи Аърой, ки:

وَلَهُمْ أَعْيُنٌ لاَّ يُبْصِرُونَ بِهَا

Ва чашмоне доранд, ки бо онҳо намебинанд…” Мисроъи аввал низ ба мазмуни ояти қаблӣ ишорат дорад.

Одамӣ дид асту боқӣ пӯст аст,

Дид он аст, он ки диди дӯст аст.

Инсон дар ҳақиқат дида аст ва мобақӣ пӯст аст. Ва он дидае дида аст, ки Худоро бибинад. Чашме, ки дӯстро набинад, чашм нест.

Нукта: Бартарии инсон бар дигар ҳайвонот қувваи фикрат ва таъаққули ӯст. Мавлоно дар ҷойе дар дафтари дуввум гӯяд:

Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ.

Тавон гуфт, ки мурод аз “дид” қувваи кашфу шуҳуд аст. Агар ин ваҷҳро фарз кунем, бо мактаби Мавлоно сазовортар аст. Зеро аз назари ӯ, “биниш” бар “дониш” арҷаҳ аст. Дар ин сурат мурод аз “пӯст” улуми зоҳирӣ ва маҳфузоте аст, ки ангезандаи руҳ нест, балки борест гарон бар он. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.454)

Чунки диди дӯст набвад, кӯр беҳ,

Дӯст, к-ӯ боқӣ набошад, дур беҳ.

Он чашме, ки ҷамоли Ӯро намебинад, беҳтар аст, ки кӯр бошад. Ва дӯсте, ки поянда набошад, дур буданаш беҳтар аст.

Нукта: Имом Ҳусайн (а) дар дуои Арафа фармояд:

عميت عين لا تراك

Кӯр бод чашме, ки туро набинад!..”

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: