Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (47) – Аҳли қибла ва такфир (5)

Асбоби такфир (2)

3. Инкори заруриёти дин:

Севвумин сабаби такфир аз дидгоҳи китоб ва суннат, инкори заруриёти дин аст. Алҷазирӣ дар “Алфиқҳ алал-мазоҳибил-арбаъа” гӯяд:

Ҳар гуфтор ё кирдор ва ё эътиқоди мунофии зарурии дин, берун шудан аз дини ислом мебошад, ба монанди кори касе, ки вуҷуби намоз ё рӯза ё ҳаҷҷро инкор кунад ва ё бигӯяд: Масеҳ (а) ба салиб кашида шуда ё ӯ писари Худост ё мӯътақид бишавад, ки Худованди Мутаъол шабеҳи мавҷудоти ҳодис аст ё бутеро саҷда кунад ва ё ба Қуръони Карим тавҳин намояд, масалан амдан онро ба зуболадон ва ё наҷосатгоҳ афканад, ё ойини исломро дашном диҳад, ё ҳаромеро, ки ҳурматаш қатъист ҳалол шуморад, мисли шурби хамр, зино, ливот, қимор, хурдани моли мардум ба тариқи ботил ва ҳамчунин дуздӣ, ғишш, хиёнат, кам кардан дар тарозу (ҳангоми хариду фурӯш), таҷовуз ба номуси мардум ва рехтани хуни эшон аз қабили қатл ва тӯҳмат ва ғайра аз умуреро, ки шариати исломӣ онҳоро ба сурати қатъӣ ҳаром карда. Пас, ҳар ки ин аъмолро муртакиб шавад, дар ҳоле ки ҳалолашон бидонад ё гӯяд, ки инҳо ҳалол ҳастанд, ӯ аз дин берун шудааст. Ва ҳамчунин агар нубуввати яке аз паёмбарони илоҳиро, ки Қуръони Карим зикр кардааст инкор намояд ё мункири достоне аз достонҳое бишавад, ки дар Қуръон ворид гардида ва ё ояте аз Қуръонро инкор кунад…” (1)

Албатта, лозим ба ёдоварист, ки агар афроде ба иллати шубҳа дучори инкори зарурии дин шаванд, такфир намешаванд. Масалан, Хавориҷ бо ин ки рехтани хуни мусалмонро мубоҳ медонистанд, вале ҳаргиз аз сӯйи фуқаҳо такфир нашудаанд. Имом Нававӣ дар шарҳи Саҳеҳи Муслим тасреҳ мекунад:

المذهب الصحيح المختار الذى قاله الأكثرون والمحققون أن الخوارج لا يكفرون كسائر أهل البدع

Назари саҳеҳ, ки мухтори аксарият ва муҳаққиқон аст ин аст, ки Хавориҷ низ ҳамонанди дигар аҳли бидъат такфир намешаванд”. (Шарҳи Саҳеҳи Муслим, 2/50, Ашшомила)

Ибни Қудомаи Ҳанбалӣ низ дар “Алмуғнӣ” мегӯяд:

Ҳар касе, ки мӯътақид ба ҳалол будани чизе бишавад, ки иҷмоъ бар ҳаром будани он мунъақид шуда ва ҳурматаш байни мусалмонон ошкор гардида ва ба ҷиҳати далелҳои ошкор ҳар шубҳае дар мавриди он аз байн рафтааст – мисли ҳурмати гӯшти хук, зино ва ғайра аз ин қабил аҳком, ки ихтилофе дар онҳо нест – ӯ такфир мешавад, чунон ки дар боби торики намоз ёдовар шудем. Ва ҳамчунин аст ҳоли касе, ки куштани бегуноҳон ва ситондани моли эшонро ҳалол шуморад, албатта ба шарти он ки дучори ҳеч шубҳае дар ҳаром будани ин умур нагардида ва кирдорҳои хешро таъвил ҳам накунад.

Ва аммо касе, ки аъмоли худро таъвил мекунад, мисли Хавориҷ, мо гуфтем, ки аксари фуқаҳо ҳукм ба куфри эшон накардаанд, бо ин ки ин гурӯҳ рехтани хуни мусалмонон ва ситондани амволи онҳоро ҳалол шумурда ва амали худро бо нияти тақарруб (наздикӣ) ба Худо анҷом додаанд. Ва низ касе ҳукм ба куфри Ибни Мулҷам (қотили ҳазрати Алӣ) накарда, бо ин ки ӯ бартарини халқ дар замони хешро ба қатл расонда ва ин корашро ба нияти тақарруб ба Худо муртакиб шуда. Ва ҳатто касе, ки амали Ибни Мулҷамро ситоиш карда низ такфир нагардида. Имрон ибни Ҳиттон дар мавриди Ибни Мулҷам, дар ҳоле ки амали ӯро ситоиш мекунад, сурудааст:

Чӣ зарбате аз парҳезгоре, ки ба амали худ чизе нахоста

Ҷуз он ки дар пешгоҳи Худо ба хушнудии Ӯ бирасад.

Ҳамоно ман рӯзе ӯро ёд мекунам ва тарозуи аъмоли ӯро

Пурбортарин дар пешгоҳи Худо мешуморам.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки Хавориҷ бисёре аз саҳоба ва тобеъинро такфир карда ва рехтани хуни онҳо ва ситондани амволи эшонро ҳалол шумурда ва эътиқод ҳам дошта, ки бо қатли саҳоба ва ғайра тақарруб ба Худо меҷӯяд. Аммо бо ин ҳама, фуқаҳо ба куфри эшон ҳукм накардаанд. Чаро? Чун кори худро таъвил мекарданд…” (2)

Аз дидгоҳи фуқаҳои шиъа инкори зарурии дин танҳо дар сурате ба куфр меанҷомад, ки мусталзими инкори нубувват бошад, чунон ки пештар аз забони Оятуллоҳ Фазлуллоҳ, яке аз мароҷеи муосири шиъа, нақл кардем, ки гуфтааст: “Инкори заруриёти дин ҳам, мӯҷиби куфр намешавад магар ин ки фарди мункир таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки лозимаи инкораш такзиби Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бошад…” Ва фуқаҳои шиъа низ пазируфтаанд, ки мумкин аст касе ҳукми заруриро ба хотири шубҳа ва монанди он инкор карда бошад ва ё мутаваҷҷеҳи он набуда бошад.

* * *

Тазаккури ду нуктаро дар ин ҷо лозим мешуморам:

1. Нуктаи аввал ин ки: агар дар торих мехонем, ки хулафо ва ҳуккоми исломӣ бо Хавориҷ ҷангидаанд ва то ҳудуде тавонистаанд решаи ин гурӯҳи хатарнокро бихушконанд, на бад-ин ҷиҳат будааст, ки онҳоро кофир шуморанд, балки ба ин далел, ки онҳоро “боғӣ” (саркаш) медонистанд. Ҳазрати Алӣ (а) то замоне ки Хавориҷ худ даст ба шамшер набурданд, коре ба кори онҳо надошт, зеро онҳоро мусалмон мешумурд, бо ин ки дар малаъи омм ба ҳазраташ (с) тавҳин мекарданд ва ошкоро дар ҳангоми намозҳо ӯро ба унвони кофир хитоб мекарданд. Ва танҳо замоне ба пайкори онҳо бархост, ки Хавориҷ худ даст ба шамшер бурданд ва ба номуси мардум таъарруз ва таҷовуз намуданд.

Ин худ нишон медиҳад, ки такфир корест бас хатарнок. Бо таваҷҷӯҳ ба ин гӯем: Имрӯза низ, ки гурӯҳе шабеҳи Хавориҷ дар миёни уммати исломӣ зуҳур карда ва хуну молу номуси мусалмононеро, ки дар андеша ва сиёсат бо онҳо мухолифанд ҳалол мешуморанд ва муртаддашон мехонанд, ин гурӯҳ низ ҳаргиз кофир нестанд. Набояд дар ҳукм ба такфири онҳо ба иштибоҳ роҳ дод. Онҳо мусалмонанд, вале мусалмони роҳгумкарда. Инон низ агар мусалмонеро, ки дар андеша ва сиёсат мухолифашон аст, муртад мехонанд ва рехтани хуни онҳоро мубоҳ мешуморанд, ба гумони худашон, бо ин амали худ ба Худо тақарруб меҷӯянд, дуруст мисли Хавориҷ чунон ки аз Ибни Қудома нақл кардем. Яъне дар ин кирдори худ ё дучори шубҳа шудаанд ва ё таъвил мекунанд.

Ҳазрати Алӣ (а) сухане дорад бисёр пурарзиш дар ин маврид. Ӯ мегӯяд:

ليس من طلب الحق فأخطأه، كمن طلب الباطل فأدركه

Касе, ки толиби ҳақ буда, вале дар ёфтани он ба хато рафтааст, ҳаргиз мисли касе нест, ки аз ибтидо толиби ботил буда ва ба он расидааст”. (Шарҳи Наҳҷул-балоғаи Ибни Абилҳадид, 4/52/5)

Ин ҷавононе, ки имрӯзҳо ба саффи ДОЪИШ мепайванданд, инон роҳи ин гурӯҳро роҳе дуруст ва ҳақ мепиндоранд ва исломи ростинро дар ДОЪИШ таҷассумёфта мешуморанд ва тибқи гуфтаи ҳазрати Алӣ (а), инҳо толиби ҳақ ҳастанд, вале “дар ёфтани он ба хато рафтаанд”.

Аз ин рӯ, вазифа ва масъулияти уламо ва донишмандони исломӣ ва ҳатто давлатҳо дар бархӯрд бо ин гурӯҳ, аввал он аст, ки бояд иштибоҳ будани роҳеро, ки баргузидаанд, ба онҳо собит намоянд, бо далел ва бурҳон албатта.

2. Нуктаи дуввум ин ки: Асре, ки дар он зиндагӣ мекунем, асре аст, ки ислом беш аз ҳар замони дигар дар он мавриди таҳоҷуми густардаи душманонаш қарор гирифта ба васоил ва роҳҳои мухталиф. Яке аз ин роҳҳо, илқои шубаҳот ва бофтани анвои тӯҳматҳо нисбат ба ислом аст аз тариқи расонаҳо; шубҳаҳо ва тӯҳматҳое, ки ҳатто бисёре аз худи мусалмононро дар мавриди ҳаққонияти ин дин ва ё порае аз аҳкоми он – ҳатто заруриёти динӣ мисли ҳурмати шурби хамр ва ғайра – дучори шубҳа кардааст. Соҳибони ин шубҳаҳоро ба роҳатӣ наметавон такфир кард ва кофир ва муртаддашон хонд. Инҳо воқеан дучори шубҳа шудаанд. Бинобар ин, афроди огоҳ ба ҷойи такфир, аввал бояд масоилро хуб барои инон тафҳим кунанд. Вагарна, ба ҳеч ваҷҳ такфири онҳо ҷоиз нест.

* * *

Дар қисматҳои баъдӣ дар бораи соири мукаффирот низ баҳс ба амал хоҳем овард.

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1)

إن كل قول، أو فعل، أو اعتقاد ينافي ما هو معلوم من الدين بالضرورة كان خروجا عن دين الإسلام، وذلك كمن أنكر فرضية الصلاة، أو الصيام، أو الحج، أو قال: إن المسيح صلب، أو هو ابن الله أو اعتقد أن الله يشبه الحوادث، أو سجد لصنم، أو أهان مصحفا بإلقائه في قاذورة عمدا، أو سب دين الإسلام، أو حلل حراما معلوما من الدين بالضرورة، كشرب الخمر، والزنى، واللواط، ولعب الميسر، وأكل أموال الناس بالباطل، ومن ذلك السرقة، والغش، والخيانة، وتطفيف الكيل والوزن، والاعتداء على أعراض الناس ودمائهم، كالقتل، والقذف، إلى غير ذلك من الأمور التي حرمتها الشريعة الإسلامية تحريما باتا، فمن فعل شيئا من ذلك وهو مستحل له، أو قال: إنه حلال كان مرتدا عن دين الإسلام، ومثل ذلك ما إذا أنكر نبوة أحد النبيين الذين ذكرهم القرآن الكريم، أو أنكر قصة من القصص التي وردت فيه، أو أنكر آية منه

(Алфиқҳ алал-мазоҳибил-арбаъа, 4/106-107, Ашшомила)

* * *

(2)

ومن اعتقد حل شيء أجمع على تحريمه وظهر حكمه بين المسلمين وزالت الشبهة فيه للنصوص الواردة فيه كلحم الخنزير والزنا وأشباه هذا مما لا خلاف فيه كفر لما ذكرنا في تارك الصلاة، وإن استحل قتل المعصومين وأخذ أموالهم بغير شبهة ولا تأويل فكذلك، وإن كان بتأويل كالخوارج فقد ذكرنا أن أكثر الفقهاء لم يحكموا بكفرهم مع استحلالهم دماء المسلمين وأموالهم وفعلهم لذلك متقربين به إلى الله تعالى وكذلك لم يحكم بكفر ابن ملجم مع قتله أفضل الخلق في زمنه متقربا بذلك ولا يكفر المادح له على هذا المتمني مثل فعله فان عمران بن حطان قال فيه يمدحه لقتل علي

يا ضربة من تقي ما أراد بها

الا ليبلغ عند الله رضوانا

إني لاذكره يوما فأحسبه

أوفى البرية عند الله ميزانا

وقد عرف من مذهب الخوارج تكفير كثير من الصحابة ومن بعدهم واستحلال دمائهم وأموالهم واعتقادهم التقرب بقتلهم إلى ربهم ومع هذا لم يحكم الفقهاء بكفرهم لتأويلهم

(Алмуғнӣ, 19/463, Ашшомила)

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Такфир

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: