Шарҳи Маснавӣ (161)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (3)

Чун расули Рум ин алфози тар

Дар самоъ овард, шуд муштоқтар.

Ҳангоме ки фиристодаи қайсари Рум ин суханони нағз ва дилпазирро шунид, иштиёқаш барои дидани Умар бештар шуд.

Алфози тар: Суханони тоза ва нағз. Дар самоъ овардан: Шунидан.

Дидаро бар ҷустани Уммар гумошт,

Рахтрову асбро зойеъ гузошт.

Фиристодаи қайсари Рум барои пайдо кардани Умар ба ҳар сӯ нигарист ва чунон ғарқи ҷустани ӯ шуда буд, ки рахти аспу асбоби худро ҷо гузошт ва онҳоро гум кард.

Ҳар тараф андар пайи он марди кор

Мешудӣ пурсони ӯ девонавор,

К-ин чунин марде бувад андар ҷаҳон

В-аз ҷаҳон монанди ҷон бошад ниҳон?

Фиристодаи қайсари Рум барои пайдо кардани он марди лоиқ ва барҷастаи илоҳӣ девонавор ба ҳар тараф медавид ва аз ҳама кас суроғи ӯро мегирифт ва бо шигифтии тамом бо худ мегуфт: Оё мумкин аст, ки чунин марде дар ҷаҳон бошад ва дар ҷаҳон монанди ҷон пинҳон бошад?

Нукта: “Ҷон” ё ишора ба руҳи муҷаррад аст ё ишора ба ҳазрати Ҳақ Таъоло, ки аз фарти зуҳур пӯшида ва мухтафӣ аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.455)

Ҷуст ӯро, то-ш чун банда бувад,

Лоҷарам ҷӯянда ёбанда бувад.

Фиристодаи қайсари Рум ҳамчунон ба дунболи Умар буд, то ӯро биёбад ва ба ҳузураш расад ва монанди банда дар хидматаш бошад, зеро ки ҷӯянда ёбанда аст.

Нукта: Мисроъи дуввум зарбулмасале аст роиҷ дар форсӣ, ки асли он арабӣ аст:

من طلب شيئاً وجدّ وجد

Ҳар ки чизе хоҳад ва кӯшад, биёбадаш”. Баъзе онро ҳадисе набавӣ донистаанд, аммо санадаш маълум нест ва баъзе онро ба Ҷунайди Бағдодӣ нисбат додаанд. Низомӣ гӯяд:

Чунин зад масал шоҳи гӯяндагон,

Ки ҷӯяндагонанд ёбандагон.

(Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.456)

Дид аъробизане ӯро дахил,

Гуфт: Уммар, нак ба зери он нахил.

Як зани тозии саҳронишин чун фиристодаи қайсари Румро ғарибу бегона ёфт, ба фиросат дарёфт, ки ӯ дунболи Умар аст, пас ба ӯ гуфт: Алъон Умар зери фалон дарахти хурмо оромидааст.

Аъробӣ: Арабе, ки сокини саҳро бошад. Дахил касеро гӯянд, ки ҷузъи қабилае набошад ва ба онон ворид шуда бошад, дар ин ҷо ба маънои бегона. Нахил: Дархати хурмо, хурмобун.

Зери хурмобун зи халқон ӯ ҷудо,

Зери соя хуфта бин сояй Худо.

Зан ба ӯ гуфт: Умар дур аз мардум дар зери дарахти хурмо оромида, бибин, ки сояи Худо зери сояи дарахти хурмо хобидааст.

* * *

Ёфтани расули Рум амирулмӯъминин Умарро разияллоҳу анҳу хуфта ба зери дарахт

* * *

Омад ӯ он ҷову аз дур истод,

Мар Умарро диду дар ларз уфтод.

Фиристодаи қайсари Рум ба он ҷо омад, вале дар нуқтае дурдаст истод ва ҳамин ки ба Умар нигарист, ларза бар андомаш афтод.

Ҳайбате з-он хуфта омад бар расул,

Ҳолате хуш кард бар ҷонаш нузул.

Аз он марди хуфта дар зери сояи дарахт дар дили фиристодаи давлати Рум тарсе тавъам бо эҳтиром падид омад, вале дар айни ҳол навъе нишоти руҳонӣ ба ӯ даст дод ва куллан эҳсоси хубе дошт.

Меҳру ҳайбат ҳаст зидди ҳамдигар,

Ин ду зиддро дид ҷамъ андар ҷигар.

Муҳаббат ва тарс зидди якдигаранд, аммо фиристодаи қайсари Рум ин ду зиддро дар замираш ҷамъ медид.

Гуфт бо худ: Ман шаҳонро дидаам,

Пеши султонон меҳу бигзидаам.

Фиристода, ки шадидан таҳти таъсири азамати руҳии Умар қарор гирифта буд, бо худ гуфт: Ман то ба ҳол шоҳони бисёреро дидаам ва дар назари салотини бузург шахсе олиқадр ва нухба шумурда мешудам.

Меҳ: Бузург ва воло.

Аз шаҳонам ҳайбату тарсе набуд,

Ҳайбати ин мард ҳушамро рабуд.

Ман аз мулоқот бо шоҳон ҳеч гуна тарсу воҳимае дар худ эҳсос намекардам, вале ҳайбати ин мард ақлу ҳушамро аз сарам даррабуд.

Рафтаам дар бешаи шеру паланг,

Рӯйи ман з-эшон нагардонид ранг.

Ман то ба ҳол борҳо ба бешаи шерону палагон рафтаам, аммо аз рӯ ба рӯ шудан бо он ҷонварони ваҳшӣ худро намебохтам ва ранг аз чеҳраам намепарид.

Ранг гардонидан: Киноя аз тарсидан, зеро инсон мавқеи ғалабаи тарс ранги чеҳрааш тағйир мекунад.

Бас шудастам дар масофу корзор

Ҳамчу шер он дам, ки бошад кор зор.

Ҳар гоҳ ки пайкоре пеш меомад, ҳамчун шер ба овардгоҳ мешитофтам.

Масоф: Ҷамъи масафф ба маънои маҳалле, ки ба сафф меистанд, майдони ҷанг.

Баски хӯрдам, бас задам захми гарон,

Дилқавитар будаам аз дигарон.

Дар овардгоҳ заработе бар пайкарам нишастааст, аммо дар иваз заработи сангине низ бар ҳарифон ворид овардаам. Ба ҳар тақдир, дар ин набардҳо аз дигарон диловартар будаам.

Бе силиҳ ин мард хуфта бар замин,

Ман ба ҳафт андом ларзон, чист ин?

Ин мард бе он ки силоҳе дошта бошад, бар замин хуфтааст, вале намедонам чаро ҳафт банди пайкарам, яъне сар то пойи вуҷудам, меларзад?

Силиҳ: Ҳамон силоҳ, ҷангафзор. Ҳафт андом: Сар, сина, шикам, ду даст ва ду по.

Ҳайбати Ҳақ аст ин, аз халқ нест,

Ҳайбати ин марди соҳибдалқ нест.

Ин ҳайбат ҳайбати ҳазрати Ҳақ аст, на ҳайбати махлуқ. Дар ҳақиқат, ин ҳайбат аз ин жандапӯш нест, балки ҳайбат ва шавкати ҳазрати Ҳақ бар ӯ таҷаллӣ кардааст.

Соҳибдалқ: Жандапӯш.

Ҳар кӣ тарсид аз Ҳақу тақво гузид,

Тарсад аз вай ҷинну инсу ҳар кӣ дид.

Ҳар кас аз Худо битарсад ва тақво пеша кунад, одамиён ва париён ва ҳар ки ӯро бинад, аз вай битарсад.

Нукта: Ишорат аст ба ҳадиси:

من خاف اللهَ خافه كلُّ شيءٍ ومن خاف غيرَ الله خوّفه الله عن كلّ شيءٍ

Ҳар ки аз Худо тарсад, аз ӯ ҳама чиз битарсад ва ҳар ки аз ғайри Худо тарсад, Худованд ӯро аз ҳар чиз битарсонад”. (Ба нақл аз: Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.458)

Андар ин фикрат ба ҳурмат даст баст,

Баъди як соат Умар аз хоб ҷаст.

Фиристодаи қайсари Рум дар ҳамин афкор буд ва дар камоли адаб ва эҳтиром даст ба сина ниҳода буд, ки дақоиқе баъд Умар аз хоб бархост.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: