Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (48) – Аҳли қибла ва такфир (6)

Асбоби такфир (3)

4. Иҳонат ба муқаддасоти исломӣ:

Иҳонат ба муқаддасоти исломӣ мамнӯъ ва ҳаром аст ва бархе аз онҳо сабаби хуруҷ аз ислом ва муҷозот мебошад. Инак, порае аз онҳоро аз назар мегузаронем:

а) Иҳонат ба Худо: Иҳонат кардан ба Худои Мутаъол ба назари ҳамаи мазоҳиби исломӣ ҳаром ва дашном додан ба Худо аз асбоби “такфир” аст. Қуръони Карим дар бораи масхара кардани Худо ва Паёмбар ва оятҳои илоҳӣ таъбири “куфр” дорад, аз ҷумла:

قُلْ أَبِاللّهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنتُمْ تَسْتَهْزِئُونَ. لاَ تَعْتَذِرُواْ قَدْ كَفَرْتُم بَعْدَ إِيمَانِكُمْ

Бигӯ: Оё Худо ва оятҳои ӯ ва Паёмбарашро масхара мекардед? Узр наёваред, шумо баъд аз имонатон кофир шудаед…” (Сураи Тавба, ояти 66)

* * *

б) Иҳонат ба паёмбарони илоҳӣ: Дар “Ҳошияи Ибни Обидин” омадааст:

من القواعد القطعية في العقائد الشرعية أن قتل الأنبياء أو طعنهم في الأشياء كفر بإجماع العلماء فمن قتل نبيا أو قتله نبي فهو أشقى الأشقياء

Аз қоъидаҳои қатъӣ дар ақоиди шаръӣ яке он аст, ки қатли паёмбарон ё таън ва масхара кардани эшон дар коре, ба иҷмои уламо куфр аст. Пас, касе, ки паёмбареро бикушад ё паёмбар ӯро бикушад, бадбахттарини бадбахтҳост…” (Ҳошияи Ибни Обидин, 7/162, Ашшомила)

* * *

в) Иттиҳоми ҳамсарони Паёмбар (с) ба зино: Аллома Ибни Обидин дар “Ҳошия” дар ин маврид гӯяд:

وأما قذف عائشة فكفر بالإجماع

Ва аммо иттиҳоми ҳазрати Оиша (ба зино), ба иҷмои уламо куфр аст…” (Ҳошияи Ибни Обидин, 7/162, Ашшомила)

Абдулҷалили Розии Қазвинӣ, аз қудамои шиъа низ дар китобе маъруф ба “Танзеҳу Оиша ъанил-фавоҳишил-азима” (ба форсӣ) гӯяд:

Ва ҳар кас Оишаро ё Ҳафсаро ё яке аз занони Мустафо (с) ва дигар анбиёро ба зино тӯҳмат ниҳад, мулҳид ва кофир ва малъун бошад ва хуну молаш ҳалол бувад…” (с.19-20)

Аз мароҷеи муосири шиъа Оятуллоҳ Хоманаӣ низ дар ин боб гӯяд:

Иҳонат ба намодҳои бародарони аҳли суннат аз ҷумла иттиҳомзанӣ ба ҳамсари Паёмбари ислом (с) ҳаром аст. Ин мавзӯъ шомили занони ҳамаи паёмбарон ва ба вижа сайидуланбиё Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммад (с) мешавад”. (Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ)

Ва аммо саббу дашноми эшон бидуни иттиҳом ба зино, куфр нест. Аллома Ибни Обидин дар “Ҳошия” дар ин маврид гӯяд:

وأما الرافضي ساب الشيخين بدون قذف للسيدة عائشة ولا إنكار لصحبة الصديق ونحو ذلك فليس بكفر

Ва аммо рофизӣ дашномдиҳандаи шайхайн бидуни иттиҳомзанӣ ба ҳазрати Оиша ва бидуни инкори саҳоба будани Абӯбакри Сиддиқ ва монанди он, куфр намебошад…” (Ҳошияи Ибни Обидин, 4/238, Ашшомила)

Ва ҳам ӯ гӯяд:

على أن الحكم عليه بالكفر مشكل لما في الاختيار: «اتفق الأئمة على تضليل أهل البدع أجمع وتخطئتهم وسب أحد من الصحابة وبغضه لا يكون كفرا لكن يضلل…» الخ وذكر في فتح القدير: أن الخوارج الذين يستحلون دماء المسلمين وأموالهم ويكفرون الصحابة حكمهم عند جمهور الفقهاء وأهل الحديث حكم البغاة

Аммо ҳукм ба куфри эшон мушкил аст, зеро дар “Ихтиёр” омада: “Имомон иттифоқи назар доранд бар гумроҳ қаламдод намудани ҷамиъи аҳли бидъат ва ба хато нисбат додани эшон, ва саббу дашноми саҳоба ва нафрат ба эшон куфр маҳсуб намешавад, аммо ба гумроҳӣ нисбат дода мешавад…” Дар “Фатҳул-қадир” аст, ки: “Хавориҷ, ки рехтани хуни мусалмонон ва ситондани амволи ононро ҳалол медонанд ва саҳобаро такфир мекунанд, ҳукми онон назди ҷумҳури фуқаҳо ва аҳли ҳадис ҳукми боғиҳост (на куффор)…” (Ҳамон манбаъ, 4/237, Ашшомила)

Дар ин мавзӯъ миёни аҳли суннат ва шиъа як фарқ ҳаст, ки ба зудӣ ба он ишора хоҳад шуд.

* * *

г) Саббу дашноми саҳоба: Аз назари аҳли суннат, дар ин маврид тафсил аст, бад-ин шарҳ:

Ҷумҳури уламо бар ин назаранд, ки (дашномдиҳандаи саҳоба) фосиқ аст, баъзе аз онон такфир ҳам кардаанд. Пас, ҳар гоҳ дашном дар мавриди саҳоба аз касе воқеъ бишавад, ду назар (миёни фуқаҳо) мавҷуд аст:

Назари аввал, ки аксарияти уламо бар онанд ин аст, ки ӯ фосиқ хоҳад буд. Дидгоҳи ҳанафиҳо ҳамин аст. Назари моликиҳо низ ҳамин аст агар ба сурате дашномашон бидиҳад, ки соири мардумонро дашном медиҳад. Дидгоҳи мавриди эътимод назди шофеиҳо низ ҳамин аст. Назари ҳанбалиҳо ҳам ҳамин аст албатта ба шарте, ки ин амалро ҳалол нашуморад…

Назари дуввум: Қавлест заъиф аз ҳанафиҳо, ки Баззозӣ аз “Хулоса” нақл карда, ва он ин ки: агар дашноми шайхайн бошад, куфр аст. Ва ин дар ҳолест, ки Ибни Обидин гуфта: Қавли Баззозӣ мухолифи он чӣ дар мутун омада мебошад. Қавли моликиҳо низ ҳамин аст агар дар мавриди саҳоба бигӯяд: Онон бар гумроҳӣ ва куфр буданд. Саҳнун куфрро маҳдуд бар касе намуда, ки хулафои арбаъа (Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ)-ро дашном диҳад. Ва ин муқобили қавле аст, ки назди шофеиҳо мавриди эътимод аст. Қозӣ онро заъиф дониста. Қавли ҳанбалиҳо низ ҳамин аст агар ин корро ҳалол шуморад…” (1)

Уламои шиъа низ саббу дашноми саҳобаро аз боби “ҳурмати саббу дашноми мусалмон” ҳаром медонанд. Ва аммо тафовуте, ки байни шиъа ва аҳли суннат дар мавриди саҳоба вуҷуд дорад ин аст, ки шиъа баъзе аз саҳобаро одил намешуморанд, чунон ки аҳли суннат бар ин боваранд. Ва аз ин рӯ, интиқоди саҳобаро бахусус касоне аз эшон, ки бо ҳазрати Алӣ пайкор кардаанд, муҷоз медонанд. Дар ин мавзӯъ, баъдҳо зайли гуфтори худи Имом Таҳовӣ баҳс хоҳем намуд.

* * *

д) Насб: Дар фиқҳи шиъа душманони Аҳли байти Паёмбар, ки унвони “носибӣ” доранд, такфир шудаанд. Албатта, аз дидгоҳи уламои аҳли суннат низ носибӣ ба бадтарин шакл тақбеҳ шуда, аммо такфир нагардида.

* * *

Ҳамин ҷо баҳси “Аҳли қибла ва такфир”-ро ба поён мерасонем. Дар қисмати баъдӣ “Баёнияи Уммон”-ро, ки соли 2004 аз сӯйи уламои суннӣ ва шиъа қабул шудааст, хоҳем овард.

Идома дорад

* * *

Паёнавишт:

(1)

فَذَهَبَ جُمْهُورُ الْعُلَمَاءِ إِلَى أَنَّهُ فَاسِقٌ، وَمِنْهُمْ مَنْ يُكَفِّرُهُ، فَإِنْ وَقَعَ السَّبُّ مِنْ أَحَدٍ مِنَ النَّاسِ فَلِلْفُقَهَاءِ فِيهِ مَذْهَبَانِ: الأْوَّل: وَعَلَيْهِ أَكْثَرُ الْعُلَمَاءِ أَنْ يَكُونَ فَاسِقًا، قَال بِهِ الْحَنَفِيَّةُ، وَهُوَ قَوْل الْمَالِكِيَّةِ إِنْ شَتَمَهُمْ بِمَا يَشْتُمُ بِهِ النَّاسُ، وَهُوَ الْمُعْتَمَدُ عِنْدَ الشَّافِعِيَّةِ، وَهُوَ قَوْل الْحَنَابِلَةِ إِنْ لَمْ يَكُنْ مُسْتَحِلًّا… الثَّانِي: وَهُوَ قَوْلٌ ضَعِيفٌ لِلْحَنَفِيَّةِ، نَقَلَهُ الْبَزَّازِيُّ عَنِ الْخُلاَصَةِ: إِنْ كَانَ السَّبُّ لِلشَّيْخَيْنِ يَكْفُرُ، قَال ابْنُ عَابِدِينَ: إِنَّهُ مُخَالِفٌ لِمَا فِي الْمُتُونِ، وَهُوَ قَوْل الْمَالِكِيَّةِ إِنْ قَال فِيهِمْ: كَانُوا عَلَى ضَلاَلٍ وَكُفْرٍ، وَقَصَرَ سَحْنُونٌ الْكُفْرَ عَلَى مَنْ سَبَّ الأْرْبَعَةَ أَبَا بَكْرٍ وَعُمَرَ وَعُثْمَانَ وَعَلِيًّا، وَهُوَ مُقَابِل الْمُعْتَمَدِ عِنْدَ الشَّافِعِيَّةِ، ضَعَّفَهُ الْقَاضِي وَهُوَ قَوْلٌ لِلْحَنَابِلَةِ إِنْ كَانَ مُسْتَحِلًّا

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Такфир

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: