Соҳиби “Кашфул-борӣ” дори фониро тарк гуфт (тасовир)

Мудири мадориси динии Покистон ва яке аз барҷастатарин донишмандони исломии ин кишвар ва ҷаҳон Мавлоно Салимуллоҳхон маъруф ба “Шайхул-ҳадис” ва соҳиби китоби “Кашфул-борӣ” дар синни 91-солагӣ дори фониро тарк гуфт.

Мавлоно Салимуллоҳхон, аз уламои машҳури ҷаҳони ислом буд. Ӯ муҳаддисе бузург ва устоди улуми динӣ дар Покистон маҳсуб мешуд ва мудирияти мадориси динии ин кишвар мавсум ба “Вифоқул-мадорисил-арабия”-ро ба ӯҳда дошт.

Тибқи он чӣ дар шаҳри ҳоли вай омадааст, Мавлони Салимуллоҳхон аз даврони навҷавонӣ ба таҳсили улуми динӣ пардохт ва дар соли 1960 мадрасаи динии “Ҷомеаи Форуқия” дар минтақаи Шоҳ Файсали шаҳри Карочиро бино ниҳод, ки ин мадраса дар ҳоли ҳозир яке аз марокизи илмии бузург дар Покистон аст.

Дар соли 1980 вай ба унвони яке аз мудирони мадориси динии Покистон (Вифоқул-мадорисил-арабия) интихоб шуд.

Мавлоно Салимуллоҳхон баъд аз роҳ ёфтан ба Вифоқул-мадорис теъдоди мадориси динии Покистонро ба 18 ҳазор мадраса дар саросари ин кишвар афзоиш дод.

Вай аз шогирдони барҷастаи Мавлоно Ҳусайн Аҳмад Маданӣ ва Мавлоно Шубайр Аҳмад Усмонӣ буд ва нақши муассире дар тавонманд шудани мадориси илмияи Покистон дошт.

Мавлоно Салимуллоҳхон ба хотири хадамоти илмии худ ба “Шайхул-ҳадис” шӯҳрат ёфт ва дарсҳои вай, ки дар воқеъ тавзеҳи муфассали Саҳеҳи Бухорӣ буд бо номи “Кашфул-борӣ” мунташир шуд, ки дар ҳоли ҳозир дар мадориси динии Покистон тадрис мешавад.

Тасовире аз Мавлоно Салимуллоҳхон:



Рубрики:Машоҳир

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: