Шарҳи Маснавӣ (162)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (4)

* * *

Салом кардани расули Рум амиралмӯъмининро разияллоҳу анҳу (1)

* * *

Кард хидмат мар Умаррову салом,

Гуфт пайғамбар: Салом, он гаҳ калом.

Фиристодаи қайсари Рум ба Умар салом кард ва таъзим намуд, зеро Паёмбар (с) низ фармудааст: “Нахуст салом кунед ва баъд сухан бигӯед”.

Нукта: Ишорат аст ба ин ҳадис:

السلام قبل الكلام

Салом кардан пеш аз сухан гуфтан аст”. (Ривояти Тирмизӣ)

Пас алайкаш гуфту ӯро пеш хонд,

Эминаш карду ба пеши худ нишонд.

Умар низ посухи саломи ӯро дод ва он фиристодаро назди хеш хонд ва тарсашро зудуд ва эминаш сохт ва пеши худ нишонд.

“Ло тахофу” ҳаст нузли хоифон,

Ҳаст дархӯр аз барои хоиф он.

“Матарсед” ризқу рӯзии касоне аст, ки фақат аз Худо метарсанд. Ин подош сазовори касе аст, ки фақат аз Худо метарсад.

“Ло тахофу”: Натарсед, феъли наҳй. Нузл: Таъоме, ки барои меҳмон фароҳам кунанд. Хоиф: Тарсон, тарсанда.

Нукта: “Хоифон” ва “хоиф он” ҷиноси мафруқ аст. (Шарҳи асрор, с.51) Дар мисроъи аввал ишорат шудааст ба ояти 30 сураи Фуссилат:

 إِنَّ الَّذِينَ قَالُوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ اسْتَقَامُوا تَتَنَزَّلُ عَلَيْهِمُ الْمَلَائِكَةُ أَلَّا تَخَافُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَبْشِرُوا بِالْجَنَّةِ الَّتِي كُنتُمْ تُوعَدُونَ

Онон, ки гуфтанд: Худои мо Аллоҳ аст ва сипас бар ин сухан пойдорӣ карданд, фариштагон бар онон фуруд оянд ва ба онон гӯянд: Ҳаргиз матарсед ва андӯҳ махӯред! Ва мужда бодо шуморо ба он биҳишти мавъуд!

Манзури байт: Ҳар ки аз Худо тарсад, аз касе натарсад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.459)

Ҳар кӣ тарсад, мар варо эмин кунанд,

Мар дили тарсандаро сокин кунанд.

Ҳар кас аз Худо битарсад, албатта ки Худованд дили ӯро эман созад. Ва дили тарсон ва хотири парешони ӯро оромиш диҳад.

Он кӣ хавфаш нест, чун гӯйӣ, матарс?

Дарс чӣ-дҳӣ? Нест ӯ мӯҳтоҷи дарс.

Он касе, ки ба ҷиҳати тарс аз Худо аз ҳеч кас биме надорад, чӣ гуна метавонӣ ба ӯ бигӯӣ: Аз касе матарс? Мусалламан, ин наҳйи ту муносибате надорад ва навъе таҳсили ҳосил аст. Ба ӯ чӣ дарсе медиҳӣ? Ӯ, ки мӯҳтоҷи ин дарсҳо нест.

Он дилазҷорафтаро дилшод кард,

Хотири вайрон-шро обод кард.

Умар фиристодаи қайсари Румро, ки ба бим дучор омада буд, шодмону бонишот кард ва хотири парешони ӯро оромиш дод.

Дил аз ҷо рафтан: Тарсидан.

Баъд аз он гуфташ суханҳои дақиқ

В-аз сифоти поки Ҳақ, ниъмар-рафиқ.

Сипас Умар ба он фиристодаи Рум суханони нағзу дақиқе гуфт ва аз сифоти поку бемонанди Ҳақ Таъоло, ки чӣ некӯ рафиқест, суханоне гуфт.

Ниъмар-рафиқ: Чӣ некӯ дамсозе аст!

В-аз навозишҳои Ҳақ абдолро,

То бидонад ӯ мақому ҳолро.

Ва низ аз лутфҳо ва дилнавозиҳои Ҳақ Таъоло нисбат ба авлиёаш суханоне гуфт, то он фиристода аз “мақом” ва “ҳол” огоҳ шавад. (Дар бораи ду истилоҳи “ҳол” ва “мақом” дар қисмати 68 тавзеҳ додаем, ба он қисмат руҷӯъ шавад.)

Ҳол чун ҷилваст з-он зебо арӯс

В-ин мақом он хилват омад бо арӯс.

“Ҳол” дар масал монанди ҷилваи арӯси зеборухсор аст. Ва “мақом” дар масал хилват кардан бо арӯс аст.

Нукта: Ҷилваи арӯсро ҷамъи фаровоне тавонанд дид, ва ин тамсили “ҳол” аст. Вале хилват кардан бо арӯс махсуси домод аст. Ва ин тамсили “мақом” аст. “Ҳол” мумкин аст ба бисёре аз соликон даст диҳад, вале “мақом” танҳо насиби орифони муқарраб аст, чунон ки дар абёти баъдӣ ин матлабро ба хубӣ баст додааст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.460)

Ҷилва бинад шоҳу ғайри шоҳ низ,

Вақти хилват нест ҷуз шоҳи азиз.

Ҷилваи оммро шоҳ (домод) ва ғайри шоҳ (умуми даъватшудаҳо) мебинад, вале ҷилваи хосс ва хилвати махсус танҳо вижаи шоҳи гиромӣ ва олимақом (домод) аст.

Нукта: Арӯси ҳақиқат низ танҳо барои шоҳдомодони сулук бе бурқаъу ҳиҷоб зуҳур мекунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.460)

Ҷилва карда омму хоссонро арӯс,

Хилват андар шоҳ бошад бо арӯс.

Арӯс барои омму хосс ҷилва мекунад, вале фақат шоҳдомод аст, ки дар хилват бо арӯс унс мегирад.

Ҳаст бисёр аҳли ҳол аз сӯфиён,

Нодир аст аҳли мақом андар миён.

Дар миёни сӯфиён бисёре аҳли “ҳол” ҳастанд, вале аҳли “мақом” дар миёни онон андакшуморанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: