Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (49) – Баёнияи Уммон

Дар поёни силсилабаҳсҳои “Аҳли қибла ва такфир” сазовор дидам баёнияи уламои ҷаҳони ислом аз суннӣ ва шиъа, ки дар як гирдиҳамоии азиме дар моҳи мубораки Рамазони соли 1425 ҳ.қ (мусодиф бо сентябри соли 2004) дар шаҳри Уммон, пойтахти Ӯрдун содир шудааст, биёварам:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Дуруд ва салом бар Паёмбари Мустафо ва хонадон ва асҳоби ӯ ва бар ҷамиъи паёмбарон ва фиристодаҳои илоҳӣ!

Худованд фармуда: “Эй мардум! Мо шуморо аз як марду зан офаридем ва гурӯҳҳо ва қабилаҳо қароратон додем, то ҳамдигарро бишносед. Ба дурустӣ, гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост”. (Ҳуҷурот:13)

Ин баёнияе аст барои мардум, барои бародаронамон дар кишварҳои исломӣ ва дар саросари ҷаҳон. Уммон, пойтахти Мамлакати Ҳошимии Ӯрдун ифтихор мекунад ба ин ки баёнияи мазбур аз ин диёр ва дар моҳи мубораки Рамазон – ки Қуръони Карим ба унвони роҳнамои мардум ва нишонаҳое ошкор аз ҳидоят ва ҷудосозии ҳақ аз ботил дар ин моҳ нозил шудааст – содир мешавад.

Мо дар ин марҳилаи бисёр душвор барои уммати исломӣ, ки хатарҳое ӯро печонида, бо дарки чолишҳое, ки ҳувияташро таҳдид мекунад ва ӯро дар маърази тафриқа ва парокандагӣ қарор дода ва чеҳраи динашро хароб ва муқаддасоташро тавҳин мекунад, ба ӯ хитоб менамоем:

Имрӯз ойини мудорописанди ислом мавриди таҳоҷуме густарда аз сӯйи афроде, ки кӯшиш мекунанд онро ба унвони душмани хеш ба тасвир бикашанд қарор гирифта; чеҳраашро сиёҳ нишон медиҳанд ва анвои тӯҳматҳо бар он мебофанд. Ва мутаассифона ин кор аз ҷониби касоне ҳам сурат мегирад, ки хештанро мусалмон меҳисобанд; инон ба номи ислом аъмоле ғайримасъулона анҷом медиҳанд.

Ин ойини мудорописанд, ки Худованди Мутаъол ба паёмбари аминаш Муҳаммад (с) ваҳй карда ва хулафо ва ҷонишинони он ҳазрат ва низ аҳли байташ баъд аз ӯ бар дӯш гирифтаанд, унвонест барои бародарии инсонӣ ва динест, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолиятҳои инсониро дарбар мегирад ва ба ҳақ даъват ва ба некиҳо дастур ва аз бадиҳо бозмедорад ва инсонро гиромӣ ва дигарандешро қабул дорад…

Исломе, ки бар асосҳои зерин устувор аст: ягона шумурдани Худованд (тавҳид), имон ба нубуввати ҳазрати Муҳаммад (с), пайванди ҳамешагӣ бо офаридгор аз тариқи барпоии намоз, тарбияти нафс аз роҳи рӯзаи моҳи Рамазон, пардохтани закот, ба намоиш гузоштани якпорчагии уммат аз тариқи ҳаҷҷи хонаи Худо (барои касе, ки тавоноии онро дорад) ва қонунҳои танзимкунандаи рафтори инсонӣ дар ҳамаи ҷанбаҳо, ин ислом дар хилоли солиён уммате нерӯманд ва якпорча ва тамаддуни азимеро эҷод карда ва асосҳо ва арзишҳои волоеро ба армуғон оварда, ки ваҳдати навъи инсониро муҳаққақ месозад; арзишҳое аз қабили ин ки: мардум дар ҳуқуқ, вазоиф, амният ва оромиш ва адолат баробаранд ва тавониста амнияте фарогир, ҳамкории иҷтимоӣ ва ҳамсоядории некӯеро эҷод намояд, ки муҳофизати амволи мардум ва дороиҳои эшон дар он тазмин шуда ва динест пойбанд ба аҳду паймонҳо.

Ин асосҳо ва арзишҳо дар воқеъ нуқтаҳоест муштарак байни пайравони адён ва гурӯҳҳои мухталифи башар. Зеро асли адёни илоҳӣ якест, мусалмон ба ҳамаи паёмбарони илоҳӣ имон дорад ва байни ҳеч як аз эшон ҷудоӣ намегузорад ва инкори рисолати яке аз онҳо хуруҷ аз ислом ба шумор меояд. Ва ин худ як мабноеро барои ҳамкорӣ бо бовармандон ба адёни дигар эҷод месозад, ки дар сутуҳи мухталиф метавонанд бо ҳамдигар ҳамёрӣ намоянд бо вуҷуди андеша ва орои хосс ба худ, бо истинод ба ин фармудаи Худованди Мутаъол, ки: “Паёмбар ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш бар ӯ нозил шудааст имон оварда ва мӯъминон ҳамагӣ ба Худо ва фариштагон ва китобҳо ва фиристодагонаш имон овардаанд (ва гуфтанд:) Миёни ҳеч як аз фиристодагонаш фарқ намегузорем ва гуфтанд: Шунидем ва гардан ниҳодем, Парвардигоро! Омурзиши туро хосторем ва фарҷом ба сӯйи туст”. (Бақара: 285)

Ислом инсонро гиромӣ доштааст фориғ аз ранг ё ҷинс ё дини вай: “Ва ба дурустӣ мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва ононро дар хушкӣ ва дарё (бар маркабҳо) барнишондем ва аз чизҳои покиза ба эшон рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз офаридаҳои худ бартарии ошкор додем”. (Исро: 70)

Ислом таъкид карда, ки равиш ва услуби даъват ба сӯйи Худо бояд бар асоси меҳрубонӣ ва нармӣ устувор бошад: “Бо ҳикмат ва андарзи некӯ ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо онон ба (шевае), ки некӯтар аст муҷодала намой...” (Наҳл: 125)

Ва дуруштӣ ва хушунат дар тавҷеҳ ва таъбирро рад намуда: “Пас, ба баракати раҳмати илоҳӣ ба онон нармхӯ ва пурмеҳр шудӣ. Ва агар тундхӯ ва сахтдил будӣ, қатъан аз пиромуни ту пароканда мешуданд. Пас, аз онон даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онон машварат кун…” (Оли Имрон: 159)

Ислом баён кардааст, ки ҳадафи вай таҳаққуқ бахшидани раҳмат ва хайр ба чамиъи башарият аст: “Ва туро (эй Муҳаммад!) ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем”. (Анбиё: 107)

Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад (с) фармудааст: “Касоне, ки раҳмат мекунанд, Худои Раҳмон эшонро мавриди раҳмати хеш қарор хоҳад дод. Пас, ба сокинони замин раҳмат (ва меҳрубонӣ) кунед, ки сокинони осмон ба шумо раҳмат кунанд”. (Ҳадисе саҳеҳ)

Ислом, дар айни он, ки ба муомалаи ба мисл бо дигарон хондааст, ба мудоро ва гузашт тарғиб кардааст; мудоро ва гузаште, ки ҳикояткунандаи волоии инсон аст: “Ва ҷазои бадӣ монанди он бадӣ аст. Пас, ҳар ки гузашт намояд ва некӯкорӣ кунад, подоши ӯ бар ӯҳдаи Худост…” (Шӯро: 40) “Ва некӣ бо бадӣ яксон нест. (Бадиро) ба он чӣ беҳтар аст дафъ кун, он гоҳ касе, ки миёни ту ва миёни ӯ душманӣ аст гӯӣ дӯсте якдил мегардад”. (Фуссилат: 34)

Ислом дар бархӯрд бо дигарон адолат, ҳифзи ҳуқуқи эшон ва адами ситам ба онон дар ашёро асл қарор додааст: “Эй касоне, ки имон овардаед! Барои Худо ба адолат бархезед ва ба адолат шаҳодат диҳед, ва албатта набояд душмании гурӯҳе шуморо бар он вобидорад, ки адолат накунед. Адолат кунед, ки он ба тақво наздиктар аст ва аз Худо парво доред, ки Худо ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст”. (Моида: 8) “Худо ба шумо фармон медиҳад, ки супурдаҳоро ба соҳибони онҳо баргардонед ва чун миёни мардум доварӣ мекунед, ба адолат доварӣ кунед…” (Нисо: 58) “Пас, паймона ва тарозуро тамом ниҳед ва амволи мардумро кам мадиҳед ва дар замин пас аз ислоҳи он фасод макунед...” (Аъроф: 85)

Ислом эҳтиром ба аҳду паймонҳо ва пойбандӣ ба он чӣ дар он омадааст-ро воҷиб ва хиёнатро ҳаром медонад: “Ва чун бо Худо паймон бастед, ба паймони худ вафо кунед ва савгандҳои худро пас аз устувор кардани онҳо машканед, бо ин ки Худоро бар худ зомин ва гувоҳ қарор додаед…” (Наҳл: 91)

Ва барои ҳаёт ва зиндагӣ ҷойгоҳи баланди онро бахшидааст. Аз ин рӯ, фақат бо касоне иҷозаи пайкор дода, ки алайҳи шумо шамшер бикашанд. Ва дар пайкор низ, аз таҷовуз бар шаҳрвандон ва дороиҳои онон ва кӯдакон ва донишомӯзон ва пирамардон ва занон ба сурати қатъӣ манъ намуда. Ислом таъарруз ба ҳаёти инсонро — ба куштани вай ё озор додани ӯ ё таҳдидаш — таъарруз дар ҳаққи зиндагии кулли башарият шумурдааст, ва қатл дар ислом аз бузургтарини гуноҳон аст: “Ҳар кас касеро ҷуз ба қисоси қатл ё ба кайфари фасоде дар замин бикушад, чунон аст, ки гӯё ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас касеро зинда бидорад, чунон аст, ки гӯё тамоми мардумро зинда доштааст…” (Моида: 32)

Ойини ҳанифи ислом бар асоси эътидол ва миёнаравӣ ва осонгирӣ устувор аст: “Ва бад-ин гуна шуморо уммате миёна қарор додем, то бар мардум гувоҳ бошед ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад…” (Бақара: 143) Ва ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармуда: “Осон гиред ва сахт магиред, мужда диҳед ва нафрат эҷод макунед”. (Ҳадисе саҳеҳ)

Ислом ба дониш ва тадаббур ва тафаккур чунон ҷойгоҳ бахшида ва арҷаш ниҳода, ки тавонистааст он тамаддуни исломии устувореро эҷод намояд ва ҳалқае бишавад, ки Ғарбро ба дарвозаҳои илми навин кӯчонид; тамаддуне, ки дар ба армуғон овардани он ҳатто ғайри мусалмонон низ саҳмгузор буданд.

Ва ин дин ҳаргиз душманӣ накардааст магар алайҳи тамоюлоти зиёдаравӣ ва ифротгароӣ ва хушунат; зеро ин тамоюлот ҳиҷобҳои ақланд аз арзёбии фарҷомҳои бад ва ҳаракати кӯр-кӯронаи берун аз қавонини башарӣ, чӣ дар дин, чӣ дар андеша ва чӣ дар хулқ. Ва ин аз табиати мусалмони ҳақиқӣ ва мудорогар ва гушудадил нест. Ислом инро намепазирад, чунон ки ҷамиъи адёни осмонӣ намепазиранд, ба ин далел, ки ҳолате аст носозгор ва навъе саркашӣ маҳсуб меояд. Асосан ин сифат аз вижагиҳои миллат ва уммати хоссе ба шумор намеравад, балки падидае аст, ки мумкин аст дар ҳар миллате зуҳур кунад, чунон ки миллатҳо ва пайравони адён мешиносанд.

Имрӯз мо, мусалмонон, ин гуна рафторҳоро маҳкум мекунем, чунон ки аҷдодамон дар тӯли торих маҳкумашон карда ва ҷилави онро гирифтаанд. Гузаштаҳои мо бар ин ҳақиқат таъкид кардаанд ва мо низ таъкид мекунем, ки ислом динест, ки ҳам аҳдофаш ахлоқист ва ҳам василаҳои расидан ба он аҳдофаш низ комилан ахлоқист. Дине, ки барои хайри мардум ва саодати онон дар дунё ва охират саъй мекунад, дифоъ аз аҳдофи он ҷуз ба васоили ахлоқӣ имконпазир нест. Дар дини мо ҳадаф василаро тавҷеҳ намекунад.

Асл дар таъомули мусалмонон бо дигарон “силм” (сулҳу оштӣ) аст. Аз ин рӯ, агар таҷовузе набошад, ҷанге ҳам дар кор нест, балки меҳрубонӣ, адолат ва некӯкорист: “Худо шуморо аз касоне, ки дар кори дин бо шумо наҷангида ва шуморо аз диёратон берун накардаанд бознамедорад, ки бо онон некӣ кунед ва бо эшон адолат варзед, зеро Худо додгаронро дӯст медорад”. (Мумтаҳина: 8) “Пас, агар даст бардоштанд, таҷовуз ҷуз бар ситамкорон раво нест”. (Бақара: 193)

Аз ин рӯ, мо ҳам аз назари динӣ ва ҳам аз назари ахлоқӣ теруризмро – ба ин мафҳуме, ки имрӯзҳо роиҷ аст – маҳкум мекунем; теруризме, ки мурод аз он рафторҳои пуриштибоҳ аст, дар ҳар шакл ва сурате маҳкум аст. Теруризме, ки дар таҷовуз бар ҳаёти башарӣ ба сурате ваҳшатнок таҷассум ёфта; мардуми осоиштаро метарсонад, ба шаҳрвандони бегуноҳ таҷовуз мекунад, бар захмиҳо сахт мегирад, асиронро мекушад, аз васоили номашрӯъ баҳра мегирад, аз вайрон кардани биноҳо ва хароб сохтани шаҳрҳо: “Ва нафсеро, ки Худо ҳаром гардонида ҷуз ба ҳақ макушед…” (Анъом: 151) Аз ин рӯ мо ин аъмолро маҳкум мекунем ва мӯътақидем, ки васоил ва абзори муқовимат бо ситам ва барпо доштани адолат замоне машрӯанд, ки ба васоили машрӯъ сурат бигиранд. Ва аз уммат даъват мекунем, ки ба асбоби боздорандагӣ ва қувват чанг бизананд, то худкифо бишаванд ва аз ҳуқуқи худ дифоъ намоянд. Ва огоҳем, ки тундравӣ ва ифрот дар тӯли торих ҳамвора сабаби харобӣ ва вайронӣ будааст ва ин ки дарахти тамаддун хушк мешавад вақте ки кина пойдор ва дилҳо баста шаванд.

Ифрот ва тундравӣ ба ҳар шаклаш аз ислом бегона аст; исломе, ки бар асоси эътидол ва мудоро устувор аст. Асосан, барои инсоне, ки Худованд қалбашро мунаввар сохтааст имкон надорад, ки ифротӣ ва тундрав бошад.

Ва дар айни замон, ҳамлаҳо барои сиёҳ нишон додани чеҳраи исломро, ки ин ойинро ба унвони дине, ки ба хушунат тарғиб ва бар теруризм бино ниҳода шудааст маҳкум мекунем. Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварем, ки ба сурати ҷиддӣ бар татбиқи қавонини байналмилалӣ ва эҳтироми паймонҳо ва қарорҳои содира аз Созмони Милал пойбанд бошад ва ҳамаи тарафҳоро мулзам ба қабули ин қонунҳо ва иҷрои онҳо бисозад, бидуни ҳеч дугонагие дар меъёрҳо, то ҳақ ба соҳибаш бирасад ва зулм решакан гардад. Зеро ин кор дар решакан кардани сабабҳои тундравӣ ва хушунат саҳме фаровон дорад.

Роҳнамоиҳои исломи азиз, ки ифтихори интисоб ба онро дорем, аз мо вуруд ва мушорикат дар ҷомеаи ҷаҳонии муосир ва саҳмгузорӣ дар пешрафти онро бо ҳамкорӣ бо ҳамаи нерӯҳои хайрхоҳ ва дӯстдорони адолат мехоҳад. Инро содиқона ва аз рӯйи ақидаамон, ки бар давъати Ҳақ Таъоло барои ҳамкорӣ ва тақво устувор аст иброз медорем. Ва ҳамчунин барои эҳёи тамаддунамон, ки бар пояҳои динамон устувор аст талош мекунем, тибқи барномаҳои илмӣ ва амалии муҳкам, ки аз авлавиятҳои он аст тавсиаи барномаҳои омодасозии мубаллиғон бо ҳадафи итминон ҳосил намудан аз дарки онон аз руҳи ислом ва барномаи он дар сохтани ҳаёти инсонӣ илова бар иттилои эшон бар фарҳангҳои муосир, то таъомули онон бо ҷомеаҳо аз рӯйи огоҳӣ ва басират бошад: “Бигӯ: Ин аст роҳи ман, ки ман ва ҳар кас пайравиам кард, бо басират (биноӣ) ба сӯйи Худо даъват мекунем…” (Юсуф: 108) Ва то битавонанд бо истифода аз васоили иртиботии муосир шубаҳотеро, ки душманони ислом бармеангезанд, рад намоянд ба равише илмӣ ва салим бидуни заъф ва ё инфиъол ва ба услубе, ки хонанда, шунаванда ва бинандаро ҷазб кунанд. Ва то буняи тарбиятии фарди мусалмонро, ки бар асоси усули собит устувор аст решадор намоянд; шахсияте комил, ки дар баробари фасодҳо муқовим бошад. Ва то ин ки ба баҳси илмӣ таваҷҷӯҳ кунанд ва бо улуми муосир бар асоси нигоҳи вижаи ислом ба ҳастӣ, ҳаёт ва инсон таъомул намоянд. Ва аз дастовардҳои аср дар заминаҳои гуногуни илмӣ ва текнулужӣ истифода бибаранд. Ва барномаи исломӣ дар таҳаққуқ бахшидан ба тавсиаи фарогирро, ки бар асоси иноят ба ҳамаи ҷанбаҳои руҳӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии инсон устувор аст мабно қарор бидиҳанд. Ва ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии ӯ эҳтимом варзанд ва бар ҳаққи вай дар зиндагӣ, каромат ва амният таъкид ва ниёзҳои асосии ӯро тазмин ва идораи шуъуни ҷомеаҳоро тибқи асосҳои адолат ва шӯро бипазиранд (ки ислом бар он таъкид карда)…

Умед аз уламои уммат меравад, ки ба ҳақиқати ислом ва арзишҳои волои он ақлҳои насли ҷавонро мунаввар гардонанд, ки оянда ба дасти онон аст, ба гунае ки онон аз хатароти фурӯ рафтан дар ҷаҳолат ва фасод ва тақлиди кӯр-кӯрона дур карда шаванд ва ба мудоро ва миёнаравӣ ороста гарданд ва ин ки хушунат ва ифрот ва тундравӣ руҳу ҷасадашонро хароб месозад огоҳонида гарданд. Ва умед дорем уламои мо дар фаъолтар кардани ҳаракатамон ва иҷрои авлавиятҳоямон саҳм хоҳанд гузошт, то улгу ва намуна дар дин, ахлоқ, рафтор ва гуфтор бошанд…

Уммон, Подшоҳии Ҳошимии Ӯрдун

Рамазони 1425, сентябри 2004

* * *

رسالة عمان

بسم الله الرحمن الرحيم،

والصلاة والسلام على نبّيه المصطفى

وعلى آله وأصحابه الغُرّ الميامين، وعلى رُسُل الله وأنبيائه أجمعين

قال تعالى: يا أيها الناس إنّا خلقناكم من ذكر وأنثى وجعلناكم شعوباً وقبائل لتعارفوا إنّ أكرمكم عند الله أتقاكم صدق الله العظيم. الحجرات: 13

هذا بيان للناس، لإخوتنا في ديار الإسلام، وفي أرجاء العالم، تعتز عمّان، عاصمة المملكة الأردنيّة الهاشميّة، بأن يصدر منها في شهر رمضان المبارك الذي أنزل فيه القرآن هدىً للناس وبينات من الهدى والفرقان، نصارح فيه الأمّة، في هذا المنعطف الصّعب من مسيرتها، بما يحيق بها من أخطار، مدركين ما تتعرّض له من تحدّيات تهدّد هويتها وتفرق كلمتها وتعمل على تشويه دينها والنيل من مقدساتها، ذلك أنّ رسالة الإسلام السمحة تتعرّض اليوم لهجمة شرسة ممن يحاولون أن يصوروها عدواً لهم، بالتشويه والافتراء، ومن بعض الذين يدّعون الانتساب للإسلام ويقومون بأفعال غير مسؤولة باسمه. هذه الرّسالة السمحة التي أوحى بها الباري جلّت قدرته للنبي الأمين محمد صلوات الله وسلامه عليه، وحملها خلفاؤه وآل بيته من بعده عنوان أخوّة إنسانيّة وديناً يستوعب النشاط الإنساني كله، ويصدع بالحق ويأمر بالمعروف وينهى عن المنكر، ويكرّم الإنسان، ويقبل الآخر… والإسلام الذي يقوم على مبادئ أساسها: توحيد الله والإيمان برسالة نبيّه، والارتباط الدائم بالخالق بالصلاة، وتربية النفس وتقويمها بصوم رمضان، والتكافل بالزكاة، ووحدة الأمّة بالحج إلى بيت الله الحرام لمن استطاع إليه سبيلا، وبقواعده الناظمة للسلوك الإنساني بكل أبعاده، صنع عبر التاريخ أمّة قويّة متماسكة، وحضارة عظيمة، وبشر بمبادئ وقيم سامية تحقّق خير الإنسانيّة قوامها وحدة الجنس البشري، وأنّ النّاس متساوون في الحقوق والواجبات، والسلام، والعدل، وتحقيق الأمن الشامل والتكافل الاجتماعي، وحسن الجوار، والحفاظ على الأموال والممتلكات، والوفاء بالعهود، وغيرها وهي مبادئ تؤلف بمجموعها قواسم مشتركة بين أتباع الديانات وفئات البشر؛ ذلك أنّ أصل الديانات الإلهيّة واحد، والمسلم يؤمن بجميع الرسل، ولا يفرّق بين أحد منهم، وإنّ إنكار رسالة أي واحد منهم خروج عن الإسلام، مما يؤسس إيجاد قاعدة واسعة للالتقاء مع المؤمنين بالديانـــــات الأخرى علـــــى صعد مشتركـــــــة في خدمة المجتمع الإنساني دون مساس بالتميّز العقدي والاستقــلال الفكري، مستندين في هذا كله إلى قوله تعالى آمن الرسول بما أنـــزل إليــــه من ربـــــــــه والمؤمنــــون كـــل آمــــن بالله وملائكتــــه وكتبـــــه ورسله لا نفرّق بين أحد من رسله وقالــــوا سمعنا وأطعنــــا غفرانــــك ربنـــــا وإليك المصير البقرة: 285. وكـرّم الإسلام الإنسان دون النظر إلى لونه أو جنسه أو دينه ولقد كـرّمنا بني آدم وحملناهم في البّر والبحر ورزقناهم من الطيبات وفضلناهم على كثير ممن خلقنا تفضيلا الإسراء:70. وأكّد أنّ منهج الدّعوة إلى الله يقوم على الرفق واللين أُدع إلى سبيل ربك بالحكمة والموعظة الحسنة وجادلهم بالتي هي أحسن النحل: 125، ويرفض الغلظة والعنف في التوجيه والتعبير فبما رحمة من الله لنت لهم ولو كنت فظاً غليظ القلب لانفضوا من حولك فاعف عنهم واستغفر لهم وشاورهم في الأمر آل عمران:159. وقد بيّن الإسلام أنّ هدف رسالته هو تحقيق الرّحمة والخير للناس أجمعين، قال تعالى وما أرسلناك إلاّ رحمة للعالمين الأنبياء: 107، وقال صلى الله عليه وسلم الراحمون يرحمهم الرحمن، ارحموا من في الأرض يرحمكم من في السماء (حديث صحيح). وفي الوقت الذي دعا فيه الإسلام إلى معاملة الآخرين بالمثل، حثّ على التسامح والعفو اللذين يعبّران عن سمو النفس وجزاء سيئة سيئة مثلها فمن عفا وأصلح فأجره على الله الشورى:40، ولا تستوي الحسنة ولا السيئة، إدفع بالتي هي أحسن فإذا الذي بينك وبينه عداوة كأنه ولي حميم فصّلت:34. وقرّر مبدأ العدالـــة فـــي معاملة الآخريــــن وصيانة حقوقهــــم، وعدم بخس النــــاس أشياءهم ولا يجرمنكم شنئان قوم على ألا تعدلوا، اعدلوا هو أقرب للتقوى المائدة:8، إن الله يأمركم أن تؤدوا الأمانات إلى أهلها وإذا حكمتم بين الناس أن تحكموا بالعدل النساء:58، فأوفوا الكيل والميزان ولا تبخسوا الناس أشياءهم ولا تفسدوا في الأرض بعد إصلاحها الأعراف: 85. وأوجب الإسلام احترام المواثيق والعهود والالتزام بما نصت عليه، وحّرم الغدر والخيانة وأوفوا بعهد الله إذا عاهدتم ولا تنقضوا الأيمان بعد توكيدها وقد جعلتم الله عليكم كفيلاً النحل:91. وأعطى للحياة منزلتها السامية فلا قتال لغير المقاتلين، ولا اعتداء على المدنيين المسالمين وممتلكاتهم، أطفالاً في أحضان أمهاتهم وتلاميذ على مقاعد الدّراسة وشيوخاً ونساءً؛ فالاعتداء على حياة إنسان بالقتل أو الإيذاء أو التهديد اعتداء على حقّ الحياة في كل إنسان وهو من أكبر الآثام، لأنّ حياة الإنسان هي أساس العمران البشري من قتل نفساً بغير نفس أو فساد في الأرض فكأنما قتل الناس جميعاً ومن أحياها فكأنما أحيا الناس جميعاً المائدة:32. والدين الإسلامي الحنيف قام على التوازن والاعتدال والتوسط والتيسير وكذلك جعلناكم أمة وسطاً لتكونوا شهداء على الناس ويكون الرسول عليكم شهيداً البقرة:143، وقال صلى الله عليه وسلم ويسرّوا ولا تعسروا وبشروا ولا تنفروا (حديث صحيح)، وقد أسّس للعلم والتدبّر والتفكير ما مكن من إيجاد تلك الحضارة الإسلاميّة الراسخة التي كانت حلقة مهمة انتقل بها الغرب إلى أبواب العلم الحديث، والتي شارك في إنجازاتها غير المسلمين باعتبارها حضارة إنسانيّة شاملة. وهذا الدين ما كان يوماً إلاّ حرباً على نزعات الغلوّ والتطّرف والتشدّد، ذلك أنها حجب العقل عن تقدير سوء العواقب والاندفاع الأعمى خارج الضوابط البشريّة ديناً وفكراً وخلقاً، وهي ليست من طباع المسلم الحقيقي المتسامح المنشرح الصدر، والإسلام يرفضها — مثلما ترفضها الديانات السّماوية السمحة جميعها — باعتبارها حالات ناشزة وضروباً من البغي، كما أنها ليست من خواص أمّة بعينها وإنما هي ظاهرة عرفتها كلّ الأمم والأجناس وأصحاب الأديان إذا تجمعت لهم أسبابها، ونحن نستنكرها وندينها اليوم كما استنكرها وتصدّى لها أجدادنا عبر التاريخ الإسلامي دون هوادة، وهم الذين أكّدوا، مثلما نؤكد نحن، الفهم الراسخ الذي لا يتزعزع بأنّ الإسلام دين أخلاقي الغايات والوسائل، يسعى لخير الناس وسعادتهم في الدّنيا والآخرة، والدفاع عنه لا يكون إلا بوسائل أخلاقية، فالغاية لا تبرر الوسيلة في هذا الدين. والأصل في علاقــــة المسلمين بغيرهم هي الســـــلم، فلا قتال حيث لا عدوان وإنما المودة والعدل والإحسان لا ينهاكم الله عن الذين لم يقاتلوكم في الدين، ولم يخرجوكم من دياركم أن تبرّوهم وتقسطوا إليهم إن الله يحب المقسطين الممتحنة:8، فإن انتهوا فلا عدوان إلا على الظالمين البقـرة:193. وإننا نستنكر، دينياً وأخلاقياً، المفهوم المعاصر للإرهاب والذي يراد به الممارسات الخاطئة أيّاً كان مصدرها وشكلها، والمتمثلة في التعدّي على الحياة الإنسانيّة بصورة باغية متجاوزة لأحكام الله، تروع الآمنين وتعتدي على المدنيين المسالمين، وتجهز على الجرحى وتقتل الأسرى، وتستخدم الوسائل غير الأخلاقية، من تهديم العمران واستباحة المدن ولا تقتلوا النفس التي حرّم الله إلاّ بالحق الأنعام:151، ونشجب هذه الممارسات ونرى أنّ وسائل مقاومة الظلم وإقرار العدل تكون مشروعة بوسائل مشروعة، وندعو الأمّة للأخذ بأسباب المنعة والقوّة لبناء الذات والمحافظة على الحقوق، ونعي أنّ التطرّف تسبّبَ عبر التاريخ في تدمير بنى شامخة في مدنيات كبرى، وأنّ شجرة الحضارة تذوي عندما يتمكن الحقد وتنغلق الصدور. والتطرف بكل أشكاله غريب عن الإسلام الذي يقوم على الاعتدال والتسامح. ولا يمكن لإنسان أنار الله قلبه أن يكون مغالياً متطرفاً. وفي الوقت نفسه نستهجن حملة التشويه العاتية التي تصوّر الإسلام على أنه دين يشجّع العنف ويؤسّس للإرهاب، وندعو المجتمع الدولي، إلى العمل بكل جدّية على تطبيق القانون الدولي واحترام المواثيق والقرارات الدوليّة الصادرة عن الأمم المتحدة، وإلزام كافة الأطراف القبول بها ووضعها موضع التنفيذ، دون ازدواجية في المعايير، لضمان عودة الحقّ إلى أصحابه وإنهاء الظلم، لأنّ ذلك من شأنه أن يكون له سهم وافر في القضاء على أسباب العنف والغلوّ والتطرف. إنّ هدي هذا الإسلام العظيم الذي نتشرف بالانتساب إليه يدعونا إلى الانخراط والمشاركة في المجتمع الإنساني المعاصر والإسهام في رقيّه وتقدّمه، متعاونين مع كل قوى الخير والتعقّل ومحبّي العدل عند الشعوب كافةً، إبرازاً أميناً لحقيقتنا وتعبيراً صادقاً عن سلامة إيماننا وعقائدنا المبنية على دعوة الحق سبحانه وتعالى للتآلف والتقوى، وإلى أن نعمل على تجديد مشروعنا الحضاري القائم على هدي الدين، وفق خطط علمية عمليّة محكمة يكون من أولوياتها تطوير مناهج إعداد الدعاة بهدف التأكد من إدراكهم لروح الإسلام ومنهجه في بناء الحياة الإنسانيّة، بالإضافة إلى إطلاعهم على الثقافات المعاصرة، ليكون تعاملهم مع مجتمعاتهم عن وعي وبصيرة، قـل هذه سبيلي أدعــو إلى الله على بصيرة أنـا ومــن اتبعني يوسف:108، والإفادة من ثورة الاتصالات لردّ الشبهات التي يثيرها أعداء الإسلام بطريقة علميّة سليمة دون ضعف أو انفعال وبأسلوب يجذب القارئ والمستمع والمشاهد، وترسيخ البناء التربوي للفرد المسلم القائم على الثوابت المؤسّسة للثقة في الذات، والعاملة على تشكيل الشخصيّة المتكاملة المحصنة ضدّ المفاسد، والاهتمام بالبحث العلمي والتعامل مع العلوم المعاصرة على أساس نظرة الإسلام المتميزة للكون والحياة والإنسان، والاستفادة من إنجازات العصر في مجالات العلوم والتكنولوجيا، وتبنّي المنهج الإسلامي في تحقيق التنمية الشّاملة الذي يقوم على العناية المتوازنة بالجوانب الروحيّة والاقتصاديّة والاجتماعيّة، والاهتمام بحقوق الإنسان وحريّاته الأساسيّة، وتأكيد حقّه في الحياة والكرامة والأمن، وضمان حاجاته الأساسيّة، وإدارة شؤون المجتمعات وفق مبادئ العدل والشورى، والاستفادة مما قدّمه المجتمع الإنساني من صيغ وآليات لتطبيق الديمقراطيّة . والأمل معقود على علماء أمتنا أن ينيروا بحقيقة الإسلام وقيمه العظيمة عقول أجيالنا الشابّة، زينة حاضرنا وعدّة مستقبلنا، بحيث تجنبهم مخاطر الانزلاق في مسالك الجهل والفساد والانغلاق والتبعيّة، وتنير دروبهم بالسماحة والاعتدال والوسطية والخير، وتبعدهم عن مهاوي التطرّف والتشنج المدمّرة للروح والجسد؛ كما نتطلع إلى نهوض علمائنا إلى الإسهام في تفعيل مسيرتنا وتحقيق أولوياتنا بأن يكونوا القدوة والمثل في الدين والخلق والسّلوك والخطاب الرّاشد المستنير، يقدمون للأمّة دينها السمح الميسر وقانونه العملي الذي فيه نهضتها وسعادتها، ويبثون بين أفراد الأمّة وفي أرجاء العالم الخير والسلام والمحبّة، بدقّة العلم وبصيرة الحكمة ورشد السياسة في الأمور كلها، يجمعون ولا يفرقون، ويؤلفون القلوب ولا ينفرونها، ويستشرفون آفاق التلبية لمتطلبات القرن الحادي والعشرين والتصدي لتحدياته. والله نسأل أن يهيئ لأمتنا الإسلاميّة سبل النهضة والرفاه والتقدّم، ويجنبها شرور الغلوّ والتطرف والانغلاق، ويحفظ حقوقها، ويديم مجدها، ويرسخ عزّتها، إنه نعم المولى ونعم النصير. قال تعالى: وأنّ هذا صراطي مستقيما فاتّبعوه ولا تتبعوا السبل فتفرق بكم عن سبيله، ذلكم وصّاكم به لعلكم تتقون الأنعام: 153

وآخر دعوانا أن الحمد لله رب العالمين

عمّان — المملكة الأردنية الهاشمية

رمضان المبارك، 1425 هجرية — تشرين الثاني، 2004 ميلادية

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Такфир

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: