Шарҳи Маснавӣ (163)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (5)

* * *

Салом кардани расули Рум амиралмӯъмининро разияллоҳу анҳу (2)

* * *

Аз манозилҳои ҷонаш ёд дод

В-аз сафарҳои равонаш ёд дод

Умар манзилгоҳҳои руҳи қудсиро ба фиристодаи Рум таълим дод ва ба ӯ омӯхт, ки руҳ чӣ сафарҳое карда то ба ин олами носут даромадааст.

Нукта: Мавлоно ва ҷамъе аз урафо руҳи қудсии инсонро билфеъл муҷаррад ва комил медонанд ва ақида доранд, ки руҳ қабл аз даромадан ба колбад, дар олами қудс сайру сулуке доштааст ва он гоҳ ба амри Ҳақ ба ин бадани унсурӣ таъаллуқ гирифтааст.

Устод Фурӯзонфар гӯяд: “Ва интиқоли руҳ аз мавқифе ба мавқифи дигар ба манзилаи сафаре аст, ки мусофирон дар манозили маҳсус доранд ва ин манозил бениҳоят аст ва ба ҳадде маҳдуд намешавад. Пас, метавон гуфт, ки “манозили ҷон” маротиби таҳаввули ӯ ва “сафарҳои равон” интиқолоти вай дар ин маротиб аст. Ба ақидаи сӯфия, миёни банда ва Ҳақ Таъоло ҳазор мақом аст, ки Ҷунайди Бағдодӣ онҳоро “қаср” ва баъзе “манзил” номидаанд. Фарқи “манзил” бо “мақом” аз он ҷост, ки агар солик аз мартибае даргузарад, он мартиба нисбат ба ӯ “манзил” аст. Ва агар дар он мутаваққиф шавад ва ба мартибаи дигар сайр накунад, он мартиба нисбат ба ӯ “мақом” аст ва онро “мавқиф” низ гӯянд. Ист ва таваққуф нишонаи заъфи ҳиммат ва фуқдони истеъдод ва ба ҳақиқат марги руҳ аст. Зеро ҷони нерӯманд ва қавипар ва баландпарвоз дар ҳеч ошёна диранг намекунад ва ба ҳеч донаи қурбат ва васлат ва каромат дил намебандад ва то ба ниҳояти мақсад нарасад, дил аз парвоз намегсалад…” (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.2, с.535-536)

В-аз замоне, к-аз замон холӣ будаст

В-аз мақоми қудс, к-иҷлоле будаст.

Аз замоне сухан гуфт, ки аз замон холӣ будааст. Ва низ ӯро аз мақоми қудс, ки шоистаи эҳтиром ва бузургдошт аст огоҳ сохт.

Нукта: Мурод аз “мақоми қудс” мартибаи аҳадият аст, ки аз шоибаи касрат ва музоҳимати ағёр пок ва муқаддас аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.461)

В-аз ҳавое, к-андар ӯ симурғи руҳ,

Пеш аз ин дидаст парвозу футуҳ.

Низ аз фазое огоҳаш кард, ки дар он, симурғи руҳ пеш аз омадан ба ин олами унсурӣ, дар парвоз буда ва футуҳеро мушоҳида кардааст.

Нукта: Ибни Сино дар “Қасидаи айния”-и худ гӯяд:

هبطت إليك من المكان الأرفع

ورقاءُ ذاتُ تعزُّزٍ وتمنُّع

Фуруд биёмад кабӯтаре манеъ ва арҷманд аз баринмакон ба сӯйи ту”.

“Футуҳ” дар луғат ба маънои “ҳосил шудани чизе аст, ки ҳусули он таваққӯъ наравад”. (Шарҳу Фусусил-ҳикам, ҷ.1, с.405) Аммо дар истилоҳи аҳли ирфон иборат аст аз навъе мукошафа, ки сабаби маърифати Ҳақ шавад бе он ки заҳмат ва талабе дар бораи он сурат гирад. Ва инро “Футуҳи мукошафа” гӯянд. (Футуҳоти Маккия, ҷ.2, с.505) Вале агар футуҳ ҷамъи фатҳ бошад, ба маънои чизҳое аст, ки бар банда гушуда шавад пас аз он ки бар ӯ баста буд, аз қабили неъматҳои зоҳирӣ ва ботинӣ монанди арзоқ ва ибодот ва улум ва мукошафот. (Шарҳул-асмоил-ҳусно, с.102)

Манзури байт: Симурғи руҳи инсон пез аз даромадан ба колбади унсурӣ мукошафот ва алтофе дар он олам дида буд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.462)

Ҳар яке парвозаш аз офоқ беш

В-аз умеду наҳмати муштоқ беш.

Ҳар парвозе, ки симурғи руҳ дар осмони ғайб мекард, он парвоз ба қадре баланд буд, ки аз ҳамаи ин фазоҳо ва офоқе, ки мо мешиносем, фаротар ва болотар буд. Ва ҳатто аз майдони умед ва авҷи орзуи орзумандон низ дармегузашт. (Хулоса, парвоз дар олами маъно ҳадде надорад.)

Наҳмат: Ҳирс, орзу, ниёз, ҳиммат.

Чун Умар ағёррӯро ёр ёфт,

Ҷони ӯро толиби асрор ёфт.

Ҳамин ки Умар он фиристодаи румии бегонанаморо ёри ҳақиқат ёфт ва дид, ки ҷони ӯ хоҳони дарки асрор аст. (Ин байт бо се мисроъи баъдӣ шарт аст ва ҷавобаш байти “Тухми пок андар замини пок кошт” аст.)

Ағёррӯ: Бегонанамо, касе ки зоҳиран ғариб ва бегона намояд.

Шайх комил буду толиб муштаҳӣ,

Мард чобук буду маркаб даргаҳӣ.

Умар шайхе комил буд ва фиристодаи Рум хоҳони дарки ҳақиқат. Умар саворкоре чолок буд ва он фиристода маркубе ром ва нерӯманд.

Муштаҳӣ: Хоҳон, муштоқ. Даргаҳӣ: Он чӣ бар даргоҳ бошад. “Маркаб даргаҳӣ” аспе зинкарда ва инонбаста ва нерӯманд ва раҳвор, ки ҳамеша бар даргоҳи шоҳ омодаи нигаҳдорӣ мешуд, то дар асари бурузи ҳар ҳодисае, аз он истифода кунанд. Никелсун овардааст, ки расми бастани асп бар даргоҳи қаср аз замони Мансур, халифаи дуввуми аббосӣ маъмул шудааст.

Дид он муршид, ки ӯ иршод дошт,

Тухми пок андар замини пок кошт.

Он шайхи комил (Умар) чун фиристодаи Румро мустаъидди иршод ёфт, тухмҳои маърифат ва яқин ва асрори динро дар замини дили ӯ кошт.

Нукта: Аз се байти ахир истифода мешавад, ки шарти иршод ду чиз аст: яке камоли муршид ва дигаре сидқи толиб. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.463)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: