“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (1)

Бахши аввал

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз рисолаҳои Ибни Сино “Рисолатул-ишқ” аст, ки онро – чунон ки дар оғози рисола омада — ба хоҳиши шогирдаш Абӯабдуллоҳ Фақеҳи Маъсумӣ нигоштааст. Ин рисола бо вуҷуди камии ҳаҷм, рисолаи пурборест. Аз ин рӯ, бар он шудам, то ин рисоларо аз арабӣ тарҷума ва пешкаши хонанда бикунам. Дар ин кӯшиш, аз таҳқиқот ва пажӯҳишҳои чанде, аз ҷумла таҳқиқоти Устод Зиёуддини Дуррӣ ва низ бону дуктур Акрами Неъматуллоҳӣ истифода шудааст.

Дар оғоз шоиста аст муқаддимае дар бораи чистии ишқ ва назари ҳукамои исломӣ дар бораи он пешкаш бикунам.

Муқаддима

Вожаи “ишқ” дар вожаномаҳои ирфонӣ ва фалсафӣ чунин таъриф шудааст:

Ишқ иштиёқе беш аз ҳадд ва майле шадид ба чизе — ба маънои зиёдии муҳаббат ва дӯстӣ – аст ва муштақ аз “ъашақа” аст. Ва “ъашақа” гиёҳест, ки бар танаи ҳар дарахте, ки бипечад, онро хушк созад ва худ ба таровати хеш боқӣ бимонад. Пас, ҳар ишқе бар ҳар тане, ки барояд, ҷуз маҳбубро хушк кунад ва маҳв гардонад ва он танро заъиф созад ва руҳу дилро мунаввар гардонад.” (Кашшофу истилоҳотил-фунун, 2/1012)

Ба гуфтаи Устод Мутаҳҳарӣ, “муҳаббат вақте ки ба ин ҳолат бирасад, яъне ба ҳолати “ишқ” бирасад, зимоми фикр ва иродаи инсонро мегирад, бар ақл ва бар ирода тасаллут пайдо мекунад ва аз ин рӯ ҳолате мешавад шибҳиҷунун, яъне ақлро дигар дар он ҷо ҳукме нест”. (Фитрат, Мутаҳҳарӣ, с.189-193)

Дар масъалаи ҷанги ақлу ишқ мебинем, ки ҳамеша пирӯзиро бо ишқ донистаанд:

Некхоҳонам насиҳат мекунанд,

Хишт бар дарё задан беҳосил аст…

Шавқро бар сабр қувват ғолиб аст,

Ақлро бо ишқ даъвӣ ботил аст.

(Саъдӣ)

Ва аммо дидгоҳҳо миёни фалосифа дар бораи моҳияти ишқ гуногун аст:

1. Як назария ин аст, ки мегӯяд, ишқ ба таври мутлақ реша ва ғояти ҷинсӣ дорад, рӯйи ҳамон хатти ғаризаи ҷинсӣ ҳаракат мекунад ва идома меёбад ва то охир ҳам ҷинсӣ аст. Аз мӯътақидон ба ин назария яке равонкови маъруф Фрейд аст. Фрейд, ки ҳама чизро ношӣ аз ғаризаи ҷинсӣ медонад, барои илмдӯстӣ, хайр, фазилат ва ҳатто парастиш решаи ҷинсӣ қоил аст;

2. Назарияи дигар — ки мавриди таъйиди ҳукамои исломӣ низ ҳаст — ин ки ишқ ба ду навъ аст: ишқҳои ҷинсӣ ва ҷисмонӣ ва ишқҳои руҳонӣ. Мегӯянд, заминаи ишқи руҳонӣ дар ҳамаи афроди башар вуҷуд дорад;

3. Назарияи севвуме вуҷуд дорад, ки хостааст миёни ду назарияи фавқ, яъне назарияи Фрейд ва назарияе, ки ба ишқи руҳонӣ қоил аст, ҷамъ кунад. Албатта, ин назария имрӯз дигар тарафдор надорад;

4. Назарияи чаҳоруме ҳам имрӯз пайдо шудааст. Соҳибони ин назария дидаанд, ки дар “ишқ” аҳёнан кайфиятҳое пайдо мешавад, ки бо ҷанбаҳои ҷинсӣ созгор нест, яъне вобаста ба ғалаёни тарашшуҳоти ҷинсӣ нест, ки доир мадори он бошад. Зеро амри ҷинсӣ чизе шабеҳи ҳолати гуруснагӣ аст. Гуруснагӣ як ҳолати табиист. Вақте ки бадан эҳтиёҷ ба ғизо пайдо кунад ва як силсила тарашшуҳот бишавад, гуруснагӣ ҳаст ва агар чунин набошад, нест. Дар эҳтиёҷи ҷинсӣ ҳам ҳамин тавр аст. Вале «ишқ» тобеъи ин хусусиёт нест. Аз ин рӯ, тарафдорони назарияи чаҳорум гуфтаанд, ки ишқ аз назари мабдаъ ҷинсӣ аст, вале аз назари мунтаҳо ва кайфият ғайриҷинсӣ аст. Яъне, ба таври ҷинсӣ шурӯъ мешавад ва аввалаш шаҳват аст, вале баъд тағйири кайфият ва тағйири ҳолат медиҳад ва дар ниҳоят табдил ба як ҳолати руҳонӣ мешавад.

Вил Дуронт, муаррихи маъруф, дар китоби “Лаззоти фалсафа” баҳсе дар бораи ишқ кардааст. Ӯ ҳамин назарияро интихоб мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ҳақиқат ин аст, ки ишқ баъдҳо тағйири масир ва тағйири ҷиҳат ва ҳатто тағйири хусусият ва тағйири кайфият медиҳад«. (с.154) Яъне дигар аз ҳолати ҷинсӣ ба таври куллӣ хориҷ мешавад.

Гуфтем, ки назарияи ҳукамои исломӣ ин аст, ки ишқ ба ду навъ аст: ишқҳои ҷисмонӣ ва ишқҳои руҳонӣ. Вилём Ҷеймз дар таъйиди назари ҳукамои исломӣ дар моҳияти ишқ, дар китоби “Дин ва равон” мегӯяд: “Як силсила тамоюлот дар мо ҳаст, ки моро ба табиат вобаста кардааст. Як силсила тамоюлоти дигаре ҳам дар мо вуҷуд дорад, ки бо ҳисобҳои моддӣ ва бо ҳисобҳои табиат созгор нест. Ва ҳамин тамоюлот аст, ки моро ба моварои табиат марбут мекунад, ки тавҷеҳ ва тафсираш ҳамон аст, ки ҳукамои исломӣ кардаанд ва мӯътақиданд, ки ин ҳолати фаное, ки ошиқ пайдо мекунад, дар воқеъ марҳилаи такомули ӯст. Ин фано ва нестӣ нест. Агар маъшуқи воқеиаш ҳамин шайъи моддӣ ва ҷисмонӣ мебуд, фано ғайриқобили тавҷеҳ буд, ки чӣ тавр як шайъ ба сӯйи фанои худаш тамоюл пайдо мекунад? Вале дар воқеъ маъшуқи ҳақиқии ӯ як воқеияти дигар аст ва ин (маъшуқи зоҳирӣ) намунае ва мазҳаре аз ӯст. Ва ин дар воқеъ бо комилтар аз худаш ва бо як мақоми комилтар муттаҳид мешавад ва ба ин васила ин нафс ба ҳадди камоли худаш мерасад”. (с.93-94)

Ишқ дар мутуни исломӣ

Вожаи “ишқ” дар Қуръон мавҷуд нест, аммо маънои он дар Қуръон ворид шуда. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ишқро ба “муҳаббати шадид” маъно кардаанд, ин маъно дар Қуръон омадааст. Дар ояти 165 сураи Бақара мӯъминонро ба унвони “касоне, ки муҳаббаташон ба Худо шадидтар аст” унвон карда ва фармуда:

 وَمِنَ النَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ اللّهِ أَندَادًا يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ اللّهِ وَالَّذِينَ آمَنُواْ أَشَدُّ حُبًّا لِّلّهِ

Ва бархе аз мардум дар баробари Худо ҳамтоҳое (барои ӯ) бармегузинанд ва онҳоро чун дӯстии Худо дӯст медоранд, вале касоне, ки имон овардаанд, муҳаббаташон ба Худо шадидтар аст…”

Имом Ғаззолӣ (р) гӯяд:

 اعلم أن من عرف الله احبه لا محالة ومن تأكدت معرفته تأكدت محبته بقدر تأكد معرفته، والمحبة إذا تأكدت سميت عشقا فلا معنى للعشق إلا محبة مؤكدة مفرطة، ولذلك قالت العرب: إن محمدا قد عشق ربه، لما رأوه يتخلى للعبادة في جبل حراء

Бидон, касе, ки Худоро шиносад, ногузир ба ӯ муҳаббат варзад, ва касе, ки маърифат ва шинохти ӯ ба Худо устувор гардад, муҳаббаташ ба Худо ба қадри маърифаташ устувор шавад. Муҳаббат вақте устувор гардид, “ишқ” номида мешавад. Пас, ишқ маъное ҷуз муҳаббати устувор ва муфрит надорад. Аз ин рӯст, ки араб вақте диданд ҳазрати Муҳаммад (с) дар ғори Ҳиро барои ибодат хилват кардааст, гуфтанд: “Ба дурустӣ Муҳаммад ба Парвардигораш ишқ варзида”. (Эҳёи улуми дин, 2/280, Ашшомила)

* * *

Аз қисмати баъдӣ шурӯъ ба овардани муҳтавои рисолаи Ибни Сино мекунем, иншоаллоҳ!

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Рисолаи ишқ”



Рубрики:Ирфони назарӣ, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: