“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (2)

Бахши дуввум

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Матни рисола:

Чунин фармояд Шайхурраис Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (р) дар посухи пурсиши Шайх Абӯабдуллоҳ Фақеҳи Маъсумӣ:

Ин рисолае, ки бино ба хоҳиши ту дар баёни моҳияти ишқ навиштаам, ҳафт фаслро дарбар мегирад:

Фасли аввал: Дар баёни сараёни (ҷорӣ будани) ишқ дар ҳар як аз мавҷудот.

Фасли дуввум: Дар баёни вуҷуди ишқ дар ҷавоҳири баситаи ғайри зинда. (Шарҳу тавзеҳи ҳар як дар ҷойи худаш хоҳад омад.)

Фасли севвум: Дар баёни вуҷуди ишқ дар мавҷудоте, ки соҳиби қувваи тағзияанд аз ҷиҳати ҳамин қувва.

Фасли чаҳорум: Дар баёни вуҷуди ишқ дар ҷавоҳири ҳайвонӣ аз ҷиҳати қувваҳои ҳайвонӣ.

Фасли панҷум: Дар баёни ишқи зурафо ва соҳибони завқи салим нисбат ба суратҳои некӯ ва чеҳраҳои зебо.

Фасли шишум: Дар баёни вуҷуди ишқ дар нуфуси илоҳия.

Фасли ҳафтум: Дар хотимаи ин фаслҳои шишгона.

* * *

Фасли аввал:

Дар баёни сараёни қувваи ишқ дар тамоми мавҷудот

Мо пеш аз ин ки вориди матлаб шавем, ночорем аз зикри ду муқаддимаи мухтасар:

Муқаддимаи аввал он аст, ки ҳамаи ҳукамо ва фалосифа иттифоқи назар доранд бар ин, ки ҳар як аз афроди мумкинот (1) дорои ду ҷанба мебошанд: яке ҷанбаи “вуҷуд”-и ӯст ва дигаре ҷанбаи “моҳият”-и ӯ. (2)

Муқаддимаи дуввум он аст, ки вуҷуд манбаи хайрот ва сарчашмаи камолот аст, валекин моҳият маншаи шурур ва нуқсон (3). Пас, ҳар як аз мумкинот ба воситаи ҷанбаи вуҷудӣ, ки дар ӯст, ҳамеша муштоқ ба камолот ва хайрот мебошад ва бар тибқи фитрат ва зот, аз шурур ва нуқсон — ки лозимаи ҷанбаи моҳият аст — мутанаффир ва гурезон. Ҳамин иштиёқи зотӣ ва завқи фитрӣ, ки сабаби бақои вуҷуди онҳост, мо онро “ишқ” меномем. (4)

Акнун, ки ин ду муқаддима маълум шуд, мегӯем: Ба таври куллӣ тамоми мавҷудоти олами вуҷуд аз се қисм хориҷ натавонад буд:

1. Яке он мавҷуде, ки бар тибқи камоли зотӣ, бар ҷамиъи мавҷудот фоиқ мебошад ва ҷомеъ аст куллияи хайрот ва баракотро;

2. Дуввум он аст, ки дар ниҳояти нақс ва дар ғояти фақр (5) аст;

3. Севвум ҳадди васат миёни ин ду, яъне на дорои мартибати олӣ дар камол, ва на дар ғояти нақс ва мунтаҳои фақр.

Қисми дуввум — ки нуқсон лозимаи зоти ӯст — гарчӣ тибқи тақсими аввалӣ, дар шумори мавҷудот шумурда мешавад, валекин итлоқи исми “вуҷуд” бар ӯ аз боби маҷоз аст, на ҳақиқат, бинобар ин мавҷудоти ҳақиқӣ, ки битавонем номи мавҷуд бар онҳо бигузорем, ду қисм мебошад:

1. Аввал он, ки дар ниҳояти камол ва ҷомеъи ҷамиъи хайрот аст;

2. Дуввум он, ки соҳиби ду ҷанба аст: вуҷуд ва моҳият. Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба муқаддимаи дуввум — ки гуфтем: Тамоми мавҷудот аз ҳайси вуҷудӣ ҳамеша муштоқ ба сӯйи камолот ва хайрот мебошанд ва аз нақс ва фақр, ки лозимаи ҷанбаи дуввум (моҳият ва ҳаюло) аст манфур ва гурезон — ҳикмати болиғаи илоҳӣ чунон иқтизо намуд, ки ин ишқи ғаризӣ ва шавқи фитрӣ дар ниҳоди тамоми мавҷудоти олами имкон ба вадиъа гузошта шавад, то битавонанд худро аз нуқсон ба камол бирасонанд ва аз шурур бипарҳезанд ва ба ҷониби хайрот бигароянд.

Акнун собит гардид, ки вуҷуди ин ишқ дар сиришти ҳамаи мавҷудот гузошта шуда ва аз онҳо ҷудопазир нест. Зеро агар ҷудошаванда бошад ва лозимаи зоти онҳо набошад, лозим меояд, ки ба ишқи дигаре мӯҳтоҷ шаванд, то битавонанд он ишқи куллиро муҳофизат кунанд, ва ё он ки қодир бар таҳсили он бошанд. Дар ин сурат, яке аз ин ду вуҷудаш отилу ботил хоҳад буд, ва ҳол он ки таътил дар вуҷуд ба ҳукми шаръу ақл ҷоиз нест. Илова бар ин, хориҷ аз ишқи куллӣ ишқ нест. Ҳар чӣ ҳаст, аз партави ҷамоли ӯст. Мо дар аввали муқаддимаи дуввум баён кардем, ки вуҷуд манбаи хайрот ва сарчашмаи камолот аст.

Акнун мегӯем: Он мавҷуди олӣ, ки мудаббири кулл аст, маъшуқи тамоми мавҷудот ҳам мебошад; зеро ки бар тибқи зот, хайри маҳз ва вуҷуди сирф аст. Он чиро нуфус бар тибқи фитрат толиб ва муштоқанд, ҳамон хайр аст. Пас, хайр аст, ки ошиқи хайр аст. Зеро ки агар хайрият дар ҳадди зоти худ маъшуқ набуд, маҳалли таваҷҷӯҳи ҳимматҳои олия воқеъ намегардид. Пас, ҳар миқдор хайрият зиёда шавад, истеҳқоқи маъшуқияташ бештар мегардад, ва он мавҷуди муназзаҳ аз нақоис ва мубарро аз айбҳо, ҳамон тавре ки дар ниҳояти хайр аст, бояд дар ниҳояти маъшуқият ва ошиқият ҳам бошад.

Ин ҷост, ки ишқу ошиқу маъшуқ якест ва дугонагие дар миёна нест. Ва чун он вуҷуди муқаддас ҳамеша мудрики зоти худ ва мутаваҷҷеҳ ба камоли зотии худ аст, бояд ишқи ӯ болотарин ва комилтарини ишқҳо бошад.

Ва низ дар ҷойи худ собит шудааст: ҳамон тавре ки сифоти Ҳақ айни зоти ӯст ва хориҷ аз зоти ӯ нест, ҳамин тавр имтиёзе ҳам миёни сифоташ нест. Ва чун имтиёзе миёни зот ва сифоти ӯ нест, пас ишқ сареҳи вуҷуд ва зоти ӯст.

Ҳол собит гардид, ки мавҷудот ё вуҷудашон ба воситаи он ишқе аст, ки дар онҳо ниҳода шудааст ва ё он ки вуҷудашон бо ишқ якест ва дугонагие дар миёна нест. Аввалӣ, силсилаи мумкинот аст ва дуввумӣ вуҷуди муқаддаси Ҳақ Таъоло. (6)

* * *

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Мумкинот: Мавҷудоти оламро – ба ҷуз вуҷуди воҷиб, ки Ҳақ Таъолост – мумкинот гӯянд. Ва ба иборати дигар: Ҳамаи ашёи олам монанди инсон, ҳайвон, дарахт, об ва ғайра, ки ба ҳукми як силсила иллатҳо падид меоянд ва сипас маъдум мегарданд, мумкинулвуҷуданд.

(2) Мақсуд ин аст, ки мо дар ашё ҳамвора ду маънӣ ташхис медиҳем ва ҳар ду маъниро дар бораи онҳо содиқ медонем. Он ду чиз яке ҳастӣ (вуҷуд) аст ва дигаре чистӣ (моҳият). Масалан, медонем, ки инсон ҳаст, дарахт ҳаст, адад ҳаст, миқдор ҳаст ва ғайра, вале дарахт як чистӣ ва як моҳият дорад ва инсон моҳият ва чистии дигаре. Пас маълум мешавад, ки ҳастӣ (вуҷуд) ғайр аз чистӣ (моҳият) аст ва ин ду маънӣ дар мумкинот содиқ аст.

(3) “Вуҷуд манбаи хайрот ва сарчашмаи камолот аст, валекин моҳият маншаи шурур ва нуқсон”. Гуфтем, ки мо аз ҳар амри воқеиятдор ду тасвир ва ду мафҳум дорем: мафҳуми ҳастӣ (вуҷуд) ва мафҳуми чистӣ (моҳият). Аз байни ин ду мафҳум, мафҳуми вуҷуд ҷанбаи айнӣ ва хориҷӣ дорад ва аммо мафҳуми моҳият сохтаи зеҳни мост ва дар хориҷ мо чизе ба номи моҳият надорем. Ба иборати дигар, аз байни ду мафҳуми вуҷуд ва моҳият, танҳо мафҳуми вуҷуд мисдоқи хориҷӣ дорад, аммо мафҳуми моҳият аз ҳадду ҳудуди вуҷуд интизоъ мешавад. Масалан, “инсон” (ки моҳият аст) ҳадду ҳудуди вуҷуди мавҷудест, ки мо ба унвони инсон мешиносем.

Ҳол, ҳастӣ (вуҷуд) ва камолоти вуҷудӣ (мисли илм, қудрат, ҳаёт ва ғайра) ҳама хайри маҳзанд. Асосан, вуҷуд баробар аст бо хайр. Ва ҳар чӣ мо ба унвони “шарр” ва “нуқсон” мешиносем, инҳо ҳама нестӣ ҳастанд ва ба сухани дигар моҳият. Ин ки мегӯяд, вуҷуд манбаи хайрот ва моҳият маншаи шурур аст, ҳамин аст.

(4) Хулоса, ба ақидаи Ибни Сино, ҳар як аз мумкинот ба воситаи ҷанбаи вуҷудии худ, иштиёқи зотӣ ва завқи фитрӣ ба камолот ва хайрот доранд, ки ҳамин амр сабаби бақои вуҷуди онҳо мешавад. Ӯ ин амрро “ишқ” меномад. Ва дар ҷойи дигар аз ҳамин рисола ишқро чунин маъно мекунад: “Ишқ дар ҳақиқати худ, чизе ҷуз некӯ шумурдани амри ҳасан (нек ва зебо) ва созгор нест. Бар ин асос, вай мӯътақид аст, ки ҳар як аз мавҷудот чизеро, ки бо худ созгор меёбад таҳсин мекунад ва агар худ фоқиди он аст, ба сӯйи он кашида мешавад. Хайри хосси ҳар мавҷуде, расидан ба он чӣ дар ҳақиқат созгор бо ӯст ё он чӣ гумон меравад, ки созгор бо ӯст, дониста мешавад.

(5) Фақр дар ин ҷо ба маънои “ниёзманд будан дар вуҷуд” аст. Манзури Ибни Сино аз чизе, ки “дар ниҳояти нақс ва дар ғояти фақр” бошад, ҳамон ҳаюлост. Тавзеҳ он ки: ҳар ҷисме мураккаб аз ду ҷузъ аст: 1. Ҷузъи билфеъл, ки иборат аст аз ҳамин вуҷуде, ки дорои се буъд (тӯл, арз, умқ) мебошад ва дар истилоҳ “сурати ҷисмия” номида мешавад. 2. Ҷузъи билқувва, ки иборат аст аз истеъдоди маҳз, ки пазирои сурати ҷисмия мебошад. Ин ҷузъ бо ҳавосси зоҳирӣ қобили руъят нест ва танҳо ақли инсон ба вуҷуди он шаҳодат медиҳад.

(6)

 بسم اللّه الرّحمن الرّحيم

سألت أسعدك اللّه يا عبد اللّه الفقيه المعصرى أن أجمع لك رسالة تتضمن إيضاح القول فى العشق على سبيل الايجاز فأجبتك لا زلت طالبا للخيرات توخيا لمرضاتك وقضاء لمرامك وجعلت رسالتى اليك متضمنة فصولا
سبعة

(الأول) فى ذكر سريان قوة العشق فى كل واحد من الهويات

(والثاني) فى ذكر وجود العشق فى الجواهر البسيطة الغير الحية

(والثالث) فى ذكر وجود العشق فى الموجودات ذوات القوة المغذية من جهة قواها المغذّية

(والرابع) فى ذكر وجود العشق فى الجواهر الحيوانية من حيث لها القوة الحيوانية

(والخامس) فى ذكر عشق الظرفاء والفتيان للأوجه الحسان

(والسادس) فى ذكر عشق النفوس الإلهية

(والسابع) فى خاتمة الفصول

الفصل الأول فى ذكر سريان قوة العشق فى كل واحد من الهويات

كل واحد من الهويات المدبرة لما كان بطبعه نازعا الى كماله الذي هو خيرية هويته المنبعث عن هوية الخير المحض نافرا عن النقص الخاص به الذي هو شرّيته الهيولانية والعدمية لانّ كل شر من علائق الهيولى والعدم فبين أن لكل واحد من الموجودات المدبرة شوقا طبيعيا وعشقا غريزيا ويلزم ضرورة أن يكون العشق فى هذه الأشياء سببا للوجود لها لان كل واحد مما يعبر عنه مرتب تحت أمور ثلاثة اما أن يكون فائقا بخالص الكمال أو ممنوا بغاية النقص أو مترددا بين الحالتين حاصل الذات على مرتبة التوسط بين أمرين ثم ان البالغ في النقص غايته فهو المنتهى الى مطلق العدم والمستوفى لجميع علائقه فبالحرى أن يطلق عليه معنى العدم المطلق ثم الحقيق باطلاق العدمية عليه وان استحق أن يعد فى عداد الموجودات عند تقسيم أو توهم فلن يعد وجوده وجودا ذاتيا بل لن يستجاز عليه اطلاق الوجود الا بالمجاز ولن يتعرض لاعتداده من جملة الموجودات الا بالعرض فاذن الموجودات الحقيقية اما أن تكون موجودات مستعدة لنهاية الكمال أو موصوفة بالتردد بين نقص عارض من جهة ما وكمال موجود بالطبع

فاذن جملة الموجودات لا تعرى عن ملابسة كمال ما وملابستها له بعشق ونزوع فى طبيعتها الى ما توجد متأحدة بكمالها ملازمة لها ومما يوضح ذلك من جهة العلة واللمية ان كل واحد من الهويات المدبرة لما لا يخلو عن كمال خاص به ولم يكن مكتفيا بذاته لوجود كمالاته اذ كمالات الهويات المدبرة مستفاضة عن فيض الكامل بالذات ولم يجز أن يتوهم أن هذا المبدأ المفيد للكمال يقصد بالافادة واحدا واحدا من جزئيات الهويات على ما أوضحته الفلاسفة فمن الواجب فى حكمته وحسن تدبيره أن يغرز فيه عشقا كليا حتى يصير بذلك مستحفظا لما نال من فيض الكمالات الكلية ونازعا الى الايجاد لها عند فقدانها ليجرى به أمر السياسة على النظام الحكمى فواجب اذن وجود هذا العشق فى جميع الموجودات المدبرة وجودا غير مفارق البتة والا لاحتاجت الى عشق آخر يستحفظ هذا العشق الكلى عند وجوده اشفاقا من عدمه ويسترده عند فوته قلقا لبعده ولصار أحد العشقين معطلا لا طائل له ووجود المعطل فى الطبيعية أعنى الوضع الإلهي باطل على أنه لا عشق له خارجا من العشق المطلق الكلى فاذن وجود كل واحد من المدبرات بعشق غريزى. ولنجعل لهمتنا فى هذا المرام مرقى أعلى مما قدمناه ولنفحص عن الموجود العالى عن التصرف تحت تدبير مدبر لعظم شأنه

(فنقول:) أن الخير بذاته معشوق ولو لا ذلك لما نصب كل واحد ممن يشتهى أو يتوخى أو يعمل عملا: غرضا امامه يتصور خيريته فلولا أن الخيرية بذاتها معشوقة لما اقتصرت الهمم على إيثار الخير فى جميع التصرفات وذلك الخير عاشق للخير لان العشق ليس في الحقيقة الا استحسان الحسن والملائم جدا وهذا العشق هو مبدأ النزوع اليه عند غيبوبته ان كان مما يباين والتأحد به عند وجوده ثم كل واحد من الموجودات يستحسن ما يلائمه وينزع اليه مفقود والخير الخاص هو الملائم للشي‏ء فى الحقيقة والحسبان فيما أظن هو الملائم لا بالحقيقة ثم الاستحسان والنزاع والاستقباح أو النفرة فى الموجود من علائق خيريته لانها لا تطلق على الوجود على وجه الاستصواب بالذات الا من جهة خيريته لان الصواب اذا وجد عن الشي‏ء بالذات فهو لسداده وخيريته فبين أن الخير يعشق بما هو خير اما الخاص به واما المشترك وكل العشق هو لما قد نيل أو لما سينال منه أى من جملة المعشوق وكلما زادت الخيرية زاد استحقاق المعشوقية وزادت العاشقية للخير

واذا تقرر هذا فنقول: ان الموجود المقدس عن الوقوع تحت التدبير اذ هو الغاية فى الخيرية هو الغاية فى المعشوقية والغاية فى عاشقيته الغاية فى معشوقيته أعنى بذلك ذاته العالى المقدس تعالى اذ الخير يعشق الخير بما يتوصل به اليه من نيله وادراكه والخير الأول مدرك لذاته بالفعل أبد الدهر فى الدهر فاذن عشقه له أكمل عشق وأوفاه واذ الصفات الإلهية لا تمايز بينها بالذات فى الذات فاذن العشق هو صريح الذات والوجود أعنى فى الخير فاذن الموجودات اما أن يكون وجودها بسبب عشق فيها واما أن يكون وجودها والعشق هو هو بعينه فتبين أن الهويات لا تخلو عن العشق وذلك ما أردنا أن نبين

* * *

Қисматҳои дигари “Рисолаи ишқ”

Реклама


Рубрики:Ирфони назарӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: