“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (3)

Бахши севвум

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Матни рисола:

Фасли дуввум:

Дар баёни вуҷуди ишқ дар мавҷудоти баситаи ғайри зинда

Мавҷудоти баситае, ки дорои ҳаёт нестанд, бар се қисм мебошанд:

1. Аввал, ҳаюлои (1) ҳақиқӣ;

2. Дуввум, он сурате, ки ба танҳоӣ қоим ба зот нест;

3. Севвум, араз. Фарқ миёни араз ва сурат он аст, ки сурат муқаввими ҷавоҳир ва ҷузъи ҷавоҳири қоим ба зот аст, ба хилофи араз. Ба ҳамин мулоҳиза аст, ки ҳукамои аввалӣ суратро аз ҷумлаи ҷавоҳир маҳсуб доштаанд ва бо ин ки вуҷудаш ба танҳоӣ мумтанеъ аст, вале аз номи ҷавҳарият маҳрум накардаанд.

Гарчӣ ҷавҳари ҳаюло ҳам бад-ин равиш аст, вале мазияти сурат бар ҳаюло аз ҷиҳати ҷавҳарияти он аст, ки ҳар замон сурат ёфт шавад, ҷавҳаре ба воситаи вуҷуди ӯ ҷавҳари билфеъл мешавад. Аз ин ҷиҳат аст, ки гуфтаанд: Сурат як навъ ҷавҳари билфеъл аст ва аммо ҳаюло ҷавҳарият дар ӯ билқувва аст, зеро ки аз ӯ ҷавҳари билфеъл мавҷуд намешавад.

Ҳол, ки ҳақиқати сурат ошкоро шуд, дониста мешавад, ки итлоқи ин ҳақиқат барои араз ҷоиз нест; зеро, ки араз на муқаввими ҷавҳар аст ва на дар шумори ҷавоҳир маҳсуб мешавад.

Акнун мехоҳем собит кунем, ки ҳеч як аз ин ҷавоҳири баситаи ғайри зинда аз ишқи ғаризӣ холӣ нестанд, балки ҳамеша ҳамоғӯши он мебошанд. Ҳамин муқоранат ва доро будани ишқи фитрӣ, сабаби бақои вуҷуди онҳост.

Аммо ҳаюло назар ба он ҳирсу озе, ки нисбат ба сурат дорад, ҳамеша муқорин ва мулозим бо ӯст. Ва агар муфорақат ва ҷудоӣ миёни ӯ ва сурат даст диҳад, аз тарси нестӣ фавран ба сурати дигар мутамассик ва муташаббис мегардад. (Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Шайхурраис ташбеҳ намудааст ҳаюлоро ба зани зиштсурат, ва идома медиҳад:) Ва ҳаюло чун зани зиштсурат ва қабеҳулманзаре аст, ки ҳар гоҳ бихоҳанд ҳиҷоби онро бартараф намоянд, аз хавфи он ки зиштии сураташ намоён нашавад, бо остин рӯйи худро мепӯшонад, то қубҳи манзараш намоён нашавад. Ишқи фитрии ҳаюло ҳамин аст.

Ва аммо ишқи ғаризии сурат аз ду ҷанба собит мешавад: яке он аст, ки ҳамеша мулозим бо мавзӯъ ва муқорин бо ӯст ва ҳеч вақт инфикок ва ҷудоӣ барои он нест. Дуввум, мулозим будани камолот ва мавозеи табиии худро агар дар макони аслӣ барқарор бошад; ва иштиёқ ва талаб кардани он макон агар ба унф ва қаҳр аз он хориҷ шавад, мисли ҳамаи суратҳои аҷсоми басита ва мураккаба.

Ва аммо вуҷуди ишқ дар араз ҳам ба воситаи ҳамон мулозим ва муқорин будан бо мавзӯъ аст; зеро агар мавзӯе набошад, аслан араз вуҷуди хориҷӣ надорад.

Пас, маълум шуд, ки ҳеч як аз мавҷудоти басита аз ишқи ғаризии фитрӣ холӣ нестанд.

* * *

Фасли севвум

Дар баёни вуҷуди ишқ дар наботот

Ҳамчунон ки нуфуси наботия бар тибқи қувваҳо мунқасим ба се қисм мешаванд — қувваи тағзия, қувваи танмия ва қувваи тавлиди мисл — ҳамин тавр он ишқе, ки мухтасс ба қувваҳои наботӣ аст ҳам бар се қисм аст:

1. Яке, ишқи мухтасс ба қувваи тағзиякунанда, ки сабаб ва мабдаи шавқи ӯст барои ғизо дар мавқеи эҳтиёҷ ва бақои он ишқ дар вуҷуди тағзиякунанда пас аз табдили ғизо ба табиат;

2. Дуввум, ишқе, ки мухтасс ба қувваи нумӯ аст, ки маншаи иштиёқ аст барои таҳсил кардани зиёдӣ дар ақтори сегонаи тӯлу арзу умқ, ба тавре ки мутаносиб бо вуҷуди тағзиякунанда аст;

3. Севвум, ишқе, ки ихтисос ба қувваи тавлиди мисл дорад, ки ин ҳам мабдаи шавқи ӯст ба ҷиҳати падид овардани мавҷуде шабеҳ ба худ.

Мусаллам аст, ки ҳар гоҳ ин қувваҳо падид омаданд, он ишқ ҳам мулозим бо табиатҳои онҳост. Пас, ишқи наботот бар тибқи табиат ва фитрат собит шуд.

* * *

Фасли чаҳорум:

Дар баёни ишқи нуфуси ҳайвонӣ

Ҷойи шак ва қобили таъаммул нест, ки ҳар як аз қувваҳо ва нуфуси ҳайвонӣ ихтисос дода шудаанд ба як навъ амале, ки мушаввиқи онҳо барои анҷоми он кор ҳамон ишқи ғаризӣ аст; зеро агар ин ишқ набошад, лозим ояд, ки вуҷуди он қувваҳо дар бадани ҳайвонот аз ҷумлаи умуроти муҳмал ва мавҷудоти муъаттал бошанд; ва ҳол он ки мо мушоҳида мекунем, ки ҳайвонот як навъ инзиҷор ва танаффури табиӣ доранд нисбат ба он чизҳое, ки мувофиқи табиати онҳо нест ва ё иштиёқ ва майл доранд ба тарафи он чӣ, ки моил ва толиб ҳастанд.

Мусаллам аст, ки маншаи инҳо ҳамон ишқи ғаризӣ ва завқи фитрӣ аст. Ин ишқи ғаризӣ, ки баён кардем, дар ҳар як аз қувваҳои хориҷӣ ва ботинии ҳайвонот ба хубӣ зоҳир ва ҳувайдост:

Ва аммо дар ҳавосси хориҷӣ: ҳамон улфат гирифтани ҳайвонот аст ба баъзе аз маҳсусот ва кароҳат доштан аз баъзеи дигар. Зеро агар ин ишқ набуд, бояд ҳамаи маҳсусот дар назари онҳо яксон бошад, ва аз чизҳое, ки музирр ба ҳоли онҳост дурӣ наҷӯянд; дар ин сурат лозим меояд, ки қувваҳои ҳиссӣ зойеъ ва муъаттал бошанд, ва ҳол он ки мо мебинем, ки чунин нест.

Ва аммо дар ҳавосси ботинӣ: он осудагии хотире, ки даст медиҳад барои ҳайвонот дар мавқеи будани муштаҳаёт, ва иштиёқе, ки падид меояд дар сурати фуқдони онҳо, ҳамон ишқ аст, ки маншаи он тахайюлоти бархоста аз нуфуси ҳайвонӣ аст.

Ва аммо исботи ишқ дар қувваи ғазабия: ҳамон иштиёқи интиқом ва ғалаба бар душман ва фирор аз зиллат ва мағлубият аст.

Ва аммо исботи ишқ дар қувваи шаҳавонӣ: ночорем аз зикр муқаддима, ки барои фаслҳои баъд ҳам бефоида нест. Ва он муқаддима ин аст, ки мегӯем: Ишқ аввалан ба ду шӯъба мунқасим мешавад:

1. Яке, ишқи табиӣ, ки ҳомили он то ба мақсуди ҳақиқии худ нарасад, ором намегирад ва осуда намешавад, мисоли санг, ки бихоҳад аз боло ҳубут намояд ва ба мавзеи табиии худ бирасад. Ва агар мобайни масофат ҳам барои ӯ монеъе рух диҳад, мекӯшад, ки он монеъро бартараф кунад, то ба макони аслӣ бирасад ва сокин гардад. Ва боз мисоли қувваи тағзия ва ҳамчунин боқии қувваҳои наботия, ки ҳамеша кори онҳо талаб кардани ғизо ва ҷазб намудан бар бадан аст, магар он ки монеъе падид ояд ва онҳоро аз шуғлу амали худ боздорад;

2. Дуввум, ишқи ихтиёрӣ, ки ҳомили он гоҳе аз авқот аз он рӯй гардонад ва дурӣ ҷӯяд, ва он замоне аст, ки эҳсоси зараре карда бошад, мисоли чорпоён, ки агар гургеро мушоҳида кунанд, аз хӯрдани таом, ки ниҳояти орзуи онҳост, сарфи назар мекунанд. Зеро ки медонанд манофеи фирор, ки сабаби бақои вуҷуди онҳост, ба маротиб руҷҳон ва мазият дорад аз хӯрдани таом, ки хавфи ҷон дар он аст.

Ва гоҳе мумкин аст, ки як маъшуқ дорои ду ошиқ бошад: яке табиӣ ва дигаре ихтиёрӣ, ҳамчун тавлиди мисл, ки соҳиби ду ошиқ аст: яке қувваи тавлиди мисли наботӣ, ки табиӣ аст, дигаре қувваи шаҳавонии ҳайвонӣ, ки ихтиёрӣ аст.

Акнун, ки ин муқаддима маълум шуд, мегӯем: Чизе, ки назди авом машҳур ва қобили инкор нест қувваи шаҳавонияи ҳайвонӣ аст. Ва маъшуқи ин қувва дар умуми ҳайвонот, ба ҷуз инсон, ҳамон маъшуқи қувваи наботӣ аст; бо ин тафовут, ки афъоли содир аз қувваи ҳайвонӣ ба наҳви олитар ва тамомтар ва аз рӯйи ихтиёр аст, лекин афъоли қувваи наботӣ судураш ихтиёрӣ нест, балки аз рӯйи табиат аст, на ирода. Ва чун баъзе аз ҳайвонот барои ибрози ин ишқи иродӣ аз қувваҳои ҳиссӣ ҳам кӯмак металабанд, авом тасаввур мекунанд, ки ин ишқ мухтасс ба қувваҳои ҳиссӣ аст, ва ҳол он ки дар воқеъ маншааш қувваи шаҳвония аст. Ғоят ин ки қувваи ҳиссӣ низ ба манзилаи восита ва робита аст, на он ки кори ӯ бошад ба танҳоӣ. Мумкин аст гоҳе аз авқот миёни қувваи шаҳавонии ҳайвонӣ ва қувваи наботӣ тавофуқи назар ҳосил шавад ва дар расидан ба маъшуқ, ки бидуни қасду ихтиёр аст, бо ҳам шарик бошанд, ҳарчанд дар ибтидо ба воситаи ирода ва адами ирода, мухолифанд. Масалан, тавлиди мисл, ки ҳайвони ғайри нотиқ ба сабаби он ишқи ғаризӣ, ки дар ниҳоди ӯ сиришта шудааст, аз рӯйи ихтиёр ба тарафи матлуби худ ҳаракат мекунад, лекин ғояти он ҳаракат мақсуди биззоти ӯ нест, ба ҷиҳати он ки ҳайвони ғайри нотиқ ба воситаи инҳитоти рутба ва адами иттилоъ бар ҳақоиқи куллӣ ва умури маънавӣ, қувваи шаҳавонияаш ба манзилаи қувваи шаҳавонии наботӣ аст дар иштиёқ ба ин ғараз, ва лекин чун инояти илоҳӣ муқтазии бақои насл мебошад, аз ин рӯ ҳикмати болиғаи илоҳӣ муқтазии он шуд, ки ин ишқ ва шавқро фитрӣ ва ғаризии ҳайвонот қарор диҳад, то бақои навъҳо ва давоми ҷинсҳо муяссар гардад. (2)

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Дар фалсафа дар ҷойи худаш мубарҳан шудааст, ки мавҷудоти мумкин бар ду қисм мебошанд: ё мавҷуде аст, ки агар дар хориҷ падид ояд, қоим аст ба зоти худ, ва ё мавҷуде аст, ки вуҷудаш марбут ба вуҷуди ғайр аст. Аввалиро ҷавҳар гӯянд ва дуввумиро араз. Ҷавоҳир бапр панҷ қисм аст: ҳаюло, сурат, ҷисм, ки мураккаб аст аз ҳаюло ва сурат, нафс ва ақл. Араз ҳам бар 9 қисм аст: кам (мисли адад), кайф (мисли рангҳо), изофа, айна, мато, вазъ, милк (ё ҷида), ан яфъал, ан янфаъил. Маҷмӯъро мақулоти ашр номанд.

(2)

الفصل الثاني فى ذكر وجود العشق فى البسائط الغير الحية

البسائط الغير الحية على ثلاثة أقسام: (أحدها) الهيولى الحقيقية، (والثاني) الصورة التي لا يمكن لها القوام بالانفراد بذاتها، (والثالث) الاعراض والفرق بين الاعراض وهذه الصورة. ان هذه الصورة مقومة للجواهر ولذلك استحسن الأوائل من الإلهيين أن يجعلوها من أقسام الجواهر لكونها جزءا للجواهر القائمة بذواتها ولم يحرموها عن سمة الجوهرية لأجل امتناع وجودها منفردة الذات اذ الجوهر الهيولانى هذا حاله ومع ذلك لا ينكر اعتداده من جملة الجواهر لكونه فى ذاته جزءا للجواهر القائمة بذواتها بل وأن يخصوها أعنى الصورة بمزية فى الجوهرية على البيولى اذ هذه الصورة الجوهرية بها يقوم الجوهر بالفعل جوهرا ومهما وجد أوجب وجود جوهر بالفعل ولأجل ذلك قيل ان الصورة جوهر بنوع فعل وأما الهيولى فهي معدودة مما يقبل الجوهرية بالقوة اذ لا يلزم لوجود كل هيولى جوهر ما وجوده بالفعل ولأجل ذلك قيل انه جوهر بنوع قوة* فقد تقرر فى هذا القول حقيقة الصورة ولا يحل اطلاق هذه الحقيقة على العرض اذ ليس هو بمقوم للجوهر ولا معدود بوجه من الوجوه جوهرا

فاذا تقرر هذا فنقول: ان كل واحد من هذه الهويات البسيطة الغير الحية قرين عشق غريزى لا يخلو عنه البتة وهو سبب له فى وجوده، فأما الهيولى فلديمومة نزاعها الى الصورة مفقودة وولوعها بها موجودة ولذلك تلقاها متى عريت عن صورة بادرت الى الاستبدال عنها بصورة أخرى اشفاقا من ملازمة العدم المطلق اذ من الحق ان كل واحد من الهويات نافر بطبعه عن العدم المطلق والهيولى مقر العدم فمهما كانت ذات صورة لم يقم فيها سوى العدم الاضافى ولولاها لابسها العدم المطلق ولا حاجة هاهنا الى الخوض فى ايضاح لمية ذلك فان الهيولى كالمرأة اللائمة الذميمة المشفقة من استعلان قبحها فمهما انكشف قناعها غطت ذمائمها بالكم فقد تقرر أن في الهيولى عشقا غريزيا، فأما هذه الصورة فالعشق الغريزى فيها ظاهر بوجهين: (أحدهما) ما نجد من ملازمتها موضوعها ومنافاتها لما يستحبها عنه (والثاني) ما نجد من ملازمتها كمالاتها ومواضعها الطبيعية متى حصلت فيها وحركتها الشوقية اليها متى باينتها كصور الأجسام البسيطة الخمسة، والمركبات عن الأربعة ولا صورة ملازمة غير هذه الاقسام البتة، وأما الاعراض فعشقها ظاهر بالجد فى ملازمة الموضوع أيضا وذلك عند ملابستها الاضداد فى الاستبدال بالموضوع فاذن ليس يعرى شي‏ء من هذه البسائط عن عشق غريزى فى طباعه

الفصل الثالث فى وجود العشق فى الصور النباتية أعنى النفوس النباتية

فنختصر هاهنا القول فنقول كما إن النفوس النباتية تنقسم الى ثلاثة أقسام: (أحدها) قوة التغذية، (والثاني) قوة التنمية، (والثالث) قوة التوليد كذلك العشق الخاص بالقوة النباتية على أقسام ثلاثة: (أحدها) يختص بالقوى المغذية وهو مبدأ شوقه الى حضور الغذاء عند حاجة المادة اليه وبقائه فى المغتذى بعد استحالته الى طبيعته، (والثاني) يختص بالقوة المنمية وهو مبدأ شوقه الى تحصيل الزيادة المناسبة فى أقطار المغتذى (والثالث) يختص بالقوة المولدة وهو مبدأ شوقه الى تهيئة مبدأ كائن مثل الذي هو منه، ومن البين أن هذه القوى مهما وجدت لزمتها هذه الطبائع العشقية فاذن هى فى طبائعها عاشقة أيضا

الفصل الرابع فى ذكر عشق النفوس الحيوانية

لا شك أن كل واحد من القوى والنفوس الحيوانية يختص بتصرف يحثها عليه عشق غريزى والا لما كان وجودها فى البدن الحيوانى الا معدودة فى جملة المعطلات ان لم يكن لها نفور طبيعى مبدأه بغضة غريزية وتوقان طبيعى مبدأه عشق غريزى وذلك ظاهر فى كل واحد من أقسامها، أما فى الجزء الحاسّ منها خارجا فلإلفه بعض المحسوسات دون بعض واستكراهه بعضا دون بعض ولو لا ذلك لتساوت العوارض الحسية عند الحيوانات ولما تصونت عن مباشرة المضرات بها ولتعطلت القوة الحسية فى حقيقتها، وأما الجزء الحاس باطنا فلاطمئنانه الى الراحة المنبعثة عن التخيلات المروّحة وما ضاهاها اذا وجدت وتشوقه اليها اذا فقدت، وأما فى الجزء الغضبى فلنزاعه الى الانتقام والتغلب والفرار من الذل والاستكانة وما ضارع ذلك. وأما فى الجزء الشهوانى فلنقدم أمامه مقدمة ينتفع بها بذاتها وفيما يبنى عليها من القول فى الفصول وهو أن العشق يتشعب قسمين: (أحدهما) طبيعى وحامله لا ينتهى بذاته دون غرضه بحال من الاحوال ما لم يصادمه دونه قاسر خارجى كالحجر فانه لا يمكن أبدا أن يقصر عن تحصيل غايته وهو الاتصال بموضعه الطبيعى والسكون فيه من ذاته اللهم الا من جهة عارض قهرى وكالقوة المغذية وسائر القوى النباتية فانها لا تزال من أول تجذب الغذاء وتلحمه بالبدن ما لم يصدها عنه مانع غريب، (والثاني) عشق اختيارى وحامله قد يعرض بذاته عن معشوقة لتخيل استضرار بعارض أمامه يرجح قدر ضرره على أوزان نفع المعشوق مثل الحمار فانه اذا لاح له شخص الذئب متوجها نحوه أقصر عن قضم الشعير وأمعن فى الهرب لعرفانه ان ما يتصل به من ضرر العارض أرجح من منفعة المعرض عنه، ثم قد يكون معشوق واحد لعاشقين: (أحدهما) طبيعى (والثاني) اختيارى مثل الغرض بالتوليد اذا تدبر اضافته الى القوة المولدة النباتية والقوة الشهوانية الحيوانية

فاذا تحقق هذا فنقول: إن القوة الشهوانية من الحيوان أظهر الموجودات عند الجمهور باستطباع ولا حاجة بنا الى اظهار ذلك وليس معشوقها فى عامة الحيوان غير الناطق الا معشوق القوة النباتية بعينها الا أن عشق القوة النباتية لا تصدر عنه الأفاعيل الا بنوع طبيعى وبنوع أدنى وأدون وعشق القوة الحيوانية انما تصدر عنه بالاختيار وبنوع أعلى وأفضل وبمأخذ ألطف وأحسن حتى أن بعض الحيوان قد يستعين فى ذلك بالقوة الحسية فلذلك ما توهم العامة ان ذلك العشق خاص بها وهو عند التحقيق خاص بالشهوانية وان وجد للحسية فيها شركة التوسط. وقد توافق القوة البهيمية الشهوانية النباتية فى الغرض بأن يكون حصوله لا بقصد اختيارى بائنة (و ان الشهوانية النباتية فى الغرض بأن يكون حصوله بقصد اختيارى) وان وجد فى صدور الفعل عنهما اختلاف فى الاختيار وسلبه مثل توليد المثل فان الحيوان الغير الناطق وان تحرك بعشقه الطبيعى المتغرز فيه من العناية الالهية تحركا اختياريا يتأدى به الى توليد المثل فلن تكون الغاية فيه مقصودة بذاتها لان هذا الضرب من العشق غايته تقع نوعين أعنى بهذا ان العناية الالهية لما اقتضت استبقاء الحرث والنسل وامتنع المراد فى مدة البقاء في الشخص الكائن لضرورة تعقب الفساد في موضع الكائن أوجبت الحكمة صرف العناية فى استبقائهما الى الأنواع والأجناس فطبعت فى كل واحد من الأشخاص المعنى به فى الأنواع شوقا الى تأثير ملازمة توليد المثل وهيأت لذلك فيه آلات موافقة، ثم ان الحيوان الغير الناطق لانحطاطه عن مرتبة الفوز بالقوة النطقية التي بها توقف على حقيقة الكليات لا يستفيد بادراك الغرض الخاص بالأمور الكلية فلذلك صارت فيه القوة الشهوانية تشاكل القوة النباتية فى نزاعها الى هذا الغرض. وتقرير هذا الفصل والفصل الذي تقدم نافع فى كثير مما سيأتى اثباته فى هذه الرسالة بعون اللّه وحسن تدبيره

* * *

Қисматҳои дигари “Рисолаи ишқ”



Рубрики:Ирфони назарӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: