Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (50) – Хавф ва раҷо

Матни китоб:

ولا نقول لا يضر مع الإيمان ذنب لمن عمله، نرجو للمحسنين من المؤمنين أن يعفو عنهم ويدخلهم الجنة برحمته، ولا نأمن عليهم، ولا نشهد لهم بالجنة، ونستغفر لمسيئهم ونخاف عليهم ولا نُقنّطهم. والأمن والإياس ينقلان عن ملة الإسلام، وسبيل الحق بينهما لأهل القبلة

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (р) гӯяд:) Мо қоил нестем ба ин мақула, ки мегӯяд: “Гуноҳ бо вуҷуди имон аз касе, ки муртакиби он мешавад зарару зиёне надорад”. Барои мӯъминони некӯкор умедворем, ки Худованди Мутаъол бибахшадашон ва бо раҳмати хеш вориди биҳишташон кунад, на ин ки ононро дар амон бидонем ва барояшон гувоҳии биҳишт бидиҳем. Ва аммо барои мӯъминони бадкор, талаби омурзиш мекунем ва бар онон метарсем ва эшонро ноумед намекунем. Эҳсоси амният ва ноумедӣ, ҳар ду, инсонро аз дини ислом берун месозад. Роҳи ҳақ барои аҳли қибла роҳи миёна байни ин дуст…

* * *

Шарҳ:

Масоиле, ки дар ин қисмат аз гуфтори Имом Таҳовӣ (р) ба баррасии онҳо мепардозем, ба шарҳи зеринанд:

1. Оё гуноҳ бо вуҷуди имон зарару зиёне надорад?

Имом Таҳовӣ (р) бо ин ҷумлааш, ки: “Мо қоил нестем ба ин мақула, ки мегӯяд: “Гуноҳ бо вуҷуди имон аз касе, ки муртакиби он мешавад зарару зиёне надорад”, ишора кардааст ба ақидаи Мурҷиа. Тавзеҳ ин ки: яке аз нахустин масоиле, ки дар садаи аввали ҳиҷрӣ матраҳ шуд, масъалаи муртакиби гуноҳи кабира буд. Ин масъала яке аз баҳсбарангезтарини масоил дар миёни мусалмонон ба шумор мерафт ва онҳоро ба гурӯҳҳои мухталиф тақсим кард, бад-ин шарҳ:

Хавориҷ муртакиби гуноҳи кабираро кофир мешумурданд ва Мурҷиа мӯъминаш медонистанд ва мӯътақид буданд, ки бо вуҷуди имон гуноҳ зараре надорад ва аммо Мӯътазила бар ин бовар буданд, ки ҷойгоҳи чунин касе, миёни ду ҷойгоҳи мӯъмин ва кофир қарор дорад.

Ва ин дар ҳоле аст, ки муртакиби гуноҳи кабира, ҳарчанд модоме ки гуноҳи анҷомдодаашро ҳалол нашуморад кофир намегардад, вале чунин ҳам нест, ки бо иртикоби гуноҳ зарару зиёне мутаваҷҷеҳи ӯ нашавад. Чунин нест. Балки бар анҷоми гуноҳ азобу иқоби ухравӣ мутараттиб аст, чунон ки шореи муқаддас (Қуръон ва суннат) дар робита бо бисёре аз гуноҳон ишора фармуда. Ва ба илова, бар асоси оятҳо ва ривоятҳои исломӣ, гуноҳон дар имони инсон аз ҷиҳати зиёд ё кам шудан, таъсиргузоранд. Касе, ки масалан бар анҷоми гуноҳ исрор меварзад — яъне бо ин ки медонад гуноҳ аст, вале анҷомаш медиҳад ва дастбардор нест — оҳиста-оҳиста қалбаш тираву тор шуда ва баъид нест кораш ба инкор бианҷомад ва кофир гардад:

بَلَى مَنْ كَسَبَ سَيِّئَةً وَأَحَاطَتْ بِهِ خَطِيئَتُهُ فَأُولَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

Оре, касоне, ки сайиае (гуноҳе) касб кунанд ва осори гуноҳон саросари вуҷудашонро бипӯшонад, онҳо аҳли оташанд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд”. (Сураи Бақара, ояти 81)

Ибни Касир дар тафсири худ зайли ин оят, дар бораи ин ки мурод аз “сайиа” чист, бо истинод ба ривоёт, се эҳтимолро матраҳ карда: яке ин ки “сайиа” ширк аст, дигар куфр ва севвум ин ки “сайиа” яке аз гуноҳони кабира аст. Ва аз Анас ибни Рабиъ нақл мекунад, ки: “وَأَحَاطَتْ بِهِ خَطِيئَتُهُ” (Осори гуноҳон саросари вуҷудашонро бипӯшонад) манзур гуноҳи кабирае аст, ки мӯҷиби куфр мегардад, яъне ба куфр меанҷомад. Сипас ин ҳадиси набавиро меоварад, ки ҳазраташ фармуда:

إيَّاكم وَمُحَقَّرَاتِ الذُّنُوبِ، فَإِنَّهُنَّ يَجْتَمِعْنَ عَلَى الرَّجُلِ حَتَّى يُهْلِكْنَهُ

Барҳазар бошед аз гуноҳоне, ки кучакаш мешуморед! Зеро гуноҳони кучак бар мард ҷамъ мешаванд то он ки ҳалокаш мегардонанд”. (Тафсири Ибни Касир, 1/316, Ашшомила)

* * *

2. Он чӣ бояд барои мӯъминон умед кард:

Барои мӯъминони некӯкор умедворем, ки Худованди Мутаъол бибахшадашон ва бо раҳмати хеш вориди биҳишташон кунад, на ин ки ононро дар амон бидонем ва барояшон гувоҳии биҳишт бидиҳем. Ва аммо барои мӯъминони бадкор, талаби омурзиш мекунем ва бар онон метарсем ва эшонро ноумед намекунем…

Он чӣ лозим аст дар ин ҷо ёдоварӣ бикунем ин аст, ки тибқи омӯзаҳои исломӣ, дар мавриди шахси муайяне наметавон шаҳодат дод ва гуфт, ки ӯ биҳиштӣ аст, магар он ки далели қатъӣ дар бораи вай вуҷуд дошта бошад, мисли паёмбарони илоҳӣ ва ё мӯъминоне, ки ба биҳиштӣ будани эшон далелҳое қатъӣ дар даст аст, монанди ашараи мубашшара ва Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн (а), ки дар ҳадисе саҳеҳ ба унвони “ду ҷавонони аҳли биҳишт” ёд шудаанд ва ё ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) ва модари гиромии эшон ҳазрати Хадиҷа (р) ва ё ҳазрати Марям (а) ва ҳазрати Осия (а) ва ғайра. Бале, метавон ба сурати куллӣ гуфт, мӯъминоне, ки аъмоли некӯ ва солеҳ анҷом дода ва бидиҳанд, биҳиштӣ ҳастанд, вале наметавон таъйин намуд.

Бинобар ин, фақат метавон умед кард, ки Худованди Мутаъол мӯъминони некӯкорро вориди биҳишт намояд ва аммо барои мӯъминони бадкор аз Ӯ Таъоло талаби мағфират мекунем ва ҳаргиз ба хотири гуноҳон ноумедашон намесозем, зеро Худованд зоти бахшоишгар ва меҳрубон аст:

قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِن رَّحْمَةِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ

Бигӯ: Эй бандагони ман, ки (бо анҷоми гуноҳ) бар хештан зиёдаравӣ доштаед, аз раҳмати Худо навмед машавед, дар ҳақиқат Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад, ки Ӯ омурзандаи меҳрубон аст”. (Сураи Зумар, ояти 53)

Ибни Касир дар тафсираш зайли ояти мазкур, пас аз нақли чанд ривоят дар бораи ин мавзӯъ, мегӯяд:

Ин аҳодис ҳама далолат бар ин доранд, ки мурод аз ояти мавриди назар ин аст, ки: Худованди Мутаъол ҳамаи гуноҳонро бо тавба мебахшад ва аз ин рӯ банда набояд аз раҳмати Худованд ноумед шавад, агарчӣ гуноҳонаш бузург ва бисёр бошанд. Зеро дари тавба ва раҳмат васеъ ва густарда аст. Худованд мефармояд:

أَلَمْ يَعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ هُوَ يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ

“Оё надонистаанд, ки танҳо Худост, ки аз бандагонаш тавбаро мепазирад…” (Сураи Тавба, ояти 104)

Ва низ фармуда:

وَمَن يَعْمَلْ سُوءًا أَوْ يَظْلِمْ نَفْسَهُ ثُمَّ يَسْتَغْفِرِ اللّهَ يَجِدِ اللّهَ غَفُورًا رَّحِيمًا

“Ва ҳар кас кори баде кунад ё бар хештан (бо анҷоми гуноҳ) ситам варзад сипас аз Худо омурзиш бихоҳад, Худоро омурзандаи меҳрубон хоҳад ёфт”. (Сураи Нисо, ояти 110)…” (Тафсири Ибни Касир, 7/107, Ашшомила)

* * *

3. Хавф ва раҷо:

Имом Таҳовӣ (р) гӯяд: “Эҳсоси амният ва ноумедӣ, ҳар ду, инсонро аз дини ислом берун месозад. Роҳи ҳақ барои аҳли қибла роҳи миёна байни ин дуст…

Яке аз вижагиҳои боризи мӯъмин бояд ин бошад, ки на аз азоби Худо эҳсоси амният кунад ва бигӯяд, Худованд маро хоҳад бахшид ва он гоҳ бепарво даст ба гуноҳон биёзад ва на ин ки аз раҳмати Худованд ноумед гардад ва гумон кунад, ки Худо ӯро нахоҳад бахшид. Балки мӯъмин бояд баёни ин ду, яъне байни “хавфу раҷо» (тарс ва умед), зиндагӣ кунад.

Ин ҷо шоиста аст андаке дар бораи “хавфу раҷо” сӯҳбат кунем:

“Хавф” ба маънои тарсидан ва бим доштан аст ва “раҷо” ба маънои умед доштан. Мӯъмини ростин, ҳам умед ба лутф ва раҳмати Ҳақ Таъоло дорад ва ҳам аз азоб ва кайфари Худованд ваҳшат. Умеди танҳо, бидуни амал ғурур ва худфиребист. Хавфи танҳо низ ноумедӣ меоварад. Ноумедӣ аз раҳмати илоҳӣ аз гуноҳони бузург аст. Аз ин рӯ боисте хавф ва умед дар канори якдигар бошанд.

Қуръони Карим тарс ва умедро аз сифатҳои шабзиндадорон муаррифӣ мекунад. Ҳангоме ки ғофилон дар хобанд, мӯъминон миқдоре аз шабро ҳамроҳ бо тарс ва умед ба розу ниёз мепардозанд. Замоне ки хомӯшии шаб фарогир мешавад, эшон сар бар остони маъшуқ месоянд, дар ҳоле ки қалбашон аз хавфу умед лабрез аст:

تَتَجَافَى جُنُوبُهُمْ عَنِ الْمَضَاجِعِ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ خَوْفًا وَطَمَعًا

Паҳлӯҳояшон аз бистарҳо дар дили шаб дур мешавад (яъне бапо хоста рӯ ба даргоҳи Худованд меоваранд) ва Парвардигори худро бо биму умед мехонанд…” (Сураи Саҷда, ояти 16)

Бинобар ин, аз авсофи мӯъминон “бим” ва “умед” аз Худованд аст, ба гунае ки на аз азоби Худо эминанд ва на аз раҳмати вай ноумед, балки хавфу раҷо, ки зомини наҷот аст, ҳамвора бар вуҷуди онон ҳукмфармост.

Тирмизӣ аз Собит ибни Анас ривоят мекунад, ки:

أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ دَخَلَ عَلَى شَابٍّ وَهُوَ فِي الْمَوْتِ فَقَالَ كَيْفَ تَجِدُكَ قَالَ وَاللَّهِ يَا رَسُولَ اللَّهِ أَنِّي أَرْجُو اللَّهَ وَإِنِّي أَخَافُ ذُنُوبِي فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لَا يَجْتَمِعَانِ فِي قَلْبِ عَبْدٍ فِي مِثْلِ هَذَا الْمَوْطِنِ إِلَّا أَعْطَاهُ اللَّهُ مَا يَرْجُو وَآمَنَهُ مِمَّا يَخَافُ

Ҳазрати Паёмбар (с) бар ҷавоне, ки дар ҳоли марг буд ворид шуданд ва пурсиданд: Дар ин мавқеъ худатро чӣ гуна мебинӣ? Ҷавон гуфт: Ба Худо савганд, эй Расули Худо, ки ман ба (раҳмати) Худованд умедвор ва аз гуноҳонам хавф (бим) дорам. Ҳазраташ (с) фармуданд: Хавфу раҷо (биму умед) ҷамъ намешаванд дар қалби бандае дар инчунин ҳолате, магар он ки Худованд он чӣро умед дошта ато кунад ва аз он чӣ бим дошта эмин созад”. (Сунани Тирмизӣ, 4/93, Ашшомила)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ахлоқи писандида, Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: