Чанд нукта дар бораи Ибни Сино

Ман шогирди намозам

Соҳиби китоби арзишманди “Равзотул-ҷаннот”, ки дар аҳволи уламо ва донишмандон мебошад, менависад: “Марҳуми Бӯалӣ дар зиндагиномаи худ мегӯяд: Ман шогирди намозам, зеро ҳар вақт мушкиле амалӣ барои ман пеш меомад, вузӯ мегирифтам ва ба ҷомеи шаҳр (масҷиди ҷомеи Бухоро) мерафтам ва дар он ҷо ду ракъат намоз мехондам ва ҳалли мушкиламро аз Худо мехостам ва ҳал мешуд”. (Равзотул-ҷаннот, ҷ 3, с 160)

Аз Баҳманёр низ нақл шудааст, ки гуфт: “Рӯзе Ибни Сино барои тадрис омад, дар ҳамон ибтидо барои вай маълум шуд, ки мо дарси дирӯзро нафаҳмидаем. Устоди моҳир, аз чеҳра ва нигоҳи шогирд мефаҳмад, ки ӯ матлаби қаблиро фаҳмида ё нафаҳмидааст. Ва чун барояш маълум шуд, ки мо шаби гузаштаро ба маҷлиси унс гузарондаем ва мутолеае накардаем, мутаассир шуда, ашк аз чашмони шарифаш ҷорӣ шуд ва ба унвони насиҳат, ба мо гуфт: Таноббозҳои шаҳр мекӯшанд, то дар риштаи худ мутахассис шаванд, чаро шумо дар улуми илоҳӣ ин шавқро надоред?

Пас аз поёни дарс, мавқеи намоз фаро расид ва шогирдон намози ҷамоатро ба имомати Шайхурраис хонданд. Мувозибат бар намози ҷамоат, намози аввали вақт ва ин ки агар инсон мушкиле дошт, намозро ба унвони ҳаллоли мушкили худ талаққӣ кунад, инсонро ба камол мерасонад ва агар ба мақоми Шайхурраис нарасад, аз соликони ин кӯй мегардонад”. (Таҳсил, Баҳманёр, с.817)

* * *

Бӯалӣ ва мусиқӣ

Марҳуми Шайхурраис дар рисолаи “Аҳд”-и худ мегӯяд: “Дар мавриди оҳангу мусиқиву шуниданиҳо таъаҳҳуд месупорам, ки аз он чи дар парвариши руҳ муассир аст истифода кунам”. (1)

Дар мабҳаси “Мақомоти орифон дар намати нӯҳуми китоби “Ишорот” ба “нағмаи рахима” (2) ишора кардааст, ки солик эҳтиёҷ ба “ҳусни савт” дорад. (3)

Он чи аз оҳангу мусиқӣ, ки дар парвариши руҳ муассир аст ва Бӯалӣ истифода аз онро лозим мешуморад, ҳаргиз оҳангу мусиқиҳои шаҳватгуна ва ё садои номаҳрам нест, зеро оҳанги шаҳватбарангез ва садои номаҳрам инсонро аз авҷи моварои табиат ба домани табиат таназзул медиҳад, ва қатъан оҳанге, ки инсонро фариштаманиш накунад, аз таъаҳҳудоти афроде монанди Бӯалӣ дур аст.

Ҳусни савте, ки хондани Қуръон бо он тавсия шуда ё нағмаи рахимае, ки Бӯалӣ мегӯяд, ки солик ба он ниёзманд аст, савте аст, ки дар он, аз назари муҳтаво, на лаҳву лаъиб бошад ва на оҳангаш ҷанбаи табииро тақвият кунад, балки нағмае аст, ки ҷанбаи моварои табиӣ дошта бошад. Ин матлабро ҳукамои дигаре монанди Шайхи Ишроқ Суҳравардӣ низ дар навиштаҳояшон доранд.

* * *

Бӯалӣ ва маъоди ҷисмонӣ

Ибни Сино дар бораи маъод мегӯяд: Маъоди руҳониро ақл мефаҳмад, вале маъоди ҷисмониро шариати Хотами анбиё (с) оварда ва моро бениёз кардааст. Дар рисолаи “Аҳд” дар бораи ҷузъиёти масоил, ки ақлро роҳе барои дарки онҳо нест, мегӯяд: “Ин ҷузъиётро бояд шариат бигӯяд, ва ақл пайрави маҳз аст”.

Ба иборати дигар, хутути куллӣ (яъне куллиёт)-ро ҳам шариат мегӯяд ва ҳам ақл мефаҳмад, вале масоили ҷузъиро ҷуз шариат намегӯяд. Масоиле монанди намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ ҳаргиз дар ақл роҳ надорад, яъне ақли одамиро тавони дарки чароии онҳо нест.

Аз ин рӯ, ин ки бархеҳо нофаҳмида ба марҳуми Бӯалӣ нисбат медиҳанд, ки гӯӣ ин бузургвор маъоди ҷисмониро инкор кардааст, дуруст нест. Марҳуми Бӯалӣ ҳаргиз чунин чизе нагуфтааст. Он чи гуфтааст, ҳамин аст, ки арз шуд. Яъне маъоди ҷисмонӣ ва ба иборати дигар, чигунагии зинда шудани одамӣ бо ҷасад пас аз мурдан дар рӯзи вопасин, мавриди идроки ақл нест, балки ҳамин ки шариати муқаддас (ки ҳаққонияташ ба ақл собит аст) бигӯяд, ки инсон пас аз марг бо ҷасад маҳшур хоҳад шуд, кофист ақл онро таъйид ва дар баробараш хозеъ шавад.

Албатта, ногуфта намонад, ки фалосифа ва донишмандоне чун Мулло Садро (р) баъдҳо ҳаққонияти маъоди ҷисмониро ҳам бо адиллаи ақлӣ ба исбот расонидаанд, ки бояд дар як мавриди дигаре перомуни он баҳс ба амал ояд.

Фароҳамоваранда: Сайидюнуси Истаравшанӣ

* * *

Поварақӣ:

(1) Иборати рисола чунин аст:

والمسموعات یدیم استعمالها على الوجه الذي توجبه الحكمة لتقوية جوهر النفس وتأييد جمع القوى الباطنة لا لما يرتبط بهذه من الأمور الشهوانية

(2) Нағмаи рахима: садои нарм ва ором.

(3) Иборат чунин аст:

وواحد يرجع الى هيئة اللفظ وهو أن يكون بنغمة رخيمة فأن اين الصوت يفيد هيئة ما نحو المسامحة في القول

* * *

Реклама


Рубрики:Ахлоқи писандида, Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Машоҳир, Намоз, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: