Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (51) – Оё имон қобили каму зиёд шудан нест?

Матни китоб:

ولا يخرج العبد من الإيمان إلا بجحود ما أدخله فيه. والإيمان هو الإقرار باللسان والتصديق بالجنان، وأنّ جميع ما أنزل الله في القرآن وجميع ما صحّ عن رسول الله صلى الله عليه و سلم من الشرع والبيان كله حق، والإيمان واحد وأهله في أصله سواء، والتفاضل بينهم بالخشية والتقى ومخالفة الهوى، وملازمة الأولى. والمؤمنون كلهم أولياء الرحمن وأكرمهم عند الله أطوعهم وأتبعهم للقرآن. والإيمان هو الإيمان بالله وملائكته وكتبه ورسله واليوم الآخر والقدر خيره وشره وحلوه ومرّه من الله تعالى، ونحن مؤمنون بذلك كله، لا نفرق بين أحد من رسله ونصدّقهم كلهم على ما جاؤوا به. وأهل الكبائر من أمة محمد صلى الله عليه و سلم في النار لا يخلدون إذا ماتوا وهم موحّدون وإن لم يكونوا تائبين بعد أن لقوا الله عارفين مؤمنين، وهم في مشيئته وحكمه إن شاء غفر لهم وعفا عنهم بفضله، كما ذكر عز و جل في كتابه: «ويغفر ما دون ذلك لمن يشاء»، وإن شاء عذبهم في النار بعدله ثم يخرجهم منها برحمته وشفاعة الشافعين من أهل طاعته ثم يبعثهم إلى جنته، وذلك بأنّ الله تعالى تولّى أهل معرفته ولم يجعلهم في الدارين كأهل نُكرته الذين خابوا من هدايته ولم ينالوا من ولايته، اللهمّ يا وليّ الإسلام وأهله ثبتنا على الإسلام حتى نلقاك به

* * *

Тарҷумаи матн:

Бандаро ҷуз инкори он чӣ, ки ӯро вориди имон кардааст, чизе аз имон хориҷ намекунад.

Имон иқрор ба забон ва тасдиқ ба қалб аст. Ва тамоми он чӣ Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим фуруд овардааст ва он чӣ аз Расули Акрам (с) — аз шариат ва баён — собит шуда ҳама ҳақ аст.

Имон якест ва аҳли он дар асли имон баробаранд. Ва фазилат ва бартарии онон бар якдигар, ба эътибори тарс ва тақво ва мухолифат бо ҳавову ҳавас ва амал кардан ба ҳар он чизест, ки авло ва беҳтар бошад.

Ҳамаи мӯъминон дӯстони Худованди Раҳмонанд. Ва гиромитарини онон назди Худованд касонеанд, ки итоат ва пайравии бештар аз Қуръони Карим дошта бошанд.

Имон иборат аст аз: бовар ба Худо ва фариштагон ва китобҳо ва фиристодаҳои ӯ ва ба рӯзи охират ва ин ки тақдир, чӣ хайри он ва чӣ шарраш, чӣ талхи он ва чӣ ширинаш, ҳама аз тарафи Худованди Мутаъол аст.

Мо ба ҳамаи инҳо имон дорем ва ҳеч фарқе байни паёмбарон ва фиристодаҳо намегузорем ва ҳамаи онҳоро ва он чиро, ки овардаанд тасдиқ мекунем.

Аҳли гуноҳони кабира аз уммати Муҳаммад (с) ҳамеша дар оташи дӯзах намемонанд агар муваҳҳид ва яктопараст мурда бошанд, ҳарчанд тавба ҳам накунанд, модоме ки бо шинохт (-и Худо) ва имон ба ӯ Худоро мулоқот бикунанд. Инҳо дар гарави машиат ва ирода ва ҳукми Худованди Мутаъоланд: агар бихоҳад, ба фазлу эҳсони худ ононро мағфират мекунад ва мебахшад, чунон ки дар китоби азизаш мефармояд: “Ва ҷуз ширкро барои ҳар кас, ки бихоҳад, мебахшад”. (Сураи Нисо, ояти 116) Ва агар бихоҳад, ба адли худ азобашон мекунад сипас бо раҳмати худ ва ба шафоати шафоаткунандагон аз аҳли тоаташ, аз оташ берун оварда ва ба биҳишти худ мефиристад, зеро Худованди Мутаъол аҳли маърифаташро дӯст медорад ва дар ҳар ду ҷаҳон ононро монанди касоне қарор намедиҳад, ки ӯро нашинохта ва аз ҳидояташ суд набурда ва аз дӯстиаш баҳрае ҳосил накарданд. Парвардигоро! Эй дӯсти ислом ва аҳли ислом! То вақте моро бар дини ислом собит ва устувор бидор, ки бо он ба мулоқоти ту мушарраф шавем!..

* * *

Шарҳ:

Дар ин бахш аз гуфтор, Имом Таҳовӣ (р) масоилеро матраҳ кардааст, ки қисмате аз онро пештар мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода будем. Фақат се масъала ҳаст, ки ниёз ба шарҳу тавзеҳ дорад.

Ҳол, мепардозем ба баррасии онҳо, бад-ин шарҳ:

1. Чӣ чизе боиси хуруҷи фард аз ислом мешавад?

Имом Таҳовӣ мефармояд: “Бандаро ҷуз инкори он чӣ, ки ӯро вориди имон кардааст, чизе аз имон хориҷ намекунад…

Ҳамон тавре ки пештар ёдовар шуда будем, ҳар инсоне бо шаҳодатайн (яъне гувоҳӣ ба ин ки ҷуз Аллоҳ худое нест ва ин ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи ӯст) ва эътироф ва қабули ҳар он чӣ зарурии дин шумурда мешавад, вориди ислом мегардад, ҳарчанд ба забон. Ва то модоме, ки ин масоилро инкор накунад, касе ҳақ надорад ӯро аз ҷиргаи ислом берун бидонад ва такфираш кунад.

Ибни Нуҷайм, соҳиби китоби “Албаҳрур-роиқ” гӯяд:

Дар китоби “Ҷомеъул‒фусулайн” Таҳовӣ аз асҳоби мо нақл карда, ки ҳеҷ фарде аз имон хориҷ намешавад, магар дар сурате ки мункир шавад он чиро мӯҷиби вуруд ба имон аст.

Пас, агар дар мавриди касе яқин ҳосил шавад, ки муртадд шуда, ҳукми иртидод бар ӯ ҷорӣ мегардад, вале ҳар кас, ки шакк дар иртидодаш бошад, ҳукми иртидод бар ӯ ҷорӣ намешавад. Зеро исломи собитшуда барои афрод, бо шакк аз байн намеравад…

Пас, сазовор аст ҳар гоҳ шикояте аз ин қабил назди олиме биёваранд, зуд ба такфири аҳли ислом напардозад… Ҳол гӯям: Ин матлабро аз ин ҷиҳат пешкаш кардам, ки то меъёр ва мизоне бошад барои доварӣ дар мавриди суханоне, ки дар ин фасл нақл кардаам. Зеро дар бархе аз манқулот ҳукми такфир омадааст, дар сурате ки бар мабнои ин муқаддима, ҷойи такфир нест. Диққат кунед!..

Дар китоби “Хулоса” ва низ соири кутуб омадааст, ҳар гоҳ дар масъала эҳтимолоти мухталиф бошад ба ин наҳв, ки чанд то эҳтимол сабаби такфир ва фақат як эҳтимол монеи такфир бошад, дар инчунин маврид, муфтӣ бояд ҷониби эҳтимолеро бигирад, ки монеи такфир аст. Ӯ бояд ба мусалмон ҳусни занн дошта бошад…

Дар “Баззозия” изофа шудааст: … магар он ки фард тасреҳ кунад, ки матлаберо ирода карда, ки мӯҷиби куфр аст. Дар ин сурат роҳе барои таъвил боқӣ намемонад.

(Ба унвони мисол, агар касе ба дини фарди мусалмоне иҳонат кунад, ба як эҳтимол ин иҳонат ба маънои таҳқири дин будааст, пас мӯҷиби куфр аст, аммо ба эҳтимоли дигар манзураш ахлоқи пасти мусалмон ва рафтори зишти ӯ будааст, на иҳонат ба асли дин. Пас, бояд ҳамин эҳтимолро гирифт ва ҳусни занн дошт.)

Ҳар ҷо ки ихтилоф дар куфр аст, бояд суханро ба маҳалли хуб ҳамл кард, ҳарчанд бо такя бар ривоятҳои заъиф. Бинобар ин, аксари алфози куфромез, ки ба забонҳо ҷорӣ мешаванд, наметавон бар асоси онҳо ҳукми такфир содир кард. Ман худро ӯҳдадор сохтаам, ки ҳеч гоҳ бо такя бар ин ақвол, ҳукм ба такфир накунам…” (1)

* * *

2. Оё имон қобили каму зиёд шудан нест?

Имом Таҳовӣ (р) мегӯяд: “Имон иқрор ба забон ва тасдиқ ба қалб аст… Имон якест ва аҳли он дар асли имон баробаранд. Ва фазилат ва бартарии онон бар якдигар, ба эътибори тарс ва тақво ва мухолифат бо ҳавову ҳавас ва амал кардан ба ҳар он чизест, ки авло ва беҳтар бошад…

Зоҳири суханони Имом Таҳовӣ ва низ бештари уламои ҳанафӣ ба пайравӣ аз Имом Абӯҳанифа (р) ин аст, ки имон қобили каму зиёд шудан нест ва бинобар ин, аҳли он, чӣ паёмбар бошад ва чӣ ғайри ӯ, дар он баробаранд. Дар “Фиқҳи Акбар” (китобе мансуб ба Имом Абӯҳанифа (р)) омадааст:

وَالْإِيمَان هُوَ الْإِقْرَار والتصديق وإيمان أهل السَّمَاء وَالْأَرْض لَا يزِيد وَلَا ينقص من جِهَة الْمُؤمن بهَا وَيزِيد وَينْقص من جِهَة الْيَقِين والتصديق والمؤمنون مستوون فِي الْإِيمَان والتوحيد متفاضلون فِي الْأَعْمَال

Имон иқрор (ба забон) ва тасдиқ (ба қалб) аст. Имони аҳли осмону замин, аз ҷиҳати имон будан, на зиёд мешавад ва на кам, балки зиёду кам шудан аз ҷиҳати яқин ва тасдиқ аст. Мӯъминон дар асли имон ва тавҳид баробар буда ва бартарии онон (аз якдигар), дар амалҳост…”

Оё ин дидгоҳ дуруст аст? Инак, ба баррасии тафсилии ин масъала мепардозем:

Яке аз масоиле, ки аз ибтидо мавриди ихтилофи назари мазоҳиби эътиқодӣ будааст, моҳияти имон аст. Баъзе мисли Имом Абӯҳанифа (р) ва пайравони эшон мӯътақид буданд, ки имон иборат аст аз тасдиқи қалбию бас, ва барои ин муддаъо ба далелҳое аз Қуръони Карим ва низ баъзе ривоёти исломӣ чанг задаанд.

Аммо аксарияти уламои исломӣ бо истинод ба порае дигар аз оёт ва ривоёт, бар ин бовар буданд, ки имон танҳо тасдиқи қалбӣ нест, балки дар моҳияти он, як навъ амал низ нуҳуфтааст ба гунае ки аслан имкон надорад мо имонро аз он ҷудо ангорем.

Ибни Моҷа дар ривояте аз Паёмбари Акрам (с) овардааст:

 الْإِيمَانُ مَعْرِفَةٌ بِالْقَلْبِ وَقَوْلٌ بِاللِّسَانِ وَعَمَلٌ بِالْأَرْكَانِ

Имон иборат аст аз: маърифат ба қалб, гуфтор ба забон ва амал ба аъзо”. (Сунани Ибни Моҷа, 1/74, Ашшомила)

Имом Бухорӣ низ дар “Китоби имон” гӯяд:

Боби имон… Имон қавл аст ва феъл, зиёд мешавад ва кам. Худованди Мутаъол фармуда: “… то имоне бар имони худ биафзоянд”, “Ва бар ҳидояташон афзудем”, “Ва Худованд касонеро, ки ҳидоят ёфтаанд, бар ҳидояташон меафзояд…”, “Ва онон, ки ба ҳидоят гароиданд, Худо ононро ҳар чӣ бештар ҳидоят бахшид ва тавфиқи парҳезгорӣ дод”, “Ва имони касоне, ки имон овардаанд афзун гардад…” ва низ Худованди Мутаъол фармуда: “Ин (сура) имони кадом як аз шуморо афзуд? Аммо касоне, ки имон овардаанд, бар имонашон меафзояд…” ва низ Ӯ Таъоло фармуда: “(Вале ин сухан) бар имонашон афзуд…” ва ҳамчунин фармуда: “Ва ҷуз бар имон ва таслимашон наяфзуд”… (2)

Ҳофиз Асқалонӣ дар “Фатҳул-борӣ” зайли ҳамин гуфтори Имом Бухорӣ, дар таъйиди он мегӯяд:

Ва таъйид мешавад дидгоҳи мазкур ба ин ҳақиқат, ки ҳар як аз мо медонад, он чӣ аз имон, ки дар қалби ӯст, каму зиёд мегардад. Яъне дар баъзе авқот мебинад, ки имони ӯ, аз ҷиҳати яқин ва ихлос ва таваккул, бештар аст аз имони вай дар баъзе вақтҳои дигар. Ва аз ҷиҳати тасдиқ ва шинохт низ чунин аст, яъне ҳар гоҳ далелу бурҳон барояш барпо шавад, мебинад, ки имонаш бештар мегардад… Аз Имом Бухорӣ ба санаде саҳеҳ нақл шудааст, ки гӯяд: Ман бо беш аз ҳазор нафар аз уламо дидор доштам дар шаҳрҳо ва аҳаде аз эшонро надидам, ки дар ин мавзӯъ ихтилофи назар дошта бошанд, ки имон қавлу амал аст ва каму зиёд мешавад. (Яъне ҳамагӣ қоил ба ин мақула буданд)…” (3)

* * *

3. Аҳли тавҳид дар оташ ҷовидон намемонанд:

Имом Таҳовӣ (р) гӯяд: “Аҳли гуноҳони кабира аз уммати Муҳаммад (с) ҳамеша дар оташи дӯзах намемонанд агар муваҳҳид ва яктопараст мурда бошанд… (то охир)

Имом Нававӣ дар шарҳи Саҳеҳи Муслим баҳсе дорад нисбатан муфассал дар ин мавзӯъ, ки қисмате аз онро ин ҷо меоварем. Ӯ мегӯяд:

Бидон, ки мазҳаби аҳли суннат ва он чӣ аҳли ҳақ – аз салафу халаф – бар онанд ин аст, ки ҳар ки дар ҳоли муваҳҳид ва яктопараст будан аз дунё биравад, ӯ қатъан ва дар ҳар ҳол вориди биҳишт хоҳад шуд; бад-ин шарҳ, ки: агар солим аз гуноҳон бошад — мисли кӯдак ва девонае, ки ҷунанаш дар ҳоли булуғ буда ва низ касе, ки аз ширк ё ғайри он аз гуноҳон тавба карда ва пас аз тавба дигар гуноҳе домангираш нашуда ва низ ботавфиқе, ки аслан гуноҳе аз ӯ сар назада, ҳамаи ин гурӯҳҳо – вориди биҳишт шаванд ва аслан дохили дӯзах нагарданд… Ва аммо касе, ки муртакиби гуноҳи кабира шуда ва бидуни тавба аз дунё рафтааст, ӯ дар гарави машиат ва иродаи Худованди Мутаъол аст, ки агар хост, мебахшад ва вориди биҳишт мекунад, ва агар ҳам хост, (ба хотири гуноҳонаш) қадре азоб хоҳад дод сипас вориди биҳишт хоҳад намуд. Ва хулоса, касе, ки дар ҳоли муваҳҳид ва яктопараст будан мурдааст, ӯ дар оташи ҷаҳаннам ҷовидон намемонад, ҳарчанд муртакиби гуноҳон буда бошад. Ва ҳамин тавр, касе, ки дар ҳолати куфр мурдааст, ӯ вориди биҳишт нахоҳад шуд, агарчӣ садҳо амали некӯ анҷом дода бошад. Ин аст мухтасари ақидаи аҳли ҳақ дар ин мавзӯъ…” (4)

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1)

وفي جَامِعِ الْفُصُولَيْنِ رَوَى الطَّحَاوِيُّ عن أَصْحَابِنَا لَا يُخْرِجُ الرَّجُلَ من الْإِيمَانِ إلَّا جُحُودُ ما أَدْخَلَهُ فيه، ثم ما تَيَقَّنَ أَنَّهُ رِدَّةٌ يَحْكُمُ بها بِهِ وما يَشُكُّ أَنَّهُ رِدَّةٌ لَا يَحْكُمُ بها، إذْ الْإِسْلَامُ الثَّابِتُ لَا يَزُولُ بِشَكٍّ… وَيَنْبَغِي لِلْعَالِمِ إذَا رُفِعَ إلَيْهِ هذا أَنْ لَا يُبَادِرَ بِتَكْفِيرِ أَهْلِ الْإِسْلَامِ… أَقُولُ: قَدَّمْت هذه لِتَصِيرَ مِيزَانًا فِيمَا نَقَلْته في هذا الْفَصْلِ من الْمَسَائِلِ فإنه قد ذُكِرَ في بَعْضِهَا أَنَّهُ كَفَرَ مع أَنَّهُ لَا يَكْفُرُ على قِيَاسِ هذه الْمُقَدِّمَةِ فَلْيُتَأَمَّلْ… وفي الْخُلَاصَةِ وَغَيْرِهَا إذَا كان في الْمَسْأَلَةِ وُجُوهٌ تُوجِبُ التَّكْفِيرَ وَوَجْهٌ وَاحِدٌ يَمْنَعُ التَّكْفِيرَ فَعَلَى الْمُفْتِي أَنْ يَمِيلَ إلَى الْوَجْهِ الذي يَمْنَعُ التَّكْفِيرَ تَحْسِينًا لِلظَّنِّ بِالْمُسْلِمِ. زَادَ في الْبَزَّازِيَّةِ إلَّا إذَا صَرَّحَ بِإِرَادَةِ مُوجِبِ الْكُفْرِ فَلَا يَنْفَعُهُ التَّأْوِيلُ حِينَئِذٍ… وَاَلَّذِي تَحَرَّرَ أَنَّهُ لَا يفتي بِتَكْفِيرِ مُسْلِمٍ أَمْكَنَ حَمْلُ كَلَامِهِ على مَحْمَلٍ حَسَنٍ أو كان في كُفْرِهِ اخْتِلَافٌ وَلَوْ رِوَايَةً ضَعِيفَةً فَعَلَى هذا فَأَكْثَرُ أَلْفَاظِ التَّكْفِيرِ الْمَذْكُورَةِ لَا يُفْتَى بِالتَّكْفِيرِ بها وَلَقَدْ أَلْزَمْت نَفْسِي أَنْ لَا أُفْتِيَ بِشَيْءٍ منها

(Албаҳрур-роиқ, 5/133-134, Ашшомила)

(2)

بَاب اْلايمَان… وَهُوَ قَوْلٌ وَفِعْلٌ، وَيَزِيدُ وَيَنْقُص.ُ قَالَ اللَّهُ تَعَالَى: «لِيَزْدَادُوا إِيمَانًا مَعَ إِيمَانِهِمْ» «وَزِدْنَاهُمْ هُدًى» «وَيَزِيدُ اللَّهُ الَّذِينَ اهْتَدَوْا هُدًى» «وَالَّذِينَ اهْتَدَوْا زَادَهُمْ هُدًى وَآتَاهُمْ تَقْوَاهُمْ» «وَيَزْدَادَ الَّذِينَ آمَنُوا إِيمَانًا» وَقَوْلُهُ: «أَيُّكُمْ زَادَتْهُ هَذِهِ إِيمَانًا فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا فَزَادَتْهُمْ إِيمَانًا» وَقَوْلُهُ جَلَّ ذِكْرُهُ: «فَاخْشَوْهُمْ فَزَادَهُمْ إِيمَانًا» وَقَوْلُهُ تَعَالَى: وَمَا زَادَهُمْ إِلَّا إِيمَانًا وَتَسْلِيمًا

(Саҳеҳи Бухорӣ, 1/11, Ашшомила)

(3)

ويؤيده أن كل أحد يعلم أن ما في قلبه يتفاضل حتى أنه يكون في بعض الاحيان الإيمان أعظم يقينا واخلاصا وتوكلا منه في بعضها وكذلك في التصديق والمعرفة بحسب ظهور البراهين وكثرتها… وروى بسنده الصحيح عن البخاري قال: لقيت أكثر من ألف رجل من العلماء بالأمصار فما رأيت أحدا منهم يختلف في أن الإيمان قول وعمل ويزيد وينقص

(Фатҳул-борӣ, 1/45-46, Ашшомила)

(4)

واعلم أن مذهب أهل السنة وما عليه أهل الحق من السلف والخلف أن من مات موحدا دخل الجنة قطعا على كل حال فان كان سالما من المعاصى كالصغير والمجنون والذى اتصل جنونه بالبلوغ والتائب توبة صحيحة من الشرك أو غيره من المعاصى اذا لم يحدث معصية بعد توبته والموفق الذى لم يبتل بمعصية أصلا فكل هذا الصنف يدخلون الجنة ولا يدخلون النار أصلا… وأما من كانت له معصية كبيرة ومات من غير توبة فهو فى مشيئة الله تعالى فان شاء عفا عنه وأدخله الجنة أولا وجعله كالقسم الاول وان شاء عذبه القدر الذى يريده سبحانه وتعالى ثم يدخله الجنة فلا يخلد فى النار أحد مات على التوحيد ولو عمل من المعاصى ما عمل كما أنه لا يدخل الجنة أحد مات على الكفر ولو عمل من أعمال البر ما عمل هذا مختصر جامع لمذهب أهل الحق فى هذه المسألة

(Шарҳи Саҳеҳи Муслим, Нававӣ, 1/217, Ашшомила)

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: