“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (4)

Бахши чаҳорум

Матни рисола:

Фасли панҷум:

Дар баёни ишқи (1) зурафо ва соҳибони завқи салим нисбат ба суратҳои ҳасана

Бидон, ки мо дар ин фасл ибтидо чаҳор муқаддима барои равшан намудани унвони фавқ зикр мекунем:

Муқаддимаи аввал: Вомдор будани қувваҳои ҳайвонӣ ва ваҳмияи инсон аз қувваи нотиқа:

Ҳар гоҳ пайваста шавад ба ҳар як аз қувваҳои нафсонӣ як қуввае, ки нисбат ба онҳо аз ҳайси рутба аъло ва ашраф бошад, бо таваҷҷӯҳ ба шарофати зотии он қувваи олӣ, ки дар қувваҳои нафсонӣ ҳам қаҳран таъсири куллӣ намуда, ночор дар афъоли содира аз онон низ муассир хоҳад буд; чӣ аз ҷиҳати ҳусни амал ва латофати равиш ва мутқан будани он барои расидан ба ғарази матлуб ва чӣ аз ҳайси зиёдӣ дар аъмол ва бисёрӣ дар афъол.

Ва низ дар маҳалли худ собит шуда, ки: ҳар олӣ нисбат ба пойинтар аз худ, таъйидкунанда ва тақвиятдиҳанда ва дафъкунандаи зарар аз ӯст, ба монанди қувваи шаҳавонии ҳайвонӣ, ки таъйидкунандаи қувваи номия аст ва дафъкунанда аст он чиро, ки асбоби нуқсони моддаи ӯ гардад ва монеи расидан ба мақсудаш шавад. Ва ё мисли мувофақат ва ёрӣ кардани қувваи нотиқаи инсонӣ қувваҳои ҳайвониро дар анҷоми мақосид ва расидан ба матолиби худ, ки бидуни кӯмаки қувваи нутқия, наметавонистанд кореро ба хубӣ ва ба ваҷҳи аҳсан анҷом диҳанд.

Ба сабаби ҳамин кӯмак кардани қувваи нутқия аст, ки қувваҳои ҳиссия ва шавқия дар инсон гоҳе вақтҳо аз равия ва равиши худ таҷовуз мекунанд ва кореро ба анҷом мерасонанд, ки аз шуъуни қувваи ақлия аст, на аз шуғл ва амали қувваҳои ҳиссии моддӣ. Ва баъзе вақтҳо ҳам, қувваи ваҳмия дар идроки матолиб ва анҷоми ҳоҷатҳои худ, аз қувваи нутқия мадад мегирад ва ӯ низ дар баровардани ҳоҷатҳои вай ва баромадани мақосидаш кӯмак мекунад. Ин меҳрубонӣ аз ҷониби қувваи нутқия нисбат ба ваҳмия, мӯҷиби исён ва ҷасорати қувваи ваҳмия мешавад ва гумон мекунад ноил шудан ба мурод ва расидан ба мақсуд, амали худи ӯст ва нутқияро дар он дахолат нест ва он чиро, ки аз умури маъқул (таъаққулшаванда) ва матолиби назарӣ тасаввур намуда чизе будааст, ки мӯҷиби итминони зеҳн ва осудахотирии нафс аст. Ва ин масъала мисли он аст, ки бандаи нодоне ба кӯмак ва фармони оқои худ кореро анҷом дода, ки агар вуҷуди оқо набуд ва дар он кор дахолат накарда буд, он банда ҳаргиз аз ӯҳдаи анҷоми он амал барнамеомад. Акнун гумон мекунад зафар ёфтан ба матлуб ва расидан ба мақсуд, ба нерӯ ва тавоноии худи ӯст ва оқоро дар он амал ҳаққи дахолат ва ширкат нест. Ва шояд гоҳе аз рӯйи ҷаҳолат ва хабосати сират ва қабоҳати ботин, худро оқо тасаввур кунад ва аз рибқаи итоати оқо бихоҳад хешро халос намояд.

Ҳоли қувваи ваҳмия дар инсон ҳам ба ҳамин қиёс аст. Яке аз иллатҳои фасод ва зуҳури шурур дар олам ҳамин масъала аст ва лекин сазовор ва шоистаи шаъни ҳакими мутлақ (Худованд) он нест, ки хайри касиреро ба мулоҳизаи шарри андаке тарк кунад. Зеро ки дар ҳикмати илоҳӣ ва фалсафаи уло собит ва муқаррар аст, ки тарки хайри касир ба ҷиҳати шарри андак, худ шарри касир аст.

Муқаддимаи дуввум: Таъсирпазирии қувваҳои гуногуни одамӣ аз нафси нотиқа:

Муқаддимаи дуввум он аст, ки гоҳе барои инсон ҳолати феълу инфиъол аз ҷиҳати нафси ҳайвонӣ падид меояд, аз қабили эҳсосот ва тахайюлот ва ҷидол намудан ва ҷанг кардан; мунтаҳо, ба воситаи муҷоварати нафси ҳайвонӣ бо нафси нотиқаи инсонӣ, дар ин маврид судури афъол аз ӯ ба як наҳви шарифтар ва латифтар ва олитар аст, ба ин лиҳоз, ки таъсираш дар маҳсусот ба некӯтарин ваҷҳе ва саҳеҳтарин мизоҷе ва муҳкамтарин таркибе аст, ки шуъури соири ҳайвонот ба ин намерасад ва мултафит ба ин нестанд, то чӣ расад ба он ки ихтиёр кунанд ва ё талаб намоянд.

Ва гоҳе ҳам нафси нотиқа ба воситаи қувваи хаёлия тасарруф ва дахолат дар умуре мекунад, ки шабеҳ бо афъоли ақл аст ва талаб мекунад барои мувофақат ва кӯмак намудан бо аҳли камол ва ҷамол ва соҳибони эътидол, ва дар афъоли қувваи ғазабия ҳилаҳои мутанаввеъ ба кор мебарад, то ба воситаи он ҳилаҳои гуногун, битавонад бар душман ғалаба намояд ва зафар ёбад. Ҳамчунин гоҳе мешавад аъмоле аз қувваи нутқия ба мушоракати қувваҳои ҳайвонӣ зоҳир мегардад мисли он ки барои таҳсили умури куллӣ қувваҳои ҳиссияро барои интизоъ намудани ҷузъиёт, ба тариқи истиқро бармегуморад, ва ё барои ба даст овардани матолиби ақлӣ ба қувваи хаёлия муташаббис мегардад, ва ё ба ҷиҳати бақои навъи хусуси инсон, ки афзали анвоъ аст, қувваи шаҳавонияро тарғиб ба мунокаҳат ва музоваҷат менамояд ва лекин на барои лаззат ва ҷанбаи ҳайвонӣ, балки барои ташаббуҳ ба иллати уло барои боқӣ гузоштани навъи инсонӣ. Ва ё ба ҷиҳати бақои шахс, амр ба хӯрдан ва ошомидан мекунад, ин ҳам на ба мулоҳизаи лазоиз ва ҷанбаи ҳайвонӣ аст. Ва гоҳе қувваи ғазабияро маъмур барои ҷанг мекунад барои маҳфуз доштани ватан ва мамлакати худ аз шарри аҷониб, ва нигоҳдорӣ кардан аз аҳл ва миллати худ.

Ва бештари вақтҳо ҳам афъоле аз худи қувваи нутқия содир мешавад бидуни он ки ғайре дар онҳо дахолат карда бошад, аз қабили тасаввури маъқулот ва ғӯтавар шудан дар муҷаррадот ва иштиёқ ба сӯйи муҳиммот ва муҳаббати олами охират ва ҷивори ҳазрати Парвардигор ҷаллат азаматуҳу.

Муқаддимаи севвум: Нуҳуфта будани хайрият дар ниҳоди ҳамаи мавҷудот:

Муқаддимаи севвум он аст, ки дар ниҳоди умуми мавҷудот ва силсилаи мумкинот аз ҷониби ҳазрати Ҳақ Таъоло як хайрияте ба вадиъа ниҳода шудааст ва лекин ба сабаби он ки хайрот аз умури нисбӣ аст, мумкин аст ихтиёр намудан ва баҷой овардани хайре ҳарчанд ки дар ҳадди зоти худ некӯ ва писандида бошад ва аммо нисбат ба хайри мофавқи он некӯ ва писандида набошад, балки музирр ва ғайри шоиста аст. Мисли он ки инфоқ ва бахшиш намудан дар амвол гарчӣ бар тибқи урф ва зоҳири ҳол, аз ҷумлаи хайрот ва лазоиз шумурда мешавад ва лекин нисбат ба афзоиши амвол ва фарохӣ дар зиндагии аҳлу аёл ва доро будани неъмат ва мол, музирр аст. Ва ё мисли хӯрдани миқдоре аз афюн, ки барои таскини руоф (бисёр ҷорӣ шудани хун аз бинӣ) ва баъзе аз бемориҳо муфид ва некӯст ва аммо аз ҷиҳати сиҳҳати бадан ва идомаи ҳаёти инсонӣ дурӣ ва парҳез аз он воҷиб ва лозим аст. Ва ба ҳамин равиш аст афъоле, ки мухтасс ба нуфуси ҳайвонӣ аст, ки дар мақоми худ аз ҷумлаи хайрот ва умури муҳимма шумурда мешавад ва лекин агар онҳоро ба нуфуси нотиқаи инсонӣ муқоиса кунем — ки аз ҳайси фазилат ва улувви мартибат, бар нуфуси ҳайвонӣ бартарӣ доранд — мебинем, ки музирр, балки аз ҷумлаи шурур маҳсуб мешавад. Ва мо ин масъаларо дар “Рисолаи туҳфа” ба таври тафсил баён намудаем.

Муқаддимаи чаҳорум: Таъсири қурб ба Худо ва паёмади дурӣ аз Худо дар нафси нотиқа:

Муқаддимаи чаҳорум он аст, ки нуфуси нотиқаи инсонӣ назар ба он ваҷҳи таҷаррудии руҳонӣ ва латофати зотӣ, ҳамеша муштоқ аст бо он чизҳое, ки дар ҳусну баҳо якто ва дар хубии манзар беҳамтост, ва ҳамчунин моил аст ба масмуъоти мавзун (мисли оҳангҳои мавзун) ва мазуқоти хуб ва гуногун (мисли ҳунар) ва он чи ки мушобеҳ ва назири инҳост. Нуфуси ҳайвонӣ ҳам ба сабаби муҷовират (бо нафси нотиқа) ва бар тибқи табиат гоҳе дар ҳусни интихоб ва талаб намудани чизҳои писандида, пайравӣ аз онон (нуфуси нотиқа) мекунанд ва худро дар қабул кардан ва интихоб намудан саҳим ва шарик қарор медиҳанд. Ва аммо он чи ки ихтисос ба нафси нотиқа дорад ва нафси ҳайвониро дар он ҳаққи дахолат нест он аст, ки: ҳар вақт ки омода барои тасаввури маъқулот ва идроки куллиёт шуд ва расид ба он мақомоти олӣ ва дараҷоти мутаъолӣ ва шинохт, ки ҳар миқдор ба маъшуқи ҳақиқӣ наздиктар шавад, бар ҳусни эътидол ва қивоми интизоми ӯ афзудатар гардад, пас ҳар қадр муҷовират бо Ҳақ Таъоло ва қурб ба Ӯ бештар шавад, ҷанбаи ваҳдат зиёдтар гардад. Ва баръакс, ҳар миқдор аз қурб ба Ҳақ коста шавад ва аз ҷивори Ӯ дуртар гардад, аз манбаи хайрот ва сарчашмаи камолот ақибтар монад ва бо касарот ҳамнишин ва ҳамдам шавад.

Ишқи пок ва ишқи нопок

Акнун, ки ин муқаддимот маълум шуд, мегӯем: аз шаъни қувваи оқила он аст, ки: ҳар гоҳ ба манозири некӯ ва зебое зафар ёфт, ӯро ба чашми муҳаббат менигарад ва ин ҳолат дар порае аз маворид дар шумори зарофат ва футувват шумурда шудааст. Ҳол мехоҳем бидонем, ки ин ҳусни талаб ва зарофати табъ кори кадом қувва аст? Оё асари қувваи ҳайвонӣ аст ва ё бо мушорикати қувваи нотиқаи инсонӣ? Агар аз қувваи ҳайвонӣ бошад ва қувваи нотиқаро дар он дахолат набошад, ин навъ аз зарофат дар назди уқало мазмум ва нописанд аст ва дар шумори футувват ва авсофи ҳасана онро ба шумор намеоваранд, зеро ки анҷом додан ва пайравӣ кардан аз шаҳавоти ҳайвонӣ, барои қувваи нутқия музирр ва айб аст. Ва аз тарафи дигар ҳам, намешавад ихтисос ба қувваи нутқияи танҳо дошта бошад, ба ҷиҳати он ки шаъни қувваи оқила ва амали ӯ идроки куллиёти ақлияи абадия аст, на ҷузъиёти ҳиссияи фосидаи фония. Пас, маълум мешавад ва ошкор мегардад, ки ин ҳолат ба кӯмак ва мушорикати якдигар аст.

Ба баёни дигар: ҳар гоҳ инсон дӯстдори суратҳои некӯ ва чеҳраҳои зебо гардид, агар ба ҷиҳати лаззати ҳайвонӣ ва ҷанбаи баҳимӣ (ҳайвонӣ) бошад, аз ҷумлаи афъоли қабеҳ ва аъмоли зишт ва қабеҳ маҳсуб мешавад ва соҳиби он сазовори маломат ва шоистаи азоби алими охират аст. Ва аммо агар дӯстии ӯ ба эътибори ҷанбаи ақлонӣ ва ваҷҳи таҷаррудӣ бошад, ҳамон тавре ки аз пеш гуфтем, ин амали ӯ василае аст ба ҷиҳати иттисол ба маъшуқи ҳақиқӣ ва вусул ба иллати уло, ва таҳриккунанда аст ӯро барои ташаббуҳ ба уқули муфориқа ва нуфуси фалакия. Дар ин сурат сазовор аст, ки дар шумори зурафо ва аҳли футуввату ирфон шумурда шавад.

Иртиботи ҳусни сурат бо ҳусни сират

Ҳосил он ки: инсон бо он ки бархӯрдор аст аз фазилати инсоният ва ашраф аст аз куллияи мавҷудоти олами табиат, агар мунзамм гардад ба ин фазилат эътидоли қомат ва некии сират ва ҳусни сурат — ки дар воқеъ аз осори зуҳури илоҳӣ ва ношӣ аз тақвими табиат ва хубии мизоҷи ӯст — мерасонад некии замир ва ҳусни сират ва сафои ботини ӯро. Барои ҳамин нукта аст, ки Пайғамбари Акрам (с) фармуд:

اطلبوا حوائجكم عند حسان الوجوه

(“Ҳоҷатҳоятонро аз хубрӯён бихоҳед” (Қазоул-ҳавоиҷ, Ибни Абиддунё, 1/58, Ашшомила)

Ин фармоиши ҳазрати Расули Акрам (с) мерасонад, ки ҳусни зоҳир (маъмулан) далел ва кошиф аз хубии ботин аст. Ва мӯҳтамал аст дар баъзе авқот шахсе муттасиф ба қабоҳати манзар бошад ва аммо аз ҳайси ахлоқ ва сират некӯ ва писандида, шояд, ки дар ин маврид зиштии он аслӣ ва бар хилқати аввалия набошад, балки ба сабаби аворизи хориҷӣ падид омадааст ва ё он ки хубии сираташ аслӣ ва фитрӣ набудааст ва лекин ҳусни муошират ва ихтилот бо некон, дар ӯ таъсир намуда ва ӯро аз сирати аввалияаш мунқалиб сохта.

Ва баръакси ин фарз ҳам мумкин аст воқеъ шавад, ки: аз ҷиҳати сурат некӯст ва лекин аз ҳайси сират зишт ва нописанд аст. Ин ҳам ду ҷиҳат метавон барояш зикр намуд: ё он аст, ки қабоҳати сират дахолат дар зоти ӯ надошта, балки бар тибқи хилқат ва фитрат хуб ва писандида буда ва лекин ба сабаби оризе аз авориз ҳосил шудааст ва ё ин ки шояд дар асари муошират бо бадон, барои ӯ одати сонавӣ гардида.

Ҳосил ва натиҷа он ки: се чиз аст, ки ба дунболи ишқ ба суратҳои ҳасана (ва зебо), мумкин аст падид ояд: аввал муонақа (дар оғӯш кашидан), дуввум тақбил (бӯса), севвум мубоаза (ҷимоъ ва омезиши ҷинсӣ). Аммо шиққи севвум, мусаллам аст, ки ин наҳв аз ишқ ихтисос ба ҷанбаи ҳайвонӣ дорад ва қувваи нотиқаро дар ӯ дахолат нест, магар он ки бар сабили қонуни шаръ ба тариқи издивоҷ сурат гирад. Ва чун манзур бақои насл ва ҳифзи навъ аст, ҳамон тавре ки аз пеш баён кардем, қувваи нотиқа дар ин қисм саҳим ва шарики қувваи ҳайвонӣ аст. Ва аммо қисми аввал ва дуввум, ҳар гоҳ ба яқин донист, ки аз рӯйи шубҳа ва шаҳват нест ва соҳати ӯ аз тӯҳмат холӣ ва мубаррост ва фақат наздикӣ ба маъшуқ аст, на изҳори мункар ва мутаъарриз шудан ба фаҳшо, дар ин сурат мисоли бӯсидани авлод аст ва муонақа бо онҳо аз рӯйи муҳаббати табиӣ ва ҳубби зотӣ, ки аз тарафи маъшуқи ҳақиқӣ дар вуҷуди умуми ҷунбандагон сиришташуда ва фитрӣ аст.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1)

الفصل الخامس فى عشق الظرفاء والفتيان للأوجه الحسان

يجب أن تقدم امام غرضنا فى هذا الفصل مقدمات أربع

(إحداهما) ان كل واحد من القوى النفسانية مهما انضم اليها قوة أعلى منها فى الشرف احتازت بانضمامها اليها وسريان البهاء اليها زيادة صقولة وزينة حتى تصير بذلك أفاعيلها البارزة عنها زائدة على ما يكون لها بانفرادها إما بالعدد واما بحسن الاتقان ولطف المأخذ والرجاء فى الانتهاء الي الغرض اذ كل واحدة من علاها لها قوة على تأييد السافل وتقويته وذب الضرر عنه تأييدا وذبا يوفيها من جهة قبولها زيادة بهاء وكمال وكذلك تصريفاتها اياها فى وجوه الاستعانات مما يفيدها الحسن والسناء كتأييد الشهوانية من الحيوان للنباتية وذب الغضبية عنها فى أمر نقص مادتها دون منتهاها الغريزى فى الذبول والاضرار لها وكتوفيق النطقية للحيوانية فى مقاصدها كافادتها لها اللطافة والبهاء فى الاستعانة بها فى أغراضها ولهذا ما توجد القوة الحسية والشوقية فى الانسان قد يتعدى طورها فى أفعالها حتى أنها قد تتعاطى فى أفاعيلها مقاصد لن يقوم بالوفاء بها الا صريح القوة النطقية ومثل ذلك فى القوة الوهمية فان القوة النطقية قد تستصرفها فى بعض وجوه درك مطلوبها بوجه استعانة فتستفيد من انعطاف النطقية عليها زيادة قوة وجسور حتى أنها تتراءى بنيل المطلوب دونها بل تتعصى عليها وتتحلى بشيمها وعلامتها وتدعى دعواها وتتوهم فوزها بتصور المعقولات ما يسكن اليه النفس ويطمئن اليه الذهن كعبد السوء يوعز اليه مولاه باعانته فى سانحة له مهمة عظيمة الفائدة عند النيل فيرى أنه ظفر بالمطلوب دون مولاه وان مولاه قاصر عن ذلك بل هو المولى فى الحقيقة من غير أن يكون ظفر البتة بالمرام الذي تكلف مولاه تحصيله ولا يشعر به — وكذلك الحال فى القوة الشوقية من الانس وهذا أحد علل الفساد الا أنه ضرورى الوجود فى الوضع المطلوب فيه الخير وليس له من الحكمة ترك خير كثير لأجل عادية شر بسير بالاضافة اليه

(والثانية) ان الانسان قد يصدر عن مفرد نفسه الحيوانية أفعال وتنفعل بمفردها انفعالات كالاحساس والتخيل والجماع والمواثبة والمحاربة الا أن نفسه الحيوانية لما اكتسبت من البهاء بمجاورة الناطقة تفعل هذه الأفاعيل بنوع أشرف وألطف فتتأثر فى المحسوسات ما كان على أحسن مزاج وأقوم تركيب ونسبة مما لا تتنبه الحيوانات الأخر له فضلا عن أن يستأثرها وكذلك يتصرف بقوة المتخيلة في أمور لطيفة بديعة حتى يكاد يضاهى بذلك صريح العقل ويتخير لموافقة أهل الجمال والكمال والاعتدال والخيال فى الأفاعيل الغضبية حيلا متنوعة يسهل له بها احراز التغلب والظفر وقد يظهر أيضا من ذاته آثار الأفاعيل بحسب اشتراك النطقية والحيوانية كتصريف قوته النطقية قوته الحسية لتنزع من الجزئيات بطريق الاستقراء أمورا كلية وكاستعانته بالقوة المتخيلة فى تفكره حتى يتوصل بذلك الى ادراك غرضه فى الأمور العقلية وكتكليفه القوة الشهوانية المباضعة من غير قصد ذاتى الى مفرد اللذة بل للتشبه بالعلة الأولى فى استبقاء الأنواع وخصوصا أفضلها أعنى النوع الانسانى وكتكليفه إياها المطعم والمشرب لا بكيف ما اتفق بل على الوجه الاصوب من غير قصد الى مجرد اللذة لكن لاعانة الطبيعة المسخرة على استبقاء شخص أفضل الانواع أعنى الشخص الانسانى. وكتكليفه القوة الغضبية منازعة الأبطال واعتناق القتال لاجل ذب عن مدينة فضيلة أو أمة صالحة وقد تصدر منه أفاعيل عن صميم قوته النطقية مثل تصور المعقولات والنزاع الى المهمات وحب الدار الآخرة وجوار الرحمن

(والثالثة) ان فى كل واحد من الأوضاع الإلهية خيرية وكل واحدة من الخيرات مأثورة لكن فى الأمور الخيرية الدنيوية ما ربما يضر إيثاره بما يعلوه فى المرتبة* مثاله فى الأمور المتعارفة ان الاستلذاذ بالتوسعة فى الانفاق وان كان مأثورا فانه يجتنب لاضرار بمأثور فوقه وهو خصب ذات اليد ووفور المال، ومثال آخر من مصالح الأبدان شرب أوقية من الأفيون وان كان فيه مأثور وخير لتسكين الرعاف فانه مطرح لأجل إضراره بمأثور فوقه وهو الصحة المطلقة والحياة وكذلك الأمور الخاصة بالنفس الحيوانية اذا اعتبرت في الحيوان الغير الناطق بنوع الافراط وان لم يعد من جملة الشر بل عد ذلك فضيلة فى قواها فلاضراره بالقوة النطقية كما أشرنا اليه فى رسالتنا الموسومة بالتحفة معدودة من جملة المثالب فى الانسان ويستحق الاجتناب والهجران

(والرابعة) أن النفس النطقية والحيوانية أيضا لجوارها للنطقية أبدا تعشقان كل شي‏ء من حسن النظم والتأليف والاعتدال مثل المسموعات الموزونة وزنا متناسبا والمذوقات المركبة من أطعمة مختلفة بحسب التناسب وما شابه ذلك، أما النفس الحيوانية فبنوع توليد طبيعى، وأما النفس الناطقة فانها اذا استعدت بتصور المعانى العالية على الطبيعة وعرفت أن كلما قرب من المعشوق الأول فهو أقوم نظاما وأحسن اعتدالا وبالعكس أن ما يليه أفوز بالوحدة وتوابعها كالاعتدال والاتفاق وما يبعد عنه أقرب الى الكثرة وتوابعها كالتفاوت والاختلاف على ما أوضحه الإلهيون فمهما ظفرت بشي‏ء حسن التركيب لاحظته بعين المقه

فاذا تقرر هذه المقدمات (فنقول:) ان من شأن العاقل الولوع بالمنظر الحسن من الناس وقد يعد ذلك منه فى بعض الأحايين تظرفا وفتوة وهذا الشأن إما أن يختص بالقوة الحيوانية واما أن يختص بحسب الشركة لكنه لو كان مختصا بالقوة الحيوانية لما عده العقلاء تظرفا وفتوة اذ من الحق ان الشهوات الحيوانية اذا تناولها الانسان تناولا حيوانيا فهو متعرض للنقيصة ومضر بالنفس النطقية ولا هو مما يختص بالنفس النطقية اذ مقتضيات شغلها هى الكليات العقلية الأبدية لا الجزئيات الحسية الفاسدة فاذن ذلك بحسب الشركة

وبيان ذلك بوجه آخر ان الانسان اذا أحب الصورة المستحسنة لأجل لذة حيوانية فهو مستحق اللوم بل الملامات والاثم مثل الفرقة الزانية المتلوطة* وبالجملة الأمة الفاسقة ومهما أحب الصورة المليحة باعتبار عقلى على ما أوضحناه عدّ ذلك وسيلة الى الرفعة والزيادة فى الخيرية لولوعه بما هو أقرب فى التأثير من المؤثر الاوّل والمعشوق المحض وأشبه بالأمور العالية الشريفة وذلك مما يؤهله لان يكون ظريفا وفتى لطيفا ولذلك لا يكاد أهل الفطنة من الظرفاء والحكماء ممن لا يسلك طريقة المتعشقين والإنجاح يوجد خاليا عن شغل قلبه بصورة حسنة انسانية وذلك أن الانسان مع ما فيه من زيادة فضيلة الانسانية اذا وجد فائزا بفضيلة اعتدال الصورة التي هى مستفادة من تقويم الطبيعة واعتدالها وظهور أثر إلهى فيها جدا استحق لان ينتحل من ثمرة الفؤاد مخزونها ومن صفىّ صفاء الوداد أطيبه مكنونه

ولذلك قال النبي صلى اللّه عليه وسلم: «أطلبوا الحوائج عند حسان الوجوه» نصا منه أن حسن الصورة لا يوجد الا عند جودة التركيب الطبيعى وأن جودة الاعتدال والتركيب مما يفيد طيبا فى الشمائل وعذوبة فى السجايا وقد يوجد أيضا واحد من الناس قبيح الصورة حسن الشمائل وذلك لا يخلو من عذرين إما أن يكون قبح الصورة لم يحصل بحصول قبح الاعتدال فى أول التركيب داخلا بل بفساد عارضا خارجا وإما أن يكون حسن الشمائل لا بحسب الطباع بل بحسب الاعتياد وكذلك قد يوجد حسن الصورة قبيح الشمائل وذلك أيضا لا يخلو من عذرين إما أن يكون قبح الشمائل عارضا بعوارض في الطباع بعد استحكام التركيب أو يكون ذلك لاعتياد قوى، وعشق الصورة الحسنة قد تتبعه أمور ثلاثة: (أحدها) حب معانقتها، (والثاني) حب تقبيلها، (والثالث) حب مباضعتها، فاما حب المباضعة فمما يتعين عنده ان هذا العشق ليس الا خاصا بالنفس الحيوانية وان حصتها فيه زائدة وانها على مقام الشريك بل المستخدم لا على مقام الآلة وذلك قبيح جدا بل لن يخلص العشق النطقى ما لم تنقمع القوة الحيوانية غاية الانقماع ولذلك بالحرى أن يتهم العاشق اذا راود معشوقة بهذه الحاجة اللهم الا أن تكون هذه الحاجة منه بضرب نطقى أعنى ان قصد به توليد المثل وذلك فى الذكر محال وفى الانثى المحرمة بالشرع قبيح بل لا ينساغ ولا يستحسن الا لرجل فى امرأته أو فى مملوكته، وأما المعانقة والتقبيل فاذا كان الغرض فيهما هو التقارب والاتحاد وذلك لان النفس تود أن تنال معشوقها بحسها اللمسى ونيلها له بحسها البصرى فتشتاق الى معانقته وتنزع الى أن يختلط نسيم مبدإ فاعلية نفسانية وهو القلب بنسيم مثلها فى المعشوق فتشتاق الى تقبيله فليسا بمنكرين فى ذاتهما لكن استتباعهما بالعرض أمورا شهوانية فاحشة توجب التوقى عنهما الا اذا تيقن من متوليهما خمود الشهوة والبراءة عن التهمة ولذلك لم يستنكر تقبيل الاولاد وان كان مبدأه مزعجا لتلك اذ كان الغرض فيه التدانى والاتحاد لا الهم بالفحش والفساد فمن عشق هذا الضرب من العشق فهو فتى ظريف وهذا العشق تظرف ومروة

* * *

Қисматҳои дигари “Рисолаи ишқ”

Реклама


Рубрики:Ирфони назарӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: