“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (5)

Бахши панҷум

Матни рисола:

Фасли шишум:

Дар баёни ишқи нуфуси илоҳия ва ин ки иллати уло хайри мутлақ ва дорои ҷамиъи хайрот ва маъшуқи нуфуси илоҳия аст

Дар ин фасл ҳам се муқаддимаи мухтасар лозим аст, ки қабл аз вуруд ба мақсуд гуфта шавад:

Муқаддимаи аввал он аст, ки ҳар як аз мавҷудоти зинда ҳар гоҳ идроки хайре намоянд ва ё он ки ноил ба хайре шаванд, бар тибқи ҷибиллат ва табиат, ошиқи он хайр мебошанд, аз қабили ишқи нуфуси ҳайвонӣ ба суратҳои ҷамила.

Муқаддимаи дуввум: ҳар як аз мавҷудоте, ки дорои вуҷуди ҳақиқӣ ҳастанд ҳар гоҳ идрок карданд бо идроки ҳиссӣ ва ё ақлӣ ё он ки ҳидоят шуданд ба ҳидояти табиӣ ба сӯйи он чи, ки барои бақои вуҷуди онҳо муфид ва дорои манфиат аст, он ҳам ошиқи он чиз аст бар тибқи табиат ва фитрат, мисли ишқи куллияи ҳайвонот ба ғизо ва ё ишқи волидайн ба авлод.

Муқаддимаи севвум: ҳар гоҳ собит шавад назди касе, ки мавҷуде аз мавҷудоти олам муфид ба ҳоли ӯст — бо ташаббуҳ ба ӯ ва ё ба воситаи тақарруб ва ихтисос ба ӯ — он ҳам қаҳран бар тибқи табиат, муштоқ ва моил аст ба ӯ, мисли ишқи коргузорон ба волиёни худ.

Ин се матлаб, ки маълум шуд, акнун мегӯем:

Нуфус ба тариқи мутлақ – чӣ башария бошад ё малакия — шоиста ва сазовор нест, ки бар онҳо сифати илоҳият гуфта шавад, магар он ки фоиз шаванд ба маърифати Ҳақ Таъоло; зеро ки иттисофи ин нуфус ба сифати камол вақте аст, ки иҳота намоянд ба маъқулоти маълула, ва роҳе нест ба шиносоии маъқулоти маълула магар пас аз ин ки шинохта бошанд иллатҳои ҳақиқияро хусусан иллати улоро, ҳамон тавре ки мо дар садри мақолаи аввали китоби “Самои табиӣ” ин матлабро баён кардем. Ва иллати уло хайри маҳз аст, ҳарчанд он чи, ки дорои вуҷуд шуд, орӣ аз хайрият нест ва лекин чун вуҷуди ҳақиқии маҳз фақат иллати улост, пас хайрияти ӯ зотӣ аст ва мустафод аз ғайр нест.

Зеро агар мустафод аз ғайр бошад, аз ду қисм хориҷ нест: ё он аст, ки вуҷуди хайрият зарурӣ аст дар қивоми вуҷуди ӯ, ё зарурӣ нест. Агар хайрият лозим ва зарурӣ дар қивоми вуҷуди иллати уло бошад, лозим меояд, ки ифодакунандаи хайрият иллат бошад барои қивоми иллати уло, ва иллати уло иллат бошад барои хайрият. Ва ин хулф аст. Ва агар хайрият ғайри зарурӣ дар қивоми вуҷуди ӯ бошад, ин ҳам маҳол аст аз ду роҳ: яке он ки агар мо фарз кунем рафъи ин хайриятро аз зоти иллати уло, бадеҳӣ аст, ки боз зоти ӯ мавсуф ба хайрият аст. Муҷаддадан суолро такрор мекунем, ки ин хайрият оё воҷиби зотӣ аст ё мустафод ва муктасаб аз ғайр аст? Агар мустафод аз ғайр бошад, боз аввали сухан аст, ки дар ин сурат лозим меояд биравад то бениҳоят, ва ин маҳол аст. Пас, хайрият зотии ӯст, ки матлуб ҳам ҳамин аст.

Дуввум он аст, ки мегӯем: истифода кардани иллати уло аз хайрият, ки на зотии ӯ бошад ва на зарурӣ дар қивоми зоташ, маҳол аст, ба ҷиҳати он ки воҷиб аст, ки иллати уло ҷомеи ҷамиъи хайрот ва манбаи тамоми камолот бошад. Зеро агар чунин набошад, лозим меояд, ки мустафид аз ғайр бошад ва ҳол он ки ғайре нест, магар он ки маълули ӯст, ки лозим меояд маълул муфиди иллат шавад. Ва чун ин маҳол аст, пас хайрият лозими зоти ӯст ва маълулот истифодаи хайрият аз иллати уло менамоянд ва дар иллати уло ба ҳеч ваҷҳ нуқсоне мутасаввар нест, ба ҷиҳати он ки агар дорои нақсе бошад, ночор дар муқобили он нуқсон бояд камоле тасаввур кард. Ин камоли мутасаввар аз ду қисм хориҷ нест: ё вуҷудаш ғайри мумкин аст ва ё мумкин. Агар ғайри мумкин бошад, пас муқобили он нақсе нест; зеро ки нақс адами камоле аст, ки вуҷудаш мумкин бошад, ва мо фарз кардем, ки ғайри мумкин аст. Ин хулф аст. Ва агар вуҷуди он камол, ки дар муқобили нақс аст, мумкин бошад, мусаллам аст, ки ҳар гоҳ сифати камолия дар мавсуфе нест ва мо бихоҳем тасаввури имкони онро намоем, бояд аввалан тасаввур кунем иллати падид омадани он сифатро дар он мавсуф, ва ҳол он ки мо гуфтем, барои иллати уло ба ҳеч ваҷҳ иллат нест. Пас, он камолеро, ки мо мумкин фарз кардем, чун мумкин нашуд, дар муқобили он, нуқсоне наметавон тасаввур кард.

Акнун маълум шуд, ки иллати уло дорост ҷамиъи хайротро ва барои ӯ имконе ҳам мавҷуд нест. Пас, иллати уло хайри мутлақ аст, ҳам бар тибқи ҳоққи зоти худ ва ҳам ба изофа ба сӯйи ҷамиъи мавҷудот; зеро ки ӯст сабаби аввал барои бақо ва қивоми мумкинот, ва онҳо муштоқ ва ошиқанд ба камолоти иллати уло, ва ӯст, ки аз ҷамиъи ҷиҳот ва ба тамоми ҳайсиёт хайри мутлақ аст. Ва мо аз пеш гуфтем, касе, ки идрок намояд хайреро қаҳран ошиқи он хайр аст, пас иллати уло маъшуқ аст барои нуфуси мутааллиҳа, ва он нуфус аъамм аз он аст, ки башарӣ бошад ё малакӣ, чун камолоташон ба он аст, ки бар тибқи тавоноии худ тасаввури маъқулот намоянд ба ҷиҳати ташаббуҳ ба зоти хайри мутлақ, ва барои он ки содир шавад аз онҳо афъоли адолат аз қабили фазоили башария ва мисли таҳрики нуфуси малакия барои ҷавоҳири илвия, ки талабкунандаанд бақои мавҷудоти олами кавну фасодро ба ҷиҳати ташаббуҳ ба зоти хайри мутлақ ва барои тақарруб ба ӯ ва истифодаи камол ва фазилат аз ҷаноби ӯ.

Пас, маълум ва равшан гардид, ки хайри мутлақ маъшуқи ин нуфус аст ва ин нуфус ҳам ба воситаи нисбат ва ташаббуҳ ба ӯ ва ишқ ба ҷаноби ӯ, мавсуманд ба нуфуси мутааллиҳа. Ва ин ишқ дар нуфусе, ки муттасиф ба сифати тааллуҳ мебошанд, собит ва ғайри зоил аст; зеро ки барои нуфус ду ҳолат мутасаввар аст: яке доро будани камол, ва дигаре истеъдод барои вусул ба он. Шиққи дуввум дар нуфуси малакӣ мутасаввар нест, балки ихтисос ба нуфуси башарӣ дорад, ки сабаби ишқи ғаризии онҳост барои вусул ба камоли он маъқулоте, ки камоли хоссаи маъқули аввал аст; зеро маъқули аввал, ки иллат аст барои ҳар маъқуле, аъамм аз он ки маъқул дар нуфус бошад ва ё мавҷуд дар хориҷ, ночор барои ӯ ҳам ишқи ғаризӣ аст, аввалан нисбат ба ҳаққи мутлақ, ва сониян нисбат ба соири маъқулот; зеро ки агар дорои ин ишқи ғаризӣ набошад, лозим меояд, ки вуҷуди ӯ ба ҷиҳати истеъдод ба камоли хоссаш муъаттал ва бефоида бошад. Пас, маълум ва равшан шуд: вуҷуди Ҳақ, ки хайри маҳз аст, маъшуқи ҳақиқӣ аст барои нуфуси башарӣ ва малакӣ. (1)

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1)

 الفصل السادس فى ذكر عشق النفوس الالهية

كل واحد من الأشياء الحقيقة الوجود اذا أدرك أو نال نيلا من الخيرات فانه يعشقه بطباعه عشق النفوس الحيوانية للصور الجميلة، وأيضا كل واحد من الأشياء الحقيقة الوجود اذا أدرك إدراكا حسيا أو عقليا واهتدى اهتداء طبيعيا الى شي‏ء مما يفيده منفعة فى وجوده فانه يعشقه فى طباعه لا سيما اذا كان الشي‏ء مفيدا له خاص الوجود مثل عشق الحيوان للغذاء والولدين للوالد

وأيضا كل شي‏ء اذا تحقق أن شيئا من الموجودات يفيده التشبه به والتقرب والاختصاص به زيادة فضيلة ومزية فانه يعشقه بطباعه عشق العامل لوليه ثم النفوس الالهية من البشرية والملكية لا يستحق إطلاق التأله عليها ما لم تكن فائزة بمعرفة الخير المطلق اذ من البين أن هذه النفوس لن توصف بالكمال الا بعد الاحاطة بالمعقولات المعلولة ولا طريق الى تصور المعقولات المعلولة ما لم يتقدم عليها معرفة العلل الحقيقية وخاصة العلة الاولى على ما أوضحناه في تفسيرنا صدر المقالة الاولي من كتاب السماع الطبيعى كما لا سبيل الى وجود المعقولات ما لم يتقدم عليها وجود ذوات العلل وخاصة العلة الاولى. والعلة الاولي الخير المحض المطلق بذاته وذلك لأنه كما كان يطلق عليه الوجود الحقيقى وكل واحد مما له وجود فان حقيقته لا تعرى عن خيرية. ثم الخيرية إما أن تكون مطلقة ذاتية أو مستفادة فالعلة الاولى خير وخيريته اما أن تكون ذاتية مطلقة أو مستفادة لكنها ان كانت مستفادة لم تخل من قسمين إما أن يكون وجودها ضروريا فى قوامه فيكون مفيدها علة لقوام العلة الاولى والعلة الاولى علة لها وهذا خلف واما أن يكون غير ضرورى فى قوامه وهذا محال أيضا على ما نوضحه آنفا لكننا ان أعرضنا. عن ابطال هذا القسم فان المطلوب قائم وذلك لانا اذا رفعنا هذه الخيرية عن ذاته فمن الواضح أن ذاته تبقى موجودة وموصوفة بالخيرية وتلك الخيرية إما أن تكون واجبة ذاتية أو مستفادة فان كانت مستفادة فقد تمادى الأمر الى ما لا يتناهى وذلك محال وان كانت ذاتية فهو المطلوب. وأقول أيضا انه من المحال أن تستفيد العلة الاولى خيرية غير ذاتية فيها. ولا ضرورية فى قوامها. وذلك لأن العلة الاولى يجب أن يكون فائزا فى ذاته بكمال الخيرية من أجل ان العلة الاولى ان لم يكن فى ذاته مستوفيا لجميع الخيرات التي هى بالاضافة اليه حقيقة باطلاق سمة الخيرية عليها ولها امكان وجود فهو مستفيدها من غيره ولا غير له الا معلولاتها فاذن مفيده معلوله ومعلوله لا خير له وفيه ومنه الا مستفادا عنه. فاذن معلوله ان أفاده خيرية فانما يفيده خيرية مستفادة عنه لكن الخيرية المستفادة من العلة الاولى انما هى من المستفيد فاذن هذه الخيرية ليست فى العلة الاولى بل في المستفيد. وقد قيل انها فى الاولى وذلك خلف. والعلة الاولى لا نقص فيها بوجه من الوجوه وذلك لأن الكمال الذي بازاء ذلك النقص اما أن يكون وجوده غير ممكن فلا يكون اذن بازائه نقص اذ النقص هو عدم الكمال الممكن الوجود واما أن يكون وجوده ممكنا ثم الشي‏ء الذي ليس فى شي‏ء ما اذا تصور امكانه تصور معه علة تحصيله فى الشي‏ء الذي هو ممكن فيه وقد قلنا انه لا علة للعلة الاولى فى كماله ولا بوجه من الوجوه فاذن هذا الكمال الممكن ليس بممكن فيه وأذن ليس بازائه نقص فان العلة الاولى مستوفية لجميع ما هو خيرات بالاضافة اليها. وان الخيرات العالية التي هى خيرات من جميع الوجوه لا بالاضافة وهى الخيرات التي بالاضافة اليها خيرات مستوفاة لها فقد اتضح ان العلة الاولى مستوفية لجميع الخيرية التي هى بالاضافة اليها خيرية وليس لها امكان وجود. فقد اتضح أن العلة الاولى خير فى ذاتها وبالاضافة الى سائر الموجودات أيضا اذ هى السبب الأول لقوامها وبقائها على أخص وجوداتها واشتياقها الى كمالاتها فاذن العلة الاولى خير مطلق فى جميع الوجود. وقد كان اتضح أن من أدرك خيرا فانه بطباعه يعشقه فقد اتضح أن العلة الاولى معشوقة للنفوس المتألهة. وأيضا فان النفوس البشرية والملكية لما كانت كمالاتها بأن تتصور المعقولات على ما هى عليها بحسب طاقتها تشبها بذات الخير المطلق وأن تصدر عنها أفاعيل هى عندها وبالاضافة اليها عادلة كالفضائل البشرية وكتحريك النفوس الملكية للجواهر العلوية توخيا لاستبقاء الكون والفساد تشبها بذات الخير المطلق وانما تأتى هذه التشبهات لتحوز بها القرب من الخير المطلق ولتستفيد بالتقرب منه الفضيلة والكمال وان ذلك بتوفيقه وهى متصورة لذلك منه وقد قلنا ان مثل هذا عاشق للمتقرب منه فواجب على ما أوضحناه سالفا أن يكون الخير المطلق معشوقا لها أعنى لجملة النفوس المتألهة. وأيضا فان الخير المطلق لا شك أنه سبب لوجود ذوات هذه الجواهر الشريفة ولكمالاتها فيها اذ كمالها انما هو بأن تكون صورا عقلية قائمة بذواتها وانها لن تكون كذلك الا بمعرفته وهى متصورة لهذه المعانى منه وقد قلنا ان مثل هذا عاشق لمثل هذا السبب فبين على ما أوضحناه سابقا أن الخير المطلق معشوق لها أعنى لجملة النفوس المتألّهة وهذا العشق فيها غير مزائل البتة وذلك لانها لا تخلو من حالتى الكمال والاستعداد وقد أوضحنا ضرورة وجود هذا العشق فيها حالة كمالها. وأما حالة استعدادها فلن توجد الا فى النفوس البشرية دون الملكية لفوز الملكية بالكمال ما وجدت وقد وجدت وهى أعنى النفوس البشرية بحالة الاستعداد لها شوق غريزى الى معرفة المعقولات التي هى كمالها وخاصة ما هو أقيد فيه للكمال عند تصوره وأهدى الى تصور ما سواه- وهذه صفة المعقول الأول هو علة لكون كل معقول سواه معقولا فى النفوس وموجودا فى الاعيان ولا محالة أن لها عشقا غريزيا فى ذاتها للحق المطلق أولا ولسائر المعقولات ثانيا والا فوجودها على استعدادها الخاص بكمالها معطل فاذن المعشوق الحق للنفوس البشرية والملكية هو الخير المحض

* * *

Қисматҳои дигари “Рисолаи ишқ”



Рубрики:Ирфони назарӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: