Шарҳи Маснавӣ (164)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (6)

* * *

Суол кардани расули Рум аз амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу (1)

* * *

Мавлоно дар ин фасл чигунагии пайвастани руҳи қудсӣ ба колбади унсуриро матраҳ мекунад.

Мард гуфташ: Эй амиралмӯъминин!

Ҷон зи боло чун даромад дар замин?

Фиристодаи Рум ба Умар гуфт: Эй солори мӯъминон! Ҷон (руҳи қудсӣ) чӣ гуна аз олами барин ба замин омад?

Нукта: Ҳамон тавр ки гуфта шуд, Мавлоно ва ҷамъе аз фалосифа ва сӯфия мегӯянд, нафси нотиқаи инсонӣ ё ҳамон руҳи латифи муҷаррад, дар оғози вуҷудаш пок ва руҳонӣ буда ва ба олудагиҳои моддӣ ва шоибаҳои дунявӣ дарнаёмехта будааст. Ҷон дар ин ҷо муодили нафси нотиқаи инсонӣ аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.463)

Мурғи беандоза чун шуд дар қафас?

Гуфт: Ҳақ бар ҷон фусун хонду қасас.

Фиристодаи Рум гуфт: Ин парандаи беҳадду карона — яъне ҷон, ки воқеан дар андоза ва миқёс дарнамегунҷад — чӣ тавр шуд, ки ба қафаси колбад даромад? Умар гуфт: Ҳазрати Ҳақ Таъоло бар ҷонҳо афсунҳо ва ҳикоятҳое хонд ва ӯро ба олами табиати моддӣ даровард.

Нукта: Бархе аз ҳукамо ва мутакаллимон сабаби таъаллуқи нафс ба баданро ниёзи ӯ ба такомул аз тариқи ҳавосси зоҳирӣ ва ботинӣ донистаанд. Ба ҳар ҳол, сабаби таъаллуқи руҳ ба ҷисм ва омаданаш ба ин ҷаҳони носут ҳамчунон пӯшида ва розолуд аст ва касе “нагушуду нагушояд ба ҳикмат ин муамморо”. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.464)

“Хондани фусуну қасас”-ро Лоҳурӣ ва Акбарободӣ киноя аз калимаи “Кун”-и вуҷудия донанд, ки ба шаҳодати ояти 117 сураи Бақара ва ояти 47 ва 59 сураи Оли Имрон ва ояти 40 сураи Наҳл ва ояти 35 сураи Марям ва ояти 82 сураи Ёсин ҳар гоҳ Худованд ба чизе гӯяд: “Ҳаст шав”, дар ҳамон дам ҷомаи ҳастӣ пӯшад. (Ҳамон манбаъ)

Бар адамҳо, к-он надорад чашму гӯш,

Чун фусун хонад, ҳаме ояд ба ҷӯш.

Агар ҳазрати Ҳақ бар адамҳо, ки чашму гӯше надоранд, афсун бихонад, он адамҳо ба ҷӯшу талотум афтанд ва ба арсаи вуҷуд дароянд.

Нукта: Мурод аз “адам” дар ин ҷо нақизи вуҷуд ва нести мутлақ нест, балки мутобиқи машраби Ибни Арабӣ, мурод мавҷудот аст, ки дар илми ҳазрати Ҳақ ба сурати айн собит бошанд ва он гоҳ аз мартибаи илмӣ ба мартибаи айнӣ дароянд.

Аз фусуни ӯ адамҳо зуд-зуд,

Хуш муъаллақ мезанад сӯйи вуҷуд.

Ба сабаби афсуни Худованд адамҳо фавран ҷомаи ҳастӣ пӯшанд ва рақскунон ба сӯйи ҷаҳони ҳастӣ сарозер шаванд.

Боз бар мавҷуд афсуне чу хонд,

З-ӯ дуасба дар адам мавҷуд ронд.

Ҳақ Таъоло вақте дубора бар мавҷудот афсуне хонад, он мавҷудот шитобон ба сӯйи адам мешитобанд.

Дуасба рондан: Киноя аз шитобон рафтан.

Нукта: Ҳақ Таъоло ба иқтизои “муҷид” (падидоваранда) будан, мавҷудотро меофаринад ва ба иқтизои исми “мумит” (фанокунанда), мавҷудотро ба фано мебарад.

Гуфт дар гӯши гулу хандон-ш кард,

Гуфт бо сангу ақиқи кон-ш кард.

Ҳақ Таъоло ба гӯши гул розе гуфт ва хандону шодмонаш кард. Ва ба санг низ розе гуфт ва онро дар маъдан ба ақиқ мубаддалаш кард.

Ақиқ: Қисмате аз булӯри маъданӣ, ки ба рангҳои мухталиф дарояд. Ақиқро анвоъест, ки марғубтарини он зарди шаффоф аст. Ақиқ бо худ доштанро ба фоли нек гиранд.

Нукта: Мурод аз “роз гуфтани Ҳақ дар гӯши гул” таҷаллии Ҳақ бо исми “латиф” дар гул аст. Зеро ҳар як аз мавҷудот мазҳари асмоуллоҳ ҳастанд. Ӯ дар ҳар мартиба аз маротиби ҳастӣ ва дар ҳар ҳазрат аз ҳазароти вуҷуд мутобиқи шаъни он мартиба таҷаллӣ мекунад ва ба сурати мазоҳир зоҳир мешавад. Ва мо ӯро ба воситаи мазоҳир шуҳуд мекунем, зеро кунҳи зоти илоҳӣ бо ҳеч ақлу фаҳме идрок нашавад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.465)

Гуфт бо ҷисм ояте, то ҷон шуд ӯ,

Гуфт бо хуршед, то рахшон шуд ӯ.

Ҳақ Таъоло ба ҷисм ояте хонд, яъне бар ҷисм таҷаллӣ кард ва онро соҳиби ҷон сохт. Ва низ бар хуршед ҳам ояте хонд, яъне бо исми “нур” таҷаллӣ кард ва хуршед падид омад.

Нукта: Урафо Худовандро “фоъили биттаҷаллӣ” донанд. Ва он, фоъиле аст, ки феълаш ба наҳви татаввур ва зуҳури ӯст ва ба суратҳои ашё. (Машоъир, с.204) Ин матлаб дар абёт ва амсоли баъдӣ баст ёфтааст.

Боз дар гӯшаш дамад нуктай махуф,

Дар рухи хуршед афтад сад кусуф.

Ҳамчунин вақте ки ҳазрати Ҳақ бо исми “қобиз” бар хуршед таҷаллӣ мекунад, нури хуршедро мегирад ва кусуфи фаровоне бар хуршед меафтад.

Махуф: Тарснок.

То ба гӯши абр, он гӯё чӣ хонд?

К-ӯ чу машк аз дидаи худ ашк ронд.

Худованде, ки соҳиби калом аст, бар гӯши абр чӣ гуфт, ки абр монанди машк ашк рехт ва қатароти борон монанди ашк аз чашмонаш равон шуд?

Нукта: Ташбеҳи абр дар резиш ба машк дар абёти арабӣ мутадовал аст, назири:

أتى مطر كأفواه القرب

Бороне омад монанди даҳони машкҳо, ки бозаш кунанд”.

То ба гӯши хок Ҳақ чӣ хондааст?

К-ӯ муроқиб гашту хомӯш мондааст.

Ҳақ Таъоло ба гӯши хок (замин) чӣ гуфт, ки хок сокин ва хамӯш ҳамчун аҳли муроқаба сар дар ҷайби сукут фурӯ бурд?

Нукта: Панҷ шиш байти ахир нозир будааст ба масъалаи “нафаси раҳмонӣ” (ба қавли сӯфия) ва “вуҷуди мунбасит” (ба қавли ҳукамо).

“Муроқиб” ба солике гӯянд, ки дар ҳоли муроқаба бошад. Муроқаба ба суратҳои мухталифе анҷом мешавад. Як сурати он ин аст, ки солик зонуҳои худро ба сина ва шикамаш мечаспонад ва сари худро бар зону мениҳад ва ҳайъаташ гирду мудаввар мешавад ва сокит ва беҳаракат ба зикри хафӣ мепардозад. Дар ин ҷо маҷозан лафзи “муроқиб” васфи замин воқеъ шудааст. Зеро замин низ хамӯш ва гулӯлавор аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.466)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: