“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (6)

Бахши шишум (поёнӣ)

Матни рисола:

Фасли ҳафтум:

Дар хотимаи фаслҳо ва ин ки ҳамаи мавҷудоти олам ошиқи хайри мутлақанд

Мехоҳем дар ин хотима, ки натиҷаи фаслҳост, чанд матлаб баён намоем:

Матлаби аввал: Ҳамон тавре ки аз пеш гуфтем, куллияи мавҷудоти олам ошиқ ва муштоқанд ба хайри мутлақ ба ишқи ғаризӣ, ва хайри мутлақ ҳам таҷалликунанда аст ба ошиқони худ ва лекин таҷаллиёт бар тибқи маротиби мавҷудот мутафовит аст; зеро ки ҳар миқдор ба хайри мутлақ наздиктар бошанд, таҷаллиёти онҳо зиёдтар аст ва ҳар қадр аз қурб ба Ҳақ дуртар, таҷаллиёт камтар. (Ин аст он иттиҳоде, ки дар калимоти сӯфия аст.)

Матлаби дуввум он аст, ки хайри мутлақ ва иллати уло назар ба он ҷуду бахшиши зотии худ, моил аст, ки куллияи мавҷудот аз таҷаллиёташ мустафиз ва бархӯрдор шаванд.

Матлаби севвум он аст, ки ҳастии тамоми мавҷудот ба воситаи таҷаллиёти хайри мутлақ аст.

 

(Дар ин ки иллати уло маъшуқи ҳақиқии тамоми мавҷудот аст)

Ин матолиб, ки ба наҳви иҷмол маълум гардид, акнун мегӯем, ки: дар вуҷуди ҳар як аз мавҷудот ишқи ғаризӣ аст барои таҳсили камоли худ; ва камоли онҳо иборат аз ҳамон хайрият аст, ки аз пеш гуфтем. Пас, он чизе, ки сабаби ҳусули хайрият мешавад, он, маъшуқи ҳақиқии тамоми мавҷудот аст, ки мо аз ӯ ба “иллати уло” таъбир намудем. Пас, собит шуд, ки иллати уло маъшуқи тамоми мавҷудот аст ва агар баъзе ҳам аз шиносоии ӯ маҳрум бошанд ва ориф ба вуҷуди ӯ набошанд, ин адами ирфон, салби ишқи ғаризиро аз мавҷудот намекунад; зеро ки умум мутаваҷҷеҳи камоли зотии худ мебошанд ва ҳақиқати камол ҳам, ки хайрияти мутлақ шуд, ҳамон иллати улост, ки бар тибқи зот мутаҷаллӣ аст ба тамоми мавҷудот. Зеро агар зотан маҳҷуб аз таҷаллӣ бошад, лозим ояд, ки шинохта нашавад ва ҳеч як аз мавҷудот ба файзи вуҷуди ӯ ноил нагарданд. Ва агар таҷаллии хайри аввал ҳам ба тавассути таъсири ғайр бошад, бояд он зоте, ки мутаъолӣ ва муназзаҳ аз ҷамиъи нақоис аст, маҳалли таъсири ғайр воқеъ шавад, ва ин маҳол аст, балки хайри аввал бар тибқи зот мутаҷаллӣ аст ва маҳҷуб будани баъзе аз зотҳо аз таҷаллии хайри аввал, ба сабаби қусур ва заъфи худи онҳост. Ба иборати дигар, нақс ва айб дар қобил аст, на он ки бухл аз тарафи фоъил бошад. (Ҳар чӣ ҳаст, аз қомати носози беандоми мост), вагарна зоти ӯ бар тибқи зот сареҳ дар таҷаллӣ аст.

 

(Дар баёни қабули мавҷудот таҷаллии илоҳиро ба андозаи истеъдоди худ)

Нахустин мавҷуде, ки қабули таҷаллии илоҳӣ намуд, малаке аст, ки ба истилоҳ, ҳукамо онро “ақли куллӣ” ё “ақли фаъол” меномиданд; зеро, ки ҷавҳари зотии ӯ мустаид ва муҳайёст барои таҷаллиёти илоҳӣ. Ин ақли фаъол қабул мекунад таҷаллиёти илоҳиро бидуни воситаи мавҷуде аз мавҷудот, ва ӯ ба воситаи идрок кардани зоти худ ва соири маъқулоте, ки дар ӯст, ҳамеша собит ва билфеъл аст, ба ҷиҳати он ки ҳар мавҷуде, ки тасаввури маъқулотро бидуни фикр (тасаввур) намояд ва мӯҳтоҷ ба кӯмаки ҳисс ва ё тахайюл набошад ва таъаққул кунад умури мутааххираро ба воситаи муқаддамоти аввалия ва таъаққули маълулотро ба иллатҳо, ин ҳолати сабот ва феълият барои ӯ ҳамеша доим ва барқарор аст.

Дуввум мавҷуде, ки қобили таҷаллиёти Ҳақ мебошад, нуфуси илоҳияанд. Ва ҳарчанд ки дар оғози амр ба муфоди:

عَلَّمَهُ شَدِيدُ القُوَى

(“Онро (фариштаи) шадидулқуво ба ӯ омӯхт” (Сураи Наҷм)) ба тавассути ақли фаъол аз мақоми қувва ба феъл омада ва мақоми тасаввурот ва таъаққулот ба мадади ӯ буда, вале пас аз ин ки ба сарҳадди феълият расид ва мақоми қурб ба Ҳақро доро гардид, аз он ҳам бартар ва болотар шуд. Дар ин мақом аст, ки малаки муқарраби илоҳӣ гуфт:

لو دنوت أنملة لأحترقت

(Агар андаке наздиктар шавам, месӯзам.)

Баъд аз нуфуси илоҳия навбати қувваҳои ҳайвонӣ ва наботии табиист. Чун ҳар як аз қувваҳои мазкур ба сабаби ишқи зотӣ ва шавқи фитрӣ барои ташаббуҳ ба олӣ, қабули таҷаллиёт ба андозаи истеъдоди худ менамоянд. Зеро ки ҳар як аз аҷсоми табиӣ ҳаракат мекунанд ба ҳаракоти табиӣ ба ҷиҳати расидан ба ғоятҳои матлуби хеш, ки он бақо ва ҳусул дар мавозеи табиӣ аст ва ҳамчунин ҷавоҳири ҳайвония ва наботия мутасаддии афъоли хосса ба худ мебошанд ба ҷиҳати ташаббуҳ, ки он бақои навъ ва ё шахс ва ё изҳори қудрат ва тавоноӣ ва он чӣ, ки мушобеҳи инҳост мебошад.

Ва нуфуси башария ҳам мутаҳаммил мешаванд афъоли ақлия ва аъмоли хайрияро барои мушобиҳат ба ғоятҳо, ки муттасиф шудан ба сифоти адолат ва таъаққул бошад. Ва ҳамчунин аст нуфуси фалакия ҳам барои ташаббуҳ ба мофавқи худ ҳаракат мекунанд ба ҳаракоти ишқӣ ва баҷо меоваранд афъоли хосса ба худро дар ибқои кавну фасод ва ҳарсу насл. Ва лекин куллияи нуфуси мазкура дар фавқ, муташаббеҳанд ба хайри мутлақ дар ғоятҳо, ки камолоти онҳост, на дар мабодӣ; зеро ки мабодии умури онҳо ҳолоти истеъдодӣ ва мақоми қувва аст ва хайри мутлақ муназзаҳ ва мубаррост аз мухолифати истеъдод ва қувва, ва аммо чун ғоятҳои ин нуфус ба наҳви феълият аст ва иллати уло ҳам муттасиф ва мавсуф ба камолоти феълист, пас ташаббуҳ ба он ҷоиз аст.

Ва аммо нуфуси малакия ба воситаи суратҳои зотии худ фоизанд ҳамеша ба файзи абадӣ ва орианд аз қувва ва истеъдоди фитрӣ; зеро ки он нуфуси малакӣ доим мутаваҷҷеҳ ба Ҳақ ва ошиқи ҷамоли ӯ ҳастанд (ва) назар ба таъаққулоти мутаволӣ ва идрокоти пайваста, ки фозилтарини идрокот ва таъаққулот мебошанд, эърозкунандаанд аз соири маъқулот, ва ҳарис ва муштоқанд ба ҷониби ҳазрати Ҳақ, ҳарчанд тасаввур ва шиносоии ӯ боиси маърифати соири мавҷудот ҳам мебошад; мунтаҳо, маърифати хайри мутлақ биззот ва биласола аст ва аз соири мавҷудот билараз мебошад.

Пас, возеҳ ва маълум гардид, ки таҷаллиёти илоҳӣ ва хайри мутлақ сабаби эҷоди мавҷудот ва иллати вуҷуди онҳост; зеро агар таҷаллии илоҳӣ набуд, ҳеч мавҷуде ба либоси вуҷуд пӯшонда намешуд ва Ҳақ Таъоло ба воситаи вуҷудаш ошиқ аст ба вуҷуди тамоми маълулот; зеро ки куллияи маълулот ҳамон тавре ки баён кардем, партави таҷаллиёти ӯст. Ва чун ишқ ба иллати уло фозилтарини ишқҳост, пас маъшуқи ҳақиқии ӯ он аст, ки ноил шавад таҷаллии ӯро; ва ин таҷаллии ҳақиқӣ матлуби нуфуси мутааллеҳ аст ва худи инҳо ҳам маъшуқоти иллати уло мебошанд ва дар хабар омада, ки Худои Таъоло фармуда: “Ҳар як аз бандагони ман, ки дорои фалон авсоф бошанд ва ошиқи ман шаванд, ман ҳам ошиқи онҳо мешавам”, ба сабаби он ки ҳикмати илоҳӣ иқтизо намекунад муҳмал ва муъаттал гузоштани чизеро, ки аз ҷумлаи фавозил ва фазоил дар вуҷуди ӯст ҳарчанд ба ниҳояти фазилат ҳам набошад.

Пас, хайри мутлақ ошиқ аст ба он ҳикмати зотии хеш ба касоне, ки ноил шаванд ба камолоти ӯ ҳарчанд нарасанд ба он ғояти ниҳоӣ ва дараҷоти беинтиҳо, чун ки маҳол аст зафар ёфтан ва иҳота намудан ба ҷамиъи камолоти Ҳақ Таъоло ба сабаби он ки ҳамчунон ки вуҷудаш ғайри мутаноҳӣ аст, камолот ва сифоташ ҳам ғайри мутаноҳӣ аст. Чизи мутаноҳӣ чӣ гуна мумкин аст бирасад ба амри ғайри мутаноҳии маҳз! Ҳамин нукта аст, ки ташаббуҳ ба салотини фонӣ мӯҷиби хашм ва боиси ғазаби онҳост ба ҷиҳати мутаноҳӣ будани камолот ва сифоташон ва лекин ташаббуҳ ба Борӣ Таъоло мӯҷиби хурсандӣ ва сабаби издиёди муҳаббат ва ишқи ӯ мешавад.

Ин поёни он чӣ Шайхурраис (р) дар баёни ҳақиқати ишқ гуфта. Алҳамду лиллоҳи аввалан ва охиран ва зоҳиран ва ботинан. (1)

Поён

* * *

(Иншоаллоҳ, дар як мақола, хулосаи он чиро Шайхурраис (р) дар ин рисола баён дошта, ба забоне содда ва бидуни ба кор бурдани истилоҳоти фалсафӣ, баён хоҳам намуд. С.И.)

(1)

الفصل السابع فى خاتمة الفصول

نريد ان نوضح فى هذا الفصل أن كل واحد من الموجودات يعشق الخير المطلق عشقا غريزيا وأن الخير المطلق يتجلى لعاشقه الا أن قبولها لتجليه واتصالها به على التفاوت وأن غاية القربى منه هو قبول لتجليه على الحقيقة أعنى على أكمل ما فى الامكان وهو المعنى الذي يسميه الصوفية بالاتحاد وانه لجوده عاشق أن ينال تجليه وان وجود الأشياء بتجليه. فنقول لما كان فى كل واحد من الموجودات عشق غريزى لكماله وانما ذلك لأن كماله معنى به تحصل له خيريته فبين أن المعنى الذي به يحصل للشي‏ء خيريته حيث ما توجد وكيف ما توجد أوجب أن يكون ذلك الشي‏ء معشوقا لمستفيد الخيرية ثم لا يوجد شي‏ء أكمل وأولى بذلك من العلة الاولى فى جميع الأشياء فهو اذن معشوق لجميع الأشياء ويكون أكثر الأشياء غير عارف به لا ينفى وجود عشقه الغريزى فى هذه الأشياء لكمالاتها. والخير الأول بذاته ظاهر متجل لجميع الموجودات ولو كان ذاته محتجبا عن جميع الموجودات بذاته غير متجل لها لما عرف ولا نيل منه بتة ولو كان ذلك فى ذاته بتأثير الغير لوجب أن يكون فى ذاته المتعالية عن قبول الغير تأثير للغير وذلك خلف. بل ذاته بذاته متجل ولأجل قصور بعض الذوات عن قبول تجليه يحتجب فبالحقيقة لا حجاب الا فى المحجوبين. والحجاب هو القصور والضعف والنقص وليس تجليه الا حقيقة ذاته اذ لا يتجلى بذاته فى ذاته الا هو صريح ذاته كما أوضحه الالهيون فذاته الكريم متجل- ولذلك ربما سماه الفلاسفة صورة العقل فأول قابل لتجليه هو الملك الالهى الموسوم بالعقل الكلى فان جوهره ينال تجليه نحو الصورة الواقعة فى المرآة لتجلى الشخص الذي هو مثاله ويقرب من هذا المعنى ما قيل ان العقل الفعال مثاله فاحترز أن تقول مثله وذلك هو الواجب الحق فان كل منفعل عن سبب قريب فانما ينفعل بتوسط مثال يقع منه فيه وذلك بين بالاستقراء فان الحرارة النارية انما تفعل فى جرم من الاجرام بأن تضع فيه مثالها وهو السخونة. وكذلك سائر القوى من الكيفيات. فالنفس الناطقة انما تفعل فى نفس ناطقة مثلها بأن تضع فيها مثالها وهو الصورة المعقولة والسيف انما يقطع بأن يضع فى المنفعل عنه مثاله وهو شكله. والمسنّ انما يحدّد السكين بأن يضع فى جوانب حده مثال ما ماسّه وهو استواء الأجزاء وملاستها. ولقائل أن يقول إن الشمس تسخّن وتسوّد من غير أن تكون السخونة والسواد مثالها لكنا نجيب عن ذلك بأن نقول انا لم نقل أن كل أثر حصل فى متأثر من مؤثر أن ذلك الأثر موجود فى المؤثر فانه مثال من المؤثر فى المتأثر لكنا نقول أن تأثير المؤثر القريب الى المتأثر يكون بتوسط مثال ما يقع منه فيه وكذلك الحال فى الشمس فانها تفعل فى منفعلها القريب بوضع مثالها فيه وهو الضوء ويحدث من حصول الضوء فيها السخونة فيسخن المنفعل عنها منفعلا آخر عنه بأن يضع فيه مثاله أيضا وهو سخونته فيسخن بحصول السخونة ويسود. هذا من جهة الاستقراء فأما من جهة البرهان الكلى فليس هذا موضعه- ونرجع فنقول ان العقل الفعال يقبل التجلى بغير توسط وهو بادراكه لذاته ولسائر المعقولات فيه عن ذاته بالفعل والثبات وذلك انّ الأشياء التي تتصور المعقولات بلا رؤية واستعانة بحس أو بتخيل انما تعقل الامور المتأخرة بالمقدمات والمعلولات بالعلل والرذيلة بالشريفة ثم تناله النفوس الالهية بلا توسط أيضا عند النيل وان كان بتوسط اعانة العقل الفعال عند الاخراج من القوة الى الفعل واعطائه القوة على التصور وامساك المتصور والطمأنينة اليه. ثم تناله القوة الحيوانية ثم النباتية ثم الطبعية وكل واحد مما تناله فبشوقها ما نالته منه الى التشبه به بطاقتها فان الاجرام الطبعية انما تتحرك حركاتها الطبعية تشبها به فى غايتها وهو البقاء على أخص الاحوال أعنى عند حصولها فى المواضع الطبعية وان لم تتشبه فى مبادى هذه الغاية وهى الحركة وكذلك الجواهر الحيوانية والنباتية انما تفعل أفاعيلها الخاصة بها تشبها به فى غايتها وهى ابقاء نوع أو شخص أو اظهار قوة ومقدرة وما ضاهاها وان لم تتشبه به فى مبدأ هذه الغايات كالجماع والتغذى. وكذلك النفوس البشرية انما تفعل أفاعيلها العقلية والعمالية الخيرية تشبها فى غاياتها وهى كونها عادلة عاقلة وان لم يكن تشبه به أيضا في مبادى هذه الغايات كالتعلم وما شاكله. والنفوس الالهية الملكية انما تحرك تحريكاتها وتفعل أفاعيلها تشبها به أيضا فى ابقاء الكون والفساد والحرث والنسل. والعلة فى كون القوى الحيوانية والنباتية والطبيعية والبشرية متشبهة به فى غايات أفاعيلها دون مباديها لان مباديها انما هى أحوال استعدادية قوية والخير المطلق منزه عن مخالطة الأحوال الاستعدادية القوية وغاياتها كمالات فعلية والعلة الاولى هى الموصوف بالكمال الفعلى المطلق فجاز أن تتشبه فى الكمالات الغائية وامتنع أن تتشبه بها فى الاستعدادات المبدئية. وأما النفوس الملكية فانها فائزة فى صور ذاتها بالتشبه به فوزا أبديا عريّا عن القوة إذ هي عاقلة له أبدا وعاشقة له لما تعقله منه أبدا ومتشبهة به لما تعشقه منه أبدا وولوعها بادراكه وتصوره اللذين هما أفضل ادراك وتصور يكاد يشغلها عن ادراك دونه وتصور ما سواه من المعقولات لا أن معرفته بالحقيقة تعود بمعرفة سائر الموجودات وكانها تتصوره قصدا وولوعا وتتصور ما سواه تبعا. واذا كان لو لا تجلى الخير المطلق لما نيل منه ولو لم ينل منه لم يكن موجود فلو لا تجليه لم يكن وجود فتجليه علة كل وجود واذ هو بوجوده عاشق لوجود معلولاته فهو عاشق لنيل تجليه واذ عشقه الافضل فنيله لفضله هو الافضل فاذا معشوقه الحقيقى فى أن ينال تجليه وهو حقيقة نيل النفوس المتألهة له ولذلك قد يجوز أنها معشوقاته واليه يرجع ما روى فى الاخبار نيلا وان لم تبلغ كمال الدرجة فيه. فاذا الملك الأعظم رضاه أن يشبه به والملوك الفانية سخطها على من يشبه بها لان ما يرام من التشبه من الملك الاعظم لا يؤتى على غايته وما يرام من التشبه من الملوك الفانية قد يؤتى على مبلغه واذا بلغنا هذا المبلغ فلنختم الرسالة واللّه تعالى يقول ان العبد اذا كان كذا وكذا عشقني وعشقته، واذ الحكمة لا تجوّز اهمال ما هو فاضل فى وجوده بوجه ما وان لم يكن فى غاية الفضل فاذا الخير المطلق قد يعشق لحكمته أن تنال منه الحمد للّه رب العالمين

* * *

Қисматҳои дигари “Рисолаи ишқ”



Рубрики:Ирфони назарӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: