Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (52) – Намоз пушти сари фоҷир

Матни китоб:

ونرى الصلاة خلف كلّ بر وفاجر من أهل القبلة وعلى من مات منهم، ولا نُنزِل أحدا منهم جنة ولا نارا، ولا نشهد عليهم بكفر ولا بشرك ولا بنفاق ما لم يظهر منهم شيء من ذلك، ونذر سرائرهم إلى الله تعالى. ولا نرى السيف على أحدٍ من أمة محمد صلى الله عليه و سلّم إلا من وجب عليه السيف، ولا نرى الخروج على أئمتنا وولاة أمورنا وإن جاروا، ولا ندعوا عليهم ولا ننزع يدا من طاعتهم، ونرى طاعتهم من طاعة الله عزّ وجلّ فريضة ما لم يأمروا بمعصية، وندعوا لهم بالصلاح والمعافاة

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (р) гӯяд:) Эътиқоди мо ин аст, ки намоз пушти сари ҳар аҳли қибла – чӣ барр (некӯкор) бошад ва чӣ фоҷир (бадкор) — дуруст аст, ва низ (бояд) бар ҳар касе аз эшон, ки фавтид, намоз (-и ҷаноза) хонд.

(Ва ҳамчунин) ҳеч касе аз аҳли қибларо (ба таври мушаххас) биҳиштӣ ва ё дӯзахӣ намедонем. Ва (низ) ба куфру ширку нифоқи аҳаде аз онон гувоҳӣ намедиҳем, то модоме ки чизе аз онҳо зоҳир нашавад. Ва умури пинҳони ононро ба Худованди Мутаъол вогузор мекунем.

Ва (низ) шамшер кашидан алайҳи аҳаде аз уммати Муҳаммад (с)-ро дуруст намедонем, магар касе, ки шамшер бар ӯ воҷиб шуда бошад.

Ва (ҳамчунин) хуруҷ (ва исён) алайҳи пешвоён ва ҳокимони худро ҷоиз намедонем, ҳатто агар зулму ситам кунанд, ва барояшон дуои бад намекунем, ва дасти тоат ва фармонбардориро аз дасташон берун намекашем. Ва мӯътақидем, ки итоат ва фармонбардорӣ аз онон, итоат ва фармонбардорӣ аз Худованди Мутаъол буда ва фарз аст, то модоме ки ба гуноҳ ва маъсият фармон надиҳанд. Ва барои хайру салоҳу саломати онон дуо мекунем…

* * *

Шарҳ:

Масоиле, ки лозим аст дар ин қисмат аз гуфтори Имом Таҳовӣ (р) мавриди баҳсу баррасии дақиқ қарор бигирад, дар чанд меҳвар хулоса мешавад:

Масъалаи намоз пушти сари фоҷир

Масъалаи “раво будани намоз пушти сари мусалмони фоҷир”, ки дар баъзе аз эътиқодномаҳо дида мешавад, як масъалаи фиқҳист, на эътиқодӣ. Ва аммо ин ки баъзе аз уламо ин масъала ва ё масъалаи “ҷавози масҳ бар масҳӣ” ва шабеҳи онро дар эътиқоднома овардаанд, ба хотири ин будааст, ки нишон бидиҳанд, дар ин масъала бо дидгоҳи баъзе аз фирқаҳои исломӣ, ки барои “имомати суғро” (яъне имомати намоз) адолатро шарт донистааст, мухолифанд.

Ва далели қоилон ба ин мақула реша дар аҳодисе дорад, ки дар баъзе аз манобеи ривоӣ нақл шуда. Ҳол, лозим аст ин далелҳо мавриди баррасӣ қарор бигиранд:

Далели аввал: Абӯдовуд (ва ғайри ӯ низ) дар Сунани худ аз Макҳул ва ӯ аз Абӯҳурайра аз Паёмбари Акрам (с) ривоят кардааст:

الصَّلَاةُ الْمَكْتُوبَةُ وَاجِبَةٌ خَلْفَ كُلِّ مُسْلِمٍ بَرًّا كَانَ أَوْ فَاجِرًا وَإِنْ عَمِلَ الْكَبَائِرَ

Намоз воҷиб аст пушти сари ҳар мусалмоне, чӣ барр (некӯкор) бошад ва чӣ фоҷир (бадкор) ҳарчанд муртакиби гуноҳони кабира бошад”. (Сунани Абӯдовуд, 2/210, Ашшомила)

Ривояти мазкур, ба тасреҳи бисёре аз ҳадиспажӯҳон заъиф аст. (1)

* * *

Далели дуввум: Дорақутнӣ дар Сунани худ аз Ибни Умар аз Паёмбари Акрам (с) ривоят кардааст:

صَلُّوا عَلَى مَنْ قَالَ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَصَلُّوا خَلْفَ مَنْ قَالَ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ

Намоз бихонед бар (ҷанозаи) гӯяндаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” ва намоз гузоред пушти сари ҳар ки гуфтааст: “Ло илоҳа иллаллоҳ” (яъне касе, ки калимаи шаҳодат ба забон оварда)”. (Сунани Дорақутнӣ, 4/481, Ашшомила)

Ривояти мазкур низ ба тасреҳи ҳадиспажӯҳон заъиф аст. (2)

Ҳадисе наздик ба ҳамин маъно аз Абудардо низ нақл шуда, ки он ҳам ба тасреҳи ҳадиспажӯҳон, аз эътибор соқит аст.

Далели севвум: Муҳимтарин дастовезе, ки қоилони ба ин мақула ба он чанг задаанд, амали саҳоба аст. (3)

Манзури эшон аз “амали саҳоба” дар ин ҷо, намоз хондани Ибни Умар ва Анас пушти сари Ҳаҷҷоҷ ва низ намоз гузордани Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн пушти сари Марвон ва ҳамчунин намоз хондани баъзе аз саҳоба пушти сари Валид ибни Уқба дар Куфа аст, чунон ки дар кутуби ривоӣ ва торихӣ омада, дар ҳоле ки Ҳаҷҷоҷ, Марвон, Валид ва амсоли ӯ, ба тасреҳи муҳаддисон ва муаррихон, маъруф ба фисқу фуҷуру зулм буданд.

Муслим дар Саҳеҳи худ аз Ибни Мунзир ҳодисаеро дар бораи Валид ибни Уқба, писарамуи ҳазрати Усмон, ки дар замони хилофати он ҷаноб волии Куфа буд, нақл кардааст. Ибни Мунзир мегӯяд:

شهدت عثمان بن عفان وأتى بالوليد قد صلى الصبح ركعتين ثم قال أزيدكم؟ فشهد عليه رجلان أحدهما حمران أنه شرب الخمر وشهد آخر أن رآه يتقيأ فقال عثمان إنه لم يتقيأ حتى شربها فقال يا علي قم فاجلده

Ман шоҳиди (ин воқеа бо) Усмон ибни Аффон будам, ки Валидро ба ҳузури ӯ оварданд; Валиде, ки (дар Куфа) намози субҳро ду ракъат хонда сипас (рӯ ба ҷамоат оварда ва) гуфта: Оё мехоҳед бароятон биафзоям? (Яъне ду се ракъати дигар изофа кунам?) Ду мард — ки яке аз онон Ҳумрон аст – алайҳи Валид шаҳодат доданд, ки ӯ (дар ин ҳангом) шароб нӯшида буд ва яке дигар шаҳодат дод, ки Валид истифроғ (қайъ) мекард. Сипас ҳазрати Усмон фармуд, ки ӯ истифроғ накарда ҳатто онро нӯшид. Сипас (ба Алӣ) фармуд: Эй Алӣ! Бархез ва Валидро шаллоқ бизан… (то охири ривоят)” (Саҳеҳ Муслим, 3/1331, Ашшомила)

Фисқу фуҷури Марвон ва Ҳаҷҷоҷ ҳам, ки дигар ниёз ба иқомаи далел надорад ва бар касе пӯшида нест.

Дар ин ҳақиқат, ки саҳобаи номбурда пушти сари амсоли ин фуҷҷор намоз гузордаанд, ба лиҳози торихӣ ҳеч шакку тардиде нест, аммо баҳс ин ҷост, ки оё метавон ин амали эшонро далел ангошт ва гуфт, пас равост пушти сари фоҷир дар ҳар ҳолат намоз хонда бишавад? Тамоми баҳс ҳамин ҷост.

Баъзе аз муҳаққиқони муосир бар ин боваранд, ки ин амали саҳоба аз рӯйи ночорӣ будааст ва аз ин рӯ наметавонад ба унвони ҳуҷҷат талаққӣ бишавад. Ӯ мегӯяд:

Кӯшидаанд ин матлабро бо исботи намози Ибни Умар ва Анас ва Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн ва ғайри эшон пушти сари Ҳаҷҷоҷ ва Марвон ибни Ҳакам ва амсоли онон, тақвият кунанд, чунон ки қисмате аз ин воқеаҳо дар Бухорӣ ва ғайри он омадааст. Ва ин, аз ботилтарини ботилҳо дар истидлол аст, ба ҷиҳоте: аз ҷумла он ки: ин воқеаҳо аз ҷумлаи ҳолатҳои маҷбурӣ ва қаҳр (ғалаба) маҳсуб меояд, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва истинод қарор намегиранд…” (4)

Он чӣ гуфтори ин муҳаққиқро таъйид мекунад, сухани Муҳаллаб аст, ки бештари шореҳони Саҳеҳи Бухорӣ дар зайли ривояте, ки ба ҳамин мазмун омада, нақл мекунанд:

قال المهلب: فيه جواز الصلاة خلف البر والفاجر إذا خيف منه، ووجه غيره قوله: إذا خيف منه بأن الفاجر إنما يؤم إذا كان صاحب شوكة

Муҳаллаб гӯяд: Дар ин ривоят ишорате аст ба масъалаи ҷоиз будани намоз пушти сари барру фоҷир агар аз ӯ тарс вуҷуд дошта бошад. Ва бархе тавҷеҳ кардаанд қавли Муҳаллаб мабнӣ бар ин ки “агар аз ӯ тарс вуҷуд дошта бошад”-ро ба ин ки: фоҷир замоне имоматии намозро бар ӯҳда мегирад, ки агар соҳиби қудрат бошад…” (Фатҳул-борӣ, Ибни Ҳаҷар, 2/188, Ашшомила)

Ба ҳар ҳол, ин амалро ҳатто агар ҷоиз ҳам бидонем, аммо амале макрӯҳ аст ва ҳатто фуқаҳои ҳанбалӣ имомати фосиқро ҷоиз намедонанд. Дар “Мавсуъа” мегӯяд:

Ҳанобила – ва моликиҳо дар қавле – тасреҳ кардаанд ба ин ки имомати фосиқ ҷоиз намебошад. Ва фосиқ ба касе гуфта мешавад, ки муртакиби гуноҳе кабира шуда бошад мисли майхора, зинокор ва рибохор ё касе, ки бар анҷоми гуноҳони сағира мудовим аст. Вале ҳанафиҳо ва шофеиҳо бар ин назаранд, ки имомати фосиқ ҳарчанд ҷоиз аст, аммо бо кароҳат. Назди моликиҳо низ ҳамин назар мавриди эътимод аст албатта ба шарте, ки фисқи ӯ ба намоз иртибот надошта бошад, вагарна назди эшон низ намози ӯ ботил хоҳад буд, мисли ин ки ба воситаи имомат дар намоз такаббур варзад ва ё амдан дар рукн ва ё шарт ё суннате аз намоз ихлол эҷод кунад…” (5)

* * *

Ва аммо дар робита бо масъалаи итоат ва фармонбардорӣ аз ҳокими ҷоир, дар қисмати баъдӣ баҳс хоҳем намуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1)

إسناده ضعيف؛ لانقطاعه. قال المنذري: هذا منقطع، مكحول لم يسمع من أبي هريرة. وكذا قال الدارقطني والبيهقي وغيرهم. وقال أبو أحمد الحاكم: حديث منكر. وقال العقيلي والدارقطني: ليس في هذا المتن إسناد يثبت

“Исноди ҳадис заъиф аст, ба далели мунқатеъ будани он. Мунзирӣ гӯяд: Ривоят мунқатеъ аст, зеро Макҳул Абӯҳурайраро надидааст, ки аз ӯ ривоят нақл кунад. Дорақутнӣ ва Байҳақӣ ва ғайри эшон низ чунин гуфтаанд. Абӯаҳмади Ҳоким гӯяд: Ҳадисест мункар. Ақилӣ ва Дорақутнӣ гуфтаанд: Дар ин матн исноде, ки собит бошад мавҷуд нест”. (Заъифу Абидовуд, 1/208, Ашшомила)

(2) Руҷӯъ шавад ба “Ирвоул-ғалил” ва “Шарҳи Ақидаи Таҳовия”, ки ҳар ду аз таълифоти Носируддини Албонӣ аст.

(3) Албонӣ дар ин замина мегӯяд:

والدليل على ذلك جريان عمل الصحابة عليه على ما تراه مبينا في «الشرح» وكفى بهم حجة، ومعهم مثل قوله صلى الله عليه وسلم في الأئمة: يصلون لكم فإن أصابوا فلكم ولهم وإن أخطئوا فلكم وعليهم

“Далел бар ин матлаб (яъне бар раво будани намоз пушти ҳар касе аз аҳли қибла ҳатто агар фоҷир бошад), амали саҳоба аст, ки бар ҳамин равиш ҷорӣ буд, чунон ки дар “Шарҳ” баён гардид, ва инон (саҳоба) — аз назари ҳуҷҷат будан – кофӣ ва басанда ҳастанд, ва албатта саҳоба (дар ин амали хеш) мисли ин гуфтори Паёмбари Акрам (с) дар мавриди пешвоёнро ба ҳамроҳ доштанд (яъне далели эшон будааст), ки: “Барои шумо намоз мехонанд, ки агар дуруст анҷом доданд, пас ба нафъи шумост, ва агар хато карданд, дар ин сурат ба нафъи шумо ва бар зарари худи онҳост…” (Ҳошияи Тахриҷут-Таҳовия, 1/67, Ашшомила)

(4)

وقد حاولوا أن يدعّموا ذلك بإثبات صلاة مثل ابن عمر وسيدنا أنس وسيدنا الحسن وسيدنا الحسين عليهما السلام وغيرهم خلف الحجاج ومروان بن الحكم وأمثالهما كما ثبت بعض ذلك في البخاري وغيره، وهذا من أبطل الباطل في الاستدلال لعدة وجوه من أهمها: أولا: أن ذلك من حالات الإكراه والقهر التي لا يلتفت إليها ولا يعول عليها

(Саҳеҳу шарҳил-ақидатит-таҳовия, Ҳасан ибни Алии Саққоф, Ашшомила)

(5)

وَصَرَّحَ الْحَنَابِلَةُ، وَهُوَ رِوَايَةٌ عِنْدَ الْمَالِكِيَّةِ، بِعَدَمِ جَوَازِ إِمَامَةِ الْفَاسِقِ، وَهُوَ الَّذِي أَتَى بِكَبِيرَةٍ كَشَارِبِ خَمْرٍ وَزَانٍ وَآكِل الرِّبَا، أَوْ دَاوَمَ عَلَى صَغِيرَةٍ. لَكِنَّ الْحَنَفِيَّةَ وَالشَّافِعِيَّةَ ذَهَبُوا إِلَى جَوَازِ إِمَامَةِ الْفَاسِقِ مَعَ الْكَرَاهَةِ، وَهَذَا هُوَ الْمُعْتَمَدُ عِنْدَ الْمَالِكِيَّةِ إِذَا لَمْ يَتَعَلَّقْ فِسْقُهُ بِالصَّلاَةِ، وَإِلاَّ بَطَلَتْ عِنْدَهُمْ كَقَصْدِهِ الْكِبْرَ بِالإْمَامَةِ، وَإِخْلاَلِهِ بِرُكْنٍ أَوْ شَرْطٍ أَوْ سُنَّةٍ عَمْدًا

(Алмавсуъатул-фиқҳиятул-кувайтия, 6/203-204, Ашшомила)

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: