Шарҳи Маснавӣ (165)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (7)

* * *

Суол кардани расули Рум аз амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу (2)

* * *

Дар тараддуд ҳар ки ӯ ошуфта аст,

Ҳақ ба гӯши ӯ муаммо гуфтааст.

Ҳар кас, ки бар асари ғалабаи шакку дудилӣ ошуфта ва парешонҳол бошад, қатъан ҳазрати Ҳақ дар гӯши ҳуши ӯ сухане рамзомез гуфтааст.

Тараддуд: Дудилӣ, шакк.

Нукта: Чун одамӣ аз каломи рамзомези Ҳақ ба тардид меафтад ва намедонад кадом ваҷҳ саҳеҳ аст, пас дучори тардид ва дудилӣ мешавад. Ва тардид низ дар ӯ ошуфтагӣ мезояд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.466)

То кунад маҳбусаш андар ду гумон,

К-он кунам, к-ӯ гуфт? Ё худ зидди он?

Ин сухани рамзомезро Худованд аз он рӯ ба гӯши ҳуши ӯ хондааст, то ӯро миёни ду гумон зиндонӣ кунад. Ва бо худ бигӯяд: Оё ин корро бикунам, ки ӯ гуфта? Ё зидди онро анҷом диҳам?

Ҳам зи Ҳақ тарҷеҳ ёбад як тараф,

З-он ду якро баргузинад з-он канаф.

Ниҳоятан ин ҳазрати Ҳақ аст, ки яке аз он ду амри мавриди тардидро барои ӯ бар дигарӣ тарҷеҳ медиҳад ва роҳи ҳақро ба ӯ менумояд.

Канаф: Ҷониб, ноҳия, карона.

Гар нахоҳӣ дар тараддуд ҳуши ҷон,

Кам фишор ин панба андар гӯши ҷон.

Эй, ки дар тариқи Ҳақ саргашта ва ҳайронӣ! Агар намехоҳӣ ҳуши ҷонат дар ҳоли саргардонӣ ва тараддуд бошад, панбаҳои ҳавову ҳавас ва ғафлатро дар гӯши ҷони худ фурӯ макун.

То кунӣ фаҳм он муаммоҳошро,

То кунӣ идрок рамзу фошро.

То ин ки муаммоҳо ва суханони рамзомези Ҳақ Таъолоро дарк кунӣ, то ин ки суханони розомез ва сареҳи илоҳиро дарёбӣ.

Пас маҳалли ваҳй гардад гӯши ҷон,

Ваҳй чӣ бвад? Гуфтане аз ҳис ниҳон.

Дар ин сурат гӯши ҷонат ҷойгоҳи ваҳйи илоҳӣ мешавад. Аммо ваҳй чист? Ваҳй каломест, ки идроки он аз ҳавосси зоҳираи одамӣ пинҳон ва пӯшида аст.

Нукта: Ваҳй дар лафз ба маънои ишораи сареъ ва пинҳон аст. Ва дар истилоҳи шаръӣ иборат аст аз муфориқат аз олами башарӣ ва иртиқо ба мадорик ва машоъири фариштагӣ ва фаро гирифтани сухани олами руҳ. Аз ин рӯ дар натиҷаи ҷудоии зот аз худ ва инсилохи он аз уфуқи башарият ва наздик шудан ба он уфуқи дигар, барои вай шиддате рӯй медиҳад. (Муқаддимаи Ибни Халдун, ҷ.1, с.182-183)

Ваҳй анвоъ ва маротибе дорад, ки дар Қуръони Карим ба он тасреҳ шудааст. Тибқи муфоди оятҳои қуръонӣ, ваҳй ба осмон ва занбӯри асал ва малоика ва афроди оддӣ ва паёмбарон нозил мешавад; чунон ки дар ояти 12 сураи Фуссилат ваҳй ба осмон ва дар ояти 68 сураи Наҳл ваҳй ба занбӯри асал ва дар ояти 12 сураи Анфол ваҳй ба малоика ва дар ояти 117 сураи Аъроф ваҳй ба модари ҳазрати Мӯсо (а) баён шудааст. Бинобар ин, ваҳй дар мавриди ҷамодот ва ҳайвонот ба сурати қавонин ва ғароизи табиӣ нумуд мекунад ва дар мавриди инсонҳои оддӣ ба сурати илҳом ва мукошафа ва руъёи содиқа. Аммо олитарин ва таҷридитарин мартибаи ваҳй, ба анбиёи ъизом таъаллуқ дорад.

Мавлоно дар ин байт ваҳйро дар маънои омми он дар назар дорад, на фақат ваҳйи ташреъӣ, ки махсуси паёмбарони соҳиби шариат аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.467)

Гӯши ҷону чашми ҷон ҷуз ин ҳис аст,

Гӯши ақлу гӯши занн з-ин муфлис аст.

Гӯши ҷону чашми ҷон ғайр аз ин ҳавосси зоҳирӣ аст. Гӯши ақли маъош (ақли ҷузъӣ) ва гӯши гумону занн аз дарки ваҳйи илоҳӣ оҷиз ва туҳидаст аст.

Муфлис: Тангдаст, оҷиз, туҳидаст.

Нукта: Мавлоно дар чаҳор байти ахир мефармояд: Барои раҳоӣ аз шукук ва гумонҳои ташвишангез бояд ботинро пок дошт, то розҳо дар партави сафои қалб гушуда гардад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.468)

Лафзи ҷабрам ишқро бесабр кард

В-он ки ошиқ нест, ҳабси ҷабр кард.

Ин байт аз мубҳамтарини абёти Маснавӣ аст. Аз абёти пешин ошкор гашт, ки ҳаракоту саканот ва куллан ҳувиятҳои мавҷудот ба навъи таҷаллии илоҳӣ (ё ба қавли Мавлоно, ба афсуни Ҳақ дар гӯши мавҷудот) бастагӣ дорад. Ва ҳеч махлуқеро аз он гурез ва гузире нест. Ва низ фармуд, ки таҳаввули андеша аз мартибаи шакк то марзи яқин низ баста аст ба феълу машиати илоҳӣ. Ва боз матолибе фармуд, ки мазмуни он ин аст, ки мабодии ихтиёри одамӣ аз умури ихтиёрӣ нест. Ин матолиб ошкоро ҷабру адами ихтиёри инсонро собит мекунад. Аммо чун Мавлоно медонад, ки баёноти пешинаш дар зеҳни мухотаб ақидаи чабрро тадоъӣ мекунад, пас барои дафъи таваҳҳум мегӯяд: Он чӣ ман пештар гуфтам, “ҷабр” ба маънои мусталаҳ нест, балки мақоми маъияти (ҳамроҳии) Ҳақ Таъолост.

Маънои байт: Сухан гуфтани ман аз ҷабр сабрро аз ошиқи Ҳақ даррабуд, зеро ошиқи Ҳақ ба чунон муҷоҳада ва талоше афтод, то худро ба мақоми “маъият” бирасонад ва ҳастии худро дар ҳастии Ҳақ фонӣ созад. Ва ҳол он ки касе, ки дарди ишқи Ҳақро надорад ва аз он фориғ аст, ҷабрро зиндоне пиндор кардааст. Яъне ҷабрро дар ҷойи номуносибаш ба кор бурдааст. Ин маъно бар ин фарз анҷом шуд, ки “ҷабр” дар мисроъи аввалро “ҷабри маҳмуд” ва “ҷабр” дар мисроъи дуввумро “ҷабри мазмум” бидонем. (Чунон ки Никелсун дар “Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ”, дафтари аввал, с.235 чунин боваре дорад.) “Ишқ”-ро чоиз аст ба “ошиқ” таъвил кунем ба қаринаи мисроъи дуввум, ки мегӯяд: “В-он ки ошиқ нест…

Аммо ваҷҳи дигари байти фавқ ин аст, ки “ҷабр”-ро дар ҳар ду мисроъ ба ҳамон маънои машҳур ва мусталаҳ бигирем. Дар ин сурат маъно ва манзури байт ин аст: Вақте дар нисбат бо ҳазрати маъшуқ сухан аз ҷабр ба миён овардам, сухан аз ҷабр ошиқро беқарор ва нигарон кард. Чаро? Ба хотири ин ки ҷабр корест таҳмилӣ ва бар хилофи майли шахс ва он мутазаммини кароҳат ва нохушнудӣ аст. Ва ҳол он ки табъи ошиқ чунон аст, ки дар баробари хости маъшуқ ҳеч кароҳате надошта бошад ва хоста ва муроди худро дар хост ва муроди ӯ бибинад. Аммо касе, ки ошиқ нест, тарҷеҳи хости муқобилро бар хостаи худ ҷабриёна анҷом медиҳад ва забон ба таън мегушояд ва дар дили худ кароҳат изҳор мекунад ва ё он ки аз тоат ва муҷоҳадат рух барметобад ва ба бероҳа меравад. (Муқатабас аз “Шарҳи Маснавии Шариф”, ҷ.1, с.551)

Пас дар байти фавқ ва чанд байти баъдӣ Мавлоно миёни ҷабри хавосс (ё ҷабри маҳмуд) ва ҷабри авомм (ё ҷабри мазмум) фарқ қоил шудааст. Чаро ки мурод аз ҷабри хавосс ҳамоно мақоми маъият бо Ҳақ аст, ки дар байти баъдӣ тавзеҳи он меояд. Вале ҷабри авомм ношӣ аз пайравӣ аз ҳавои нафс аст. Солик то вақте ки ба мақоми фанои филлоҳ ва маъият бо Ҳақ — ки охирин мақоми сулук аст — нарасида бошад, дар худ эҳсоси ҳолати ихтиёр мекунад. Аммо вақте ба он мақом расид ва дар ҳастии мутлақ фонӣ шуд, дигар аз ху ҳеч ихтиёре надорад, балки вуҷуди ӯ айни вуҷуди Ҳақ аст. (Мавлавинома, ҷ.1, с.98)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: