Вазъи равшанфикрӣ ва системаи парастиш дар Тоҷикистон (Бахши 1)

Ба қалами: Ҳафиз Бобоёров

Дар ин мақола мавзӯи баҳси мо вафодории равшанфикрон ба системаи мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва аз ин рӯ, бетарафии онҳо ба мушкилоти рӯзонаи мардум мебошад. Бетарафии равшанфикрон ба якчанд вижагии характери шахсӣ ва мавқеи иҷтимоии онҳо вобаста аст. Ин ҷо чор вижагӣ, яъне авомфиребӣ (популизм), фурсатталабӣ (оппортунизм), оромишталабӣ (конформизм) ва муҳофизакорӣ (консерватизм)-ро баррасӣ мекунем. Дар бахши дуюм қолабҳои зеҳниеро ошкор хоҳем кард, ки баҳсу талоши фикриро дар Тоҷикистон ба миёнаравии ҷараёнҳои иртиҷоӣ табдил додааст. Бахши сеюми мақола системаи вафодорӣ ва ё худ парастишро дар кишвар баррасӣ мекунад.

Худнамоӣ ва авомфиребӣ (популизм) натиҷаи дониши маҳдуд, догматикӣ, дигарситезӣ ва тарсуию беҷуръатии як гурӯҳи зиёиёни тоҷик аст. Чун онҳоро дар илму адаб ва фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ эътироф накардаанд, мехоҳанд бо авомфиребӣ дар байни мардум мавриди писанд қарор гиранд. Аз ин рӯ, он чӣ авом намеписандад, онро намегӯянд. Он чӣ мегӯянд, ки обшуста ва пучу газоф, яъне бе моҳияти инсонӣ ва иҷтимоӣ аст. Онҳо аз кору пайкор канор мегиранд ва ба тарғибу ташвиқи худ дар расонаҳо машғул мешаванд. Ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон ҳамеша равшанфикрони сатҳи авом маъруфу машҳуранд. Бо сабаби кибру ғуруре, ки доранд, вале онро дар байни донишмандони асил наметавонанд нишон диҳанд (пучиро чӣ гуна мешавад ба намоиш гузошт, ки ба ҷуз расвоӣ чизе намеорад!), дар байни мардум медароянд ва бо забони омиёна ва сатҳи фаҳмиши қаторӣ ва пешипоафтодаи онҳо худситоӣ мекунанд. Аз дигарон чашмдоранд, ки онҳоро мадҳу сано гӯянд. Ин тоифа равшанфикрон ба ҷуз популист (авомфиреб) чизе нестанд.

Дигар гурӯҳи равшанфикрони тоҷик фурсатталаб (оппортунист) мебошанд. Чун онҳо ҷасорат надоранд ва дар айни замон мехоҳанд дар байни мардум шуҳрату ном дошта бошанд, манфиатҷӯ мешаванд. Ташаббускор нестанд, балки сахт эҳтиёткору мулоҳизакор ҳастанд. Политкорректанд, яъне он чӣ сиёсати рӯз талаб мекунад, ҳамонро мегӯянд, вале фақат дар зоҳир ба сиёсат ва ҳукумати рӯз вафодоранд. Чун вазъияту фурсат иваз шуд, онҳо ҳам иваз мешаванд, ранг мебозанд ва ниқоби сиёсати навро ба рӯи худ мекашанд. Садрӯ ҳастанд. Ҳар чӣ фармуданд, тӯтивор ҳамонро такрор мекунанд. Барои ҳамин, дар таърихи забони «адабии» тоҷик вожаи «фармудан» ба маънои «гуфтан» шакл гирифтааст. Аммо дар ин маврид танҳо он гуфтае фармоиш аст, ки аз «боло», аз «хоҷа» нозил мешавад. Барои он ки бо фармоиш муқобилат накунанд, фурсатталабон аз изҳори ақида меҳаросанд ва ончуноне мегӯянд, ки на дӯст ранҷаду на душман, ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Гуфтори онҳо ҳамеша иҷозат пурсидану итоат кардан аст, чун дар мартабаи бандагӣ қарор доранд. Ҳар як порае аз нутқ ва ҳар як шаммае аз кори онҳо ончунон санҷидашуда аст, ки дар он ҳама чӣ ҳаст ба ҷуз мавқеъ: мавқеи шаҳрвандӣ дар назди мардуми худ ва мавқеи инсонӣ дар назди ҷаҳониён.

Сар то пои равшанфикри фурсатталаб манфиат аст. Дину мазҳаб ва ақлу дониши ӯ манфиат мебошад. Чун манфиат ҳадафи омехта бо тарс аст, аз ин рӯ, ин тоифа одамон фаъол нестанд, балки бемасъулият, пассив ва кунду карахтанд. Ба ҷои онҳо дигарон андеша мекунанд ва тасмим мегиранд. Равшанфикри асил масири таърихро иваз ва муайян мекунад, вале ӯ наметавонад. Балки ӯ ба мисли авом ба тақдир бовар дорад ва ба он тан додааст. Сабаби шикасти равшанфикри тоҷик, ки боиси шикасти давлату миллати ӯ низ мегардад, ҳамеша ба ҳамин хислатҳои тарсуӣ ва манфиатҷӯӣ, ки якҷоя фурсатталабиро ташкил медиҳанд, рабт доштааст.

Як заминаи таърихии фурсатталабӣ дар зеҳн ва фарҳанги тоҷик ба бархӯрдҳои сиёсие бармегардад, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар сарзамини ӯ, ки минтақаи Осиёи Марказии имрӯзаро фаро мегирад, ба вуқӯъ мепайвастанд. Қавму қабилаҳои бегона зуд-зуд ба ин сарзамин ҳуҷум мекарданд ва дар аксарияти маврид ҳокимиятҳои маҳаллиро шикаст медоданд ва ба ҷои онҳо ҳокимияти худро барпо мекарданд. Дар ин гуна вазъият он қишри ҷомеа, ки онро мо имрӯз равшанфикр меномем, тамошобин ва миёнарав буд. Бо ин сабаб, онҳо дар хизмати ҳокимон қарор мегирифтанд. Барои ҳифзи ҷон ва молу ҳол худро ба қавму қабилаҳои муҳоҷим мутобиқ мекарданд. Ба хоҷаҳои пешинаи худ хиёнат мекарданд ва ба навдавлатон савганди вафодорӣ медоданд. “Зиракии сиёсӣ”-и онҳо дар он буд, ки назора мекарданд, кадом қабилае ғолиб меояд, то ки зуд дар рикоби ӯ дароянд. Ҳамин буд, ки дар мадҳу ситоиши золимтарин халифаҳои Аббосӣ чун Ҳорунаррашид ва султонҳои туркии Салҷуқиён, Ғазнавиён, Усмониён ва Темуриён шеър мегуфтанд ва рисолаҳои ирфонию ахлоқӣ ва гоҳе сиёсӣ менавиштанд. Шояд ҷисман дар осоишу оромиш буданд, вале рӯҳан худии худ ва таъриху фарҳанги миллии худро ба коми нестӣ супурда буданд.

Равшанфикри тарсу ва манфиатҷӯ, ки ба курсии мақому манзалат ва ҷоҳу ҷалол нишаст, хислати дигаре ба худ касб мекунад. Ин хислати оромишталабӣ (конформизм) аст: галстук бастану шиму костюм ба бар кардан ва дар курсии роҳат нишастан. Шояд ин гуна равшанфикр худро аз назари сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар оромию осудагӣ бубинад. Вале ӯ худро аз назари маънавӣ ва фикрӣ ба ихтиёри дастгоҳи худкушии тадриҷӣ медиҳад. Дигар чизакҳои ҳақиронае мегӯяду менависад, то дигарон ақалан фаромӯшаш накунанд. Виҷдонаш ҳанӯз куллан намурдааст.

Ҳамин хислатҳои фурсатталабӣ ва оромишхоҳӣ буданд, ки бисёре аз равшанфикрони комунистмаоби мо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ якбора муллову ҳоҷӣ шуданд. Шаҷараномаҳои худро тартиб доданд, ки гузаштагони онҳо на “коргару деҳқони одӣ ва камбағал” (аксиомае, ки талаби замони Шӯравӣ буд), балки тураву эшон ва хоҷаву сайид будаанд. Онҳо интизор доштанд, ки ба зудӣ давлати исломӣ барпо мегардад, ки ҳуҷҷати он на шиносномаи миллӣ, балки шаҷараномаи насабӣ аст. Насабсозӣ ва насабтарошӣ ягона кашфиёти равшанфикрони тоҷик дар давраи Истиқлол аст. Аммо таҳаввулоти охир интизориҳо ва умедвориҳои онҳоро аз даст додааст. Худи онҳо дар ҳолати шок қарор доранд. На чизе мегӯянд ва на чизе эҷод мекунанд.

Билохира, хислати дигари равшанфикрони тоҷик муҳофизакорӣ (консерватизм) ҳаст. Ба мисли Ҷамароти Макка, вазифаи онҳо ба худ гирифтан ва баргардондани санги маломати дигарон дар нисбати таъриху фарҳанги миллати тоҷик аст. Тасаввур кунед, чӣ кори беҳуда ва абас аст, вақте ки хонаат дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, дигарон ҳушдор медиҳанд, вале аз фарти ҷаҳл ва нангу номус онро дифоъ мекунӣ. Зиндагии худро дар ин вайронаи пурхатар идома медиҳӣ ва роҳгузарро, ки ба вазъияти ту бетараф нест, душману бадхоҳи худ меҳисобӣ. Вазъи равшанфикрони муҳофизакори тоҷик чунин аст. Онҳо ба назарияи тавтеа (суиқасд; теория заговора) бовар доранд. Мегӯянд, халқи тоҷик хислатҳо (характерҳо)-и бад, аз қабили танбалӣ, фориғболӣ, бесалоҳиятӣ, ноустуворӣ ва дурӯягиро надоранд, балки бадхоҳон ба ӯ инро нисбат дода, маҷбурӣ таҳмил кардаанд. Ё маслиҳат медиҳанд, ки статус кво, яъне рукуди таърихии худро ҳифз намоем, вагарна ҳаминро ҳам аз даст медиҳем. Ҳар боре ки як нафар ба бознигарии танқидии характери тоҷик мепардозад, равшанфикрони муҳофизакор дар байн медароянд ва хонаи фарсудаи худро аз ин “бегонапараст” ҳимоя мекунанд.

Манбаъ: Шабакаи иҷтимоии Фейсбук

Реклама


Рубрики:Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: