Лаззати маънавӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз вижагиҳои инсон ниёз ба лаззат аст; ҳам ҷисми ӯ лаззатхоҳ аст ва ҳам руҳаш, бо ин тафовут, ки лаззати ҷисмонӣ ҳамагонӣ ва зудрас аст, вале лаззати маънавӣ чунин нест ва ҳар кас аз он баҳраманд нахоҳад буд, балки шароит ва муқаддимаҳое дорад, ки агар фароҳам оянд ва муддате истимрор ёбанд, андак-андак ба даст меояд, ва агар ин лаззат ҳосил шуд, ба яқин, бо ҳеч лаззати моддӣ наметавон онро муқоиса кард.

Дар ҳадиси қудсӣ омадааст, ки Худованд фармуда: «Ман ҳамнишини касе ҳастам, ки маро ёд кунад.» Ҳамнишинӣ бо Худованд лаззатбахш аст. Ва ҳеч лаззати ҷисмиро бо ин лаззати руҳӣ наметавон муқоиса кард.

Бурун рафтанд аз худ то ки дарёбанд дилбарро,

Ту дар кунҷи қафас манзилгаҳи анқо намедонӣ.

Фарқ миёни лаззати ҷисмӣ ва руҳӣ, ҳамонанди тафовут миёни ҳайвон ва инсон аст. Яке аз урафо фармудааст: «Агар шоҳон ва шоҳзодагон медонистанд чӣ лаззате дар муноҷот аст, тоҷу тахтро канор мегузоштанд ва ба муноҷот рӯй меоварданд

Ҳар киро завқи дин падид ояд,

Шаҳди дунёш кай лазиз ояд?!

Дуо василаи такомули руҳ ва расидан ба баҳҷати маънавист, ки кам-кам инсонро ба ишқи Ҳақ мерасонад ва ӯро чун қатрае, дар дарё маҳв мекунад.

Дил ба ишқи Худои Якто деҳ,

Қатраеро раҳе ба дарё деҳ.

То намонад зи ошиқон асаре,

Хоки Маҷнун ба оби Лайло деҳ.

(Файзи Кошонӣ)

Пас биёем ва дуоро фақат василае барои рафъи ҳоҷатҳои моддӣ надонем, то аз лаззатҳои маънавии он низ баҳраманд гардем.

* * *

Ровӣ мегӯяд: Имом Саҷҷод (а) ногаҳон ба ҳолати саҷда рӯйи замин уфтод. Дидам, саҷдааш тӯл кашид. Наздик шудам, сарашро ба доман гирифтам, дидам аз ҳоли оддӣ хориҷ шудааст. Гиря кардам, ашкам рӯйи сурати муборакаш рехт. Ба ҳуш омад ва фармуд: Кист, ки маро аз таваҷҷӯҳ ба маъбудам боздошт?!

Ҳар кӣ бо ту ошно шуд, аз ҷаҳон бегона гардад,

Тарки хонумон бигӯяд, даст аз ҷон ҳам бишӯяд.

Ҳар кӣ ӯ рӯи ту бинад, бар ту кай ғайре гузинад?

Ҷуз ҳадиси ту нагӯяд, ҷуз висоли ту наҷӯяд.

(Файзи Кошонӣ)

* * *

Дилдодагони Маҳбуб

Гӯянд, касе ба дидори Увайси Қаранӣ рафт. Пас аз салом ва аҳволпурсӣ, Увайс пурсид: Барои чӣ ба ин ҷо омадаӣ? Гуфт: Омадаам бо ту маънус бошам. Увайс бо таъаҷҷуб пурсид: Магар касе ба ғайр аз Худо бо касе дигар ҳам унс мегирад?

Оё Увайсҳо дар унси бо Худо чӣ ёфтаанд, ки чунин беқарор ва шайдо дар пайи Ӯянд ва наметавонанд дил ба дигарон биспоранд ва оё моро чӣ шудааст, ки аз чунин лаззате маҳрум гаштаем ва аз унс бо дигарон беш аз унс бо ҳазрати Маъбуд лаззат мебарем?

Розест маро розгушойе хоҳам,

Дардест ба ҷонаму давое хоҳам.

Гар дӯст вафое накунад бар дарвеш,

Бо ҷону дилам аз Ӯ ҷафое хоҳам.

(Имом Хумайни (р))

* * *

Дуои ошиқон

Агар дар сираи авлиё диққат кунем ва муҳтавои дуоҳои ононро бибинем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки онҳо аз хостани ҳоҷатҳои оддии зиндагӣ сокитанд ва зимоми корро ба дасти Худо додаанд.

Қавми дигар мешиносам з-авлиё,

Ки даҳоншон баста бошад аз дуо.

Аз ризо, ки ҳаст роми он киром,

Ҷустани дафъи қазошон шуд ҳаром.

Дар қазо завқе ҳамебинанд хос,

Куфрашон ояд талаб кардан халос.

(Маснавии Мавлавӣ)

Дуоҳои онон суханони ошиқонаест, ки бо маҳбуби хеш дар миён мегузоранд ва бо Худо ишқбозӣ мекунанд.

Имом Саҷҷод (а) баён медорад:

«Бор Илоҳо! Кист, ки маззаи муҳаббати туро чашид ва ғайри туро хост? Ва кист, ки ба мақоми қурби ту унс ёфт ва лаҳзае аз ту рӯй гардонид?»

Ва боз арз мекунад:

«Дидорат нури чашми ман аст ва расидан ба ту орзуи дилам, ва шавқам ба сӯйи ту ва валаҳи ман дар муҳаббати ту ва дилдодагиам дар ҳавои туст!»

Дар дуои дигар ҳамчун тифле, ки домани модарро гирифта ва раҳо намекунад то хостаашро бигирад, чунин мегӯяд:

«Худои ман, оқои ман! Ба иззат ва ҷалолат савганд! Агар маро ба гуноҳонам бозхост намоӣ, ман низ афватро металабам. Ва агар ба пастиам муохиза кунӣ, ман низ караматро хосторам. Ва агар маро ба ҷаҳаннам бибарӣ, ба дӯзахиён хабар медиҳам, ки ман туро дӯст дорам! Эй Худо ва оқои ман! Агар танҳо дӯстонатро бибахшӣ, пас гуноҳкорон ба куҷо паноҳ бибаранд?»

* * *

Лаззати авлиёи Худо

Бо диққат дар дуоҳои авлиёи илоҳӣ мутаваҷҷеҳ мешавем, ки онон чӣ ҳоли хуше доранд ва чӣ андоза аз муноҷот ва унс бо Ҳақ лаззат мебаранд. Имом Саҷҷод (а) фармуд:

«Агар хонаводаам ва дигар мардум бар ман ҳуқуқе надоштанд, ки ночор аз пардохтан ба онҳо бошам, чашмро ба осмон ва дилро ба Худо мутавваҷҷеҳ месохтам ва то поёни умр аз он рӯй намегардондам

Ва аз яке аз авлиё нақл шудааст:

«Эй кош умри ман аз азал то абад буд ва ман мақоми онро дар як саҷда ба сар меовардам!»

Шаб ҳама шаби мову таманнои ӯ,

Хоб надорем зи савдои ӯ.

Шаб дам аз афсонаи ӯ мезанем,

Рӯз дари хонаи ӯ мезанем.

(Ваҳшии Бофқӣ)

* * *

Роҳи кор

Фарде ба ҳузури яке аз авлиёи Худо расид ва арз кард: «Чӣ мешавад агар гӯшаи чашме ба мо кунед ва моро ҳам раҳ бинамоед, то ба лаззате расем ва руҳамон ба парвоз дарояд?»

Марди Худо бо лаҳне мушфиқона ба ӯ чунин фармуд:

«Азизам! Худо барои ҳамагон аст ва ҳеч кас аз даргоҳаш маҳрум нест, кофист ту ҳам ба тарафи ӯ ҳаракат куни

Ӯ пурсид: «Чӣ гуна?» Фармуд:

«Аввал аз гуноҳ бипарҳез, сипас бо анҷоми вазоифи бандагӣ худро ба ӯ наздик кун, то лаззати унс бо ӯро бичашӣ; зеро худ фармудааст, ки толиби дунё аз лаззати муноҷот бо ман маҳрум аст

Гуфт: «Дӯст дорам чунин кунам, аммо наметавонам.» Фармуд:

«Азизам! Мардум бози шикориро кам-кам ром мекунанд. Бале, агар бихоҳӣ ба якбора нафсро ром кунӣ, мушкил аст, аммо оҳиста-оҳиста мешавад онро ром кард

Пурсид: «Чаро зуд аз намоз ва дуо хаста мешавам?» Фармуд:

Мавонеъе вуҷуд дорад, ки агар онҳоро бартараф созӣ, на фақат хаста намешавӣ, балки ғарқ дар сурур ва лаззат мегардӣ

Суол кард: «Он мавонеъ чист?» Фармуд:

«Имом Саҷҷод (а) дар дуои Абӯҳамза онҳоро баршумурдааст. Он дуоро зиёд бихон ва дар он тадаббур кун

Гуфтам: «Нахустин хостаам чӣ бошад?» Фармуд:

Худи Рафиқ; чун яке аз исмҳои Худо Рафиқ аст

Таъаҷҷуб кардам ва гуфтам: «Оё воқеан Худо рафиқ аст?» Фармуд:

«Рафиқи ҳақиқӣ Худост ва касе рафиқтар аз ӯ пайдо намешавад. Ҷуз Худо кадом рафиқ аст, ки ба ӯ бадӣ кунӣ ва ӯ дам ба дам бештар ба ту хубӣ кунад?»

Дидам дуруст мегӯяд, гуфтам: «Аз ин рафиқ чӣ бихоҳам?» Фармуд:

«Сарро ба тарафи осмон баланд кун ва содиқона бигӯ: Рафиқо! Дӯстат дорам!»… вале инро бидон, ту ки нону намаки рафиқро мехӯрӣ, мувозиб бош намакдонро нашиканӣ

Сарро ба сӯйи осмон баланд кардам, гуфтам:

«Эй Рафиқи Шафиқ! Дӯстат дорам. Худоё! То кунун ҳар чи хостам барои худам буд. Маро бибахш, ки ғайр аз туро талаб кардам. Худоё! Шунидаам ҳиммати баландро дӯст дорӣ, ба ман ҳиммати баланд ато кун, ки ба камтар аз расидан ба ризо ва лиқои ту қонеъ нашавам!»

Илоҳӣ! Диле диҳ, ки ҷойи ту бошад,

Лисоне, ки дар вай санои ту бошад.

Илоҳӣ! Бидеҳ ҳиммате ончунонам,

Ки саъям вусули лиқои ту бошад.

Эй чунонам кун аз ишқи худ маст,

Ки хобу хӯрам аз барои ту бошад.

Илоҳӣ! Ато кун ба фикрам ту нуре,

Ки маҳсули фикрам дуои ту бошад.

(Тӯтии Ҳамадонӣ)

* * *

Худо қувват!



Рубрики:Ахлоқи писандида, Барномаи зиндагӣ, Дуо ва муноҷот, Инсони муваффақ, Ирфони амалӣ, Ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: