Андар баёни фарҳанги миллӣ

Ба қалами: Азиз Нақибзод

Пеш аз он, ки русҳо Осиёи Марказиро зери тасарруф дароранд, чанд даҳсола урф, одат, фарҳанг, характер ва заъфҳои тоҷиконро омӯхтанд. Сайёҳон ва олимони рус дар баёни фарҳанги тоҷик таъкид кардаанд, ки зинҳор ба зану духтари тоҷик ба чашми бад нанигаред, ки ҳаргиз шуморо намебахшад ва шарёнҳои номусашро ба ҷӯш меорад. Командирҳои Лашкари сурх ҳам замони Инқилоб ба аскаронашон таъкид мекарданд, ки ҳаргиз ба зану духтари тоҷик нияти бад накунед ва нигоҳи хато наафканед.

Мутаваҷҷеҳ шудед, ин гуфтаҳоро танҳо нисбат ба тоҷикон гуфтаанд. Таассуфбарангез аст, ки ин махсусияти тоҷик, ки миллати моро аз дигар ақвом чудо мекард, имрӯз аз сӯи худношиносоне фарҳанги бегона унвон карда мешавад.

Агар ҳифзи номус фарҳанги бегона аст, пас фарҳанги тоҷик чист? Тоҷик ҳаргиз аз занаш ҷое шикоят намебарад! Ба пӯшиши зану хоҳари тоҷик касе ҳаққи дахолат кардан надорад. Инҳо ҳарими хусусии тоҷик хастанд ва дахолатнопазиранд.

Мӯҷиби навиштани ин ёддошт ба ҷуз суханҳои тавҳиномези раиси Кумитаи занон дар хусуси занони рӯймолдор пахши хабаре буд, ки мувофиқи он гӯё марде аз ҳамсараш шикоят бурда, ки рӯймол занашро гирифтори беморӣ кардааст. Ин хабари оддӣ нест, аз он бӯи бад меояд. Ба думболи ин хабар ҳатман тасмимоте гирифта хоҳад шуд. Мисли ин ки ҳар фитнае, ки дар ҷомеаи мо рух дод дар оғоз чунин хабаре дошт.

Дӯстоне гуфтанду хоҳанд гуфт, ки ба масъалаҳои ҷузъӣ ва зоҳирӣ набояд пардохт. Аммо ин ҷо сухан аз пӯшиши занон нест, ҳарчанд, ки барои мусалмон ин масъалаи оддӣ набуда, балки фарз аст. Аммо манзури мо фарҳанг ва суннатҳои миллист, ки аз ислом ҷудо нест. Нигаронии инҷониб аз он аст, ки рӯирост дурӯғ мегӯем, яке огоҳонаву дигаре ноогоҳона. Рӯймолеро ки ҳафт пуштамон пӯшида буду имрӯз ҳам модарони аксарамон ба сар доранд, фарҳанги бегона мегӯем.

Бигзор ба гурӯҳе рӯймол нафорад, бигзор пайвандонашро нагузорад, ки либоси суннатӣ бипӯшанд, аммо дурӯғгӯӣ чаро? Онҳое, ки аз фарҳангу таърихи миллаташон огоҳӣ надоранд, чаро ба ҷои як миллат тасмим мегиранд? Агар мехоҳанд, ки бо сари бонувонро луч кардан пеш мераванд, чаро ба ин амалиёташон номи воқеӣ намемонанд? «Мубориза бо фарҳанги бегона»? Бегона кист? Модарони мову Шумо? Бибиҳоямон?

Инсоф бояд дошт. Як мисол оред, ки пеш аз омадани рус як модари тоҷик сари луч мегашт.

Бигзарем. Фарҳангу суннатҳои як миллат дар садсолаҳо шакл мегирад. Онро аз байн бурдан ба осонӣ даст намедиҳад. Аммо миллатҳои огоҳ барои аз байн нарафтани анъаноти миллиашон кӯшиш мекунанд. Мо барои аз байн бурданаш. Барои шикастани тоҷик ва аз байн бурдани суннатҳои миллиаш русҳо корҳои зиёде ба анҷом расондаанд. Як амале, ки болшевикони рус барои шикастани пояҳои фарҳанги тоҷик иҷро карда буданд ва дар китобҳои таърих қайд нашудааст, ин дар оғози бунёди сотсиализм ба Осиёи Марказӣ овардани фоҳишахои зиёди рус буд, ки огоҳон ҳатман хабар доранд.

Таваҷҷӯҳ кардед, ки барои шикастани анъанаҳои ҳазорсолаи мо аз чӣ қабоҳате кор гирифта буданд? Ҳоло мо худамон мехоҳем ба сутуни ин фарҳанги бузург теша занем.

Гуфтем, ки дар фарҳанги тоҷик аз либоси зан аслан дар мазҳари ом ҳарф намезананд. Кори хусусии ҳамон зан ва хонаводааш аст. Пас агар либоси ӯ ба касе халал мерасонад, рост бигӯяд, ки чаро бадаш меояд?! Фарҳангро ба ҳоли худаш гузорад.

Фарҳанг мероси гузаштагонамон аст, агар ҳифз карда наметавонем, ҳадди ақалл тавҳин накунем.

Манбаъ: Шабакаи иҷтимоии Фейсбук



Рубрики:Бонувон, Нақду назар

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: