Ҳиҷоб, юбка ва фарҳанги миллӣ

Ба қалами: Абдуманнон Шералиев

Баҳсе, ки раиси Кумитаи кор бо занон оғоз бахшид, шӯре дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехтааст. Хашми корбарони шабакаро ин гуфтаи ӯ бештар аз ҳама барангехтааст: “Вақте занҳо аз фарҳанги бегона пайравӣ мекунанд, фаҳш ҳам барои онҳо кори оддӣ мешавад”. Ҳарчанд ӯ ҳарфҳои дигаре ҳам задааст, ки бояд посух гуфта шавад.

Аслан, ин сухани ӯ ҷои нигаронӣ надорад ва хеле ба воқеъият наздик аст. Ҳарчанд ин зан ва умуман мақомот ба ин назаранд, ки ҳиҷоб ба фарҳанги тоҷикӣ бегона аст, дар асл худи онҳо, либосашон, ҳарфашон, амалашон ва ҳатто ранги рӯяшон аз фарҳанги тоҷикӣ садсолаҳо дур аст.

Мутмаиннам, онҳое, ки аз пайравӣ ба фарҳанги тоҷикӣ гулӯ медаронанд, на танҳо худашон тоҷикӣ нестанд, балки аслан намедонанд худи фарҳанг чист. Мӯд шудааст, ки порахӯр аз мубориза бо фасод, дузд аз мубориза бо дуздӣ, ғар аз мубориза бо фоҳишагӣ ва бефарҳангу оқипадарҳо аз фарҳангу маданият ҳарф зананд. Гузашта аз ин, ин фосиду дузду фоҳишаву оқипадарҳо ба мардуме, ки 1400 сол мусалмон буду то имрӯз исломашро ҳифз кардааст, дарси имону эътиқод меомӯзанд.

Хуб, баргардем ба ҳарфҳои Идигул, ки ҳиҷоб ба фарҳанги тоҷикӣ бегона аст ё либоси худи ӯву ҳамммаслаконаш. Фарҳанги тоҷикиро ин мардум имрӯз танҳо дар атласпӯшӣ дидаанд. Соли гузашта ин зан бо юбкаву пиджак аз фарҳанги тоҷикӣ гулӯ даронда буд ва чун суолҳои зиёде рехтанд, ки куҷои либоси худаш тоҷикӣ аст, имсол бо куртаи атлас назди журналистон пайдо шудааст. Куртаи атлас, аммо бе остин ва гардану бари кушода. Ҳамин аст фарҳанги тоҷикӣ? Яъне атлас, ки пӯшидӣ агар фаразан синаҳоят ҳам то нимаш намоён бошаду тахтапуштат то миён кушода, фарҳанги тоҷикиро риоя кардаӣ?

Хуб бубинем, ки матоъ баёнгари фарҳанг аст ё тарзи дӯхта шудани он. Агар ба либоси суннатии тоҷикӣ бингарем, маълумамон мегардад, ки атлас танҳо яке аз даҳҳо матоъе будааст, ки тоҷикон аз он куртаву эзор медӯхтанд. (Чун “фарҳангдӯстон” бештар ба либоси занон часпидаанд, мо ҳам маҷбурем алъон аз он ҳарф занем.) Пас атлас ягона либос-баёнгари фарҳанги тоҷикӣ набудааст. Ҷузъ атлас матоъҳои зиёде барои куртаву эзори занони баору номусу бофарҳанги тоҷик истифода мешудааст. Пас як матоъ ё умуман матоъ наметавонистааст муаррифигари фарҳанг бошад. Аммо вақте аз ин ҳама матоъ куртаву эзор бо як усул дӯхта мешаванд, метавон бо сароҳат гуфт, ки ин намуд куртаву эзор баёнгари фарҳанги либоспӯшии як қавм ё миллатанд. Пас куртаву эзори тоҷикӣ аз матоъҳои гуногун, ки аз қадим то замони сари мансабҳо омадану фарҳангшинос шудани ин гурӯҳи худобехабар, занони тоҷик мепӯшиданд, баёнгари воқеъии фарҳанги либоспӯшии тоҷикӣ аст.

Хуб, давоми ҳазор соли охир, кай зани тоҷик куртаи беостин, нимостин, пешибаркушода, танг ва бабаданчаспида пӯшида буд? Кай сари зани тоҷик луч буд? Кай зани тоҷик бе поҷома буд? Гузашта аз ин, давоми 1000 сол он тараф, аз аввали пайдоиши насли тоҷик, кай беизоре, беостине пешибаркушодае масъули фарҳанги занони баору номуси тоҷик буд? Кай зани тоҷик ҳиҷоб надошт? Хуб, инҳо ҳатто исломро фарҳанги бегона медонанд, вале ҳатто пеш аз ислом, магар зани тоҷик чунин намуд дошт?

Маълум шуд, ки фарҳанги тоҷикӣ на пӯшидани як матоъи муайян, балки пӯшидани куртаву поҷомаву рӯймолҳое будааст, ки тамоми баданро мепӯшонидаанд. Пас, ҳатто ҳиҷобҳои ба қавли ин «фарҳангшиносон» покистониву арабиву эронӣ ба маротиб аз атласи беостину кӯтаҳдомани инҳо ба фарҳанги тоҷикӣ наздиктар будааст.

Аммо баргардем ба мавзӯъи либос ва фоҳишагӣ.

Ин иттиҳоми бузург, ки аввал мақомоти амниятиву қудратӣ, сипас бархе аз масъулини ҳукумат ба зани покдомани муҳаҷҷабаи тоҷик чӣ, ба миллат часпонданд, ҳатман рӯзе аз гиребонашон хоҳад гирифт. Балки ин хиёнате бузург ба миллат аст. Онҳо гумон карданд бо бастани ин иттиҳом ба занони муҳаҷҷаба, ислом ва ҳаракатҳои исломиро дар назари мардум бад нишон хоҳанд дод. Аммо намедонанд, ки аввалан “дарё палид менашавад аз даҳони саг”, сониян ин иттиҳомро на ба бегонае, балки ба хоҳар, модар, зан ва духтари худ часпондаанд. Ҳеҷ бегонае, ки ин иттиҳомро шунид, нахоҳад гуфт, ки фалон зани муҳаҷҷабаи тоҷик фоҳиша будааст, балки хоҳанд гуфт тоҷикон фоҳиша будаанд, чун худи мақомоти давлатиашон инро эътироф мекунанд. Ва вақте бегонагон тоҷикон гуфтанд, пеш аз ҳама масъулини кишвар, бахусус занони масъулро тасаввур хоҳанд кард, чун эшон шинохташудатарин қишри ҷомеъаанд.

Ҳаргиз ҳеҷ зане, ки тарс аз Худо надорад, ҳаёву иффати пок надорад, номус барояш муқаддас нест, тану нафсашро махсуси шавҳари худаш намедонад, ҳиҷоб ба бар нахоҳад кард. Ва зане, ки тарс аз Холиқи яктояш дорад, боиффату боҳаё аст, ба шавҳараш содиқ аст, тарафи зинову фаҳшо нахоҳад рафт. Агар зани муҳаҷҷабае зино кардааст, ба ин маънӣ нест, ки муҳаҷҷабаҳо зинокоранд, балки ба ин маънист, ки зинокоре бо кадом ҳадафе ҳиҷоб ба бар кардааст. Ҳама медонанд ва дигар ин сир ҳам нест, ки мақомоти интизомӣ барои собит кардани иттиҳомашон алайҳи занони муҳаҷҷаба, фоҳишаҳоро ҳиҷоб пӯшонидаву наворбардорӣ карданд. Ва агар кадом фоҳишае ҳам сатри исломӣ ба бар кардааст, танҳо барои ҷалби муштариёнаш будааст, на ба ин хотир, ки ӯ зани боиффат аст.

Аммо ҳиҷоб шиори ислом ва аз муқаддасоти он аст. Душманони ислом, ки мехоҳанд ин шиори исломиро ба фаҳш нисбат диҳанд, бидонанд, ки хашми Худо болояшон ногузир аст ва бидонанд, ки Худованди соҳиби ин дин ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ки яке аз шаоири динаш бозичаи дасти душманонаш бошад.

Аммо чаро масъулин гумон мекунанд, ки касе занону духтаронро маҷбур мекунад, сатр ба бар кунанд? Ҳатто гумонашонро воқеъият мепиндоранд. Идигул Қосимзода дар конфронси матбуотиаш гуфтааст: “Вақте мутахассисони мо бо ин духтарони ҳиҷобпӯш сӯҳбат мекунанд, онҳо бо гиря нақл мекунанд, ки шавҳару падару бародаронашон онҳоро маҷбуран сатр мепӯшонанд”. Ба Худо қасам, шикоят не, тасодуфан аз даҳани як зан ин ҳарф баромад, на танҳо шавҳарашро барои 5 сол равонаи зиндон мекунед, балки тамоми ВАО-ро аз ин ҳодиса ба дод меоред. Ҳадаф аз хона ба хонаи мардум гаштанатон ҳам ҳамин аст, ки ЯК занеро пайдо кунед, ки чунин гӯяд, то бо худ далел дошта бошед.

Чаро онҳо чунин меандешанд? Посухи ин суол бисёр сода аст. Касе духтарону занони баору номуси мусалмони тоҷикро ба ин кор маҷбур накардааст. Онҳо аввал барои иҷобати амри парвардгорашону роҳнамоии паямбарашон, сипас ба хотири ҳифзи ҳайсияти як зани покиза ва нигаҳ доштани аъзои баданашон, ки маҳрам аст ва танҳо ба шавҳаронашон тааллуқ дорад, аз чашму нигоҳи шаҳватомези мардони бегона ингуна либосро ба бар мекунанд. Вали инро онҳое мефаҳманд, ки медонанд амри Парвардгору паямбараш чист ва покизагии воқеъӣ чӣ маънӣ дорад.

(Идома дорад)

Манбаъ: Шабакаи иҷтимоии Фейсбук

Реклама


Рубрики:Бонувон, Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: