Гӯшанишинӣ дар мактаби тасаввуфи асил

Ба қалами: Абдуллоҳ Оқилзода

إدفن وجودك في أرض الخمول، فما نبت مما لم يدفن لا يتم نتاجه

Худро дар сарзамини гумномӣ дафн намо, зеро он донаҳое, ки бидуни зери хок гаштан мерӯянд, ҳосили хуб намедиҳанд.”

Шарҳ:

Шайх Ибни Аббоди Рундӣ (р) зимни шарҳи ҳикмати боло навишта аст: “Зараровартарин офат барои муридони роҳи Ҳақ шӯҳратхоҳӣ аст. Зеро он аз бузургтарин ҳиссаҳои нафс аст, ки вай барои тарк ва алайҳи он мубориза бурдан фармон шуда аст”.

Иброҳим ибни Адҳам (р) гуфтааст: “Ҳар кас шӯҳрат доштанро дӯст дорад, дар муомила бо Аллоҳ таоло содиқ нест”.

Баъзе аз орифон гуфтаанд: “Роҳи пешгирифтаи мо танҳо шоистаи касоне аст, ки худро дар зуболадон партофтаанд”.

Шахсе аз Бишр ибни Ҳорис (р) дархости насиҳат кард, ба вай гуфтанд: “Гумном бош ва ҳалол бихӯр”.

Шахси муҳибби Ҳақ Таоло ба сӯи гӯшанишинӣ, хилват ва дилбастагӣ ба ёди маҳбубаш мегурезад, ҳамон гунае, ки моҳӣ ба сӯи об ва тифл ба сӯи модараш фирор мекунад.

Ҳар кас дар ҷамъи мардум лаззати унс бо Ҳақ таолоро аз даст диҳад ва дар танҳоӣ онро пайдо кунад, пас, вай бандаи содиқи нотавон аст. Ҳар кас дар ҷамъи мардум лаззати унс бо Ҳақ таолоро пайдо кунад ва дар танҳоӣ онро аз даст диҳад, пас, вай бандаи бемордил аст. Аммо шахсе, ки ҳам дар ҷамъи мардум ва ҳам дар танҳоӣ унс бо Ҳақ таолоро пайдо кунад, пас, вай бандаи муҳибби содиқу нерӯманд аст.

Қалбатро дар се маврид ҷустуҷӯ намо: ҳангоми гӯш фаро додан ба Қуръони карим, дар маҷлисҳои зикр ва соатҳои хилват бо Аллоҳ таоло. Агар дилатро дар мавридҳои боло ором пайдо накардӣ, пас, аз Аллоҳ таоло бихоҳ, то аз фазлу карамаш бароят қалби дигар диҳад. Зеро ту қалб надорӣ.

Вақте дидӣ, ки нафсат аз унс бо Ҳақ ба сӯи унс бо халқ ва аз хилват бо Аллоҳ таоло ба сӯи хилват бо ағёр мегурезад, пас, бояд бидонӣ ту арзандаи Мавлои мӯъминон нестӣ.

Расули Худо (с) хилват нишастан дар ғори Ҳироро дӯст медоштанд.

Шайх Саид Ҳавво (р) зимни шарҳи ҳикмати боло ва дигар ҳикматҳои дар ин фасл омада навиштаанд: Тамоми ҳикматҳои ин фасл дар як нуқта ҷамъ мешавад, ки аслан набояд чизе боиси пардапӯш гаштани Ҳақ таоло аз қалби ту гардад. Пас, агар Ҳақ таоло аз қалби ту пӯшида монда аст, ин танҳо ба сабаби иллат доштани дили туст. Иллатҳое, ки ҳамчун парда байни қалби банда ва Аллоҳ таоло монеа эҷод месозад, шаҳватҳо, ғафлатҳо ва лағжишҳо ҳастанд. Маҳз ҳамин дардҳо қалби туро аз мушоҳидаи Аллоҳ таоло мепӯшонад. Дар акси ҳол набояд чизе байни дили банда ва Аллоҳ таоло монеа шавад. Модоме чизе Ҳақ таолоро аз дилат пӯшонида аст, пас, бегумон дар қалбат иллат вуҷуд дорад. Он иллатҳо кадоманд? Ана ҳамон шаҳватҳо, ғафлатҳо ва лағжишҳо ҳастанд. Пас, барои пок кардани ин бемориҳои дил чӣ бояд кард? Роҳи пок гаштан аз ин дардҳои қалб гӯшанишинӣ ва хилват бо Аллоҳ таоло аст. Бояд як муддат ба гӯнашинӣ ва хилват бо Худо рӯ биёрӣ. Баҳси асосӣ дар ин фасл ба таври силсилавӣ сари ҳамин мавзӯъ давр мезанад. Ба ин маъно, ки ту барои расидан ба ҷилои қалбат, то нуронӣ шавад ва чизе монеи байни он ва Ҳақ таоло нагардад, дар марҳилае аз марҳилаҳои зиндагиат ба гӯшанишинӣ, хилват бо Худо ва гусастани алоқа аз мардум ниёзманд ҳастӣ.

Ҳикмати боло зикрёфта андешаи ғалатеро, ки доим домангири махсусан мо, аҳли дониш ва даъват ба сӯи Худо мегардад, рад мекунад. Вақте қалби мо барои ислоҳаш ба гӯшанишинии муваққатӣ ва хилват бо Аллоҳ таоло ниёз пайдо мекунад, дар ҳол дар зеҳнамон савол ба вуҷуд меояд, ки чигуна ман ба гӯшанишинӣ машғул мешавам, дар ҳоле ки дунё дар ҳолати харобӣ қарор дорад ва ман барои ободӣ бояд саҳмгузор бошам?! Ислом дар ҳолати тангно қарор гирифтааст, пас, читавр ман метавонам ба узлатнишинӣ рӯ биоварам?! Агар ман ба чунин амал даст занам, фасод бештар мешавад.

Имом Ғаззолӣ (р) дар китоби “Эҳё-ул-улум”-и худ ба ҳамин маъно навиштаанд: “Вақте донишманд мехоҳад барои ислоҳи нафсу қалбаш фароғат пайдо кунад, дар ҳол васвасаҳои шайтонӣ дар дарунаш ба ҷӯшу хурӯш меоянд ва ба вай садо мезананд, чигуна барои худат фароғат меҷӯӣ, дар ҳоле ки мардум ҳама дар ҳалокат қарор доранд?! Гӯиё ҳалокати аҳли олам ба ҳамин шахс вобастагӣ дошта бошад.”

Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ (р) қонуни тарбиявии гӯшанишинӣ ва хилват бо Худоро ба айни ҳамин қонун дар олами наботот монанд дониста аст. Агар донаро ҳамин тавр ба ҳоли худ дар замин гузорӣ ва онро зери хок накунӣ, офтоби сӯзон болои он нурафшонӣ мекунад, ҳар кас бо гузаштан ба ин тарафу он тараф онро зери пояш пахш месозад ва бо ҳамин нобуд гашта меравад. Вале агар аз он дона баргу ҳосил гирифтан мехоҳӣ, пас, бояд онро зери хоки сиёҳ дафн кунӣ ва як муддат мунтазир бимонӣ, то дар зерин замин пухта расад ва баъди мурури замони муайян аз зери хок сар мекашад ва он хусусиятҳоеро, ки Аллоҳ таоло барояш додааст, берун мегузорад.

Маълум мешавад, ки ҳосил додани дона ду марҳиларо паси сар мекунад: марҳилаи омодашавӣ дар зери замин ва марҳилаи рушду додани самар баъди рӯйидан ва аз зери хок сар кашидан. Айнан ҳамин қонун барои тарбияи инсон мутобиқат мекунад.

Агар инсон мехоҳад дар замин ҳамчун донишманди шариат, ҳимоятгари дин, муборизи роҳи Худо, даъватгари роҳи Ҳақ ва анҷомдиҳандаи масъулиятҳои иҷтимоии баланд кору фаъолият барад, пас, мебояд ин ду марҳиларо паси сар намояд. Марҳилаи якум аз тариқи хилват ва гӯшанишинии муваққатӣ худро такмил диҳад ва баъди пухта расидан ба марҳилаи дуюм ворид гашта, ба фаъолият иқдом намояд.

Оқибати инсоне, ки кори худро аз болои минбарҳои шӯҳратхоҳӣ ва ҷоҳталабӣ оғоз намуда, марҳилаи омодашавиро сипарӣ намекунад, нотамомӣ, нокомӣ ва харобист. Агар дар бобати дониш чизе бигӯяд, нопухта мегӯяд, агар қасди сайри роҳи Худоро кунад, ҳатман нафси амморааш, ки саропо ҳавову ҳавас аст, ӯро аз рафтан дар ин роҳ боз медорад, агар ба анҷоми фаъолиятҳои иҷтимоӣ кӯшиш кардан хоҳад, майлу рағбаташ ӯро барои расидан ба ҷоҳу мансаб ба рақобатҳои носолим маҷбур месозад.

Сабаби ин ҳама гирифториҳо дар он аст, ки вай барои худ фурсат фароҳам наовард, то дар меҳроби узлат ва хилват пок гардад ва омода шавад.

Аҳли сулук мӯътақиданд, ки инсон дар ҳаёти худ ба марҳилаи хилват бо Худо, гӯшанишинӣ ва кам кардани алоқа бо мардум ниёзманд аст. Вай дар ин марҳила бо қалбаш ба пуррагӣ мутаваҷҷеҳ ба Ҳақ таоло мегардад. Ин мавзӯъ дар доираҳои аҳли тасаввуф тақрибан иттифоқӣ ва муштарак аст. Ба ҳамин асос вақте онҳо рукнҳои сайр ба сӯи Худоро ном мебаранд, мегӯянд, гӯшанишинӣ, хомӯшӣ, шабзиндадорӣ, гуруснагӣ ва зикр аз ҷумлаи пояҳои асосии ин роҳанд.

Узлат у ҷуъ , буду самт у саҳар,

Соликонро ба ростӣ раҳбар.

Яке аз рукнҳои ҳаракат дар роҳи Худо хомӯшӣ аст. Инсон бо ин восита худро одат медиҳад, то забонашро зери идораи худ гирад ва аз гуфтани калимаҳои ғайри шаръӣ бипарҳезад.

Гӯшанишинӣ ҳам назди аҳли тасаввуф аз ҷумлаи рукнҳои сайри роҳи Ҳақ ба шумор меравад. Гӯшанишинӣ ба ин маъност, ки ба қадри имкон алоқаҳои худро бо халқ камтар мекунӣ ва бо Ҳақ наздиктар мегардӣ. Ба пуррагӣ қатъ кардани иртибот бо мардум номумкин аст. Барои инсон зарур аст, то дар суратҳои гуногун бо халқи Худо алоқа дошта бошад, вале дар узлатҳои муваққатӣ онро тахфиф медиҳӣ.

Аҳли сулук ҳамин амалро ҷузъе аз ҳаракат дар роҳи Худо медонанд.

Ҳамчунин таҳаммули гуруснагӣ рукни дигари ин роҳ аст. Ба ин маъно, ки инсон дар истеъмоли таом худро идора карда тавонад. Ин ҳолат аз тариқи одат додани нафс бар гуруснагӣ ба даст меояд. Вақте бар гуруснагӣ одат гирифт, дигар идораи нафс дар хӯрдан ва нӯшидан барояш осон мегардад.

Рукни дигари сайр дар роҳи Ҳақ таоло одат кардан ба шабзиндадорӣ аст, то хоби худро идора кардан тавонад ва хобаш ӯро аз иҷро намудани воҷиботаш боз надорад. Худашро ба бедорхобӣ одат медиҳад, аммо на ҳамчун ҳадаф, балки танҳо бо роҳи тамрин қудрати идораи хобро пайдо кардан. Борҳо мушоҳида мекунӣ, ки баъзе аз мусалмонон бо кадом сабаб шаб бедорхобӣ мекашанд ва намози бомдодро қазо мекунанд. Бо кадом зарурате дертар хоб мекунад, бо ҳамин пеш аз бомдод барои адои намози таҳаҷҷуд ва истиғфор бархостан наметавонад. Рӯи ҳамин асос, яке аз рукнҳои сайр дар роҳи Худо одат кардани шахс дар бедорхобӣ ва ба ҳамин васила қудрати идораи хобро пайдо кардан аст, то ибодатҳои нофила ва фарзашро ба ҷой оварад.

Ҳар як мусалмон ба қадри тавони худ дар ҳолати сайр ба сӯи Худо қарор дорад. Вақте шахс намозашро адо мекунад, закоташро мепардозад, зикри Аллоҳ таолоро ба ҷой меорад ва мудом вазифаи тиловати Қуръон дорад, пас, вай аз зумраи роҳравони роҳи Ҳақ таоло ба ҳисоб меравад. Танҳо бо ин фарқ, ки ҳаракати усулӣ дар роҳи Худо аз ҳаракати ғайри усулӣ, ки тобеи ҳеҷ чорчӯба нест, фарқ дорад. Агар шахс барои расидан ба маъноҳои хос худро тобеи гӯшанишинии ҳадафмандона нагардонад, сайри вай дар роҳи Худо усулӣ ба ҳисоб намеояд. Шайх Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ (р) дар ин фасл ба ана ҳамон қоидаву усулҳои сайр дар роҳи Худо ишора кардааст.

Инҷо савол ба миён меояд, ки оё аҳли тасаввуф ва шахсан Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ (р) барои исботи шаръии гӯшанишинӣ ва хилват бо Худо далел доранд? Онҳо дар кадом асос ин амалро ҳамчун василаи поксозӣ ва тарбияи нафс мешуморанд?

Посух ба саволи боло ин аст, ки аҳли сулук-тасаввуф дар ин масъала аз суннати набавӣ ба ду асл такя кардаанд:

1. Хилватнишинии Расули Худо (с) дар ғори Ҳиро пеш аз нубувват;

2. Эътикоф нишастани Расули Худо (с), ки суннат дониста мешавад.

Дар ривояти саҳеҳ ворид шуда аст, ки Аллоҳ таоло пеш аз даврони паёмбарӣ муҳаббати хилват нишастанро дар қалби Расули Худо ҷо карда буд. Он Ҳазрат (с) шабҳои пай дар пай дар ғори Ҳиро хилват менишастанд. Вақте ҳикмати ин амали Расули Худо (с)-ро мавриди таҳқиқ қарор медиҳем, маълум мегардад, ки Ҷанобашон барои дар оянда анҷом додани масъулияти даъват ва рисолат ба чунин хилватҳо ниёзманд буданд ва он барои Расули Худо (с) ҳамчун даврони омодагӣ барои таҳаммули масъулият дониста мешавад. Модоме Паёмбари Худо (с) бо он ҳама мақому азамат ба хилватнишинӣ ниёзманд бошанд, пас, ниёзмандии мусалмонон ба он даҳҳо баробар бештар аст.

Шояд касе эътироз кунад, ки хилвати Расули Худо (с) дар ғори Ҳиро пеш аз нубувват буд. Дар посух ба ин эътироз мегӯем, Расули Худо (с) чӣ пеш аз нубувват ва чӣ баъд аз он ҳамчун улгу ва намунаи пайравӣ дониста мешаванд, магар дар сурати вуҷуд доштани далеле, ки амали пеш аз нубувваташонро рад намояд. Вале дар масъалаи мавриди баҳс чунин инкор аз тарафи Расули Худо (с) ворид нагашта аст. Аммо асли асосӣ дар ин бобат ҳамон эътикофи Паёмбар (с) аст. Расули акрам (с) ҳамасола дар моҳи Рамазон даҳ рӯз эътикоф менишастанд ва дар охирин соли умрашон бист рӯз эътикоф нишаста буданд. Ғайр аз ин Он Ҳазрат (с) дар моҳи Рамазон ва ғайри он эътикоф нишастаанд. Ин амали Паёмбар (с) ба он ишора мекунад, ки хилват ва гӯшанишинии муваққатӣ, ба шарти поймол нагаштани амали фарзи дигар асоси шаръӣ дорад.

Барои ҳамин Шайх Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ (р) мегӯяд: “Худро дар сарзамини гумномӣ дафн намо, зеро он донаҳое, ки бидуни зери хок гаштан мерӯянд, ҳосили хуб намедиҳанд”.

Вақте донаҳо дар замин андохта шавад ва зери он дафн нашавад, ҳосилаш заиф мегардад ё аслан ҳосил намедиҳад. Гӯё Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ (р) гуфтанӣ аст, ки халқи Худо аз дониш ва даъвати ту суд бурда наметавонанд, магар дар сурати сипарӣ кардани марҳилаи дафн кардани вуҷудат дар замини гумномӣ. Ба ин маъно, ки як муддат алоқаҳои худро аз халқи Худо гусаста мекунӣ ва аз ҷамъи онҳо дур мешавӣ.

Бояд қайд кард, ки феъли гӯшанишинӣ набояд ҳамчун ҳадаф шинохта шавад, балки он ба ҳайси васила пазируфта шудааст. Василаи расидан ба ислоҳи қалбҳо.

Яке аз иштибоҳоти роиҷ дар доираҳои баъзе пайравони аҳли тасаввуф ҳамин аст. Онҳо гӯшанишиниро барои худ ҳамчун ҳадаф қарор дода, дигар аз ҷомеа ба куллӣ қатъи робита мекунанд. Дар ҳоле ки ин рафтор хилофи суннати Паёмбар (с), саҳобагон, тобеин ва пешвоёни ҳамин роҳ аст. Оре, гӯшанишинӣ ва хилват асли шаръӣ дорад, бале, аз он барои ислоҳи насф ва қалб бояд истифода кард, ҷойи баҳс нест, ки ин амал назди аҳли тасаввуф ҳамчун рукн-пояи асосӣ дар тарбияи нафс ба шумор меравад, аммо ин амал дар зоти худ ҳадаф нест, балки васила аст набояд аз он ба маънои дурӣ аз ҷомеа ва тарки фарзҳо ва масъулиятҳои имонӣ дар байни мусалмонон истифода шавад.

Шахс барои иҷрои фаъолиятҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва вазифаҳои иҷтимоӣ ба се кор ниёзманд аст:

1. Дониши амиқ:

Зеро бидуни дониш дар байни мардум гап задан ва пешбарии онҳо ба он чи шахс ба он муътақид аст, раво нест.

2. Тазкия ва тарбияи нафс:

Ҳамон тавре маълум аст, нафси инсон доим ӯро ба анҷоми корҳои бад шақвманд месозад. Нафс доим рағбати ба даст овардани зимоми раҳбарӣ, обрумандӣ, рақобатҳои ҳатто носолим барои дарёфти бартарият дар ҷамъи мардум маишат кардан ва сарфи назар аз ҳалол ё ҳаром будани даромад ба даст овардани молу пулро дорад.

Шахс бидуни тазкия-тарбия вақте қасди адои намоз мекунад, дар ҳол нафсаш ӯро ба ҳаракат медарорад, ки тарзе намоз бихон, то мардум туро ситоиш кунанд, агар ба таълим, даъват ва таблиғи мардум ба сӯи дини Худо иқдом кунад, нафсаш таҳрик мекунад, ки бояд коре карда аз ин тариқ соҳиби шӯҳрат гардад ва ҳама ӯро ҳамчун пешво эътироф кунанд ва чун ба бештар иҷро кардани зикру ибодатҳо қадам гузоштан хоҳад, нафсаш ӯро аз дарун ба ҳаракат медарорад ва васваса мекунад, ки бояд ба ҳамин васила байни мардум обрӯманд гардад ва дар дили мардум ҷой пайдо кунад.

Ягона роҳи халосӣ аз ин ҳама офатҳои хатарнок он аст, ки инсон нахуст дар асоси нишондоди Худову Паёмбар (с) ба тазкия ва тарбияи худ машғул гардад ва ба қавли Шайх Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ (р) худро як муддат дар сарзамини гумномӣ дафн созад.

3. Пок кардани қалб аз муҳаббати аз ҳад зиёди ғайруллоҳ:

Бале, ҳар инсон молу зану фарзанди худро дӯст медорад, вале бояд қалби худро поксозӣ кунад, то дар муҳаббат ба инҳо ба ифрот-азҳадгузарӣ роҳ надиҳад ва боиси халалдор гаштани муҳаббати ҳақиқӣ-муҳаббати Ҳақ таоло нагардад.

Дар кадом мактаб метавонам ин се натиҷаи зикргаштаро таҳаққуқ бахшам?! Вақте бидуни омодагӣ дар ҷомеа ворид шавам ва дар он ҳазм гардам, оё минбаъд имкон дорам, ки қалбу нафсамро тарбия кунам ва ақламро ғинои илмӣ диҳам? Дар чунин ҳолат ҳар кӯшише, ки мекунам, таъсири баръакс мерасонад.

Барои тазкия ва тарбияи худ бояд нафс ба хилватҳои ҷузъӣ ва мураттаб тобеъ гардонида шавад. Дар хилватнишиниҳо барои худшиносӣ фурсат пайдо мекунам ва ба ҳақиқати бандаи ночизу нотавон буданам воқиф мегардам. Худшиносии воқеӣ бароям имкон медиҳад, то барои рушди имонӣ ва рӯҳӣ зикрҳои муайян (субҳу шом ва ғайра) дошта бошам, ҳама рӯза барои худ як миқдор вазифаи мушаххаси тиловати бо тааммули Қуръон муқаррар намоям. Ин амалҳо оҳиста-оҳиста пардаҳои қалбамро дур месозанд ва ҳақиқати дунё бароям беҳтару бештар кашф мегардад. Бароям маълум мекунад, ки дунё ва ҳарчи дар он аст арзандаи дил бастанро надорад.

Марову ёди Ту бигзору кунҷи танҳоӣ,

Ки ҳар ки бо Ту ба хилват бувад, на танҳоист.

Муроҷиат ба сарчашмаҳои донишмандон оиди шарҳи ҳикмати мавриди баҳс бароямон маълум мегардонад, ки аҳли таҳқиқ зоҳиран ҳамин банди ҳикмати овардаи Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ (р)-ро ба маъноҳои дар зоҳир гуногун шарҳу тавзеҳ додаанд, вале дар асл ҳамаи он маънову шарҳҳо саҳеҳ, бо ҳам наздик ва дарбаргирандаи ҳадафи Шайх Ибни Атоуллоҳ (р) ҳастанд.

Маҷмӯи шарҳи донишмандонро дар бобати тафсири ҳикмати боло метавон ба се маънои зерин ҷудо кард:

1. Дафн кардани вуҷуди худ дар замини гумномӣ ба маънои дурӣ аз шӯҳратхоҳӣ;

Барои роҳрави роҳи Худо зебанда нест, ки бо фаъолиятҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва таблиғотӣ пайи касби шӯҳрат гардад. Ин гуна мақсадҳои нопок ихлосашро халалдор месозад ва аз ҳадафи асосии ин роҳ, ки поксозии қалб ва нафс аст, маҳрум мегардад.

2. Дафн кардани вуҷуди худ дар замини гумномӣ ба маънои ворид гаштан ба марҳилаи худсозӣ;

Зеро дар акси сурат худи вай гирифтори ғавғоҳои ҷомеа мегардад, фурсати ислоҳашро намеёбад ва эҳтимол амалҳои зоҳиран хуб анҷом медиҳад, вале ба сабаби маризии қалбаш аз он савоб ҳосил намекунад ва дар ҷамъият таъсири заруриро расонидан наметавонад.

3. Дафн кардани вуҷуди худ дар замин ба маънои гоҳ-гоҳ худро аз алоқа бо халқ дур доштан ва дар кунҷи хилвати муваққатӣ нишастан.

Муддати хилват ва гӯшанишинӣ аз шахс то шахс фарқ дорад ва он аз тарафи муршиди комил муқаррар мегардад. Зеро вай беҳтар медонад, ки муридаш барои ислоҳи қалбаш чанд муддат ба узлатнишинӣ эҳтиёҷ дорад.

Дар сурати пайдо накардани муршидони комил, ки дорои вижагиҳои ба худ хос ҳастанд ва ёфтани он хусусиятҳо дар ҳар кас душвор аст, бояд аз суннати эътикофи Расули Худо (с) истифода барад.

Дар роҳи ҳаракат ба сӯи Худо, ки ҳадафи асосии он поксозии нафсу қалб ва наздик гаштан ба боргоҳи Ҳақ таолост, ҳамаи се маънои боло мадди назар қарор дода шавад ва аз он истифода гардад.

* * *

Баъзеи маъхазҳои шарҳи ҳикмати боло:

1. Музаккирот фӣ манозилис-сиддиқийн; Устод Саид Ҳавво (р);

2. Шарҳи ҳикматҳои Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ (р); Доктор Саид Рамазон Бутӣ (р);

3. Шарҳи ҳикматҳои Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ (р); Шайх Ибни Аббоди Рундӣ (р);

3. Эҳёу улумид-дин; Имом Ғазолӣ (р);

4. Бадоиъ-ул-фавоид; Имом Ибни Қайими Ҷавзӣ (р);

5. Ал-фавоид; Имом Ибни Қайими Ҷавзӣ (р);

6. Зод-ул-маъод; Имом Ибни Қайими Ҷавзӣ (р) ва ғайра.

* * *

Манбаъ: Шабакаи иҷтимоии Фейсбук



Рубрики:Ахлоқи писандида, Ирфони амалӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: