Оё мусалмон будан, тақлид аз фарҳанги аъроб аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

(Бознашр аз торихи 24.10.2010-и ҳамин пойгоҳ)

Нигоҳи дуруст ба мусалмон будани мо, тоҷикон, кадомин нигоҳ аст? Оё ин аст, ки ислом ҷузъи суннатҳои мо ва он чи аз падару бобоёнамон ба «мерос” бурдаем? Яъне агар мо худро мусалмон медонем, бад-ин сабаб будааст, ки чун падаронамон мусалмон омадаанд, ки агар масалан масеҳӣ ва ё зардуштӣ буданд, ногузир мо низ масеҳӣ ё зардуштӣ будем? Дуруст мисли ин ки бузургдошти иди Наврӯзро ба унвони як суннат ва фарҳанги миллӣ аз эшон ба мерос бурдаем, ва чун ҷузъи сунани миллии мо ба шумор меравад, мо низ ҷашн мегирем? Ё ин ки на, бояд нигоҳи мо ба мусалмон буданамон ба гунае дигар бошад?

Яке аз вазоифи муҳимми коршиносони исломӣ, ба вижа руҳонияти огоҳ, тавзеҳи ҳамин матлаб аст, ки дар ҷомеа, ба ойини ислом чӣ гуна нигоҳ бишавад? Оё ба унвони як суннати маврусӣ аз аҷдод, ё ба унвоне дигар, ки тавзеҳаш ба зудӣ хоҳад омад?

* * *

Нигоҳи манфӣ

Ҳол, агар нигоҳ ба кеши ислом, нигоҳи аввалӣ бошад, дигар муҳим нест, ки оё ин мактаб мактаби ҳақ аст ё ботил. Ба сони соири маврусоти фарҳангӣ, ки таваҷҷӯҳи касе ба дурустӣ ва ё нодурустии он нест, балки танҳо суннати аҷдод ва ҷузъи фарҳанги миллӣ будани он аҳаммият дорад.

Дар ҷомеаи мо, мутаассифона, нигоҳи ғолиб ба ойини ислом, ба вижа дар маҷомеи рӯшанфикрӣ ва донишгоҳӣ, ҳамин нигоҳ аст, ки дини ислом ба унвони ҷузъи фарҳангу суннати миллӣ матраҳ мешавад. Ба ҳамин сабаб аст, ки бархе аз рӯшанфикрони ҷомеа, ки мутаассифона аз ислом огоҳии лозиме надоранд, ба худ ин ҳақро медиҳанд, ки бигӯянд, ин ойин ҳеч синхияте бо тоҷик будани мо надорад; ба ин тавзеҳ, ки замоне аъроб сарзаминҳои моро ишғол карданд ва он гоҳ дини худ бар мо таҳмил намуданд. На танҳо чунин мегӯянд, балки ҷойгузинҳоеро ҳам ба унвони дин барои тоҷикон пешкаш мекунанд ба монанди ойини зардуштӣ ва ё ҳатто ахиран сӯҳбати кеши митроӣ ҳам замзама мешавад.

Албатта, далел ҳам дар даст доранд, ва он ин ки мегӯянд: агар қарор бар ин бошад, ки мо тоҷикон ногузир пайрави ойини хоссе бошем, аз он ҷо, ки дин ҷузъи сунани аҷдодӣ ва фарҳанги миллӣ маҳсуб мегардад, чӣ беҳтар агар ойинеро пайравӣ намойем, ки бо тоҷик буданамон синхияти бештаре дошта бошад ҳамчун кеши зардуштӣ ва ё митроӣ, ки решаҳои тоҷикӣ ҳам доранд, зеро зодаи ҳамин марзу буманд.

Воқеан, агар мусалмон будани мо, ба унвони як суннати ба меросмонда аз аҷдод ва ҷузъи фарҳанги миллӣ матраҳ шавад, сухани инон комилан дуруст аст, ва ҳақ ҳам доранд, ки чунин бигӯянд.

Ин нукта ҳам ногуфта намонад, ки дуруст ба ҳамин иллат аст, ки бархе аз ҷавонони ташна ба маънавият дар ҷомеаи мо, ба вижа ҷавононе, ки дар хонаводаҳое бузург шудаанд, ки пештар фазои комилан ба дур аз маорифи исломӣ дар онҳо ҳоким буд, гумшудаи хешро дар кешҳое чун масеҳият ё баҳоият ва ё ҳатто ойини будоӣ пайдо мекунанд ва ба он мегароянд, зеро аз ислом ҷуз як мушт мардони ришдор ва бо чеҳраҳои ғолибан хашмгин ва занони сар то по пӯшидаву ғамгин, ва ба тозагӣ унвони «теруризм” ҳам ба он изофа шудааст, намешиносанд.

* * *

Нигоҳи мусбат

Аммо агар нигоҳамон ба ислом, нигоҳе комилан дигар гардад; яъне на ба сифати як «мероси фарҳангӣ” бад-он нигариста шавад, балки ба унвони ин ки ойини ислом ойине аст ҳақ ва дуруст, ки аз ҷониби офаридгор ба сӯйи одамиён – ҳамаи одамиён, чӣ араб бошанд ва чӣ аҷам – фиристода шуда то роҳи саодату хушбахтӣ дар дунё ва охиратро барояшон нишон бидиҳад, дар ин сурат, мавзеъгириҳо комилан дигаргун хоҳад шуд.

Оре, дар ин сурат, дигар тамомии бигӯмагӯҳо посухи худро пайдо хоҳад кард. Масалан, касе наметавонад бигӯяд, чаро мо пайрави ислом бошем на кеши зардуштӣ ё ойине дигар, ки зодгоҳ ё оварандааш мутаъаллиқ ба марзу буми худамон бошад? Посухаш ин хоҳад буд, ки пайравӣ аз мактабе хосс, доир мадори дурустӣ ё нодурустии он аст, на зодгоҳу марзу буми оварандаи он.

Он замон, ки русҳо ва ё чиниҳо таҳти идеулужии морксистӣ инқилоб карданд ва низоме бар мабнои мактаби кумунистӣ бино ниҳоданд, касе бар эшон ин ишкол ворид накард, ки чаро шумо бар асоси мактабе, ки зодгоҳаш Олмон аст низом барпо кардед? Чун посухаш аз ҷониби эшон комилан рӯшан хоҳад буд. Хоҳанд гуфт, мо агар бар асоси идеулужии морксистӣ низом барпо доштем, бад-ин сабаб аст, ки гуфтаҳо ва идеяҳои Морксу Энгелс бароямон муҳим аст, ки дуруст мебошанд (албатта дуруст ба назари эшон), на таъаллуқи он ду ба як марзу буме муайян. Он чи бароямон аҳаммият дорад, дидгоҳҳои фарозамону фаромакони Морксу Энгелс аст, ки марз намешиносанд ва қобили пиёда дар ҳар маконе ҳастанд, чи Олмон бошад ва чи Русия ва ё Чин.

Бале, агар касе ба ақоид ва ҷаҳонбинии фикрӣ ва ё дидгоҳҳои сиёсӣ-иҷтимоии морксизм ишколе дошта бошад, ҳақ дорад онро иброз бидорад ва аз пайравони идеулужии морксистӣ посух бихоҳад. Аммо наметавонад таъаллуқи оваранда ва ё поягузори морксизм ба ин ё он марзу буме мушаххасро баҳонае барои радду инкори ин мактаб қарор бидиҳад, ки комилан бехирадист.

* * *

Мактаби ислом

Мактаби ислом низ чунин аст. Мусалмонон мӯътақид ҳастанд, ки ислом мактабест муташаккил аз як силсила ақоид — ки дар воқеъ ҷаҳонбинии онро ташкил медиҳад — ва ҳамчунин як силсила дастуруламалҳои ахлоқӣ ва низ порае аз аҳкоми амалӣ, ки шохаву баргҳоест бархоста аз ҳамон ҷаҳонбинӣ.

Ақоиди исломӣ аз қабили инҳост, ки ҷаҳонро соҳибест Худо ном, ва ӯ зотест комил аз тамомии ҷиҳот ва ҳеч нақсу айбе дар кори ӯ нест ва ӯ барои ҳидоят ва роҳнамоии башар паёмбароне фиристода ва низ зиндагии одамӣ маҳдуд ба ҳамин дори фонӣ намебошад, балки ӯро ҷаҳоне дигар дар интизор аст ва ғайра…

Ногуфта намонад, ки ислом дурустӣ ва ҳаққонияти ақоиду андешаҳояшро ва ин ки онҳо комилан мутобиқ бо воқеъи берун ҳастанд, бо бароҳин ва далоили мутқани ақлӣ ба исбот расонида ва ҳеч ҷойе барои шакку тардид дар мавриди онҳо боқӣ нагузоштааст.

Ахлоқи исломӣ ҳам, яъне ороста гардидани мусалмон ба рафторҳое писандида аз қабили ростӣ, дурусткорӣ, садоқат, вафодорӣ, ихлос, адолатпешагӣ, иффат, шуҷоат ва ғайра, ва низ парҳези ӯ аз рафторҳое нописанд чун дурӯғгӯӣ, хилофи ваъда, риёкорӣ, зулму ситам, бебандуборӣ, тарсуӣ ва ғайра…

Аммо аҳкоми амалии ислом, яъне анҷоми аъмоле мушаххас аз қабили намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва ғайра…

Ҳол, ин ақоид, ки гуфтем ҳамагӣ хирадписанд ҳастанд ва дастуроти ахлоқии ёдшуда ва низ анҷоми аъмоли мазкур, ки намунаҳояш оварда шуд, оё марзу бум мешиносанд? Оё инҳо метавонанд мутаъаллиқ ба қавм ё гурӯҳе хосс бошанд? Оё метавон ба ин баҳона, ки тавассути марде, ки тоҷик ё порсӣ нест, мавриди инкор қарор бигиранд?

Оре, чизе, ки ҳаст ин аст, ки ин мактаб, 1400 сол пеш, аз тариқи фариштаи ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с), ки зодаи минтақае ба номи Ҳиҷоз дар шибҳиҷазираи Арабистон мебошад, фурӯ фиристода шуда, аммо аз ҳамон рӯзи нахусти беъсаташ ин паёмбар маъмур гардида, ки ту фиристодаи Худо ба сӯйи тамомии ҷаҳониён ҳастӣ:

«Туро (эй Муҳаммад!) нафиристодем магар он ки барои ҳамаи мардум башоратдиҳанда ва боздоранда бошӣ” (Сабаъ/28) ва аз забони он ҷаноб (с) хитоб ба мардумони ҷаҳон фармуда:

«Эй мардум! Ман фиристодаи Худо ҳастам бар ҳамаи шумо”. (Аъроф/158).

Рисолати паёмбари гиромӣ (с)-ро низ Қуръони Карим инчунин баён мекунад:

«(Мӯъминон ҳамон касоне ҳастанд), ки пайравӣ мекунанд он фиристодаро; паёмбари дарснохонда ва хатнонавиштаро, ки (ному нишонаҳои) ӯро назди хеш дар Тавроту Инҷил навишта меёбанд. (Вай) ононро ба некӯ фармон медиҳад ва аз бадӣ бозмедорад, ва чизҳои покизаро барояшон ҳалол ва палидиҳоро бар онҳо ҳаром мекунад, ва бори гаронашон (яъне таколифи сахту душвор) ва банду занҷирашонро аз онҳо фурӯ мениҳад (ва озодашон мекунад). Пас, касоне ки ба ӯ гаравиданд ва ӯро бузургу гиромӣ доштанд ва ёрияш карданд ва аз он нуре (Қурон), ки ба ӯ фуруд омада пайравӣ намуданд, ононанд растгорон”. (Аъроф/157).

Дар номаҳое, ки паёмбари азимушшаъни ислом (с) ба сарони кишварҳо мефиристод, ба рӯшанӣ ин ҳақиқат, ки ислом як ойини ҷаҳонӣ ва ба арабу аҷам ихтисос надорад мутабалвир аст. Масалан, дар номае, ки ба Хусрави Парвиз, подшаҳи Эрон ирсол кардааст мехонем:

«Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. Аз Муҳаммад фиристодаи Худованд ба Хусрав бузурги Эрон. Дуруд бар он кас, ки ҳақиқат ҷӯяд ва ба Худову паёмбари ӯ имон оварад ва гувоҳӣ диҳад, ки ҷуз Худои Ягона худое нест ва шарику ҳамтое надорад ва мӯътақид бошад, ки Муҳаммад банда ва паёмбари ӯст! Ман ба фармони Худованд туро ба сӯйи Ӯ мехонам. Худованд маро ба ҳидояти ҳамаи мардум фиристодааст, то ононро аз хашми ӯ битарсонам ва ҳуҷҷатро бар кофирон тамом кунам. Ислом биёвар то дар амон бошӣ, ва агар аз имону ислом сар битофтӣ, гуноҳи миллати Маҷус бар гардани туст”. (Таърихи Табарӣ, ҷ. 2, с. 295-296)

* * *

Хирадманд чӣ касест?

Пас, чӣ фарқе дорад, ки ин ойин дар куҷо ва ба чӣ касе аз ҷониби Худованд фурӯ фиристода шудааст агар собит гардад, ки воқеан паёми офаридгор ба сӯйи одамиён аст? Барои хирадманд муҳим он аст, ки ин ойин чӣ мегӯяд ва чӣ паёмеро дарбар дорад? Он чи барои ӯ дорои аҳаммият мебошад ин аст, ки оё маорифи ин ойин хирадпазир ва ақлписанд ҳастанд ё на?

Хирадманд касест, ки сухани ҳақ, ҳар ҷо ва аз дасти ҳар касе, мепазирад. Фарз кунед як нафар офриқоӣ масалан ҳарфи тоза ва дурусте дар арсаи улуми инсонӣ ба армуғон оварда, ҳол, вақте ба ман арза шавад, ба ин иллат, ки аз сӯйи инсоне ғайритоҷик гуфта шудааст, бигӯям ман ҳозир нестам онро бипазирам, чун тоҷик онро нагуфтааст. Оё ин аз хирад аст ё бехирадӣ?

* * *

Оё ойини ислом сибғаи арабӣ дорад?

Ин нукта ҳам ногуфта намонад, ки ойини ислом ҳаргиз сибғаи арабӣ надошта ва надорад. Ин ойин мутаъаллиқ ба тамоми башар аст ва иртиботе ба аъроб надорад. Дар ин бора, камина дар мақолаи ҷудогонае таҳти унвони «Тоҷики мусалмон, ё мусалмони тоҷик?” баҳсе муфассал карда будам ва ниёзе ба такрори он суханон нест, ҳар ки хост, метавонад ба он муроҷиа кунад.

Ҳамчунин дар мақолае бо унвони «Оё ислом ранги миллати ба хусусе дорад?” баён дошта будам, ки дар Қуръони Карим ҳеч ҷо хитобе ба сурати «Эй арабҳо!” ё «Эй Қурайшиҳо!” пайдо намешавад, балки билъакс, оятҳое дар Қуръон ҳаст, ки аз ин оёт як навъ изҳори беэътиноӣ ба мардуми араб истинбот мешавад ва Қуръони Маҷид руҳияи қавмҳои дигаре ғайр аз қавми арабро барои ислом муносибтар ва омодатар медонад, ки ин худ ба хубӣ ҷаҳонӣ будани исломро мерасонад:

«Агар инон (арабҳо) ба Қуръон кофир шаванд, ҳамоно Мо касонеро хоҳем гуморид, ки қадри онро бидонанд ва ба он мӯъмин бошанд”. (Анъом/89)

«Агар шумо (эй арабҳо!) ба Қуръон пушт кунед, гурӯҳе дигар ҷои шуморо хоҳанд гирифт, ки монанди шумо набошанд”. (Муҳаммад (с)/38)

* * *

Меъёрҳои исломӣ ҳама меъёрҳои фароқавмиянд

Нигоҳе гузаро ба Қуръону суннат худ кофист, ки бароямон ин ҳақиқатро бармало созад, ки меъёрҳои исломӣ ҳамагӣ ҷаҳонист, на миллӣ, қавмӣ ва ё нажодӣ. Масалан, ислом ба шиддат бо масоиле ҳамчун тафохур ба қабилаву нажод мубориза мекунад. Қуръон, дар камоли сароҳат мефармояд:

«Эй мардум! Мо ҳамаи шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо гурӯҳҳо ва қабоил қарор додем, то бад-ин васила якдигарро бишносед. (Аммо бидонед, ки) гиромитарини шумо назди Худо, ботақвотарини шумост”. (Ҳуҷурот/13)

Дар суннати паёмбар (с) низ, ҳамвора тақво ба унвони милоки бартарӣ унвон мешавад, на араб будан ё аҷам будан. Паёмбари Акрам (с) Билоли Ҳабаширо ҳамон гуна бо оғӯши боз мепазируфт, ки масалан Абӯбакри Сиддиқро мепазируфт.

Аз ин рӯ, барои касоне ки ҷор мезананд, ки пайравӣ аз ойини ислом, «тақлиди фарҳанги аъроб” аст, тавсия мешавад, ки агар ҳунар доред, ба ҷойи ин сухани бехирадона, биёед дар ҷаҳонбинӣ ва маорифи исломӣ, ки дар Қуръону суннат ва каломи бузургони динамон таҷассум ёфтаанд, айб ҷӯед агар айбе дошта бошад, он гоҳ ба рухи мусалмонон бикашед, ки ба ин далел ё он бурҳон, ойини шумо ойини ҳақ ва дурусте нест, на ин ки бигӯед, чун зодаи сарзамини аъроб аст, пас, барои мани тоҷик қобили қабул намебошад.



Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: