Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (53) – Оё итоат аз ҳоким ҳатто агар ситам кунад воҷиб аст?

Имом Таҳовӣ (р) дар бахше дигар аз гуфтори худ мегӯяд:

ولا نرى الخروج على أئمتنا وولاة أمورنا وإن جاروا، ولا ندعوا عليهم ولا ننزع يدا من طاعتهم، ونرى طاعتهم من طاعة الله عزّ وجلّ فريضة ما لم يأمروا بمعصية، وندعوا لهم بالصلاح والمعافاة

Ва (ҳамчунин) хуруҷ (ва исён) алайҳи пешвоён ва ҳокимони худро ҷоиз намедонем, ҳатто агар зулму ситам кунанд, ва барояшон дуои бад намекунем, ва дасти тоат ва фармонбардориро аз дасташон берун намекашем. Ва мӯътақидем, ки итоат ва фармонбардорӣ аз онон, итоат ва фармонбардорӣ аз Худованди Мутаъол буда ва фарз аст, то модоме ки ба гуноҳ ва маъсият фармон надиҳанд. Ва барои хайру салоҳу саломати онон дуо мекунем…

Ин мақула низ мисли мақулаи “ҷавози намоз пушти сари ҳар барру фоҷир”, дар бисёре аз эътиқодномаҳо ворид омада ва дар забони бисёре аз уламо ҷорӣ шуда ва ҳатто баъзе муддаъиянд, ки бар он иҷмоъ мунъақид гардида. Аммо муҳим он аст, ки бояд дид, далелҳои қоилони ба ин мақула кадом аст ва оё ин далелҳо муддаъои мавриди назарро собит мекунанд?

Инак, баррасии далелҳои ин муддаъо:

* * *

1. Иҷмоъ:

Ва аммо иҷмоъ дар ин маврид, қатъан аз эътибор соқит аст. Зеро иҷмоъ дар ҷойе мӯътабар аст, ки аввалан, сира ва равиши саҳоба ва тобеъин — ҳарчанд баъзе аз онҳо – бар хилофи он ҷорӣ набошад. Ва сониян, хилофи аҳодисе — ки аз назари санад саҳеҳ ва аз назари далолат сареҳанд — набошад.

Ва ин дар ҳолест, ки ҳам сира ва равиши шуморе аз саҳоба ва тобеъин бар хилофи ин муддаъост ва ҳам аҳодисе дорем, ки ҳокӣ аз адами ҷавози итоат аз ҳокими ҷоир ва ситампеша аст.

а) Ва аммо сира ва равиши шуморе аз саҳоба ва тобеъин: Сираи Имом Ҳусайн (а) ва ҳамчунин Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) дар хуруҷ алайҳи Язид ибни Муовия ва низ хуруҷи Ибни Ашъас ва ҳамчунин сираи саҳобагоне мисли Анас ибни Молик (р) ва дигарон, ба вузуҳ нишон медиҳад, ки итоат аз ҳокими ҷоир ва фосиқи мусалмон на танҳо воҷиб нест, балки воҷиб дар ин ҳолат он аст, ки бояд алайҳи ӯ хуруҷ намуд ва сарнагунаш кард.

Ҳофиз Заҳабӣ дар “Торихи ислом”-и худ менависад:

Аъмаш гӯяд: Анас ибни Молик ба Абдулмалик ибни Марвон — замоне ки Ҳаҷҷоҷ ин саҳобиро озору азият кард — номае навишт бад-ин шарҳ: Ман 9 сол хидмати Паёмбари Акрам (с)-ро кардаам. Ба Худо савганд, агар насоро мардеро, ки хидмати паёмбарашонро кардааст дарк мекарданд, ӯро гиромӣ медоштанд.

Ҷаъфар ибни Сулаймон ба нақл аз Алӣ ибни Зайд гӯяд: Ман дар кох (дорулимора) будам, ки Ҳаҷҷоҷ ба мардум ҳодисаҳоеро, ки бо Ибни Ашъас иттифоқ афтода буд баррасӣ мекард, дар ин ҳангом Анас ибни Молик (р) расид. Ҳаҷҷоҷ гуфт: Эй хабис ва эй ҷавлонзананда дар фитнаҳо; боре ҳамроҳи Алӣ, боре ҳамроҳи Ибни Зубайр ва боре ҳам ҳамроҳи Ибни Ашъас! Огоҳ бош, савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти ӯст, решаканат мекунам ва пӯстатро мисли кандани пӯсти сусмор меканам.

Ровӣ гӯяд: Анас гуфт: Манзури амир кист? Гуфт: Муродам ту ҳастӣ, Худо карат кунад! Анас гуфт: Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун!

Сипас Ҳаҷҷоҷ ба кори худ машғул шуд ва ҳазрати Анас (р) берун рафт ва мо то масҷиди Раҳба ӯро дунбол кардем. Пас, Анас гуфт: Агар набуд фарзандонам ва баъд аз худам бар онҳо намеҳаросидам, ҳар ойина сухане ба Ҳаҷҷоҷ мегуфтам, ки пас аз он ҳаргиз аз ман ҳаё намекард! (Яъне дигар мулоҳизаи маро намекард.)

Абдуллоҳ ибни Солими Ашъарӣ ба нақл аз Азҳар ибни Абдуллоҳ гӯяд: Ман дар он сипоҳе будам, ки Анас ибни Молик дар он буд. Ӯ мардумро алайҳи Ҳаҷҷоҷ бармеангехт ва ҳамроҳи Абдурраҳмон ибни Ашъас буд...” (1)

Пас, бо таваҷҷӯҳ ба сира ва равиши саҳоба ва тобеъини номбурда, иҷмоъе, ки дар ин масъала иддаъо мешавад, аз эътибор соқит мегардад.

б) Ва аммо ривоёт: Ривоятҳое дорем, ки мегӯяд, “итоат аз ҳокиме, ки Худоро нофармонӣ кардааст ҷоиз нест”. Яъне, на танҳо агар ба маъсият фармон бидиҳад ҷоиз нест (ки дар ин маврид ҳеч шакку тардиде нест), балки ҳатто агар худаш низ Худо ва Паёмбар (с)-ро маъсият ва нофармонӣ кунад, итоат аз ӯ ҷоиз намебошад.

Ба унвони намуна, дар ҳадисе, ки шуморе аз муҳаддисон аз ҷумла Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар “Муснад” ва Ҳоким дар “Мустадрак” аз саҳобии ҷалилулқадр Убода ибни Сомит (р) ва ӯ аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ривоят кардааст омада:

سيليكم أمراء بعدي يعرفونكم ما تنكرون و ينكرون عليكم ما تعرفون، فمن أدرك ذلك منكم، فلا طاعة لمن عصى الله

Ҳокимоне баъд аз ман зимоми умури шуморо ба даст хоҳанд гирифт, ки он чиро, ки мункар (нописанд) медонед, маъруфаш (писандидааш) созанд ва он чиро, ки маъруф медонед, мункараш намоянд. Ҳар ки аз шумо, ки ин давронро дарк намояд, пас (бидонад, ки) ҳеч итоате нест аз касе, ки Худоро маъсият ва нофармонӣ кунад”. (Силсилаи саҳеҳа, боби 590, 2/89, Ашшомила)

Ин ривоят, ҳам аз назари санад саҳеҳ аст ва ҳам аз назари далолат сареҳ.

Имом Аҳмад бо санад ривояти мазкурро дар “Муснад” бад-ин сурат нақл кардааст:

Убода ибни Сомит ба Абӯҳурайра гуфт: Эй Абӯҳурайра! Ту замоне ки мо бо ҳазрати Паёмбар (с) байъат кардем, набудӣ. Мо бо Паёмбар (с) байъат кардем бар ин ки аз ҳазраташ дар ҳар ҳолат, чӣ дар ҳоли нишот ва чӣ дар ҳоли касолат, итоат намоем; дар осонӣ ва сахтӣ инфоқ кунем; амр ба маъруф ва наҳй аз мункар намоем; дар роҳи Худои Таъоло ҳарфи ҳақ бигӯем ва аз маломати маломаткунанда наҳаросем; Паёмбар (с)-ро ёрӣ бидиҳем вақте бар мо дар Ясриб (Мадина) ташриф оварад ва ӯро аз ҳар он чӣ худ ва хонавода ва фарзандонамонро дифоъ мекунем, дифоъ намоем ва дар ин сурат, моро биҳишт аст. Ин буд байъате, ки бо Расули Худо (с) кардем. Пас, ҳар ки ин байъатро бишканад, бар зарару зиёни худ хоҳад шикаст, ва ҳар ки вафо кунад ба он чи Паёмбар (с)-ро бар он байъат карда, Худованд он чиро, ки бар он бо Паёмбар (с) байъат карда, ба тамому камол ба ӯ бидиҳад. Сипас, Муовия ба Усмон ибни Аффон номае навишт бад-ин шарҳ: Убода ибни Сомит Шом ва шомиёнро бар мо фосид кардааст, пас, ё ин ки Убодаро пеши худ нигаҳ дор ва ё ин ки миёни вай ва миёни Шом холӣ гузор.

Усмон ибни Аффон ба Муовия навишт, ки: Убодаро пеши ман бифрист, то ба манзилаш дар Мадина баргардонда бошӣ. Сипас Убодаро фиристод, то он ки ба Мадина омад ва бар Усмон ворид шуд, ва дар хона ба ҷуз як мард касе аз собиқин ва ё тобеъин набуд. Усмонро дар ҳоле пайдо кард, ки дар гӯшае аз хона нишаста буд. Усмон рӯй ба Убода кард ва гуфт: Эй Убода ибни Сомит! Чӣ шуда бо ту ва мо? Убода миёни мардум бархост ва гуфт: Аз Паёмбар (с) шунидаам, ки фармуд: “Ба зудӣ ҳокимоне баъд аз ман зимоми умури шуморо ба даст хоҳанд гирифт, ки он чиро, ки мункар (нописанд) медонед, маъруфаш (писандидааш) созанд ва он чиро, ки маъруф медонед, мункараш намоянд. Ҳеч итоате нест аз касе, ки Худои Мутаъолро маъсият ва нофармонӣ кунад, пас баҳонае ба парвардигори хеш наёваред”. (2)

Ин ҳам, ки баъзе аз ҳадиспажӯҳон ин ривояти Аҳмадро заъиф донистаанд, ба ҳеч ваҷҳ бар дурустии асли ин моҷаро ва ҳадиси Убода (ки маҳалли шоҳиди мост) айб ва қадҳе ворид намесозад; зеро нақли ин ҳодиса ва ҳадиси мазкур тавассути муҳаддисони дигар аз тариқе ғайр аз тариқи Аҳмад – ки дар сиҳҳати онҳо касе тардид надорад – заъфи ривояти Аҳмадро ҷуброн мекунад.

Аз ҷумла Ҳоким дар “Мустадрак” бо санаде саҳеҳ ривоят мекунад: “Убода ибни Сомит дар васати хонаи Амирулмӯъминин Усмон ибни Аффон (р) баланд шуд ва гуфт: Ман аз Паёмбари Акрам Абулқосим Муҳаммад (с) шунидаам, ки фармуд: “Ба зудӣ ҳокимоне баъд аз ман зимоми умури шуморо ба даст хоҳанд гирифт, ки он чиро, ки мункар (нописанд) медонед, маъруфаш (писандидааш) созанд ва он чиро, ки маъруф медонед, мункараш намоянд. Ҳеч итоате нест аз касе, ки Худои Мутаъолро маъсият ва нофармонӣ кунад, пас худро маломат макунед! Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дастони ӯст, Муовия аз зумраи онҳост. Усмон ҳеч ҳарфе аз ҳарфҳои Убодаро барнагардонд”. Ин ҳадис бо исноде саҳеҳ бар шарти шайхайн (Бухорӣ ва Муслим) дар моҷарои вуруди Убода ибни Сомит бар Усмон ибни Аффон (р) ба хотири додхоҳӣ, бо матне мухтасар ривоят шудааст”. (3)

Имом Ҳусайн (а) низ аз Паёмбари Акрам (с) ривоят кардааст, ки ҳазраташ (с) фармуда:

Ҳар ки ҳокими ҷоир ва ситампешаеро бибинад, ки ҳаромҳои Худоро ҳалол шуморад ва паймони Худоро бишканад ва бо суннати Расули Худо (с) мухолифат варзад ва дар миёни бандаҳои Худо ба гуноҳ ва душманӣ бипардозад ва он гоҳ ӯ (шахси шоҳиди ин вазъ) на ба рафтори худ ва на ба гуфтораш ба ислоҳ ва тағйир бапо нахезад, бар Худо ҳақ аст, ки ӯро вориди ҷаҳаннам созад…” (4)

Албатта, баъзе аз ҳадиспажӯҳон ҳадиси мазкурро ба хотири Абумихнаф – ки ноқили ин ривоят аст — тазъиф кардаанд.

* * *

2. Баррасии оёт ва ривоёте, ки дар ин мавзӯъ ба онҳо истинод мешавад:

Қоилони ба мақулаи фавқ, ба як оят ва чанд ҳадис низ дар ин мавзӯъ чанг задаанд, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

а) Ояти 59 сураи Нисо:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَطِيعُواْ اللّهَ وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِي الأَمْرِ مِنكُمْ

Эй касоне, ки имон овардаед! Худоро итоат кунед ва Паёмбар ва волиёни амр аз худатонро (низ) итоат кунед…”

Дар ин оят на танҳо далолате бар вуҷуби итоат ва фармонбардорӣ аз ҳокими фоҷир ва ситамгар вуҷуд надорад, балки баръакс, ояти карима мутазаммини ин маъност, ки ҳокими исломӣ бояд одил бошад, ба далели он ки ояти мазкур итоат аз улуламр (ҳокимони исломӣ)-ро дар тӯли итоат аз Худо ва Паёмбар (с) қарор додааст, ва ба гуфтаи соҳиби тафсири “Руҳул-баён” дар зайли ояти фавқ:

“(Улуламр) ҳокимони ҳақ ва волиёни адолатпеша ҳастанд мисли хулафои рошидин ва роҳёфтагоне, ки аз ин хулафо пайравӣ кардаанд. Ва аммо ҳокимони золим ва ситампеша, ба дуранд аз ин шоистагӣ, ки дар вуҷуби итоат, бар Худо ва Паёмбар (с) атф шаванд; зеро онон дуздоне ҳастанд, ки бо зӯр тасаллут ёфта ва бо зӯру иҷбор амволи мардумро меситонанд...” (5)

б) Абӯҳурайра аз Паёмбари Акрам (с) ривоят кардааст:

من أطاعني فقد أطاع الله ومن عصاني فقد عصى الله ومن يطع الأمير فقد أطاعني ومن يعص الأمير فقد عصاني وإنما الإمام جنة يقاتل من ورائه ويتقى به فإن أمر بتقوى الله وعدل فإن له بذلك أجرا وإن قال بغيره فإن عليه منه

Ҳар ки аз ман итоат кунад, аз Худо итоат карда ва ҳар ки маро нофармонӣ намуд, Худоро нофармонӣ намудааст. Ва ҳар ки аз амир итоат кард, аз ман итоат кардааст, ва ҳар ки амирро нофармонӣ кард, маро нофармонӣ кардааст. Имом (пешво) сипарест, ки мардум ҳамроҳи ӯ меҷанганд ва ба воситаи ӯ муҳофизат мешаванд. Аз ин рӯ, агар ба тақвои илоҳӣ дастур фармуд ва адолат пеша кард, ӯро дар баробари ин, подош аст. Ва агар ба ғайри он дастур дод, пас ба зарару зиёни худи ӯст”. (Ҳадисе муттафақун ъалайҳ, ба нақл аз Мишкотул-масобеҳ, 2/334, Ашшомила)

Нуктае, ки дар бораи ин ривоят лозим аст ёдоварӣ намоем (ва низ дар бораи соири ривоёте, ки оварда мешавад) ин аст, ки ривояти Убода — ки дар боло овардем мабнӣ бар ин ки: “Ҳеч итоате нест аз касе, ки Худои Мутаъолро маъсият ва нофармонӣ кунад” — бар ҳамаи ин ривоёт ҳоким аст; ба ин маъно, ки ҳар ҷо Паёмбари Акрам (с) дастур ба итоат ва фармонбардорӣ аз ҳокими исломӣ намуда бошанд, бо таваҷҷӯҳ ба ҳадиси Убода, манзури он ҷаноб (с) ҳокиме аст, ки Худоро маъсият ва нофармонӣ накунад. Яъне, на танҳо дар ҳолате, ки ба анҷоми маъсият дастур бидиҳад итоаташ раво нест, балки ҳатто агар худаш Худо ва Паёмбар (с)-ро нофармонӣ кунад низ, фармонбардорӣ аз вай ҷоиз нест. Ва ба иборати илмӣ, дар тамомии он ривоёт, итоат аз ҳоким муқайяд ба адами маъсият ва нофармонии ҳоким аз Худо ва Паёмбар (с) аст.

в) Абӯзар ривоят кардааст:

إِنَّ خَلِيلِي أَوْصَانِي أَنْ أَسْمَعَ وَأُطِيعَ وَإِنْ كَانَ عَبْدًا حَبَشِيًّا مُجَدَّعَ الْأَطْرَافِ

Халилам (яъне ҳазрати Паёмбар (с)) маро васият карда, ки: гӯш бидеҳ ва итоат бикун, ҳарчанд бандае ҳабашӣ бошад ва аъзо ва ҷавореҳаш бурида”. (Ибни Моҷа, ба нақл аз китоби “Саҳеҳи Ибни Моҷа”, 2/141, Ашшомила)

Ҳамон матлаб ва нуктае, ки дар ривояти боло ёдовар шудем, дар ин ҷо низ ҷорист.

г) Ибни Умар аз Паёмбари Акрам (с) ривоят карда, ки ҳазраташ фармуд:

عَلَى الْمَرْءِ الْمُسْلِمِ السَّمْعُ وَالطَّاعَةُ فِيمَا أَحَبَّ وَكَرِهَ إِلَّا أَنْ يُؤْمَرَ بِمَعْصِيَةٍ فَإِنْ أُمِرَ بِمَعْصِيَةٍ فَلَا سَمْعَ وَلَا طَاعَةَ

Бар марди мусалмон воҷиб аст итоат ва фармонбардорӣ чӣ он ҷо, ки хушоянди ӯст ва чӣ он ҷо, ки хушоянди ӯ нест, магар он ки ба маъсият фармон бишавад, ки дар ин сурат итоат ҷоиз намебошад”. (Саҳеҳи Муслим, 9/370, Ашшомила)

Дар ин ҷо низ итоат аз ҳоким муқайяд аст ба адами маъсият ва нофармонии вай Худо ва Паёмбар (с)-ро, бо таваҷҷӯҳ ба ҳадиси Убода ибни Сомит.

Ва чанд ривояти дигар низ ба ҳамин мазмунҳо нақл шудаанд.

Пас, аҳодис ва ривоёт низ муддаъои мавриди назарро собит намекунанд, балки тамомии ин ривоёт – бо таваҷҷӯҳ ба ҳадиси Убода ибни Сомит — нозир ба ҳокими одиланд, на ҷоир ва ситампеша.

* * *

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1)

وقال الأعمش: كتب أنس بن مالك إلى عبد الملك بن مروان، يعني لما آذاه الحجاج: إني خدمت رسول الله صلى الله عليه وسلم تسع سنين، والله لو أن النصارى أدركوا رجلاً خدم نبيهم لأكرموه. وقال جعفر بن سليمان: ثنا علي بن زيد قال: كنت بالقصر، والحجاج يعرض الناس ليالي ابن الأشعث، فجاء أنس بن مالك، فقال الحجاج: يا خبيث جوالٌ في الفتن، مرةً مع علي، ومرةً مع ابن الزبير، ومرةً مع ابن الأشعث، أما والذي نفسي بيده لأستأصلنك كما تستأصل الصمغة، ولأجردنك كما يجرد الضب. قال: يقول أنس: من يعني الأمير قال: إياك أعني، أصم الله سمعك، فاسترجع أنس، وشغل الحجاج، وخرج أنسٌ، فتبعناه إلى الرحبة، فقال: لولا أني ذكرت ولدي وخشيته عليهم بعدي لكلمته بكلامٍ لا يستحييني بعده أبداً. وقال عبد الله بن سالم الأشعري، عن أزهر بن عبد الله قال: كنت في الخيل الذين بيتوا أنس بن مالك، وكان فيمن يؤلب على الحجاج، وكان مع عبد الرحمن بن الأشعث

(Торихи исломи Имом Заҳабӣ, 6/294, Ашшомила)

(2)

حدثنا عبد الله حدثني أبي ثنا الحكم بن نافع أبو اليمان ثنا إسماعيل بن عياش عن عبد الله بن عثمان بن خثيم حدثني إسماعيل بن عبيد الأنصاري فذكر الحديث فقال عبادة لأبي هريرة : يا أبا هريرة إنك لم تكن معنا إذ بايعنا رسول الله صلى الله عليه و سلم انا بايعناه على السمع والطاعة في النشاط والكسل وعلى النفقة في اليسر والعسر وعلى الأمر بالمعروف والنهي عن المنكر وعلى أن نقول في الله تبارك وتعالى ولا نخاف لومة لائم فيه وعلى أن ننصر النبي صلى الله عليه و سلم إذا قدم علينا يثرب فنمنعه مما نمنع منه أنفسنا وأزواجنا وأبناءنا ولنا الجنة فهذه بيعة رسول الله صلى الله عليه و سلم التي بايعنا عليها فمن نكث فإنما ينكث على نفسه ومن أوفى بما بايع عليه رسول الله صلى الله عليه و سلم وفي الله تبارك وتعالى بما بايع عليه نبيه صلى الله عليه و سلم فكتب معاوية إلى عثمان بن عفان أن عبادة بن الصامت قد افسد على الشام وأهله فإما تكن إليك عبادة وإما أخلي بينه وبين الشام فكتب إليه إن رحل عبادة حتى ترجعه إلى داره من المدينة فبعث بعبادة حتى قدم المدينة فدخل على عثمان في الدار وليس في الدار غير رجل من السابقين أو من التابعين قد أدرك القوم فلم يفجأ عثمان إلا وهو قاعد في جنب الدار فالتفت إليه فقال يا عبادة بن الصامت ما لنا ولك فقام عبادة بين ظهري الناس فقال سمعت رسول الله صلى الله عليه و سلم أبا القاسم محمدا صلى الله عليه و سلم يقول أنه سيلي أموركم بعدي رجال يعرفونكم ما تنكرون وينكرون عليكم ما تعرفون فلا طاعة لمن عصى الله تبارك وتعالى فلا تعتلوا بربكم

(Муснади Аҳмад, 46/252, Ашшомила)

(3)

عن إسماعيل بن عبيد بن رفاعة عن أبيه أن عبادة بن الصامت قام قائما في واسط دار أمير المؤمنين عثمان بن عفان رضي الله عنه فقال: إني سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم محمدا أبا القاسم يقول: سيلي أموركم من بعدي رجال يعرفونكم ما تنكرون وينكرون عليكم ما تعرفون فلا طاعة لمن عصى الله فلا تعتبوا أنفسكم فوالذي نفسي بيده أن معاوية من أولئك، فما راجعه عثمان حرفا. و قد روي هذا الحديث بإسناد صحيح على شرط الشيخين في ورود عبادة بن الصامت على عثمان بن عفان متظلما بمتن مختصر

(Мустадраки Ҳоким, 3/402, Ашшомила)

(4)

من رأى سلطانا جائرا مستحلا لحرم الله ناكثا لعهد الله مخالفا لسنة رسول الله صلى الله عليه وسلم يعمل في عباد الله بالاثم والعدوان فلم يغير عليه بفعل ولا قول كان حقا على الله إن يدخله مدخله

(Торихи Табарӣ, 4/304, Ашшомила, Алкомил фит-торихи Ибни Асир, 3/159, Ашшомила)

(5)

 وهم أمراء الحق وولاة العدل كالخلفاء الراشدين ومن يقتدى بهم من المهتدين واما أمراء الجور فبمعزل من استحقاق العطف على الله والرسول فى وجوب الطاعة فانهم اللصوص المتغلبة لاخذهم اموال الناس بالقهر والغلبة

(Руҳул-баён, Исмоил Ҳаққӣ ибни Мустафои ҳанафӣ, 2/228, Ашшомила)

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: