Абӯалӣ ибни Сино; равонпизишке ҳозиқ

Ҳар андоза, ки аз азамат ва бузургии Абӯалӣ ибни Сино бигӯем, боз ҳам кам гуфтаем. Ин ки Ибни Сино як табиб ва пизишк буд маъруф аст ва ниёз ба муаррифӣ надорад, аммо он чи дар ин росто лозим аст бидонем ин аст, ки вай, дар беш аз як ришта аз риштаҳои пизишкӣ тахассус дошт ва балки дар риштаҳое аз пизишкӣ низ дорои тахассус буд, ки дар замони вай шинохташуда набуданд ва башар садҳо сол пас аз замони ӯ бо онҳо ошно шуд. Яке аз ин риштаҳо, риштаи равондармонӣ ва ё равонпизишкӣ аст. Муболиға накардаам агар бигӯям, мо то ба ин замон мисли Ибни Сино равонпизишке ҳозиқ суроғ надорем.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ, шоир ва нависандаи маъруфи порсигӯй, ки дар замоне наздик ба замони Абӯалӣ ибни Сино зиндагӣ кардааст, дар рисолаи «Ҷаҳор мақола«-и хеш ҳикоятеро аз Ибни Сино нақл мекунад, ки аз гӯшае аз маҳорат ва тахассуси болои ин абармарди торих дар риштаи табобати равондармонӣ парда бармедорад.

Хулосаи достон ин ки яке аз наздикони Қобус, подшоҳи Гургон, сахт бемор мешавад ва табибҳо тамоми талоши худро ба харҷ медиҳанд, то ӯро дармон кунанд, вале комёб намешаванд. Яке аз дарбориён ба подшоҳ дар бораи Ибни Сино ва ин ки табибе ҳозиқ будааст мегӯяд.

Подшоҳ Бӯалиро мехонад. Ибни Сино бо дидани бемор, дастур медиҳад, ки касеро пеши вай биёваранд, ки бо тамоми кӯча ва паскӯчаҳои Гургон ошност.

Вақте ҳозир мешавад, Бӯалӣ дасташро рӯи набзи ҷавони бемор мегузорад ва аз он шахси огоҳ мехоҳад, ки номи кӯчаҳо ва маҳаллаҳоро яке-яке бихонад. Вақте номи яке аз маҳаллаҳоро мехонад, ҳаракати набзи бемор дигаргун мешавад.

Он гоҳ Бӯалӣ касеро мехоҳад, ки тамоми одамонеро, ки дар он маҳалла зиндагӣ мекунанд бишиносад. Вақте чунин касеро ҳозир мекунанд, Бӯалӣ дастур медиҳад, ки номи ҳамаи одамҳои сокин дар ин маҳалларо яке-яке бигӯяд. Вақте номи яке аз духтарони он маҳалларо ба забон меоварад, ҳолати бемор дигаргун шуда ва набзаш тағйир меёбад.

Ин ҷо буд, ки Бӯалӣ мегӯяд, дарди ин ҷавон ишқ аст ва ӯ ба ҳамин духтар ошиқ аст ва дармонаш ҳам висоли ӯст бо ин духтар. Ба подшоҳ ин воқеаро, ки мерасонанд, подшоҳ ҳамон мекунад, ки Бӯалӣ дастур дода ва ҷавон ҳам аз ин беморӣ раҳоӣ меёбад.

Ҳол, беҳтар аст насси гуфтори Арӯзиро биёварам, ки аз назари насри порсӣ ҳам бисёр ширин аст:

«Яке аз ақрибои (1) Қобус Вашмгирро, ки подшоҳи Гургон буд, оризае (2) падид омад ва атиббо (3) ба муолиҷати ӯ бархостанд ва ҷуҳд карданд (4) ва ҷидде тамом намуданд, иллат ба шифо напайваст, ва Қобусро аз ин дар он дилбастагӣ буд, то яке аз худдом (5) Қобусро гуфт, ки дар фалон тим ҷавоне омадааст азим табиб ва бағоят муборакдаст ва чанд кас бар дасти ӯ шифо ёфт.

Қобус фармуд, ки: «Ӯро талаб кунед ва ба сари бемор баред, то муолиҷат кунад, ки даст аз даст муборактар бувад». Пас Абӯалиро талаб карданд ва ба сари бемор бурданд. Ҷавоне дид бағоят хубрӯй ва мутаносибаъзо, (6) хат асар карда ва зор уфтода. Пас (Бӯалӣ) бинишаст ва набзи ӯ бигирифт ва тафсира бихост (7) ва бидид, пас гуфт: «Маро марде мебояд, ки ғуруфот ва маҳаллоти Гургонро ҳама шиносад.» (8) Биёварданд ва гуфтанд: «Инак!»

Абӯалӣ даст бар набзи бемор ниҳод ва (ба шахсе, ки бо кӯча ва паскӯчаҳои Гургон ошно буд) гуфт: «Баргӯй ва маҳаллатҳои Гургонро ном бардеҳ!» (9) Он кас оғоз кард ва номи маҳаллатҳо гуфтан гирифт, то расид ба маҳаллате, ки набзи бемор дар он ҳолат ҳаракате ғариб кард.

Пас Абӯалӣ гуфт: «Акнун касе мебояд, ки номҳои аҳли сарой ба тамом донад ва бардиҳад». Биёварданд. Бардодан гирифт, то омад ба номе, ки ҳамон ҳаракат ҳодис шуд. (10) Онгаҳ Абӯалӣ гуфт: «Тамом шуд».

Пас рӯй ба муътамидони (11) Қобус кард ва гуфт: «Ин ҷавон дар фалон маҳаллат ва дар фалон кӯй ва дар фалон сарой бар духтаре фалон ва фалон ном ошиқ аст, ва доруи ӯ висоли он духтар аст ва муолиҷати ӯ дидори ӯ бошад». Пас бемор гӯш дошта буд ва ҳар чи Хоҷа Абӯалӣ мегуфт мешунид, аз шарм сар дар ҷомаи хоб кашид.

Чун иститлоъ карданд, (12) ҳамчунон буд, ки Хоҷа Абӯалӣ гуфта буд. Пас ин ҳолро пеши Қобус рафъ карданд. (13) Қобусро азим омад ва гуфт: «Ӯро ба ман оред!» Хоҷа Абӯалиро пеши Қобус бурданд ва Қобус сурати Абӯалӣ дошт, ки султон яминуддавла (Маҳмуди Ғазнавӣ) фиристода буд. (14) Чун пеши Қобус омад, гуфт: «Анта Абӯалӣ?!» (15) Гуфт: «Наъам, ё малики муъаззам!» Қобус аз тахт фуруд омад ва чанд гом Абӯалиро истиқбол кард ва дар канораш гирифт ва бо ӯ бар як ниҳоле пеши тахт бинишаст ва бузургиҳо пайваст ва некӯ пурсид ва гуфт: «Аҷалли афзал ва файласуфи акмал! Кайфияти ин муолиҷа албатта бозгӯяд?» (16)

Абӯалӣ гуфт: «Чун набз ва тафсира бидидам, маро яқин гашт, ки иллат ишқ аст ва аз кетмони сир ҳол бад-инҷо расидааст. (17) Агар аз вай суол кунам, рост нагӯяд. Пас даст бар набзи ӯ ниҳодам, номи маҳаллот бигуфтанд, чун ба маҳаллати маъшуқ расид, ишқ ӯро биҷунбонид, ҳаракат бадал шуд, донистам, ки дар он маҳаллат аст. Бигуфтам, то номи кӯйҳо бигуфтанд. Чун номи кӯйи маъшуқи хеш шунид, ҳамон маъно ҳодис шуд, номи кӯй низ бидонистам. Бифармудам, то саройҳоро ном бурданд, чун ба номи саройи маъшуқ расид, ҳамон ҳолат зоҳир шуд, сарой низ бидонистам. Бигуфтам, то номи ҳамаи аҳли сарой бурданд, чун номи маъшуқи худ бишнид, бағоят мутағайир шуд, маъшуқро низ бидонистам. Пас бад-ӯ гуфтам ва ӯ мункир натавонист шудан, муқир омад.» (18)

Қобус аз ин муолиҷат шигифте бисёр намуд ва мутааҷҷиб бимонд, ва алҳақ ҷои тааҷҷуб буд. Пас гуфт: «Ё аҷаллли афзали акмал! Ошиқу маъшуқ ҳар ду хоҳарзодагони мананд ва холазодагони якдигар, ихтиёре бикун, то ақди эшон бикунем.» Пас Хоҷа Абӯалӣ ихтиёре писандида бикард ва он ақд бикарданд ва ошиқу маъшуқро ба ҳам пайвастанд, ва он ҷавони подшоҳзодаи хубсурат аз он чунон ранҷе, ки ба марг наздик буд бираст. Баъд аз он Қобус Хоҷа Абӯалиро ҳар чи некӯтар бидошт ва аз он ҷо ба Рай шуд ва ба вазорати шаҳаншоҳ Алоуддавла уфтод, ва он худ маъруф аст андар торихи айёми Хоҷа Абӯалӣ Сино«.

* * *

Сайидюнуси Истаравшанӣ

* * *

Пайнавишт:

1) Ақрибо: хешовандон.

2) Ориза: беморӣ.

3)  Атиббо: ҷамъи табиб яъне табибҳо.

4) Ҷуҳд кардан: кӯшидан.

5) Худдом: ҷамъи ходим яъне ходимҳо.

6) Мутаносибаъзо: яъне аъзояш ҳама бо ҳам мутаносиб ва ҳамоҳанг.

7) Тафсира хост: яъне дар бораи вай ва шарҳи ҳолаш пурсид.

8) Яъне пеши ман касеро биёваред, ки бо тамоми маҳаллаҳо ва кӯчаҳои Гургон ошно бошад.

9) Бардодан: зикр кардан.

10) Ҳодис шуд: яъне падид омад ва аз нав пайдо шуд.

11) Муътамидон: яъне касоне, ки мавриди эътимоди подшоҳ буданд.

12) Иститлоъ кардан: яъне огоҳӣ ҷустан, суроғ гирифтан.

13) Рафъ кардан: яъне бурдан.

14) Пештар Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба дунболи Бӯалӣ буд, ба тамоми атрофу акноф тасвире аз Бӯалӣ фиристода буд аз ҷумла ба Қобус.

15) Яъне, оё ту Бӯалӣ ҳастӣ?

16) Яъне, эй бузургтарин ва бартарин, оё чигунагии ин дармонро бароям бозмегӯӣ?

17) Яъне ин ҷавон ошиқ буда, вале аз шарм онро пинҳон медошта ва ҳамин пинҳонкорӣ ва нагуфтан ӯро ба ин ҳолат оварда.

18) Яъне иқрор кардан.

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Машоҳир

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: