Шаммае аз тибби исломӣ (2)

Бахши дуввум

Таҳияи: Сайидмуҳаммадалӣ Бурҳонов

г) Осори хӯрдани он чи ки аз дастурхон берун мерезад:

1. Хӯрдани он чи ки аз дастурхон берун мерезад, шифои ҳар дарде аст, албатта барои касе, ки ба он талаби шифо кунад;

2. Дарди туҳигоҳ (мобайни шикам ва паҳлӯ)-ро дармон мекунад;

3. Фақр ва дарвеширо аз байн мебарад;

4. Фарзандонро зиёд мекунад;

5. Фақрро бартараф мекунад аз хӯрандаи он ва фарзандон ва аз фарзандони фарзандон то фарзанди ҳафтӯм;

6. Шахсро аз девонагӣ, хӯра, песӣ, зардоб (сафро) ва ҳамоқат дар амон медорад.

* * *

д) Осори гуфтани «Бисмиллоҳ» дар ибтидои ғизо:

Ҳазрати Алӣ (а) фармуданд: «Ман зоминам барои касе, ки “Бисмиллоҳ” бар ғизо бигӯяд, ки ғизо ба ӯ зарар нарасонад

Дар чанд навъ ғизо барои ҳар як, «Бисмиллоҳ» гуфтан зарари ғизоро мебарад.

Ҳар вақт байни ғизо сухан гуфтӣ, боз барои шурӯъ «Бисмиллоҳ» бигӯ, то зарари ғизо ба шумо нарасад.

Дар сурати фаромӯшӣ бигӯ:

بسم الله علی أوله و آخره

Яъне: Бисмиллоҳ дар аввал ва дар охираш.

Ҳазрати Алӣ (а) дар ҷойе дигар фармудаанд: «Ҳаргиз аз пур хӯрдани ғизо озор накашидам, зеро ҳеч луқмаеро наздики даҳон набурдаам магар он ки номи Худо бар он гуфтаам.» (Ҷойи он дорад, ки ҳама муқайяд шавем ба одоби исломӣ, то аз паёмадҳои хатарноки ғизоҳои шимиёӣ, ки атрофамонро пур кардааст, наҷот ёбем.)

* * *

Шифои дардҳо

Хӯрдани нимхӯрдаи мӯъмин шифои ҳафтод дард аст.

* * *

Хоссиятҳои бархе ҳубубот (донагиҳо)

Боқило

1. Соқро пурмағз мекунад;

2. Димоғ (мағз)-ро зиёд мекунад;

3. Тавлиди хунро тоза мекунад;

4. Хӯрдани боқило бо пӯсташ меъдаро даббоғӣ мекунад;

5. Бодҳои даруни баданро дафъ мекунад.

* * *

Биринҷ

1. Рӯдаро гушод мекунад;

2. Бавосирро қатъ мекунад;

3. Манъе барои беморон аз хӯрдани биринҷ нест;

4. Барои рафъи дарди шикам:

— бояд биринҷ шуста шавад ва дар соя хушк шавад, баъд аз он каме бояд онро бирён намуд ва осиёб кард, ҳар рӯз субҳ як кафи даст аз он майл шавад.

5. Пухтани биринҷ бо сумоқ низ дарди шикамро бартараф мекунад (албатта биринҷи комилро бояд масраф кард, яъне биринҷи ҳамроҳ бо сабӯс, ки қаҳваиранг аст. Осори номуносиби биринҷ ба хотири ҷудо будан аз сабӯс аз он аст.)

6. Барои касе, ки дучори бемории сил шуда, чизе нофеътар аз нони биринҷ нест;

7. Барои исҳол биринҷ хуб аст.

* * *

Тухми мурғ

Тухми мурғ сабук аст ва майли инсон ба гӯштро бартараф мекунад, илова бар ин ки мафсадаи гӯштро надорад.

* * *

Ҷав

Нони ҷав ё оши ҷав ҳар дардеро аз шикам мебарад ва он қути паёмбарон буда ва таоми некон.

* * *

Рӯғани зайтун

1. Молидани он ба бадан муносиб аст;

2. Ғизои паёмбарон будааст;

3. Меваи он бодҳои баданро дафъ мекунад.

* * *

Сирка

1. Сирка бо зайтун хӯроки паёмбарон аст;

2. Беҳтарин нонхӯришти Паёмбар (с) буда;

3. Сафроро ором мекунад;

4. Дилро зинда мекунад;

5. Кирми меъдаро мекушад;

6. Бун ва решаи дандонро қавӣ ва муҳкам мекунад;

7. Ақлро қавӣ мекунад;

8. Шаҳватро қатъ мекунад.

(Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ин хоссиятҳо барои сиркаи табиӣ аст, на таркиби об ва маводди асидӣ)

* * *

Савиқ (орди бӯдода)

1. Ғизоро ҳазм мекунад;

2. Гӯшти баданро мерӯёнад;

3. Устухонро қавӣ ва муҳкам мекунад;

4. Се кафи даст савиқи хушке, ки бо шиками холӣ хӯрда шавад, балғаму сафроро аз байн мебарад.

* * *

Савиқи адас

1. Ташнагиро рафъ мекунад;

2. Сафроро фурӯ менишонад;

3. Меъдаро пок мегардонад;

4. Ҳаяҷони хун ва ҳарорати баданро бартараф мекунад.

* * *

Шакар

1. Барои ҳама ҷиҳат муносиб аст;

2. Дафъи балғам мекунад.

* * *

Адас

Дилро нарм мекунад ва обро аз дида ҷорӣ месозад.

* * *

Асал

Мардум шифо талаб накардаанд ба чизе монанди асал. (Дар ин хусус баъдҳо ба тафсил сӯҳбат мешавад).

* * *

Он чи рафъи балғам мекунад

1. Хӯрдани асал;

2. Тиловати Қуръон;

3. Ҷавидани кундур.

* * *

Мош

Баҳақро бартараф мекунад. (Баҳақ ё Баҳак: монанди песӣ сафедӣ аст, ки бар хилофи ранги пӯст, бар он зоҳир мешавад, вале худи песӣ нест…)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шаммае аз тибби исломӣ

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ

Метки: , , , , , , , , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: