Шарҳи Маснавӣ (166)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (8)

* * *

Суол кардани расули Рум аз амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу (3)

* * *

Ин маъийят бо Ҳақ асту ҷабр нест,

Ин таҷаллии маҳ аст, ин абр нест.

Ин баёноте, ки мо гуфтем ва зоҳиран таъйидкунандаи ҷабр буд, манзури мо баёни мақоми маъийят (ҳамроҳӣ) бо ҳазрати Ҳақ аст, на ҷабр ба маънои машҳур ва мусталаҳи он. Яъне мо хостем бигӯем, вақте солик ба мартибаи ҷазаба ва беҳушӣ бирасад, ишқи Ҳақ ӯро монанди пари коҳе бо худ мебарад. Ин маъно дар воқеъ ҳамчун тобидани моҳ аст, на он ки абри шакку гумонҳо барояд ва хуршеди ҳақиқатро бипӯшонад.

Нукта: Маъийят (ҳамроҳӣ) баргирифташуда аст аз қисмате аз ояти 4 сураи Ҳадид:

وَهُوَ مَعَكُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ

Ӯ (Худо) бо шумост ҳар ҷо, ки бошед…” Маъийят дар истилоҳи урафо ва ҳукамои илоҳӣ, бад-ин маъност, ки ҳама чиз қоим ба Ҳақ аст ва Ҳақ Таъоло дар ҳама ҷо ва ҳама ҳол бо мавҷудот аст, чунон ки Имом Алӣ (а) дар каломе амиқ ва сухане аниқ фармояд:

مَعَ كُلِّ شَيْءٍ لا بِمُقارَنَةٍ وَغَيْرُ كُلِّ شَيْءٍ لا بِمُفارَقَةٍ

Ҳазрати Ҳақ Таъоло бо мавҷудот аст, аммо на он гуна ки ҳамсинхи онон бошад, ва ба ҷуз мавҷудот аст, аммо на он тавр ки аз онҳо ҷудо бошад”. (Наҳҷул-балоға, хутбаи аввал)

Бинобар ин, Мавлоно, ки қоил ба тавҳиди афъолист, ҳаргиз мункири ихтиёри одамӣ бар тоату исён нест, балки ӯ вақте аз дидгоҳи сӯфиёна ба Ҳақ ва халқ менигарад, иллатулилал ва муҷид (эҷодкунанда)-и азалу абадро мебинад ва лоғайр. Ва дар ин мартиба, масъалаи сабабият ва иллият ба ташаъъун бозмегардад ва ҳамаи мумкинот сурати ойинаро пайдо мекунанд ва феълу машиати ӯро мунъакис мекунанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.471)

В-ар бувад ин ҷабр, ҷабри ома нест,

Ҷабри он аммораи худкома нест.

Агар ин матолибе, ки гуфтам, далолат бар ҷабр дошта бошад, лоақал ба маънои ҷабри авомм (ҷабри мусталаҳ ва машҳур нест), балки мурод аз он ҷабр ҷабри хавосс аст, на ҷабре, ки ношӣ аз ғалабаи нафси аммора аст.

Нукта: Мавлоно бар хилофи бархе мутакаллимон, ки афъоли бандагонро ҷабрӣ донистаанд, ҷониби ихтиёрро гирифтааст, вале на он ихтиёри мутлақ ва инонгусехтаи Мӯътазила, балки ихтиёр бар асоси қоъидаи:

لا جبر ولا تفويض بل أمر بين أمرين

(На ҷабр аст ва на тафвиз (вогузорӣ), балки амрест байни ин ду амр). Мавлоно мегӯяд, ду ҳолати ҷабру ихтиёр марбут ба дараҷоти сайру сулук ва мақомоти истикмолии соликон аст; бад-ин маъно, ки солик дар оғоз ва аснои сайру сулук то ба мақоми фано филлоҳ ва маъийят бо Ҳақ — ки охирин мақоми вусули солик аст — нарасида бошад, ҳамчунон эҳсоси ихтиёр мекунад. Аммо чун бад-он мақом расад, ки таъайюноти ӯ дар машҳуди мутлақ фонӣ гардад, дигар аз худ ҳеч ихтиёр надорад, балки вуҷуди ӯ айни вуҷуди Ҳақ ва фонӣ дар ҷабри мутлақ аст; қатраест, ки ба дарё пайваста; вуҷуди ӯ ва ҷунбиш ва оромиши ӯ ва ҳар амале, ки аз ӯ содир мешавад, тобеи дарёст. Ва аз ин ҷиҳат аст, ки Мавлоно ҷабри оммаро аз ҷабри хосса фарқ мениҳад ва мегӯяд: Ҷабри хоссагон мақоми маъийят бо Ҳақ аст, на ҷабри оммагон, ки ношӣ аз нафси аммораи башарӣ аст. (Мавлавинома, ҷ.1, с.76-99)

Ҷабрро эшон шиносанд, эй писар!

Ки Худо бигшодашон дар дил басар.

Эй писари маънавӣ! Ҷабри хоссагонро касе мешиносад, ки Худованд бо рӯшании басират дилашонро гушуда бошад.

Нукта: Мавлоно аз ин ҷо ба баъд барои он ки ҷабри сӯфиёнаро аз ҷабри оммиёна фарқ ниҳад, абёте оварда ва нишон медиҳад, ки мафҳуми ин ду ҷабр аз ҳам дур аст ва ба куллӣ ду ҳақиқати ҷудогона аст ва танҳо навъе иштироки лафзӣ аст ва лоғайр.

Ғайби оянда бар эшон гашт фош,

Зикри мозӣ пеши эшон гашт лош.

Ин рӯшанбинон чун дилу дидаашон ба нури Ҳақ рӯшан шуда, ояндаи номаълум дар назарашон ошкор аст. Ва зикри гузашта ва оянда дар назди онон ҳеч аст.

Лош: Мухаффафи “ло шайъ” ба маънои маъдум ва нест омадааст, аммо устод Фурӯзонфар ин назарро заъиф медонад.

Нукта: Мавлоно барои исботи ин ки ҷабри сӯфиёна бо ҷабри оммиёна тафовут дорад, нахуст тафовути сӯфиро бо дигарон баён мекунад; бад-ин гуна ки дили сӯфии софӣ ба нури Ҳақ рӯшан шуда ва илми ӯ ба дарёи илми Ҳақ пайвастааст, ва бад-ин сон замони гузашта ва оянда нисбат ба илми ӯ ҳеч тафовут надорад. Бинобар ин, ихтиёр ва ҷабр бад-он сурат, ки сӯфии софӣ дармеёбад, ҷуз он аст, ки ҷабрии аҳвал ва дубин идрок мекунад; зеро ки он, самараи маърифати комил аст. Ва агар сӯфӣ худро мухтор мебинад, нозир ба қудрати Худост, на қудрати башарӣ. Ва агар худро маҷбур мешиносад, ба эътибори суқути руъят ва диди худ ва худӣ аст ва нестии феъли ӯ дар феъли Ҳақ, ҳол он ки ҷабрии оммӣ худбин ва санавӣ аст, ки исботи худ ба унвони маҷбур ва исботи Ҳақ ба унвони ҷобир ва зӯргӯй мекунад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.555)

Ихтиёру ҷабри эшон дигар аст,

Қатраҳо андар садафҳо гавҳар аст.

Ҷабру ихтиёр дар назди сӯфиён бо ҷабру ихтиёр дар назари дигарон фарқ дорад. Ба унвони мисол, қатраҳои борон фақат дар даруни садафҳо ба марворид мубаддал мешавад, на дар ҷойи дигар.

Ҳаст берун қатраи хурду бузург,

Дар садаф он дурри хурд асту сутург.

Қатраҳои резу дурушти борон дар беруни садаф арзиши чандоне надорад, вале ҳамон қатраҳо вақте ки дар дили садаф ҷой мегирад, ба марвориди резу дурушт мубаддал мегардад ва арзиш пайдо мекунад.

Нукта: Ду байти ахир тамсиле аст дар баёни тафовути ҷабру ихтиёри орифон ва оммиён. Табдили борон ба марворид аз боварҳои қудамост.

Табъи нофи оҳу аст он қавмро,

Аз бурун хуну даруншон мушкҳо.

Он қавм, яъне сӯфиёни софӣ, сириште оҳувор доранд. Яъне ҳамчун оҳувони мушксоз хунро ба мушки дилнавоз мубаддал месозанд.

Нукта: Ин мисол баён мекунад, ки як падидаи дар ду фазои мухталиф, ду ҳақиқати мухталиф пайдо мекунанд. Никелсун дар тавзеҳи “ноф” гӯяд: “Ноф ҳуфрае пӯстӣ ё ғуддае дар бадани оҳуи мушкин аст, ки мойеъе аз он тарашшуҳ мешавад, ки онро хушк мекунанд ва ҳамчун атр ба кор баранд. Ин мойеъи тарашшуҳшуда замоне ки тоза онро аз оҳу мегиранд, дорои хун аст ва худи он тарашшуҳ аз хуни ҳайвон ҳосил меояд”. (Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.236)

Манзури байт: Ҷабру ихтиёри оммагон, ки бар мабнои ғафлат ва пайравӣ аз ҳавои нафс аст, ҳамчун хуни олуда аст, вале ҷабур ихтиёри комилон ҳамчун мушки диловез матлуб ва маҳмуд аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: