Шаммае аз тибби исломӣ (3)

Бахши севвум

Таҳияи: Сайидмуҳаммадалӣ Бурҳонов

Хоссиятҳои гӯштҳо ва рӯғани ҳайвонӣ

Гӯшт

1. Беҳтарин нонхӯришҳо дар дунё ва охират аст ва ҳазрати Расул (с) гӯшт бисёр мехӯрданд;

2. Пухтани шир бо гӯшт сустӣ ва заъфро рафъ мекунад;

3. Гӯшти кабобшуда:

— заъфро мебарад;

— ранги чеҳраро сурх мекунад;

— Табро аз байн мебарад.

* * *

Гӯшти гӯсфанд

Агар Худои Мутаъол гӯште беҳтар аз гӯшти гӯсфанд медонист, фидои Исмоилро гӯсфанд қарор намедод.

* * *

Гӯшти гов

1. Барои ҷилавгирӣ аз песӣ гӯшти гов бояд бо чуғундар (лабу) хӯрда шавад;

2. Шири гов ва рӯғани он шифост ва гӯшти он дард аст. (Мутаассифона дар манотиқе, ки гӯшти гов зиёд хӯрда мешавад, бисёре аз мардум дучори дардҳо ва бемориҳои гуногун ҳастанд. Сафҳои тӯлонӣ дар беморхонаҳо ва дорухонаҳо шоҳиди ин иддаост.)

* * *

Мурғи хонагӣ

Мурғи хонагӣ хуки мурғон аст, зеро фазлаи одамиро мехӯрад. (Аммо ба ҳар сурат, ҳаром нест)

* * *

Ӯрдак

Ӯрдак говмеши мурғон аст, зеро лаҷан мехӯрад.

* * *

Дурроҷ (Турачи)

Барои кам шудани хашм ва рафъи андӯҳ хӯрдани гӯшти дурроҷ хуб аст.

* * *

Кабк

Гӯшти кабк соқро қавӣ мекунад ва табро аз байн мебарад.

* * *

Моҳӣ

1. Агар касе шаб моҳӣ бихӯрад ва баъд хурмо ё асал нахӯрад то субҳ, раги фалаҷкунанда дар бадани ӯ дар ҳаракат аст. (Яъне эҳтимол дорад, ки фалаҷ бишавад.)

2. Баъд аз хӯрдани моҳӣ Паёмбар (с) ин дуоро мехонданд:

اللهم بارک لنا فیه وابدلنا به خیرا منه

Шояд аз ин дуо битавон фаҳмид, ки моҳӣ беҳтарин ғизо нест, зеро тарҷумаи дуо чунин аст: “Худоё! Ин ғизоро бар мо муборак гардон ва ба ҷойи он, аз он беҳтар ба мо ато фармо!

3. Бар шумо бод ба хӯрдани моҳӣ;

4. (Вале) ҳамеша моҳӣ нахӯред, зеро баданро об мекунад;

5. Моҳии тоза пиҳи ҷисмро об мекунад. (Ҳатто омадааст, ки моҳӣ барои чашм зараровар аст ва гуфта шуда афроде, ки дар наздикии соҳил зиндагӣ мекунанд ва моҳӣ бештар масраф мекунанд, бештар дучори мушкилоти чашмӣ ҳастанд.)

6. Агар касе баъд аз ҳиҷомат сафрояш ғалаба мекунад, баъди ҳиҷомат моҳии тозае бихӯрад, ки бо обу намак кабоб шуда бошад.

* * *

Ду нукта аз матолиби боло қобили фаҳм аст:

1. Набояд зиёд моҳӣ хӯрд;

2. Ҳангоми хӯрдан ҳам бояд нукотеро риоят кард аз навъи пухтан ва ин ки ҳамроҳи хурмо ё асал хӯрда шавад.

* * *

Гӯшти хушкшуда дар соя

Хӯрдани ин навъ гӯшт дардҳоро ба ҳаракат меоварад ва меъдаро суст мекунад.

* * *

Чарбии гӯшт

Дар чанд ҳадис омадааст, ки ҳар кас як луқма аз чарбии гӯшт бихӯрад, ба қадри он дард аз баданаш берун меравад.

* * *

Рӯғани гов

1. Ривоёти зиёде дар мадҳи рӯғани гов ворид шуда;

2. Дар афроди болои 50 сол манъ шудааст;

3. Рӯғани гов шифост.

* * *

Лабаниёт

Шир

1. Шир озоре ба бадан намерасонад;

2. Ҷуброни заъфи бадан мекунад;

3. Гӯшти баданро мерӯёнад;

4. Устухонро муҳкам мекунад;

5. Хӯрданаш бо асал боиси фарзандоварӣ аст.

* * *

Шири гов

1. Шири гов давост;

2. Барои рафъи фасоди меъда муносиб аст.

* * *

Мост

1. Хӯрдани мост дар субҳгоҳон зиёновар аст;

2. Хӯрдани мост дар шаб муфид буда ва боиси зиёд шудани насл мешавад.

* * *

Меваҳо

Мева

Пӯст кандани он хуб нест, балки бояд дар об фурӯ бурд ва сипас онро хӯрд. (Бояд ёдовар шуд, ки меваҳои имрӯза гоҳ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд ва барои ҷилавгирӣ аз фасоди онҳо, рӯйи пӯсташон маводде мезананд, ки дар бархе маворид ҳамон маводд ҳам дар тӯли замон фосид мешаванд. Ба ҳамин хотир, фоиданок будани пӯсти ин меваҳо дур аз зеҳн аст. Агар мева ҳеч самме нахӯрда бошад, пӯсташ қобили хӯрдан аст.)

* * *

Олу

1. Тозаи он: ҳароратро менишонад ва сафроро сокин мекунад;

2. Хушки он: хунро сокин мекунад ва дардҳои кӯҳнаро аз байн мебарад.

* * *

Анор

1. Ҳам дар серӣ қобили хӯрдан аст ва ҳам дар гуруснагӣ;

2. Хӯрдани анори комил то 40 рӯз шайтонро аз инсон дур месозад;

3. Ҳар дона анори ширин дардеро аз дили мӯъмин бартараф мекунад ва васвасаи шайтонро дур месозад;

4. Пийи анор меъдаро даббоғӣ мекунад ва шуъурро афзоиш медиҳад.

* * *

Анҷир

1. Қуланҷро дафъ мекунад;

2. Бӯйи бади даҳонро бартараф мекунад;

3. Устухонро муҳкам мекунад;

4. Мӯйро дар бадан мерӯёнад;

5. Дардҳоро мебарад;

6. Тару хушкаш бавосирро дафъ мекунад;

7. Барои ниқрис (подагра) ва ғалабаи сардӣ муфид аст;

8. Меъдаро нарм мекунад;

9. Дафъи бавосир мекунад;

10. Қудрати ҷимоъро афзоиш медиҳад.

* * *

Ангур

1. Се хӯрокӣ бе зарар ҳастанд: ангури розиқӣ, найшакар ва себ;

2. Ангур ғамро аз байн мебарад;

3. Хӯрдани 21 адад мавизи сурх вақте шикам холӣ бошад, бемориҳоро дафъ мекунад;

4. Мавизи Тоиф: асабро муҳкам мекунад, вомондагӣ ва хастагиро мебарад ва хушҳолиро ба дунбол дорад.

* * *

Биҳӣ

1. Дили заъифро қавӣ мекунад;

2. Меъдаро покиза мекунад;

3. Дилро зирак ва марди тарсуро шуҷоъ мекунад;

4. Рангро соф мекунад;

5. Фарзандро некӯ мекунад;

6. Хӯрдани он вақте шикам холӣ аст, маниро покиза мекунад ва фарзанди касе, ки биҳӣ хӯрда некӯ мешавад;

7. Хӯрдани меваи биҳӣ то 40 субҳ, ҳикматро бар забон ҷорӣ месозад;

8. Ғаму андӯҳро бартараф созад.

* * *

Харбуза

1. Дарде ва фасоде дар он нест;

2. Ҳам хӯрданӣ аст ҳам нӯшиданӣ;

3. Даҳонро пок мекунад;

4. Масонаро мешӯяд ва шахсро водор ба идрор кардан мекунад;

5. Санги масонаро бартараф мекунад;

6. Хӯрдани он вақте шикам холӣ бошад, мояи фалаҷкунанда аст (эҳтимоли фалаҷӣ меравад);

7. Қуввати ҷимоъро зиёд мекунад.

Паёмбар (с) харбузаро бо рутаб (навъе хурмо) майл мекарданд ва гоҳе бо шакар ё қанд.

* * *

Хурмо

1. Агар касе 7 адад аз хурмои Иҷваро бо шиками холӣ бихӯрад, ҳеч заҳре ва сеҳре ва шайтоне ба ӯ зарар намерасонад; (Иҷва: навъе хурмои марғуб ва калон дар Мадина ва атрофи он);

2. Агар касе 7 адад аз хурмои Иҷваро ҳангоми хоб бихӯрад, кирмҳои шикамашро мекушад.

3. Албатта, ҳар навъ хурмое муфид аст, на танҳо зурмои Иҷва.

* * *

Чӯби дарахти хурмо

Дуди чӯби дарахти хурмо ҳашарот ва газандаҳои заминро бармеандозад.

* * *

Синҷид

1. Мағзаш гӯштро мерӯёнад;

2. Пӯсташ пӯстро мерӯёнад;

3. Устухонаш устухонро мерӯёнад;

4. Гурдаро гарм мекунад;

5. Меъдаро даббоғӣ мекунад;

6. Касе, ки синҷид бихӯрад, аз бавосир дар амон аст;

7. Монеъи қатра-қатра омадани идрор мешавад;

8. Соқи поро муҳкам мекунад;

9. Раги хӯраро қатъ мекунад.

* * *

Себ

1. Меъдаро ҷало медиҳад;

2. Зидди заҳр ва зидди сеҳр ва ғалабаи ҷинҳо мешавад;

3. Монеъи ғалабаи балғам аст;

4. Зидди таб;

5. Зидди хунрезии бинӣ;

6. Зидди тоъун;

7. Хӯрдани себи хушкшуда хунрезии биниро қатъ мекунад;

8. Ҳеч давое барои дафъи заҳрҳо аз он беҳтар нест.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шаммае аз тибби исломӣ



Рубрики:Барномаи зиндагӣ

Метки: , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: