Шаммае аз тибби исломӣ (4)

Бахши чаҳорум

Таҳияи: Сайидмуҳаммадалӣ Бурҳонов

Сабзиҷот ва гиёҳон

Исфанд

1. Реша ва шохааш ғам ва сеҳрро мебарад;

2. Донааш шифои 72 дард аст;

3. Бо исфанд ва кундур худро мудово ва дармон кунед;

4. Хонае, ки дар он исфанд қарор дорад, шайтон то 70 хона аз он хона дур хоҳад буд;

5. Шифои 70 дард аст, ки осонтарини он хӯра (шабеҳи ҷузом) аст;

6. Хӯрдани он дармони тарс аст (шуҷоат меоварад).

* * *

Бодруҷ (райҳони кӯҳӣ, бодранҷбӯя)

1. Иштиҳоро зиёд мекунад;

2. Силро мебарад;

3. Дар аввали ғизо инсидодро бартараф мекунад;

4. Шахсро аз хӯра ҳифз мекунад;

5. Барои ҳамаи дардҳо муносиб аст.

* * *

Пиёз

1. Ганди даҳонро мебарад;

2. Балғамро мебарад;

3. Сустӣ ва вомондагӣ (хастагӣ)-ро бартараф мекунад;

4. Бун ва решаи дандонро сахт мекунад;

5. Қуввати муҷомиъатро меафзояд;

6. Наслро зиёд мекунад;

7. Табро мебурад;

8. Баданро нозук мекунад (ботароват мекунад)

9. Пиёзи ҳар шаҳре тоъуни он шаҳрро мебарад. (Яъне пиёзи ҳар шаҳр шахсро аз бемориҳои он шаҳр масун мекунад)

* * *

Туруб

1. Тухмаш ғизоро ҳазм мекунад (ё ин ки гуфта шуда тухмаш идроровар аст);

2. Решааш балғамро қатъ мекунад (балғам: рутубат ва сардии бадан, ки боиси танбалӣ ва касолати одам аст)

3. Рагаш идроровар аст.

* * *

Тара (лук скорода)

1. Дар бемории таҳол (селезёнка) се рӯз тара бихӯред;

2. Хӯрдани тара:

— ганди даҳонро мебарад;

— бодҳоро бартараф мекунад;

— бавосирро қатъ мекунад;

— инсонро аз хӯра дар амон медорад.

* * *

Тараи тезак ё шоҳӣ (кресс-салат)

Хӯрдани он баъди намози хуфтан шахсро ба сӯи хӯра мебарад.

* * *

Чуғундар

1. Дафъи хӯра мекунад;

2. Баргаш шифост;

3. Беморро ба хоби роҳат мебарад;

4. Савдоро ба ҳаракат меоварад. (Бадани инсонҳо аз таркиби чаҳор халти дам, савдо, сафро ва балғам сохта мешавад, кам ё зиёд шудани ҳар як аз онҳо мӯҷиби тағйири шакл дар сохтмони бадан, тафовут дар сурат, чоқӣ ё лоғарӣ мешавад ва тавоноӣ ва рафторҳои мутафовитеро ҳам дар инсон ба вуҷуд меоварад. Масалан, бо истифода аз ғизоҳои гарм бо рутубати кам ҳазм нашудани ғизо ва боқӣ мондани он дар бадан ва дар ҷигар, устухон, қалб, рӯдаҳо халти савдо сохта мешавад.)

* * *

Хурфа (портулак)

Шарифтарин ва нофеътарин сабзии рӯйи замин аст.

Ақлро зиёд мекунад.

* * *

Хиёр

Хиёрро намак зада ва аз таҳ бихӯред.

* * *

Судоб (рута)

Касе, ки қабл аз хоби шаб судоб бихӯрад ва бихобад, дар он шаб аз дардҳои дарунӣ ва берунӣ ва уфунатҳо ва илтиҳобот дар амон аст.

* * *

Шалғам

Мудовимат дар хӯрданаш раги хӯраро қатъ мекунад.

* * *

Коснӣ (цикорий обыкновенный)

1. Касе ҳафт барги косниро дар шаб бихӯрад, аз қуланҷ эмин мешавад;

2. Мояи зиёдии молу фарзанд мешавад;

3. Фарзандро бисёр некӯ мекунад;

4. Боиси писар шудани ҷанин мешавад;

5. Кӯбидашудаи он махлут бо рӯғани бунафша бар рӯйи пешонӣ таб ва сардардро қатъ мекунад;

6. Шифои ҳамаи дардҳост, дарде дар фарзанди одам нест магар он ки коснӣ онро аз бех меканад;

* * *

Коҳу

1. Хунро соф мекунад;

2. Хунро фурӯ менишонад.

* * *

Каду

Димоғ (мағз) ва ақлро зиёд мекунад.

* * *

Кундур

1. Назди паёмбарон баргузида аст;

2. Дуркунандаи шайтон аст;

3. Дафъкунандаи балост.

* * *

Гашниз

Хӯрдани гашниз бо себи турш фаромӯшӣ меоварад.

* * *

Ҳалилаи зард

Агар мардум бидонанд чӣ манофеъе дар ҳалилаи зард аст, ҳар ойина ба вазни он аз тилло бихаранд.

* * *

Таркиботи гиёҳӣ

Амон аз зарар

Зинён (ажгон ба русӣ), сиёҳдона ва овешанро кӯфта ва бо ҳам махлут карда, баъд лабаниёт ва таоме, ки бими зарар дорад мехӯранд, зеро ин махлут зарари ғизоҳоро мебарад, ҳамчунин балғамро мебарад ва амон мебахшад аз лиқва. (Дар тибби ҷадид лиқваро MS мегӯянд, дар ин беморӣ як тарафи бадан ё сурати инсон якдафъа фалаҷ мешавад ва пас аз чанде боз ба сурати оддӣ бозмегардад, вале ҳамлаҳои ин беморӣ ҳамеша ва то охири умр беморро азоб медиҳад. Тибби ҷадид ҳанӯз дармоне барои ин беморӣ наёфтааст.)

* * *

Зинён ва гирду

Ин дуро бо ҳам бихӯред, ки бавосирро қатъ ва месӯзонад ва бодҳоро дафъ ва меъдаро зибр ва гурдаро гарм мекунад.

* * *

Чӯбҳое, ки набояд бо онҳо хилол кард

Чӯби гул, чӯби дарахтони биҳӣ, анор ва мурд (мирт), чӯби газ, чӯби най ва барги дарахти хурмо.

* * *

Обҳо

Беҳтарин об Замзам аст ва бадтарин об марбут ба сарзамини бараҳут дар Яман аст.

* * *

Одоби об хӯрдан

1. Об зиёд нахӯред, зеро ҳар дардеро ба тарафи шумо мекашонад;

2. Хуб аст об дар рӯз истода хӯрда шавад;

3. Беҳтар аст бо се нафас хӯрда шавад;

4. Дар рӯз истода хӯрда шавад ва дар шаб нишаста;

5. Ҳангоми об хӯрдан, даҳонро аз об пур накунед, ки боиси дарди ҷигар аст.

* * *

Осори обҳо бар бадан

Оби Замзам

Ин об давои ҳар дарде аст.

* * *

Оби борон

Баданро пок мекунад ва дарду бемориро бартараф месозад.

* * *

Тагарг (жола)

Аз хӯрданаш наҳй шудааст.

* * *

Обҳои гарм

Ба шифо гирифтан аз обҳои гарме, ки дар кӯҳҳо буда ва бӯйи гӯгирд медиҳанд, чандон тавсия намешавад.

* * *

Оби сард

1. Ҳароратро фурӯ менишонад;

2. Сафроро сокин мекунад;

3. Ғизоро мегудозад;

4. Табро зоил мекунад.

* * *

Оби ҷӯшида

Агар об ҳафт бор биҷӯшад ва аз зарфе ба зарфи дигар рехта шавад, табро бартараф мекунад ва соқи по ва қадамҳоро қавӣ мекунад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шаммае аз тибби исломӣ



Рубрики:Барномаи зиндагӣ

Метки: , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: