Шаммае аз тибби исломӣ (5)

Бахши панҷум

Таҳияи: Сайидмуҳаммадалӣ Бурҳонов

Калидҳои саломатӣ

Се омили харобии бадан:

1. Хӯрдани гӯшти қадиди бадбӯ. (Ба гӯшти хушкшуда дар соя қадид мегӯянд);

2. Бо шиками пур ба ҳаммом рафтан;

3. Ҳамбистарӣ бо занони пир.

* * *

Ғайри хӯрданиҳое, ки баданро фарбеҳ мекунад:

1. Пӯшидани пероҳани катон (льняная ткань);

2. Истифода намудан аз бӯйи хуш;

3. Нура (депилятор) молидан.

* * *

Хӯрданиҳои лоғаркунанда:

1. Гӯшти хушкшуда;

2. Панир;

3. Шукӯфаи хурмо.

* * *

Ду чиз, ки ба ҳама ҷиҳат нафъ мерасонад:

1. Оби нимгарм;

2. Анор.

* * *

Ду чиз, ки ба ҳама ҷиҳат зарар мерасонад:

1. Гӯшти хушкшуда;

2. Панир.

* * *

Он чи барои зиёд кардани насл муассир аст:

1. Истиғфор ва хӯрдани тухми мурғ бо пиёз;

2. Хӯрдани тухми мурғ бо гӯшт.

* * *

Одоби хало ва саломатӣ:

1. Ҳангоми рафтан ба хало, сарро бипӯшонад ва “Бисмиллоҳ” бигӯяд;

2. Агар шахс мадфуъро бо оби сард аз худ пок кунад, бавосир аз байн меравад;

3. Бисёр нишастан дар хало сабаби бавосир мешавад;

4. Ҳарф задан дар хало монеъи раво шудани ҳоҷат мешавад.

* * *

Пӯшиш (нақши пӯшиш дар саломатӣ)

Одоби пӯшиш

Либосҳое, ки мардон набояд бипӯшанд:

1. Абрешами холис;

2. Либоси тиллобофт.

Занон ва духтарон метавонанд худро бо тилло зинат кунанд (албатта на дар баробари номаҳрам.)

Муносиб нест либос ва остини либос беш аз андоза баланд бошанд.

Набояд мард либоси махсуси занонро бипӯшад ва зан либоси махсуси мардонро. Ҳамчунин набояд либоси махсуси кофиронро ба тан кард.

Аммома (салла) ба сар бастан суннат аст, ҳамчунин таҳтулҳанак суннат аст. (Таҳтулҳанак: идомаи салла аст, ки бар гардан ва шона овезон мешавад.)

Кулоҳҳои баланд ба сар кардан (монанди яҳудиён) муносиб нест.

Зерҷомаро бояд нишаста пӯшид.

Ҳангоми берун овардани либос «Бисмиллоҳ» бигӯяд.

Дар кафш беҳтар аст аввал кафши пойи ростро пӯшид ва ҳангоми берун овардан, ибтидо ба пойи чап кард.

* * *

Беҳтарин либосҳо бар асоси ҷинс:

Бар асоси ҷинс, пахта беҳтарин аст ва баъд аз он либоси катон.

Либоси пашмӣ ҳам метавон пӯшид, аммо ба сурати доимӣ пӯшидан муносиб нест.

Либоси хаз (мех) муносиби зимистон аст.

* * *

Беҳтарин либосҳо бар асоси ранг:

1. Либоси сафед;

2. Либоси зард;

3. Либоси сабз;

4. Либоси сурхи нимранг, кабуд ва ранги адасӣ;

5. Беҳтар аст либоси сурхи тира пӯшида нашавад махсусан дар намоз;

Албатта истисное вуҷуд дорад он ҳам барои тозадомодҳо, ки пӯшидани ин ранг аз либос барояшон монеъе надорад.

6. Либоси сиёҳ муносиб нест магар дар салла, мӯза ва або.

* * *

Ранги кафш

Беҳтарин ранг дар кафш ва наълайн зард аст ва баъди он сафед.

Дар чакма беҳтарин ранг сиёҳ аст.

* * *

Осори пӯшиш

Осори ҷисмии пӯшиш:

Либоси катон баданро фарбеҳ мекунад ва либоси паёмбарон аст.

* * *

Он чи, ки мояи афзоиши умр аст:

1. Субҳонаро дар бомдод хӯрдан;

2. Кафши некӯ пӯшидан;

3. Радо ва болопӯшро сабук пӯшидан;

4. Зиёд ҳамбистарӣ накардан.

* * *

Осори зиёнбори истода пӯшидани зерҷома:

1. Ғаму андӯҳ;

2. Дард;

3. Зардоб (ғалабаи сафро);

4. Ҳалок шудан.

* * *

Либоси нав

Вақте шахсе либоси нав мепӯшад бигӯяд:

لا اله الا الله محمد رسول الله

… то аз офатҳо наҷот ёбад.

* * *

Осори руҳӣ (ғайри ҷисмии) пӯшиш

Гушоиши рӯзӣ:

Либосро дар тарафи ростат бигузор ва дар зарфи обе 10 мартиба сураи Тавҳид, 10 мартиба Оятулкурсӣ ва 10 мартиба сураи Кофирунро бихон ва бар либос бипош.

Бо ин кор модоме, ки торе аз ин либос боқӣ бошад, дар фарохӣ ва гушоиши рӯзӣ бошӣ.

* * *

Касе, ки мехоҳад дар либоси нав маъсияти Худо накунад:

Онро бипӯшад ва вузӯ бигирад ва ду ракъат намоз бихонад, ки дар ҳар ракъат баъд аз Ҳамд Оятулкурсӣ ва сураи Тавҳид ва сураи Қадр бихонад, сипас Худовандро ситойиш кунад, ки айбҳои ӯро пӯшонда ва ӯро байни мардум зинат дода ва зикри

لا حول و لا قوة الا بالله العلی العظیم

— ро зиёд бигӯяд.

Муносиб нест инсон бараҳна бошад, зеро эҳтимоли ба маъсият афтодан вуҷуд дорад.

* * *

Шустани либос:

1. Ғаму андӯҳро аз байн мебарад;

2. Мӯҷиби қабулии намоз аст.

* * *

Осори пӯшидани кафши хуб:

Кафши хуб ва муносиб пӯшидан инсонро аз бало наҷот медиҳад. (Бо таваҷҷӯҳ ба иртибот доштани поҳо бо тамоми системҳои дохилии бадан, табиӣ аст, ки кафши номуносиб осори номатлуберо бар ҷой хоҳад гузошт.)

* * *

Осори ранги кафш бар ҷисму ҷон

Кафши сиёҳ:

1. Заъфи чашм меоварад;

2. Ғаму андӯҳро ба ҳамроҳ дорад;

3. Мояи такаббур аст.

* * *

Кафши зард:

1. Ҷалои чашмро ба ҳамроҳ дорад;

2. Ғамро бартарф мекунад;

3. Мардонагиро тақвият мекунад;

4. Мӯҷиби шодӣ аст.

* * *

Кафши сафед:

То кӯҳна нашуда моле аз ҷойе ба дасти инсон мерасад, ки фикрашро ҳам намекардааст.

* * *

Осори пӯшидани кафши сафед ё зард:

1. Мояи расидани мол ба дасти шахс аст;

2. Боиси фарзанддор шудани шахс мешавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шаммае аз тибби исломӣ

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: