Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (54) – Ба чӣ касоне аҳли суннат ва ҷамоат гуфта мешавад? (1)

Матни китоб:

ونتّبع السنّة والجماعة، ونجتنب الشذوذ والخلاف والفرقة

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) Мо аз суннат ва ҷамоат пайравӣ ва аз умури шозз ва ихтилоф ва тафриқа дурӣ меҷӯем…

* * *

Шарҳ:

Имом Таҳовӣ (р) бо вожаи таркибии “Аҳли суннат ва ҷамоат” ба гурӯҳе аз мусалмонон ишора дорад, ки имрӯза дар ҷаҳон аксарияти ҷамъиятии мусалмононро ташкил медиҳанд ва ба номи “суннӣ” ва “аҳли тасаннун” низ маъруфанд. Аҳли суннат аз назари каломӣ (эътиқодӣ) ва фиқҳӣ, ба фирқаҳо ва мазоҳиби гуногуне тақсим мешаванд.

Машҳуртарин мазоҳиби аҳли суннат аз назари фиқҳӣ иборатанд аз: ҳанафӣ (пайравони Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит), моликӣ (пайравони Молик ибни Анас), шофеӣ (пайравони Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ) ва ҳанбалӣ (пайравони Аҳмад ибни Ҳанбал).

Аз назари эътиқодӣ низ аҳли суннат ба фирқаҳои гуногун тақсим мешаванд, ки машҳуртарини онҳо иборатанд аз: ашоира (пайравони Абулҳасани Ашъарӣ), аҳли ҳадис (пайравони Аҳмад ибни Ҳанбал, ки салафия бахше аз онҳост) ва мотуридия (пайравони Абӯмансури Мотуридии Самарқандӣ).

* * *

Аз он ҷо, ки баҳси мазоҳиб ва фирқаҳои исломӣ баҳсе дар хӯри таваҷҷӯҳ аст, мо дар чанд қисмат дар бораи ин мавзӯъ баҳс хоҳем намуд. Баҳсҳои мо дар меҳварҳои зерин анҷом хоҳад гирифт:

1. Баррасии ҳадиси “ифтироқ” (аз назари санад ва далолат);

2. Пайдоиши фирқаҳо ва мазоҳиб дар ислом;

3. Решашиносии вожаи таркибии “Аҳли суннат ва ҷамоат”;

4. Нигоҳе ба мазоҳиби каломӣ (эътиқодӣ)-и Аҳли суннат;

5. Мазоҳиби фиқҳии Аҳли суннат.

* * *

1. Баррасии ҳадиси “ифтироқ” (аз назари санад ва далолат):

Ҳадисе, ки ҳар як аз мазоҳиб ва фирқаҳои исломӣ (бидуни истисно) дар исботи ҳаққонияти худ ба он чанг зада ва муддаӣ шудаанд, ки аз миёни ҳамаи фирқаҳо танҳо эшон “фирқаи ноҷия” (наҷотёфта) ҳастанд, ҳадиси “ифтироқ” аст.

Ҳадис ба ривояти Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (дар “Муснад”) бад-ин шакл аст:

افْتَرَقَتْ الْيَهُودُ عَلَى إِحْدَى أَوْ اثْنَتَيْنِ وَسَبْعِينَ فِرْقَةً وَتَفْتَرِقُ أُمَّتِي عَلَى ثَلَاثٍ وَسَبْعِينَ فِرْقَةً

Яҳуд бар 71 ё 72 фирқа пароканда шуданд ва уммати ман бар 73 фирқа пароканда хоҳанд шуд”. (Муснади Аҳмад, 17/88, Ашшомила)

Ва ба ривояти Абӯдовуд (дар “Сунан”) ба ин сурат аст:

افْتَرَقَتِ الْيَهُودُ عَلَى إِحْدَى أَوْ ثِنْتَيْنِ وَسَبْعِينَ فِرْقَةً، وَتَفَرَّقَتِ النَّصَارَى عَلَى إِحْدَى أَوْ ثِنْتَيْنِ وَسَبْعِينَ فِرْقَةً، وَتَفْتَرِقُ أُمَّتِي عَلَى ثَلَاثٍ وَسَبْعِينَ فِرْقَةً

Яҳуд бар 71 ё 72 фирқа пароканда шуданд ва насоро низ бар 71 ё 72 фирқа ва уммати ман бар 73 фирқа тақсим хоҳанд шуд”. (Сунани Абӯдовуд, 4/197, Ашшомила)

Ҳадиси мазкур (бо ихтилоф дар лафз) аз тариқҳои мухталифе нақл шуда, ки машҳуртарини онҳо иборатанд аз: Абӯҳурайра, Муовия, Анас ибни Молик, Авф ибни Молик, Абдуллоҳ ибни Амр, Абӯумома, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Алӣ ибни Абӯтолиб. Санади тамомии ин тариқҳо аз ишкол холӣ нест, бад-ин шарҳ:

а) Дар санади Абӯҳурайра Муҳаммад ибни Амр ибни Алқама воқеъ шуда, ки заъиф аст. Ҷузҷонӣ дар бораи вай гуфтааст: “Ӯ дар ҳадис қавӣ нест.” Ибни Саъд гуфта: “Бисёр ҳадис мегуфт ва тазъиф мешуд”. Ибни Ҳаббон гуфтааст: “Ӯ хато мекунад”. (Таноқузоти возеҳа, 2/132, Ашшомила)

б) Дар санади ҳадиси Муовия Азҳар ибни Абдуллоҳи Ҳузанӣ воқеъ гардида, ки ғайри сиқа аст. Ибни Ҷоруд дар бораи вай мегӯяд: “Ӯ Алиро саббу дашном мекард”. (Таҳзибут-таҳзиб, 3/196, Ашшомила) Ҳамин Азҳар гуфтааст: “Ман дар сипоҳе, ки Анас ибни Моликро асир карданд будам, мо Анасро (пас аз асир кардан) пеши Ҳаҷҷоҷ овардем”. (Манбаи пешин)

в) Ҳадиси “ифтироқ” аз ҳазрати Анас ибни Молик (р) ба ҳафт тариқ ривоят шуда, ки дар санади ҳар як аз онҳо ё “каззоб” вуҷуд дорад ё “ваззоъ” (ҷаълкунандаи ҳадис) ё “заъиф” ва ё “маҷҳул”. (Саҳеҳу шарҳил-ақидатит-таҳовия, с.629)

г) Ва аммо дар санади ҳадиси Авф ибни Молик Ибод ибни Юсуф воқеъ шуда, ки заъиф аст. Ибни Адий гуфтааст: “Аҳодисе ривоят карда, ки ӯ дар нақли онҳо танҳост”. (Манбаи пешин, с.630) Ӯ дар зумраи “зуъафо” (заъифон)-и Заҳабӣ ҷой гирифта. (Ҳамон манбаъ)

д) Ва аммо дар санади ҳадиси Абдуллоҳ ибни Амр — ки Тирмизӣ ривоят карда — Абдурраҳмон ибни Зиёди Ифриқӣ воқеъ гардида, ки ӯ низ заъиф аст. (Саҳеҳу шарҳил-ақидатит-таҳовия, с.630)

е) Дар санади ҳадиси Абӯумома – ки Ибни Абӯосим нақл карда – Қутн ибни Абдуллоҳ воқеъ шуда ва ӯ “маҷҳул” (ношинохта) аст. Ҳамчунин Абӯғолиб, ки заъиф аст. (Манбаи пешин)

ё) Ва аммо дар санади ҳадиси Ибни Масъуд – ки инро низ Ибни Абӯосим нақл карда – Ақили Ҷаъдӣ (ё Ҷуъдӣ) воқеъ гардида, ки Бухорӣ ӯро “мункарул-ҳадис” (яъне касе, ки ҳадисаш мавриди инкор аст) дониста. (Ба нақл аз “Лисонул-мизон”, 4/209) Ибни Ҳаббон низ вайро “мункарул-ҳадис” дониста.

ж) Дар санади ҳадиси ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб Лайс ибни Абисулайм мавҷуд аст, ки заъиф аст. (Саҳеҳу шарҳил-ақидатит-таҳовия, с.631)

* * *

Ин буд баррасии ҳадиси “ифтироқ” аз назари санад, ки дидем, ҳеч тариқе холӣ аз ишкол ва эрод нест. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Ибни Ҳазм дар ин мавзӯъ гӯяд:

Ҳадисеро аз Паёмбари Худо (с) ривоят кардаанд мабнӣ бар ин ки: қадария ва мурҷиа маҷуси ин умматанд. Ва ҳамчунин ҳадиси дигареро ривоят кардаанд, ки уммат бар “ҳафтоду чанд фирқа пароканда мешавад, ки ҳамагӣ дар оташ аст ба ҷуз яке, ки дар биҳишт аст”… Ин ду ҳадис аз назари санад аслан саҳеҳ нестанд. Ва он чӣ ҳолаш чунин бошад, пас ҳуҷҷат нест назди касе, ки қоил ба ҳуҷҷияти хабари воҳид аст, то чӣ расад ба касе, ки қоил ба ҳуҷҷияти хабари воҳид нест…” (1)

* * *

Ҳол, агар касе бигӯяд, бо ин ки аҳодиси “ифтироқ” ҳар як ба танҳоӣ аз назари санад дорои ишкол ва эрод аст, вале аз он ҷо, ки ин ҳадис фаровон нақл шуда ва аз тариқҳои мухталиф, пас рӯйи ҳам рафта метавон якдигарро ҷуброн бикунанд ва дар маҷмӯъ қобили истинод бошанд (агар касе чунин бигӯяд ва аз қазо бисёре аз уламо ва ҳадиспажӯҳон ҳамин роҳро рафтаанд), бо ин вуҷуд аммо ҳадиси мазкур аз назари далолат ва маъно дорои ишкол аст, бад-ин шарҳ:

а) Аввалан, адади 73 — ки уммати исломӣ тибқи ин ҳадис ба он тақсим ва пароканда мешаванд — бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мазоҳиб ва фирқаҳо ва гурӯҳҳои мунтасаб ба ислом то ба имрӯз беш аз ин адад буда ва чӣ басо то қиёмат бар ададашон афзуда хоҳад шуд, баъид аст ин маъно аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) содир шуда бошад. Аҷиб он ки Шайх Абдулқоҳир Бағдодӣ (вафот 429 ҳ.қ), соҳиби китоби “Алфарқ байнал-фирақ” – ки дар бораи фирқаҳо ва мазоҳиб аст – дар замони худаш (ки садҳо сол қабл аз мост) бо як такаллуфи аҷиб аз 73 фирқа ба унвони мисдоқи каломи Паёмбар (с) ном бурда, дар ҳоле ки пас аз ӯ то ба имрӯз даҳҳо ва балки садҳо фирқаҳои дигари мунтасаб ба ислом падид омадаанд.

Бале, агар бигӯем, манзури ҳазрати Паёмбар (с) аз 73, худи ин адад набуда, балки касрат ва зиёдӣ будааст, ба ин маъно, ки Паёмбар (с) мехоҳанд бигӯянд, ки уммати ман низ мисли яҳуд ва насоро ба фирқаҳо ва гурӯҳҳои зиёде пароканда хоҳанд шуд ва балки бештар аз онҳо, ин тавҷеҳ қобили қабул аст, аммо баъзе аз уламои исломӣ ин тавҷеҳро қобили қабул намедонанд.

б) Сониян, матни ҳадис музтариб аст. (Изтироб дар матн ба ин маъност, ки як ривоят бо ду матн ё бештар нақл шуда бошад.) Дар баъзе омада:

إلا وإن هذه الأمة ستفترق على ثلاث وسبعين فرقة في الأهواء

Огоҳ бошед, ки ин уммат дар аҳво ба 73 фирқа пароканда мешавад”. (Ибни Абӯосим, 69)

Ва дар баъзе ба ин сурат омада:

فواحدة في الجنة واثنتان وسبعين في النار

Яке дар биҳишт ва 72 фирқа дар оташ аст”. (Ибни Абӯосим, 63)

Ва дар баъзеи дигар ба ин шакл:

لم ينج منها إلا ثلاث

Аз онҳо (73 фирқа) танҳо се фирқа наҷот хоҳанд ёфт.” (Ибни Абӯосим, 71)

Дар баъзе низ ба ин сурат:

كلها في النار إلا السواد الأعظم

Ҳамагӣ дар оташ ба ҷуз саводи аъзам (ки наҷотёфта аст)”. (Ибни Абӯосим, 68)

Ва аҷиб он аст, ки ҳар фирқае аз ин ҳадис ба суди худ баҳракашӣ карда ва бар он афзудаанд. Баъзе гуфтаанд:

من أخبثها الشيعة

Аз хабистарини ин фирқаҳо шиъа аст”.

Баъзеи дигар гуфтаанд:

شرهم الذين يقيسون الأمور بآرائهم

Бадтарини ин фирқаҳо касоне ҳастанд, ки ба раъйи хеш умурро қиёс мекунанд”, бо ишора ба пайравони Имом Абӯҳанифа.

Дар баъзе аз ривоёт низ чунин дида мешавад:

كلهم في الجنة إلا القدرية

Ҳамагӣ дар биҳиштанд ба ҷуз қадария”.

Чунон ки пайдост, ҳамаи ин ҳарфҳо ҷуз ифтиро ва дурӯғ бастан бар ҳазрати Паёмбари Акрам (с) нест.

в) Матни баъзе ба ин сурат аст:

كلهم في النار إلا ملة واحدة، قالوا ومن هي يا رسول الله؟ قال ما أنا عليه وأصحابي

“… Ҳамагӣ дар оташанд ба ҷуз як миллат. Пурсиданд: Ва он миллат кадом аст, эй Расули Худо (с)! Фармуд: Он чӣ ман ва асҳобам бар онем”. (Ривояти Тирмизӣ аз Абдуллоҳ ибни Амр)

Ҳадис бо ин лафз, аввалан аз назари санад заъиф аст, чунон ки дар боло гуфтем. (2) Ва сониян, аз назари маъно ва далолат, баъид аст ҳазрати Паёмбари Акрам (с) чизе фармуда бошанд, ки воқеъи амр хилофи онро нишон бидиҳад.

Зеро ки бар мабнои ин гуфтор (агар онро дуруст бидонем), аввалан, муроди он ҳазрат (с) тамомии саҳобагон аст бидуни истисно. Ва сониян, рафтор ва мавзеъгирии саҳоба дар ҳамаи ҳолатҳо ва шароитро шомил мешавад. Пас, бо ин ҳисоб, агар як саҳобӣ ё шуморе аз саҳоба мавзеъи мушаххасе баргиранд, касе – ҳатто як саҳобии дигар — ҳақ надорад мавзеъи ӯ (ё эшонро) хато ва нодуруст шумурда ва масалан бигӯяд, ки инон ба сӯйи оташи ҷаҳаннам мехонанд.

Аммо ҳадисе, ки Аммор ибни Ёсир аз Паёмбар (с) нақл мекунад, комилан хилофи инро нишон медиҳад. Тавзеҳ он ки: саҳоба дар замони халифаи чаҳорум яъне ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб, ба се гурӯҳ мунқасим буданд: гурӯҳе ҳамроҳи Алӣ буданд, гурӯҳе ҳамроҳи Муовия ибни Абӯсуфён ва гурӯҳе ҳам узлат ва гӯшагириро тарҷеҳ доданд. Ин як ҳақиқати мусаллам аст ва касе наметавонад инкор кунад ва ё аз он чашм бипӯшад. Ва дар набарде, ки миёни сипоҳи ҳазрати Алӣ ва сипоҳи Муовия ба вуқӯъ пайваст, Аммор ибни Ёсир дар канори Алӣ буд ва дар суфуфи сипоҳи Муовия низ саҳобагоне аз ҷумла Амр ибни Ос ва Нӯъмин ибни Башир ва дигарон буданд. Аммор ибни Ёсир дар ин набард тавассути сипоҳиёни Муовия шаҳид гардид.

Дар ҳадисе, ки бисёре аз муҳаддисон аз ҷумла Бухорӣ дар Саҳеҳи худ аз Икрима ривоят мекунад, омадааст:

 قَالَ لِى ابْنُ عَبَّاسٍ وَلاِبْنِهِ عَلِىٍّ انْطَلِقَا إِلَى أَبِى سَعِيدٍ فَاسْمَعَا مِنْ حَدِيثِهِ. فَانْطَلَقْنَا فَإِذَا هُوَ فِى حَائِطٍ يُصْلِحُهُ، فَأَخَذَ رِدَاءَهُ فَاحْتَبَى، ثُمَّ أَنْشَأَ يُحَدِّثُنَا حَتَّى أَتَى ذِكْرُ بِنَاءِ الْمَسْجِدِ فَقَالَ كُنَّا نَحْمِلُ لَبِنَةً لَبِنَةً، وَعَمَّارٌ لَبِنَتَيْنِ لَبِنَتَيْنِ، فَرَآهُ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — فَيَنْفُضُ التُّرَابَ عَنْهُ وَيَقُولُ: وَيْحَ عَمَّارٍ تَقْتُلُهُ الْفِئَةُ الْبَاغِيَةُ، يَدْعُوهُمْ إِلَى الْجَنَّةِ، وَيَدْعُونَهُ إِلَى النَّارِ

Ибни Аббос ба ман ва писараш Алӣ гуфт: Ба назади Абӯсаъид биравед ва аз ҳадиси ӯ бишнавед. Пас, мо ҳаракат кардем, ба ногаҳ дидем, Абӯсаъид дар деворе истода ва онро ислоҳ мекунад. Пас, ӯ ҷомаи худро гирифт ва ҷамъ намуд сипас шурӯъ кард ба ҳадис гуфтан барои мо, то он ки зикри бинои масҷид пеш омад. Ӯ гуфт: Мо хиштҳоро яке-яке бармедоштем ва аммо Аммор дуто-дуто бармедошт. Ҳамин ки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) Амморро дид, гарди хокро аз чеҳраи ӯ пок кард ва мефармуд: “Эй вой бар Аммор, ки ӯро гурӯҳе боғӣ ва саркаш хоҳанд кушт! Ӯ онҳоро ба сӯйи биҳишт мехонад ва аммо эшон ӯро ба сӯйи оташи ҷаҳаннам мехонанд!” (Саҳеҳи Бухорӣ, 2/273, Ашшомила)

Пас, бо ин ҳол, оё метавон саҳобагоне чун Муовия, Амр ва дигаронро дар он ҳолат ва дар он шароит мисдоқи “фирқаи наҷотёфта” донист, ҳол он ки ҳазрати Паёмбар (с) — тибқи ривояти Аммор — онҳоро касоне медонад, ки: “ба сӯйи оташи ҷаҳаннам мехонанд”?!

Асосан, бар асоси аҳодиси саҳеҳ ва сареҳи ҳазрати Паёмбар (с), ҳар кӣ бо Алӣ душманӣ варзида, бо Худо душманӣ кардааст:

من كنت مولاه، فعلي مولاه، اللهم وال من والاه، وعاد من عاداه

Ҳар он ки ман мавлои ӯ ҳастам, пас Алӣ мавлои ӯст. Худоё! Дӯст бидор он касеро, ки Алиро дӯст дошта ва душман бидор он касеро, ки Алиро душман дошта”. (Силсилаи саҳеҳаи Албонӣ, 4/249, Ашомила)

Ва дар ҳадиси саҳеҳи дигар ҳазрати Паёмбар (с) ҷанг бо Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайнро ҷанг бо худи Паёмбар (с) дониста ва фармуда:

أنا حرب لمن حاربتم وسلم لمن سالمتم

Ман дар ҷанг ҳастам бо касе, ки шумо бо ӯ биҷангед ва дар сулҳ ҳастам бо касе, ки шумо бо ӯ сулҳ мекунед”. (Алҷомеус-сағир ва зиёдатуҳ, 1/235, Ашшомила)

* * *

Дар қисматҳои баъдӣ дар бораи меҳварҳои дигари ин мавзӯъ баҳс хоҳем намуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1)

ذكروا حديثا عن رسول الله صلى الله عليه وسلم أن القدرية والمرجئية مجوس بهذه الأمة، وحديثا آخر تفترق هذه الأمة على بضع وسبعين فرقة كلها في النار حاشى واحدة فهي في الجنة… هذان حديثان لا يصحان أصلا من طريق الإسناد وما كان هكذا فليس حجة عند من يقول بخبر الواحد فكيف من لا يقول به

(Алфасл фил-милали вал-аҳвои ван-ниҳал, 3/138, Ашшомила)

(2) Дар санади ривояти Абдуллоҳ ибни Амр Абдурраҳмон ибни Зиёди Ифриқӣ воқеъ шуд, ки заъиф аст. Чунон ки дар “Алвофӣ бил-вафаёт” омадааст, Ибни Муъин ӯро “заъиф” дониста, ҳарчанд ҳадиси ӯро аз эътибор соқит намедонад. Аҳмад гуфта: “Ҳадиси ӯро наменависам, зеро мункарул-ҳадис аст”.

قال ابن معين: هو ضعيف ولا يسقط حديثه. وقال أحمد: لا أكتب حديثه وهو منكر الحديث ليس بشيء. وقال أبو حاتم: يكتب حديثه ولا يحتج به

(Алвофӣ бил-вафаёт, 6/70, Ашшомила)

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: