Шаммае аз тибби исломӣ (6)

image5

Бахши шашум

Таҳияи: Сайидмуҳаммадалӣ Бурҳонов

Беҳдошт ва покизагӣ

Ҳаммом рафтан

Одоби ҳаммом рафтан:

Беҳтар аст каме ғизо дохили меъда бошад;

Рехтани оби гарм бар бадан ва боқиро бар рӯйи по рехтан;

Хӯрдани каме оби гарм;

Оби сард бар худ нарехтан;

Шустани поҳо бо оби сард баъд аз берун омадан аз ҳаммом.

* * *

Осори ҳаммом рафтан

Осори ҷисмии ҳаммом рафтан:

Агар каме ғизо дохили меъда бошад:

— ҳарорати меъдаро менишонад;

— боиси қуввати бадан мешавад;

— ҳарорати дохилии баданро сокин мекунад;

— сафро ва савдоро пок мекунад;

— гӯшти баданро зиёд мекунад.

Бо шиками холӣ ҳаммом рафтан балғамро пок мекунад ва гӯшти баданро кам мекунад;

Оби сард ва харбуза хӯрдан дар ҳаммом мояи фасоди меъда аст;

Рехтани оби сард бар бадан, онро заъиф мекунад;

Як рӯз дар миён ҳаммом рафтан, гӯшти баданро меафзояд;

Ва ҳар рӯз ҳаммом рафтан, баданро лоғар мекунад ва мӯҷиби сил мешавад;

Хӯрдани каме оби гарм маҷрои идрорро пок мекунад;

Шустани поҳо баъд аз берун омадан аз ҳаммом, дарди шақиқа (канори пешонӣ)-ро аз байн мебарад;

Идрор кардан дар ҳаммом, боиси фақр ва парешонӣ аст;

* * *

Барои рафъи гарӣ ва шӯраи сар:

(Гарӣ номи навъе беморӣ аст, ки дар он бештари мӯҳои сар ё бадан мерезад.)

Мурд (мирт ба русӣ)-ро бикӯб ва овешанро бигир ва бо сиркаи табиӣ он қадр махлут кун то каф кунад, сару риши худро бо он, бо қудрат бимол ва бишӯй баъд аз он рӯғани шири тозаро бар сару риши худ бимол.

* * *

Шустани сар бо гули хатмӣ:

1. Дилро мегушояд;

2. Савдо ва андӯҳро бартараф мекунад;

3. Чирк ва ҷонварони сарро мебарад;

4. Инсонро аз сардард дар амон медорад;

5. Сарро аз гарӣ пок мекунад;

6. Ҳар ҷумъа сарро бо хатмӣ шустан, монеъи песӣ ва девонагӣ аст.

* * *

Барги сидр:

То ҳафтод рӯз васвасаи шайтонро мебарад.

* * *

Осори дору кашидан (нура):

1. Баданро пок мекунад;

2. Дилгирӣ ва парешонии хотирро мебарад;

3. Оби пуштро зиёд мекунад;

4. Баданро қавӣ мекунад;

5. Пийи гурдаро зиёд карда, баданро фарбеҳ мекунад;

6. Беҳтар аст ҳар понздаҳ рӯз якбор бошад;

7. Қабл аз нура кашидан, андаке бардоред ва бибӯед ва бар бинӣ бигузоред… (Баъзе мегӯянд, ки бӯи нура ҳам хоссияти дармонӣ дорад);

8. Ҳангоми нура кашидан, бинишинед, то дучори фатқ нашавед;

9. Ҳано задан баъд аз нура, инсонро то нураи баъдӣ аз девонагӣ, хӯра ва песӣ дар амон медорад.

* * *

Осори вуҷуди мӯҳои зоиди баланд:

1. Оби пуштро қатъ мекунад;

2. Заъф ва сустӣ меоварад;

Барои рафъи мӯҳои зоид, нура кашидан беҳтар аст аз тарошидан.

* * *

Осори руҳии ҳаммом рафтан:

Ҳано гирифтан аз сар то по, фақру парешониро бартараф мекунад.

Ғусли рӯзи ҷумъа покизакунанда аст ва каффораи гуноҳон аст аз ҷумъа то ҷумъаи дигар.

* * *

Назофати умумии бадан

Нохун гирифтан ва кӯтоҳ кардани мӯйлаб

Одоби нохун гирифтан ва кӯтоҳ кардани мӯйлаб:

Кӯтоҳ кардани мӯйлаб мавриди тавсияи ислом аст;

Гирифтани нохун ва кӯтоҳ кардани мӯйлаб дар душанбеҳо ё чаҳоршанбеҳо ё ҷумъаҳо муносиб аст;

Тартиби кӯтоҳ кардани нохун хуб аст, ки ин гуна бошад:

— нохун гирифтан аз ангушти кучаки дасти чап шурӯъ шавад ва ба ангушти кучаки дасти рост хатм шавад.

* * *

Осори нохун гирифтан

Осори ҷисмии нохун гирифтан:

1. Монеъи дардҳои бузург мешавад;

2. Рӯзиро зиёд мекунад;

3. Баланд мондани нохун фаромӯшӣ меоварад.

* * *

Осори нохун гирифтан ва кӯтоҳ кардани мӯйлаб:

1. Монеъ аст аз хӯра ва кӯрӣ ва песӣ;

2. Рӯзиро зиёд мекунад;

3. Агар дар ҳангоми кӯтоҳ карданашон бигӯяд:

بسم الله وبالله وعلی سنة محمد وآل محمد

— бемор нашавад магар ба бемории марг. (Яъне вақте замони марг бирасад, аз ӯ гурезе нест ва дармоне надорад);

4. Агар сарро ҳам бо хатмӣ бишӯяд фақрро бартараф мекунад;

5. Нохун гирифтан ва мӯйлаб кӯтоҳ кардан дар душанбе ва чаҳоршанбе шахсро наҷот медиҳад аз дарди дандон ва дарди чашм.

* * *

Мисвок задан

Одоби мисвок задан:

Мисвок задан дар хало боиси эҷоди бӯи бад дар даҳон мешавад;

Мисвок задан дар ҳаммом боиси рехтани дандонҳо мешавад.

* * *

Осори мисвок задан:

1. Поккунандаи даҳон аст;

2. Ҷалодиҳандаи чашм аст ва нури чашмро зиёд мекунад;

3. Дафъи балғам мекунад;

4. Ҳофизаро зиёд мекунад;

5. Боиси сафедии дандон мешавад;

6. Пӯст андохтани дандон ва пӯсидагии онро аз байн мебарад;

7. Бун ва решаи дандонро муҳкам мекунад;

8. Об рехтани чашмро бартараф мекунад;

9. Иштиҳоро зиёд мекунад.

* * *

Осори руҳии мисвок задан:

1. Суннати Паёмбар (с) аст;

2. Мояи хушнудии Худо аст;

3. Мояи хушнудии фариштагон аст;

4. Ҳасанот ва некиҳоро зиёд мекунад.

* * *

Хилол кардан:

Баъд аз хилол се бор мазмаза кунед, зеро:

1. Буни дандонро ислоҳ мекунад;

2. Рӯзиро зиёд мекунад.

* * *

Беҳдошти мӯ

Одоби шона задани мӯ:

Шона кардани мӯҳо қабл ва баъди намоз бошад;

Шахс дар ҳоли нишаста мӯҳои худро шона кунад.

* * *

Осори шона задани мӯҳо

Осори ҷисмии шона задани мӯ:

1. Табро мебурад;

2. Қуввати ҷимоъро афзоиш медиҳад;

3. Дардро бартараф мекунад;

4. Решаи дандонро муҳкам мекунад;

5. Балғамро мебарад;

6. Мояи фарзандоварӣ аст;

7. Шона кардани тамоми риш дандонҳоро муҳкам мекунад ва тоъунро мебарад. (Шона кардани сар олудагии сарро мебарад ва манфазҳои ҳаво дар сарро боз мекунад. Ҳамчунин ҷараёни хунро дар сар афзоиш дода, ки ҳамин амр амалкарди мағзро беҳтар мекунад ва ҳар чи мағз қавитар ва фаъолтар бошад, амалкарди бадан беҳбуди бештаре меёбад.)

* * *

Осори руҳии шона задани мӯ:

1. Рӯзиро зиёд мекунад;

2. Фақрро мебарад;

3. Ҳоҷатро раво мекунад;

4. Шона кардани зулф васвоси синаро мебарад.

* * *

Истода мӯро шона задан:

1. Боиси заъфи дил мешавад;

2. Қарздорӣ меоварад;

3. Фақру парешонӣ меоварад.

Ҳар вақт сару риши худро шона кардӣ, шонаро бар сина бикаш то андӯҳ ва бемориро бартараф кунад.

Дар ҳаммом шона накун, зеро мӯ тунук мешавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шаммае аз тибби исломӣ



Рубрики:Барномаи зиндагӣ

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: