Шарҳи Маснавӣ (167)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (9)

* * *

Суол кардани расули Рум аз амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу (4)

* * *

Ту магӯ, к-ин моя берун хун бувад,

Чун равад дар ноф, мушке чун шавад?

Ту, ки ба ин матлаб мӯътаризӣ, ин ҳарфро назан, ки: ин моя, ки зоҳиран хун аст, чӣ тавр вақте ба даруни нофи ин оҳу ворид мешавад, ба мушк мубаддал мегардад? Ин эътироз мавриде надорад.

Нукта: Ту мегӯӣ: ҷабр, ки амре мазмум аст, чаро вақте аз забони авлиёуллоҳ шунида мешавад, писандида ва маҳмуд мегардад? Дар ҷавоб мегӯем: бояд бидонӣ, ки ҷабр дар ин ду маврид фақат иштироки лафзӣ дорад ва мақсуд аз он дар мартибаи авлиё ва оммагон мутафовит аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.472)

Ту магӯ, к-ин мис бурун буд муҳтақар,

Дар дили иксир чун гирад гуҳар?

Боз эй ҷаноби мӯътариз! Ту ин ҳарфро назан, ки: чаро мис зоҳиран хору бемиқдор аст, вале ҳамин ки бо кимиё даромехт, ба тиллои гаронқимат мубаддал мегардад? (Ин мисол низ ба ваҷҳи байти пешин қобили тафсир аст.)

Муҳтақар: Паст, фурӯмоя.

Ихтиёру ҷабр дар ту буд хаёл,

Чун дар эшон рафт, шуд нури ҷалол.

Эй, ки аз ҳақиқати ҳоли асҳоби тариқат ва арбоби маърифат ғофилӣ! Ҷабру ихтиёр дар зеҳни ту ба сурати хаёлоти воҳӣ намоён мешавад, вале ҳамон матлаб дар қалби авлиё ба сурати таҷаллии нури илоҳӣ зуҳур мекунад.

Нон чу дар суфра-ст, бошад он ҷамод,

Дар тани мардум шавад ӯ руҳи шод.

Мисоли дигар: нон дар сари суфра ҷамоде беш нест, вале ҳамин нони ҷомид вақте хӯрда шавад, ҷузъи бадани одамӣ гардад ва ба ҷони шодмон дигар шавад.

Нукта: Табдили моддаи ғизо ба бадани ҳайвон, аз осори тасарруфи ҷони ҳайвонӣ аст, ҳамчунин ҷони инсонӣ дар моддаи ғизоӣ тасарруф мекунад ва онро пазирои андеша ва фикрат ва ҳаёти башар месозад. Мавлоно ин нуктаро, ки маҳсули абёти пешин аст, муқаддима қарор медиҳад барои таъсири ҷонҳои мардони Худо, ки латифаи руҳи инсонӣ ва ба таъбири вай, “ҷони ҷон” аст. Ҷони авлиё ба шакли аҷибе метавонад дар аносури табиӣ ва аҷроми фалакӣ тасарруф кунад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.557)

Дар дили суфра нагардад мустаҳил,

Мустаҳилаш ҷон канад аз салсабил.

Ин нон бар сари суфра ба ҷон табдил намешавад, яъне нон то хӯрда нашавад, аз мартибаи ҷамодӣ ба мартибаи ҳайвонӣ дарнаёяд, аммо пас аз хӯрда шудан, ба ҷон мубаддал гардад.

Мустаҳил: Дигаргуншуда, аз ҳоли худ баргашта. Салсабил: Ба маънои нарм, равон, майи хушгувор, оби гуворо ва номи чашмаест дар биҳишт. Ин вожа аслан форсӣ аст, ки дар Қуръон дар сураи Даҳр ояти 18 низ омадааст:

عَيْنًا فِيهَا تُسَمَّى سَلْسَبِيلًا

Дар биҳишт чашмаест, ки онро салсабил номанд”.

Қуввати ҷон аст ин, эй ростхон,

То чӣ бошад қуввати он ҷони ҷон.

Эй доно! Вақте ки ҷони мо чунон қудрате дорад, ки нонро ба ҷон дигар созад, ту бибин, ки қудрати ҷони ҷон, яъне валийи муршид, чӣ сон аст!

Ростхон: Он ки китоб ва навиштаро саҳеҳ мехонад, олим.

Гӯштпорай одамӣ, бо ақлу ҷон,

Мешикофад кӯҳро бо баҳру кон.

Ба унвони мисол: ҳамин инсон, ки зоҳиран пораи гӯште беш нест, ба кӯмаки нерӯи ҷон кӯҳу маъдану дарёро мешикофад. (Ҳамаи мулки ҷаҳон дар тасарруфи инсони комил аст.)

Зӯри ҷони кӯҳкан, шаққи ҳаҷар,

Зӯри ҷони ҷон дар “иншаққал-қамар”.

Қудрати кӯҳкан ва сангтарош, дар шикофтани кӯҳ аст ва қудрати ҷони ҷон, яъне ҳазрати Хатмимартибат (с), дар шикофтани моҳ аст.

Шаққи ҳаҷар: Шикофтани санг.

Нукта: “Кӯҳкан” таркиби васфист ба маънои касе, ки кӯҳро меканад. Дар ин ҷо ошкор аст, ки ишорате ба “Фарҳоди кӯҳкан” дорад, ки Низомии Ганҷавӣ шарҳи онро дар манзумаи “Хусрав ва Ширин” овардааст. Ва низ “ҷони ҷон” дар ин ҷо ба ҳазрати Расул (с) ишорат дорад, ки аз ҷумлаи мӯъҷизоташро иншиқоқи моҳ шумурдаанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.473-474)

Гар гушояд дил сари анбони роз,

Ҷон ба сӯйи арш созад турктоз.

Агар дил махзани асрори худро бигушояд, ҷон бо шитоб ба сӯйи арш парвоз мекунад.

Сари анбон гушодан: Киноя аз кашфи асрор, бармало кардани роз. Турктоз: Мухаффафи турктозӣ аст, ба маънои тундтозӣ, тохтани бошитоб ва бехабар, чунон ки расми туркони қадим будааст.

Нукта: Мурод аз “дил” ҳамон қалб аст, ки урафо дар таърифи он гуфтаанд:

القلب جوهر نوراني مجرد يتوسّط بين الروح والنفس الناطقة

Қалб ҷавҳаре нуронӣ ва муҷаррад аст, ки байни руҳи ҳайвонӣ ва нафси нотиқа қарор дорад”. Ва “ҷон” дар ин ҷо киноя аз руҳи ҳайвонӣ аст. Ҷоиз аст бино ба қоидаи ҳазфи музоф, мурод аз “дил” соҳиби дил ва мурод аз “ҷон” соҳиби ҷон бошад. Аммо манзури байт: Агар орифи соҳибдил асрори ҳақиқати инсонро барои шахсе, ки дар мартибаи руҳи ҳайвонӣ мутаваққиф шуда фош кунад, ӯ дар ҳамон лаҳза ба сӯйи арши барин мешитобад, аз бас, ки ҳақиқати инсон воло ва нуронист. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.472)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: