Шаммае аз тибби исломӣ (7)

Бахши ҳафтум

Таҳияи: Сайидмуҳаммадалӣ Бурҳонов

Дармон ва мудовои беморӣ

Чаҳор амал дармонгар ҳастанд:

1. Ҳиҷомат;

2. Дору дар бинӣ рехтан;

3. Танқия (клизма);

4. Қай кардан.

* * *

Давои ҳар дард:

1. Давои хун ҳиҷомат аст;

2. Давои сафро ва савдо мулайин аст (мулайин модда ё доруе аст, ки барои рафъи юбусат масраф мекунанд, ва ба русӣ ба он cлабительные гӯянд);

3. Давои балғам ҳаммом аст.

* * *

Равиши паёмбарон дар дармон:

Равиши паёмбарон дар дармон ҳиҷомат аст ва нура кашидан ва даво дар бинӣ чакондан.

Формули сиҳҳат:

1. Ҳар гоҳ гурусна шудӣ бихӯр ва ҳар гоҳ ташна шудӣ бинӯш (яъне вақте ба он ниёз надорӣ нахӯр ва нанӯш);

2. Ҳар вақт ниёз ба хало доштӣ, ба хало бирав (онро нигоҳ надор);

3. То зарурат надошт, ҳамбистар нашав;

4. Ҳар гоҳ эҳтиёҷ ба хоб доштӣ, бихоб (бедорӣ ба худат надеҳ).

* * *

Одоби дармон дар ҳиҷомат

Рӯзҳои муносиби ҳиҷомат:

1. Асри якшанбе ва душанбе;

2. Ҳар гоҳ хун ғалаба кард, шаб бошад ё рӯз, Оятулкурсӣ бихон ва ҳиҷомат кун;

3. Рӯзҳои аввали тобистон муносиб аст;

4. Дар моҳи Рамазон ҳангоми шаб бошад беҳтар аст.

* * *

Рӯзҳои номуносиби ҳиҷомат:

1. Чаҳоршанбе ва ҷумъа (магар дар ҳангоми зиёдии хун);

2. Шикам холӣ набошад;

3. Дар гавдии пушти сар набошад;

4. Дар замони қамар дар ақраб муносиб нест.

* * *

Маҳалҳои муносиб барои ҳиҷомат:

1. Сар;

2. Байни ду китф;

3. Пушти гардан. (Ин ҳама сактаи қалбӣ ва мағзӣ, ки иттифоқ меафтад, фишори хун ва ғайра, ин ҳама гирифтагии рагҳо илоҷи содае доранд ба номи ҳиҷомат. Хун додан ҷойи ҳиҷоматро намегирад.)

* * *

Осори дармон бо ҳиҷомат

Фойидаҳои ҳиҷомат:

1. Баданро сиҳҳат мебахшад;

2. Ақлро муҳкам мекунад;

3. Дидаро ҷало медиҳад;

4. Дардҳоро мебарад;

5. Сирри шифои ҳамаи дардҳост ҷуз марг;

6. Тифли чаҳормоҳаро ҳар моҳ як бор ҳиҷомат кунед.

* * *

Парҳез

Меъда хонаи дардҳост (вуруди дард аз меъда аст) ва ниҳояти парҳез 14 рӯз аст.

* * *

Осори дармон ба равиши танқия (клизма);

1. Шикамро фарбеҳ мекунад;

2. Дардҳои дарунро мебарад;

3. Баданро қувват медиҳад.

* * *

Дармон бо асал

Осори дармон бо асал:

Асал шифои ҳамаи дардҳост

Хӯрдани асал бо шиками холӣ (як ангушт):

— балғамро дафъ мекунад;

— савдоро бартараф мекунад;

— зеҳнро соф мекунад.

Ва ҳар гоҳ асал бо кундур ва оби сард хӯрда шавад:

— сафроро фурӯ менишонад;

— таомро ҳазм мекунад;

— ахлотро дар даҳонаи меъда мебарад;

— табро бартараф мекунад.

* * *

Дармон бо садақа

Осори дармон бо садақа:

1. Садақа балоҳои осмониро рафъ кунад;

2. Қазои муҳкамро дафъ мекунад;

3. Дар маризиҳо садақа бидиҳед мумкин аст зудтар асар кунад;

4. Бемориро аз байн намебарад чизе монанди:

* Дуо

* Садақа

* Оби сард

* * *

Бемориҳо ва дармонҳои муносиб

Муолиҷаи таб:

1. Рехтани оби сард бар бадан;

2. Дуо ва оби сард;

3. Себ табро мебурад ва ҳароратро фурӯ менишонад;

4. Миқдоре қанд (дар ривоят ба андозамидаҳ дирҳам омада) бо оби сард бо шиками холӣ хӯрдан барои таб муфид аст;

5. Хӯрдани синҷид;

6. Бунафша ва оби сард;

7. Оби борон баданро пок мекунад ва дардҳоро мебарад;

8. Кабоб дафъи таб мекунад;

9. Биринҷро шуста рӯйи оташ бӯ диҳед ва осиёб кунед, миқдоре аз онро омехта карда ва миқдореро миёни об намуда бихӯред;

10. Қай кардан;

11. Арақ кардан;

12. Мусҳил;

13. Дар таби тӯлонӣ, Оятулкурсиро дар зарфе бинависед ва ба об ҳал кунед ва бихӯред;

14. Унноб (зизифус настоящий) табро мебурад.

* * *

Сардарди азим

Рӯғани анбар (ба русӣ, анбра) ва рӯғани занбақ (ба русӣ, ирис)-ро баъди ғизо бихӯред ва ба бинӣ бичаконед.

* * *

Чашмдард

1. Оятулкурсӣ барои чашмдард бихонед;

2. Моҳӣ барои чашмдард зарар дорад;

3. То муддате, ки чашмдард доред, бар паҳлӯи чап бихобед;

4. Баъд аз ғизо дастҳоро бишӯед ва бар чашмҳо бимолед то аз чашмдард дар амон бимонед;

5. Панҷшанбе ва ҷумъа мӯйлаб ва нохунро кӯтоҳ кардан аз чашмдард ҷилавгирӣ мекунад.

* * *

Гулӯдард

Беҳтарин чиз барои гулӯдард шир аст.

* * *

Дандони афтода

Суъд (ба русӣ, осока) дохили даҳонат кун, то дандонат бирӯяд.

* * *

Песӣ

Чуғундарро бо гӯшти гов бипаз ва бихӯр.

* * *

Хӯра (ҷузом)

1. Мӯйи дохили бинӣ аз хӯра ҷилавгирӣ мекунад;

2. Хӯрдани шалғам хӯраро об мекунад;

3. Кӯтоҳ кардани мӯйлаб дар ҷумъа, инсонро аз хӯра ҳифз мекунад.

* * *

Тоъун

Барои дармонаш себ бихӯред.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шаммае аз тибби исломӣ

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: