Шаммае аз тибби исломӣ (8)

Бахши ҳаштум

Таҳияи: Сайидмуҳаммадалӣ Бурҳонов

Бемориҳои дарунӣ

Дарди шикам

Андаке асал бо оби гарм майл кунед ва агар асар накард, муҷаддад ҳамонро бихӯред ва ҳафт маротиба сураи Ҳамд бихонед.

* * *

Тангии нафас

Идрори шутур барояш муфид аст.

* * *

Дарди нишемангоҳ

Асал ва сиёҳдона ва рӯғани зайтунро бо ҳам хамир кунед ва бихӯред.

* * *

Дарди ҷигар

Шираи анҷирро гирифта, бар сина бимолед.

* * *

Кирми меъда

1. Хӯрдани сирка муфид аст;

2. Хурмо бо шиками холӣ хӯрдан муассир аст. (Ҳафт дона хурмои иҷва бихӯред)

* * *

Исҳол (диарея)

1. Биринҷро дар соя хушк кунед баъд рӯйи оташ каме бимонед ва бикӯбед, ҳар рӯз субҳ як кафи даст бихӯред;

2. Биринҷро бо об биҷӯшонед, чаҳор-панҷ тикка сангро даруни оташ бигузоред, пиҳи гурдаи тозаро гирифта ва ба он сангҳо дар миёни коса биандозед ва зарфи дигареро рӯяш бигузоред, то бухораш берун наравад ва ҳаракат бидиҳед, то он пиҳ об шавад, биринҷ, ки пухта шуд ин рӯғанро рӯяш бирезед ва майл кунед.

* * *

Печиши шикам

Гирдуеро рӯи оташ бигузоред, то мағзаш бирён шавад, ҳол пӯсташро биканед ва майл кунед.

* * *

Қурқури шикам

Сиёҳдона ва асал бихӯред.

* * *

Дарди по

Сураи «Инно фатаҳно»-ро то «Ва коналлоҳу азизан ҳакимо» бихонед.

* * *

Дарди соқ

Ҳафт маротиба ояти 27-и сураи Каҳфро бихонед.

* * *

Дарди банди по

Даст бар маҳалли дард бигузоред ва бигӯед:

بسم الله وبالله علی رسول الله صلی الله علیه وآله

Баъд ояти 67-и сураи Зумарро бихонед.

* * *

Дарди шона

Дар вақти хоб се маротиба ва баъд аз бедор шудан як маротиба оёти 106 ва 107-и сураи Бақараро бихонед.

* * *

Банд омадани идрор

Оёти бисёр бар ӯ бихонед, то шифо ёбад.

* * *

Бавосир

1. Сураи Ёсинро бо асал бинависед, сипас онро шуста ва майл кунед;

2. Хӯрдани тара;

3. Хӯрдани биринҷ ва хурмои норас.

* * *

Вомондагӣ ё дарди сар

Паёмбар (с) дастҳоро мегушуданд ва сураи Ҳамд, Тавҳид, Фалақ ва Носро мехонданд ва дастро бар рӯи мубораки худ мекашиданд.

* * *

Қуланҷ, бодҳо, дарди мафосил, сустии бадан ва сардии дарун

Як каф шанбалила (пажитник сенной)-ро бо як каф анҷири хушк гирифта ва он қадр об бирезед, ки пӯшида шаванд, сипас дар дег онро пухта ва соф кунед. Ин дору бояд рӯзона хӯрда шавад, то дар муддати чанд рӯз як зарфи бузург ба итмом бирасад.

* * *

Боде, ки аз сар то поро фаро гирифта бошад

Анбар ва рӯғани зайтунро замоне, ки шикам холӣ бошад, дар бинӣ бичаконед.

* * *

Боди лиқва

Панҷ мисқол қуранфил (турецкая гвоздика)-ро дар шиша рехта, сарашро муҳкам бибандед ва бо лой онро сахт кунед ва дар офтоб қарор диҳед.

Моддаи ҳосил дар рӯзҳои тобистон бояд як рӯз бимонад ва дар зимистон ду рӯз, баъд аз гузариши замони лозим берун оварда ва нарм бикӯбед, ҳоло бояд бо оби борон махлут шавад.

Акнун шахс бар пушт мехобад ва доруро ба маҳалли дард мегузорад, то қуранфил хушк шавад.

* * *

Дар афроде, ки идрорашон қатъ намешавад

Исфандро шиш бор бо оби сард бишӯед ва як навбат бо оби гарм, баъд онро дар соя хушк кунед ва бо рӯғани гул чарб карда, омехта кунед ва майл намоед.

* * *

Юбусати мизоҷ

Хурморо бо шиками холӣ бихӯред ва баъдаш об бинӯшед (ба ин васила рутабат бар мизоҷ ғолиб мешавад.)

Барои рафъи рутубати ғолибшуда хурморо бихӯред, вале рӯи он об нанӯшед, то табъатон мутаодил шавад.

* * *

Рафъи балғам

1. Бо шиками холӣ ҳаммом рафтан;

2. Мӯҳоро зиёд шона задан.

* * *

Рафъи сафро ва савдо

Баъди ғизо ба ҳаммом рафтан.

* * *

Асари дармонии сиёҳдона

Шифои ҳамаи дардҳост, ки аз ҷумлаи онҳост:

1. Таб;

2. Дарди сар;

3. Озори чашм;

4. Дарди шикам;

5. Дармони зиёдии идрор (сиёҳдонаро дар охири шаб бихӯред);

6. Равиши дармон барои тамоми дардҳо:

21 дона сиёҳдонаро дар порчае қарор диҳед ва як шаб дар об хис кунед, субҳ, ки шуд, дар бинии рост як қатра ва дар бинии чап ду қатра; ҳар шаб бояд донаҳо тоза шаванд.

* * *

Рафъи сеҳр

Хондани сураи Нос ва Фалақ.

* * *

Рафъи чашмзахм (чашм задан)

1. Хондани се маротиба зикри:

ما شاء الله لا قوة الا بالله العلی العظیم

2. Хондани сураҳои Нос ва Фалақ;

3. Дастҳоро баробари рӯ баланд кунед ва сураҳои Ҳамд, Фалақ ва Носро бихонед ва дастро бар пеши сар бикашед.

* * *

Дафъи шарри шаётин ва ҷодугарон

Оёти 54 то 56-и сураи Аъроф хонда шавад.

* * *

Тарс аз ақраб (каждум)

Оёти 79 то 81-и сураи Соффотро бихонед.

* * *

Вуруд дар харобаҳо ва ҷоҳои ҳавлнок

Бо пойи рост дохил шавед ва “Бисмиллоҳ” бигӯед, дар ҳангоми хуруҷ ҳам, пойи чапро пеш гузошта ва “Бисмиллоҳ” бигӯед.

* * *

Саге, ки ҳамла мекунад

Барои дафъи шарраш ояти 33-и сураи Арраҳмонро бихонед.

يَا مَعْشَرَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ إِنِ اسْتَطَعْتُمْ أَنْ تَنْفُذُوا مِنْ أَقْطَارِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ فَانْفُذُوا لَا تَنْفُذُونَ إِلَّا بِسُلْطَانٍ

* * *

Дафъи шарри ҷонварони замин

Ин дуоро бихонед:

بسم الله الرحمن الرحیم بسم الله وبالله محمد رسول الله )ص( اعوذ بعزة الله اعوذ بقدرة الله علی ما یشاء من شر کل هامة تدب باللیل والنهار إن ربی علی صراط مستقیم

* * *

Адои қарз

1. Хондани ин дуо тавсия шудааст:

اللهم اغننی بحلالک عن حرامک، و بفضلک عمّن سواک

2. Зиёд истиғфор кардан ва зиёд хондани сураи Қадр муассир аст.

* * *

Рафъи ғаму андӯҳ

1. 100 маротиба гуфтани

لا حول ولا قوة الا بالله

Ҳафтод навъ балоро дафъ мекунад, ки осонтарини онҳо рафъи ғаму андӯҳ аст.

2. Бисёр гуфтани:

لا حول ولا قوة الا بالله العلی العظیم

* * *

Дармони сафед шудани чашм

Сойидани унноб ҳамроҳ бо ҳастааш ва кашидани он дар чашм.

* * *

Эътидоли табиати бадан

Хӯрдани анори суронӣ, хурмои нораси пухта, бунафша ва коснӣ.

* * *

Хобидан

Одоби хобидан:

1. Бар дасти рост рӯ ба қибла хобидан суннат аст;

2. Хондани Оятулкурсӣ қабл аз хоб монеъи фалаҷ аст;

3. Напардохтани закот сабаби тарс дар хоб аст.

* * *

Қайлула

Замонҳои муносиб барои хоб:

1. Дар вақти гармии ҳаво хоб пеш аз зуҳр муносиб аст;

2. Аз замонҳои муносиб барои хоб, баъд аз намози зуҳр аст то аср;

Замонҳои ғайри муносиб барои хоб:

1. Баъди тулӯъи субҳ то тулӯъи хуршед;

2. Байни намози мағриб ва хуфтан;

3. Баъд аз аср.

* * *

Осори хоби бемавқеъ

Хоби баъди тулӯъи субҳ то тулӯъи хуршед боиси маҳрум шудан аз рӯзӣ аст ва парешонӣ ва фақр меоварад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шаммае аз тибби исломӣ

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: