Шаммае аз тибби исломӣ (қисмати поёнӣ)

Бахши нӯҳум ва поёнӣ

Таҳияи: Сайидмуҳаммадалӣ Бурҳонов

Бӯи хуш

Осори бӯи хуш:

1. Бӯи хуш дилро қавӣ мекунад;

2. Қуввати ҷимоъро меафзояд;

3. Агар дар рӯз бимолад, то шаб ақлаш ҳамроҳаш хоҳад буд.

Чаҳор чиз ғамро аз байн мебарад:

1. Истифода аз бӯи хуш;

2. Хӯрдани асал;

3. Саворӣ кардан (бо асп);

4. Ба сабза нигоҳ кардан.

* * *

Осори истифода аз рӯғанҳои муаттар:

1. Пӯстро нарм мекунад;

2. Димоғ (мағз)-ро зиёд мекунад;

3. Маҷории обро дар бадан осон мекунад;

4. Тангии рӯзиро бартараф мекунад;

5. Рӯро нуронӣ мекунад.

* * *

Анвоъи рӯғанҳои хушбӯ ва осору фоидаҳои онҳо

Рӯғани бунафша:

1. Беҳтарини рӯғанҳост;

2. Дардҳоро аз сару чашм мебарад;

3. Дар зимистон гарм ва дар тобистон хунак аст;

4. Барои мӯъминон нарм ва барои душманон хушк аст;

5. Онро дар бинӣ бичаконед;

6. Гармии табро бо он бишканед;

7. Димоғ (мағз)-ро ислоҳ мекунад.

* * *

Рӯғани занбақ (зоҳиран занбақи сафед мурод аст, ки ба он розиқӣ ё ёсамани сафед мегӯянд):

Дар бинӣ бичаконед;

Шифои ҳафтод дард аст.

* * *

Рӯғани зайтун:

Ба бадан бимолед ва бихӯред;

Бо истифода аз ин рӯған, шайтон 40 субҳ наздики шахс намешавад.

* * *

Рӯғани кунҷид:

Чакондани рӯғани кунҷид дар бинӣ барои сардард хуб аст.

* * *

Уди ҳиндӣ:

Дар уди ҳиндӣ ҳафт навъ шифо аст.

* * *

Гулоб ва гули сурх:

1. Гулобро ба рӯ рехтан, оби рӯро зиёд мекунад;

2. Парешониро бартараф мекунад;

3. Дар рӯзи аввали моҳи Рамазон як каф гулоб бар рӯи хуб бирезед, то аз хорӣ ва парешонӣ дар он рӯз эмин бимонед;

4. Ва ҳар ки дар он рӯз бар сараш як каф гулоб бирезад, дар он сол аз марази сарсом ва зотулҷанб (плевральная полость) эмин гардад.

* * *

Гули марзанҷӯш (душица обыкновенная):

1. Обаш шифои чашм аст;

2. Бӯяш қувваи шомма (бӯидан)-ро меафзояд.

* * *

Ороиш ва зинат кардан

Одоби зинат кардан бо ангуштарӣ:

Муносиб аст ангуштарӣ дар дасти рост бошад.

Аз лиҳози чинс нуқра бошад на оҳан ё биринҷ ва ё фӯлод.

* * *

Зевари занон:

1. Сазовор нест, ки худро бидуни зинат раҳо кунанд, ҳарчанд ба гарданбанде бошад;

2. Имом Зайнулобидин (а) ва Имом Боқир (а), занону духтарони худро бо зевари тилло ва нуқра меоростанд;

3. Сазовор нест, ки дасти зан бе хизоб бимонад, агарчӣ ба молидани ҳано бошад ҳарчанд, ки пир бошад;

4. Ҷоиз аст дандонҳоро бо тилло ба якдигар бибанданд.

* * *

Осори зинат кардан

Осор ва хоссиятҳои зинат кардан ба ангуштарӣ:

Хоссиятҳои ақиқ (агат):

1. Ҳирз аст ва дафъи бало ва дафъи душман мекунад;

2. Рафъи фақр ва тангдастӣ карда ва рӯзиро зиёд мекунад;

3. Нифоқро аз миён мебарад;

4. Муборак аст;

5. Эминӣ аз оташи ҷаҳаннам аст;

6. Амон мебахшад аз хун. (Мумкин аст манзур мушкилоте бошад, ки аз ихтилоли хун ба вуҷуд меоянд ё ин ки мурод хунрезӣ бошад);

7. Оқибат ба хайрӣ меоварад;

8. Бо он ҳоҷат бароварда мешавад;

9. Дар сафар мояи эминӣ аст;

10. Монеъи парешонӣ аст ва рафъи ғам мекунад;

11. Эминӣ аст аз дузд;

12. Хатари подшоҳи золимро бартараф мекунад;

13. Инсонро аз бурида шудани даст ва тозиёна дар амон медорад;

14. Худованд дӯст дорад дастеро, ки ба дуо баланд мешавад дар ҳоле ки ангуштаре аз ақиқ ҳамроҳ дорад;

15. Дасте, ки ақиқ дорад, аз сарват ва дороӣ холӣ намемонад;

16. Ду ракъат намоз бо ақиқ хондан, беҳтар аз 1000 ракъат намоз бидуни он;

17. Намози як нафар ҳамроҳ бо ақиқ, 40 дараҷа болотар аст аз намози ҷамоате, ки ғайри ақиқ дар даст дошта бошанд.

* * *

Хоссиятҳои ёқут (рубин):

1. Рафъи парешонӣ мекунад;

2. Ёқути зард рафъи фақр мекунад.

* * *

Хоссиятҳои зумуррад (изумруд):

1. Гушоиш меоварад ба гунае ки дар он душворӣ нахоҳад буд (дар ривояте дигар ин асар марбут ба забарҷад дониста шудааст);

2. Фақрро ба тавонгарӣ табдил мекунад.

* * *

Хоссиятҳои фирӯза (бирюза):

1. Сабаби бароварда шудани ҳоҷат мешавад. (Агар дар пайи коре равад ва ангуштарии фирӯза дар дасташ бошад);

2. Наҷот аз дардҳост;

3. Сабаби қуввати чашм мешавад;

4. Фарохии сина меоварад;

5. Мояи қуввати дил аст;

6. Тангдастиро бартараф мекунад;

7. Рафъи нозоӣ мекунад албатта агар ин ояти шарифа рӯи он нақш шуда бошад:

رب لا تذرنی فردا وانت خیر الوارثین

* * *

Хоссиятҳои ҷазъи ямонӣ (оникс):

1. Рафъи мутамарридони шайтонҳо мекунад;

2. Намоз бо он ҳафтод баробар аст.

* * *

Осори сурма кашидан (кайал):

1. Дар шаб нафъ мерасонад ва дар рӯз зинат аст. (Албатта бар занон ҳаром аст, ки ороиши худро ба номаҳрам нишон диҳанд);

2. Даҳонро ширин мекунад;

3. Биноиро тунд мекунад ва ҷало медиҳад;

4. Инсонро барои саҷдаҳои тӯлонӣ ёрӣ мекунад;

5. Монеъи резиши оби чашм аст;

6. Балғамро дафъ мекунад. (Манзур аз балғам дар ин ҷо, тарашшуҳоти селлулҳои бадан дар уфунатҳост);

7. Суратро нуронӣ мекунад.

* * *

Сурмаи санг:

1. Даҳонро хушбӯ мекунад;

2. Мижгонро муҳкам мекунад;

3. Аз обсиёҳи чашм ҷилавгирӣ мекунад албатта агар сурма бидуни мушк бошад. (Обсиёҳ: глаукома).

* * *

Бархе аз аъмол, ки суратро нуронӣ мекунад:

1. Нигоҳ кардан ба некрӯ. (Албатта нигоҳ ба номаҳрам ё нигоҳ ба маҳрам ба қасди лаззат ба ғайри ҳамсар ҷоиз нест);

2. Нигоҳ кардан ба оби ҷорӣ;

3. Нигоҳ кардан ба сабзазор;

4. Сурма кашидан дар ҳангоми хоб;

* * *

Нигоҳ кардан ба ойина:

Худои Мутаъол биҳиштро воҷиб карда бар ҷавоне, ки бисёр нигоҳ ба ойина мекунад ва ҳамди Худоро зиёд мегӯяд ба хотири он ки ӯро ба сурати некӯ офарид ва ӯро маъюб насохтааст.

Паёмбар (с) ба ойина нигоҳ мекарданд ва мӯи сар ва ришро шона мекарданд ва худро барои занони худ ва асҳобашон меоростанд ва мефармуданд, ки: “Худо меписандад ва дӯст дорад аз бандааш, ки вақте назди бародарони мӯъмин меравад барои онҳо худро зинат кунад

(Албатта манзур номаҳрам нест, яъне инсон набояд ба қасди зинат дар баробари номаҳрам худро биорояд ва ҳамчунин бар занон воҷиб аст, ки зинати худро аз номаҳрам бипӯшонанд).

* * *

Хизоб кардан (сару сурат ё пӯсти баданро бо ҳано ва ё маводди табиии дигар ранг кардан):

Чаҳор чиз аз суннати паёмбарон аст:

1. Истифода аз бӯи хуш;

2. Иртибот бо ҳамсар;

3. Мисвок задан;

4. Хизоб кардан бо ҳано.

* * *

Одоби хизоб дар мардон:

Хуб аст, ки мӯ ва риши худро хизоб кунанд.

* * *

Одоби хизоб дар занон:

1. Хуб аст дар сару дасту по хизоб кунанд;

2. Агар зане ҳайзаш қатъ шуда, бо ҳано хизоб кунад, то ҳайзаш баргардад;

3. Дар рӯзҳои одати моҳона хизоб кардан муносиб нест.

* * *

Аҳаммияти хизоб:

Як дирҳам барои хизоб пардохтан, аз ҳазор дирҳам барои Худо сарф кардан беҳтар аст.

* * *

Осори ҷисмии хизоб:

1. Бодро аз гӯш дур мекунад;

2. Ғуборро аз чашм бартараф мекунад;

3. Тории чашмро мебарад;

4. Чашмро ҷало медиҳад;

5. Биниро нарм мекунад;

6. Даҳонро хушбӯ месозад;

7. Буни дандонро муҳкам мекунад;

8. Бӯи бади зери бағалро мебарад.

* * *

Осори руҳӣ ва маънавии хизоб:

1. Васвасаи шайтонро кам мекунад;

2. Мояи шодии фариштагон аст;

3. Мояи хушҳолии мӯъмин аст;

4. Хашми кофир аст;

5. Халосӣ аз азоби қабр аст;

6. Накиру мункар аз ӯ шарм мекунанд.

* * *

Сабки зиндагии ҷамъӣ

Ташкили хонавода

Одоби ташкили хонавода:

1. Ҳамсар ихтиёр кардан дар соатҳое, ки ҳаво гарм аст, эҳтимоли ҷудоӣ дар ӯ ҳаст;

2. Ақд дар моҳи шаввол хуб аст;

3. Ақду арӯсӣ дар ҳангоми қамар дар ақраб оқибати хубе надорад;

4. Ақду арӯсӣ дар зери нури мустақими хуршед боиси сиқти фарзанд мешавад;

5. Рӯзи ҷумъа хостгорӣ ва никоҳ хуб аст.

* * *

Фарзандоварӣ

Одоби фарзандоварӣ:

1. Шаби чаҳоршанбе набошад;

2. Таҳтушшуъоъ набошад. (Дар баробари хуршед ва офтобаш наздикӣ накун магар он ки бо пардае худро аз нури он бипӯшонед, ки агар фарзанде шавад ҳамвора дар фақр ва никбат ба сар барад.)

* * *

Омилҳои муассир дар таваллуди фарзанди солим ё носолим:

3. Рафтори заношӯӣ дар аввали моҳ ва миёни моҳ ва охири моҳи қамарӣ набошад. Зеро мумкин аст ё бачча сиқт шавад ё девона шавад ё саръ (ташаннуҷ) дошта бошад;

4. Агар рафтори заношӯӣ дар рӯзҳои одати зан бошад, мумкин аст бачча дучори хӯра ё песӣ шавад;

5. Арӯс то ҳафт рӯз бояд аз хӯрдани шир, сирка, гашниз ва себи турш худдорӣ кунад;

6. Баланд азон гуфтан сиҳҳати бадан меоварад ва фарзандони бисёрро ба ҳамроҳ дорад;

7. Барои фарзанддор шудан дуоҳои мутаъаддиде вуҷуд дорад.

* * *

Фарзанддорӣ

Рафторҳои муносиби рӯзҳои бордорӣ:

Агар зан дар рӯзҳои бордорӣ меваи биҳӣ бихӯрад, фарзанд хушбӯтар ва рангаш софтар мешавад.

Дар рӯзҳои бордорӣ, хӯрдани кундур боис мешавад тифл дилаш муҳкам ва ақлаш зиёд шавад…

Агар баъд аз таваллуди фарзанд, аввалин чизе, ки зан мехӯрад рутаб (хурмои тар) бошад, мояи бурдбории фарзанд мешавад. (Агар рутаб набуд, 9 адад хурмои Мадина ва агар набуд, 9 адад аз хурмоҳои дигар бихӯрад.)

Дар мавриди вазъи ҳамли сахт, дуоҳои мутаъаддиде вуҷуд дорад.

Ғусл додани тифл дар ҳангоми таваллуд суннат аст.

* * *

Одоби даврони таваллуд:

Ақиқа (қурбонӣ кардан) ва сар тарошидан суфориш шудааст.

* * *

Беҳтар аст ақиқа дар рӯзи ҳафтум воқеъ шавад

Рӯзи ҳафтум сарро битарошанд ва мӯро вазн кунанд ва ба вазнаш тилло ё нуқра садақа бидиҳанд.

* * *

Осори ақиқа:

Фарзанд дар гарави ақиқа аст; яъне агар ақиқа накунад, тифл дар маърази мурдан ва анвоъи балоҳост.

* * *

Хатна:

Хатна дар рӯзи ҳафтум суннат аст ва таъкид шудааст, ки ҳамин рӯз бошад.

* * *

Одоби тифлдорӣ:

Чарбӣ ва олудагии дасту рӯи кӯдакро дар ҳангоми хоб бишӯед.

Ба онҳо анор бихӯронед, то зудтар ба ҳадди ҷавонӣ ва қудрат бирасанд.

Агар тифле зиёд гиря мекунад ё зане дар хоб метарсад ё касе аз дарде бедорӣ бар ӯ мусаллат шуда, ояти 11 ва 12-и сураи Каҳф хонда шавад.

* * *

Тарбияти фарзанд:

1. Писар, ки се сола шуд, ҳафт бор бигӯяд:

لا اله الا الله

2. Се солу ҳафт моҳу бисту як рӯза, ки шуд ҳафт бор бигӯяд:

محمد رسول الله

3. Чаҳор солаш, ки тамом шуд, ҳафт мартиба бигӯяд:

صلی الله علی محمد وآله

4. Панҷ солаш, ки тамом шуд, саҷда кунад;

5. Шаш сол, ки тамом шуд, намоз ёдаш диҳед ва аз ӯ бихоҳед, ки намоз бихонад;

6. Ҳафт солаш, ки тамом шуд, вузӯ ёдаш диҳед ва амр ба намоз хондан фармонаш бидиҳед;

7. Нӯҳ солаш, ки тамом шуд вузӯ ва намозро хуб ёдаш диҳед ва агар тарк кард, танбеҳи баданӣ кунед. (Албатта танбеҳи бадании сабук на ба гунае, ки боиси сурхӣ ё сиёҳии пӯст шавад.)

8. Духтар вақте шашсола шуд номаҳрам ӯро набӯсад ва бар доман нашинонад ва писарон ӯро набӯсанд;

9. Вақте чизе барои хона харидед, ибтидо ба духтаронатон таъоруф кунед, баъд ба писаронатон.

* * *

Некӣ кардан

Бо падарони худ некӣ кунед, то фарзандонатон бо шумо некӣ кунанд.

Аз занони дигар иффат кунед, то дигарон ҳам аз занони шумо иффат кунанд.

Эҳсон ба хешон, сахтии маргро осон мекунад ва парешониро аз зиндагӣ дур месозад.

* * *

Се кор аст, ки дар ҳамин дунё инсонро гирифтор мекунад:

1. Оққи волидайн шудан. (Рафторҳое дошта бошад, ки боиси дилгирӣ ва ғаму андӯҳи падару модар шавад.)

2. Зулми ба мардум;

3. Куфрони неъмати Худо ва халқ.

* * *

Поёни китоб

* * *

Қисматҳои дигари шаммае аз тибби исломӣ



Рубрики:Барномаи зиндагӣ

Метки: , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: