Шарҳи Маснавӣ (168)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (10)

* * *

Изофат кардани Одам он заллатро ба хештан, ки “Раббано заламно” ва изофат кардани Иблис гуноҳи худро ба Худои Таъоло, ки “Бимо ағвайтанӣ” (1)

* * *

Заллат: Лағзиш.

Мавлоно то инҷо мавзӯи ҷабру ихтиёрро ба равиши сӯфиёни софӣ тафсир карда буд. Аммо аз инҷо ба баъд ин мавзӯъро ба равиши уламои калом, хосса бар машраби ашъариён, мавриди баҳсу нақд қарор медиҳад.

Тавзеҳ он ки: муҳимтарин масъала дар назари ашъариён, чигунагии афъоли бандагон аст. Абулҳасани Ашъарӣ мегӯяд: Худованд холиқи афъоли бандагон аст ва инсон дар афъоли хеш дар ҳадди касб (=иктисоб) дахолат дорад. Ӯ гӯяд: Касб иборат аст аз таъаллуқи қудрат ва иродаи банда ба феъли мақдуре, ки аз ҷониби Худованд ҳодис мегардад. (Таҳқиқе дар масоилми каломӣ, с.106) Бинобар ин, қудрати инсон барои ҳусули феъл кофӣ нест, балки ин қудрати илоҳӣ аст, ки ин амалро эҷод мекунад. Ва саҳми инсон дар аъмолаш фақат майл ва ангезае аст, ки ба анҷоми он дар дилаш эҷод мешавад. Ва чун майл ва ангезаи амал дар инсон эҷод шуд, Худованд он амалро аз маҷрои инсон сурат медиҳад. Пас, амали инсон ба худи ӯ қоим аст, на он ки аз ӯ содир шавад. Натиҷа он ки: Худованд содиркунандаи аъмоли инсон аст ва инсон косиби (касбкунандаи) он аъмол.

Ва ин тариқаи ашъарӣ роҳи миёнае бувад миёни ҷабри маҳз ва тафвизи мутлақ. Албатта масъалаи касби ашъариён яксара мубҳам аст. Мавлоно, ки дар абёти пешин, бар машраби сӯфиёна бо масъалаи ҷабру ихтиёр бархӯрд кардааст, дар ин фасл мутакаллимона бо он масъала рӯ ба рӯ мешавад ва ҳалли мушкилоти онро бар машраби ашъариён бозгӯ мекунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.474-75)

* * *

Карди мову карди Ҳақ, ҳар ду бибин,

Карди моро ҳаст дон, пайдост ин.

Ҳам феъли Худоро бибин ва ҳам феъли моро. Феъли моро ҳақиқӣ бидон ва ин албатта матлабе равшан аст. Яъне ин тавр нест, ки монанди пайравони ҷабри маҳз, бигӯем, ки инсон дар анҷоми аъмоли худ ҳеч гуна нақше надорад.

Гар набошад феъли халқ андар миён,

Пас магӯ касро: “Чаро кардӣ чунон?”

Агар исноди феъли инсон ба ӯ, ҳақиқат надошт ва бо ихтиёри ӯ содир намешуд, дигар далеле надошт, ки ба касе бигӯӣ: Чаро он корро кардӣ?

Нукта: Мавлоно дар инҷо ақида ва айни далели Абулҳасани Ашъариро зикр кардааст. Ин далел ҷанбаи виҷдонӣ дорад. Яъне ба таври табиӣ ва фитрӣ, инсонҳо аз аъмоли якдигар суол мекунанд. Дар ҳоле ки агар инсон нақше дар судури аъмолаш надошт, дигар раво набуд, ки бипурсанд: Чаро фалон корро кардӣ? (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.2, с.561)

Халқи Ҳақ афъоли моро мӯҷид аст,

Феъли мо осори халқи Эзид аст.

Афъоли инсон тавассути қудрати Ҳақ падид меояд, аммо ба дасти инсон иҷро мегардад. Ва афъоли мо аз осори феъли Ҳақ Таъоло аст.

Мӯҷид: Падидоваранда.

Нукта: Ин байт баёнест аз вуқӯи амал бар машраби ашъариён ва радди назари мӯътазила.

Нотиқе ё ҳарф бинад ё ғараз,

Кай шавад як дам муҳити ду араз?

Ба унвони мисол: гӯяндае, ки сухан мегӯяд, дар зимни сухан, ғолиби ҳавоссаш ё мутаваҷҷеҳи зоҳири калом мешавад ё ба мафоҳим. Чунин гӯяндае чӣ тавр мумкин аст, ки дар як лаҳза, ҳам комилан ба зоҳири калом таваҷҷӯҳ кунад ва ҳам ба маъно ва мақсуди калом?

Нукта: Ин тамсил низ баёни матлабе аст, ки Абулҳасани Ашъарӣ гуфтааст. Ӯ ақида дорад, ки вақте метавонем инсонро холиқи аъмоли худ бидонем, ки ӯ бар ҷузъиёти аъмолаш илми тафсилӣ дошта бошад, дар ҳоле ки чунин нест. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.476)

Гар ба маънӣ рафт, шуд ғофил зи ҳарф,

Пешу пас як дам набинад ҳеч кас.

Агар инсон ба сурати алфоз диққат кунад, аз маъно ғофил мемонад. Ва ҳеч чашме наметавонад дар як он, ҳам пеши рӯйи худро бибинад ва ҳам пушти сари худро.

Он замон, ки пеш бинӣ, он замон

Ту паси худ кай бибинӣ? Ин бидон!

Дар ҳамон лаҳза, ки пеши рӯйи худро мебинӣ, кай метавонӣ пушти саратро ҳам бибинӣ? Яъне наметавонӣ бибинӣ.

Чун муҳити ҳарфу маънӣ нест ҷон,

Чун бувад ҷон холиқи ин ҳардувон?

Вақте ки ҷон дар они воҳид наметавонад (он тавр ки бояд) ҳам ба сурати калом ва ҳам ба маъно ва мақсуди он таваҷҷӯҳ кунад, чӣ гуна мумкин аст, ки ҷон, ҳам майл ва ангезаи амалро эҷод кунад ва ҳам худи амалро?!

Ҳақ, муҳити ҳар ду омад, эй писар!

Вонадорад кораш аз кори дигар.

Эй писари маънавӣ! Чун ки ҳазрати Ҳақ муҳит бар ҳар ду (ангезаи амал ва анҷоми амал) аст, пас ҳеч коре ӯро аз кори дигар бознамедорад.

Нукта: Мисроъи аввал нозир аст ба мазмуни қисмате аз ояти 126 сураи Нисо:

وَكَانَ اللّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ مُّحِيطًا

Ва Худованд бар ҳар чиз иҳота дорад”. Ва мисроъи дуввум низ дар воқеъ тарҷумаи ин калом аз ҳазрати Алӣ (а) аст, ки мефармояд:

لا يشغله شأن عن شأن

Худовандро коре аз кори дигар бознамедорад”. (Наҳҷул-балоға, хутбаи 177)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: