Имом Ғаззолӣ ва Ибни Сино

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳамон тавр ки огоҳон медонанд, Имом Ғаззолӣ (р) дар миёни интиқодоташ ба фалосифа, дар се масъала, онҳоро (аз ҷумла Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино (р)-ро) такфир кардааст. Ин масоил иборатанд аз:

1. Масъалаи қадим будани олам;

2. Масъалаи илми Худо ба куллиёт, на ба ҷузъиёт;

3. Масъалаи маъоди ҷисмонӣ.

Ҳол, бояд дид, куҷои дидгоҳи Ибни Сино (ва соири фалосифа) куфр будааст? Оё Имом Ғаззолӣ воқеан дар ин ҳукм баҳақ буда, ё он ки дидгоҳи Бӯалиро хуб нафаҳмида?

Хуб, инак, ба тавзеҳи ин масоил мепардозем:

* * *

1. Масъалаи қадим будани олам:

Дар оғоз, лозим аст маънои “қадим” ва “ҳодис” назди фалосифа ва низ назди мутакаллимон (мисли Имом Ғаззолӣ) тавзеҳ дода шавад.

“Қадим” дар назди мутакаллимон, ба чизе гуфта мешавад, ки ҳамеша буда ва ҳеч замоне набуда, ки он чиз набуда бошад. Яъне ҳамеша будааст. Ва “ҳодис” назди онон, ба чизе гуфта мешавад, ки замоне будааст, ки он чиз набуда ва сипас падид омада.

Он гоҳ мутакаллимон мегӯянд, агар чизе “қадим” бошад (қадим ба ҳамин маъно), ӯ дигар ниёз ба холиқ ва иллат надорад. Ва аммо “ҳодис” чун замоне буда, ки ӯ набуда ва сипас падид омада, аз ин рӯ барои падид омадан ниёз ба холиқ ва падидоваранда ва иллат дорад.

Бинобар ин, мутакаллимон “қадим”-ро фақат дар вуҷуди Худованд мунҳасир медонанд ва ғайри ӯ ҳама чизро “ҳодис” медонанд.

Фалосифа ба мутакаллимон ин эродро мегиранд, ки: охир ин ҳарф чӣ ҳарфест, ки ҳар чӣ аз назари замонӣ қадим бошад (яъне ҳамеша дар замон буда бошад) ба иллат ва падидоваранда ниёз надоштааст? Замон, худаш, як буъд (ҷанба) аз абъоди ҷисми моддӣ аст. Яъне, замон зарфе нест, ки олам дар он зарф қарор гирифта бошад. Ин тасаввур тасаввури хатост. Балки ҳамон тавр ки ҳар ҷисми моддӣ дорои абъоде мисли тӯлу умқу арз аст, ҳамин тавр як буъди дигаре ба номи “замон” низ доранд.

Ба сухани дигар, ҳеч ҷисми моддӣ аз замон холӣ нест. Замон яъне “миқдори ҳаракати ҳар ҷисми моддӣ” аст ва фақат махсуси ҷисм аст. Ва аммо соату дақиқаву сония, инҳо як чизҳои эътиборӣ (қарордодӣ) ҳастанд, ки инсонҳо вазъ кардаанд ва ҳақиқат надоранд. Инсонҳо ҳаракати замин дар даври хуршед (ва омаду шуди шабу рӯз)-ро меъёр қарор дода, сипас сол, моҳ, ҳафта, рӯз, соат, дақиқа, сония ва ин ҷур чизҳоро аз пеши худ эътибор кардаанд.
Бар ҳамин асос, олами малакут дигар замон надорад, зеро замон фақат махсуси олами модда аст. Руҳи инсон ҳам замон надорад. Зеро мутаъаллиқ ба олами модда нест.

Аз ин рӯ, фалосифа таърифи мутакаллимон аз “қадим” ва “ҳодис”-ро як чизи бепоя медонанд.

* * *

Ва аммо таърифи қадим ва ҳодис назди фалосифа: “Ҳодис” дар назди фалосифа, чизе аст, ки ҳастӣ ва вуҷудаш аз худаш нест, балки аз касе дигар аст, ҳатто агар фарз кунем, ки он чиз ба лиҳози замонӣ ҳамеша буда бошад ҳам, вале боз вуҷудаш аз худаш нест. Ва аммо “қадим” зоте аст, ки ҳастӣ ва вуҷудаш аз худаш аст, яъне зотии ӯст, аз ӯ ҷудонашаванда аст. Бо ин ҳисоб ва бо ин таъриф, “қадим” фақат Худост. Зеро вуҷуди Худо зотии ӯст.

Пас, фарқ миёни дидгоҳи фалосифа ва мутакаллимон возеҳ шуд. Дар таърифи фалосифа аслан замон дар назар гирифта нашуда, вале дар таърифи мутакаллимон замон мадди назар аст.

Аз ин рӯ, метавон шайъеро фарз кард, ки аз назари замонӣ ҳамеша буда, вале вуҷудаш аз худаш нест, балки махлуқ аст, офарида аст. Аз ин назар, Ибни Сино мегӯяд, олам қадим аст ба лиҳози замонӣ, на ба лиҳози вуҷуд.

Ва аммо далели Бӯалӣ. Ӯ мегӯяд: Иллати томмаи ҳамаи ашё ва махлуқот ва мавҷудоти ҷаҳони ҳастӣ, ин Худост. Ва аз он сӯй ҳам, ақлан маҳол аст, ки иллати томма мавҷуд бошад, вале маълули он мавҷуд набошад, ва илло лозим меояд, ки иллати томма дар ҳамон ҳол, ки иллати томма аст, иллати томма набошад. Ва ин иҷтимои нақизайн аст, ва иҷтимои нақизайн зотан маҳол аст. Бинобар ин, агар Худо иллати томмаи олам аст, пас олам (маълули ӯ) низ ҳамвора буда ва хоҳад буд, лекин ҳамвора маълули Худо ва қоим ба ӯ буда ва лаҳзае бе Худо қобили тасаввур нест.

Ва мисоле, ки фалосифа дар ин хусус задаанд, бисёр зебост. Мегӯянд: шуъои хуршед аз хуршед аст, ин шуъоъ наметавонад мустақил аз хуршед вуҷуд дошта бошад, балки вуҷудаш вобаста ба вуҷуди хуршед ва ношӣ аз ӯст, хоҳ он ки фарз кунем замоне буда, ки ин шуъоъ набудааст ва хоҳ он ки фарз кунем, ки ҳамеша хуршед буда ва ҳамеша ҳам шуъоъ доштааст. Агар фарз кунем, ки шуъои хуршед азалан ва абадан бо хуршед будааст, лозим намеояд, ки шуъоъ бениёз аз хуршед бошад.

Фалосифа мегӯянд, ки нисбати ҷаҳон ба Худованд, нисбат‏и шуъоъ ба хуршед аст; бо ин тафовут, ки хуршед, ба худ ва кори худ огоҳ нест ва кори худро аз рӯйи ирода анҷом намедиҳад, вале Худованд ба зоти худ ва ба кори худ огоҳ аст.

Дар мутуни исломӣ гоҳе ба чунин таъбироте бармехӯрем, ки ҷаҳон нисбат ба Худованд ба шуъои хуршед ташбеҳ шудааст, ояти каримаи Қуръон мефармояд:

الله نور السموات والأرض

Худованд нури осмонҳо ва замин аст.” (Нур, 35)

Бархе аз муфассирон дар тафсири он гуфтаанд, яъне Худованд нурдиҳандаи осмонҳо ва замин аст. Ба иборати дигар, вуҷуди осмон ва замин шуъоест илоҳӣ. Фалосифа мегӯянд: Худованд файёзи мутлақ аст ва файёзият яке аз сифоти ӯст. Имкон надорад, ки файзи ӯро маҳдуд ва мунқатеъ фарз намоем.

* * *

Ҳол, чаро Имом Ғаззолӣ (р) ва мутакаллимоне мисли эшон, ба хотири ин дидгоҳ, Ибни Сино (р)-ро кофир донистаанд? Мутакаллимон дар ин замина, бе он ки далел ва бурҳони ақлии муҳкаме дар радди ин дидгоҳ биёваранд, ғолибан бо такя бар нақл Бӯалиро такфир кардаанд. Зеро мо дар аҳодисе ба ин мазмун дорем, ки Худо буд ва чизе набуд ва сипас Худо офарид. Хуб, дидгоҳи Бӯалӣ хилофи зоҳири ин аҳодис аст. Албатта, Ибни Рушд дар китоби “Таҳофутут таҳофут…”-и худ ба ин ишколот ҷавобҳое навишта, ки феълан вориди он намешавам, зеро тӯлонист.

Ин такфир ба назар беҷо мерасад. Зеро намешавад, ки шумо як нафарро ба хотири як дидгоҳи ақлӣ такфир кунед. Ақл ҳаргиз хилофи шаръ набуда ва нест.

* * *

2. Масъалаи илми Худо ба куллиёт, на ба ҷузъиёт:

Имом Ғаззолӣ мегӯяд: Фалосифа аз ҷумла Ибни Сино, мӯътақиданд, ки: Худованд ба куллиёт олим ва огоҳ аст, на ба ҷузъиёт, илми ӯ куллӣ аст, дохили падидаҳои замонӣ намешавад ва ба гузашта, ҳол ва оянда мутафовит намегардад.

Ҳол, бибинем, Ибни Сино чӣ мегӯяд. Вай дар “Шифо” навиштааст:

Воҷибулвуҷуд (Худо) сурати илмии ҳар чизеро ба наҳви куллӣ таъаққул мекунад, бо ин ҳама, ҳеч шайъи шахсӣ ва ҷузъӣ аз ӯ пӯшида нест.

لَا يَعْزُبُ عَنْهُ مِثْقَالُ ذَرَّةٍ فِي السَّمَاوَاتِ وَلَا فِي الْأَرْضِ

“(Ҳатто ба) миқдори заррае, дар осмонҳо ва замин, аз ҳавзаи илми Ӯ барканор нест”. (Сабаъ, 3) Ба ин маъно, ки вақте Ҳақ Таъоло ба худ олим бошад ва бидонад, ки ӯ мабдаъи пайдоиши ҳар мавҷудест ва огоҳ бошад, ки ҳамаи асбоб ва мусаббаботи ҷаҳони ҳастӣ, ки вуҷуд ёфтаанд, ба сабабияти ӯ будааст, саранҷоми онҳо ба гунае хоҳад буд, ки умури ҷузъӣ ва шахсӣ аз онҳо падид меоянд, масалан, ҳар гоҳ илми куллӣ ба ҳаракоти сайёрот ва курраҳои осмон таъаллуқ гирад ва маълум шавад, ки ҳар кусуфи куллӣ (ва ҳоил шудани моҳ миёни замин ва хуршед) чӣ гуна аст, ва маълум шавад, ки ҳар иттисол ва инфисоли куллӣ чӣ гуна аст, сипас як кусуфи ҷузъӣ дар фалон фасл, моҳ ва сол рух диҳад, ва фалон иттисол ва инфисоли ҷузъӣ таҳаққуқ ёбад, дар инҷо он кусуфи куллӣ бар ин кусуфи ҷузъӣ татбиқ ёфтааст”. (Илоҳиёти Шифо, с.499)

Пайдост, ки сухани Ибни Сино ба он маъно нест, ки Худованд ба ҷузъиёт илм надорад. Яъне куллӣ будани илми Худо ба гунае аст, ки бар ҷузъиёт интибоқ дорад. (Яъне ҷузъиётро ба наҳви куллӣ медонад).

* * *

3. Масъалаи маъоди ҷисмонӣ:

Имом Ғаззолӣ (р) мӯътақид аст, ки Ибни Сино мункири маъоди ҷисмонӣ мебошад. Аммо ҳақиқат он аст, ки аввалан: ин ки Ибни Сино маъоди ҷисмониро аз назари ақлӣ қобили исбот намедонад, ин ба он маъно нест, ки вай мӯътақид ба маъоди ҷисмонӣ набошад, балки вай мӯътақид ба маъоди ҷисмонӣ аст, мунтаҳо роҳи исботи маъоди ҷисмониро шариат медонад, на ақл.

Сониян: тафсири Бӯалӣ аз маъоди ҷисмонӣ ва баҳрабардории нафс аз лаззатҳои моддӣ дар олами охират ба гунае аст, ки наметавон гуфт дақиқан ҳамин бадани моддӣ дар олами охират бармегардад ва лаззатҳои олами охират дақиқан шабеҳи лаззатҳои моддии мавҷуд дар ин дунёст.

Тавзеҳ ин ки: Ибни Сино баъд аз тақсими маъод ба ҷисмонӣ ва руҳонӣ ва тасреҳ ба қобили исбот набудани навъи ҷисмонии он, истисноеро зикр мекунад, ва он тасдиқ ба тариқи шаръии он аст. Аз назари ӯ, маъоди ҷисмонӣ манқул аз шаръ буда, ки ба ҳукми тасдиқи хабари нубувват бояд ба он бовар дошт, агарчӣ роҳи ақлии исботи он масдуд аст.



Рубрики:Ислом, Нақду назар, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: