Мусалмонон ва Ҳаҷаруласвад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суолро бисёр матраҳ мекунанд, ки чаро мусалмонон пиромуни Каъбатуллоҳ тавоф мекунанд ва ё чаро Ҳаҷаруласвадро мебӯсанд, магар ин корҳо навъе парастиши ғайри Худо шумурда намешавад? Ин аъмол чӣ фарқе бо рафтори бутпарастон, ки дар баробари бутҳои худ курниш мекунанд, дорад?

Дар ин навиштор саъйи мо бар ин аст, ки ба ин шубҳа посух бинависем. Посухи ин шубҳа зимни баёни чанд муқаддима баён мегардад.

Дар оғоз аммо ёдоварии ин нуктаро лозим медонам, ки: посухе, ки маъмулан баъзеҳо ба ин пурсиш медиҳанд, мабнӣ бар ин ки чун ҳазрати Паёмбар (с) ин амалро анҷом медоданд, пас мо мусалмонон низ анҷом медиҳем ва сухани ҳазрати Умар (р)-ро дар ин мавзӯъ далел меоваранд, ин посух посухе қонеъкунанда лоақал барои як ғайримусалмон нест. Зеро ӯ метавонад бигӯяд, ки пас паёмбари шумо худаш иҷоза додааст, то сангеро бибӯсед! Дар ҳоле ки ишколи ӯ ҳамин аст ва мехоҳад посухи онро биёбад. Ва ин ҳам, ки ҳазрати Умар (р) гуфта, чун дидам ҳазрати Паёмбар (с) Ҳаҷаруласвадро бӯсида, аз ин рӯ ман низ мебӯсам, ҳазрати Умар (р) дар инҷо дар мақоми баёни таъаббуди худ аст, на баёни чизе дигар. Яъне эшон мехоҳад бигӯяд, мо бояд дар ин гуна масоил таъаббуди маҳз ба Паёмбар (с) дошта бошем ва чуну чаро накунем. Дар воқеъ, ин сухан барои як мусалмон ва пайрави ислом аст, на барои як ғайримусалмон.

Ҳол, посух, зимни баёни чанд муқаддима:

1. Муқаддимаи аввал он ки: порае аз амалҳо, аз назари ислом, дар ҳадди зоти худ, ширк маҳсуб мешаванд, мисли парастиш ва ибодати ғайри Худо. Ин ҳукм истисно намепазирад. Яъне, чунин нест, ки як амали хоссеро мо мусалмонон ширк талаққӣ кунем, сипас агар дар ривояте бихонем, ки (масалан) Паёмбар (с) анҷомаш додаанд, бигӯем, ки ин як истино аст, зеро Паёмбар (с) анҷом додаанд. Агар як амал, дар ҳадди зоти худ, ширк бошад, ба тариқи авло онро паёмбарон анҷом намедиҳанд; на ин ки амали онҳо истисно бошад.

Ба сухани дигар, вақте мо амалеро ширк медонем ва сипас ривояте бигӯяд, ки Паёмбар (с) анҷом дода, дар инҷо, ишкол дар мо будааст, ки он амалро ширк дониста будаем, на ин ки амали Паёмбар (с) истино бошад. Яъне, мушкил дар мо будааст, ки аз аввал он амалро ширк дониста будаем. Зеро агар ширк бошад, Паёмбар (с) ҳаргиз анҷом намедод.

2. Муқаддимаи дуввум он ки: аз назари ислом, ширк дар ибодат яъне ин ки шумо касе ё чизе (ба ғайри Худо)-ро парастиш ва ибодат кунед, ва ё ин ки он кас ё он чизро дар ибодат шарики Худо бисозед. Яъне, ҳам Худоро парастиш кунед ва ҳам он кас ё чизро. Ин амал дар ислом ширк маҳсуб мешавад ва набахшуданӣ аст. Худо ҳар амалеро метавонад бибахшад, вале ширкро намебахшад. Ин буд маънои ширк.

Ва аммо маънои ибодат ин аст, ки: шумо барои ибодатшаванда ё мақоми худоӣ қоил мешавед ва ё мақоми рубубият (яъне бо ин ки Худо намедонед, аммо дар тадбири корҳои ҳастӣ ӯро шарики Худо медонед) ва бо ҳамин эътиқод, дар баробараш курниш мекунед. Ибодат ҳамин аст.

3. Муқаддимаи севвум он ки: ашёи мутаъаллиқ ба паёмбарони илоҳӣ (либоси онон ё асои эшон ва ё кафши онон ва ғайра…), навъе қадосат пайдо мекунад. Бинобар ин, агар як мӯъмин ва муваҳҳид кафши Паёмбар (с) ва ё абои ӯ ва ё чизе мутаъаллик ба ӯро бибӯсад, ин ба маънои парастиш ва ибодати он чиз нест, ба ҳеч ваҷҳ, балки фақат ҳикоятгари он аст, ки ӯ барои он чиз, навъе қадосат қоил аст ва онро мояи баракат медонад.

Дар сураи Юсуф (а) ҳаст, ки пироҳани Юсуф (а)-ро вақте ба ҳазрати Яъқуб оварданд ва тибқи тафосир, ӯ онро ба чашмонаш молид, шифо ёфт. Хуб, дар инҷо як пироҳан, ба худии худ, ҳеч арзише надорад, вале чун мутаъаллиқ ба паёмбари илоҳӣ буда, қадосат пайдо карда, ки метавонад шифобахш бошад:

اذْهَبُواْ بِقَمِيصِي هَذَا فَأَلْقُوهُ عَلَى وَجْهِ أَبِي يَأْتِ بَصِيرًا… فَلَمَّا أَن جَاء الْبَشِيرُ أَلْقَاهُ عَلَى وَجْهِهِ فَارْتَدَّ بَصِيرًا

(Юсуф гуфт:) Ин пироҳани маро бибаред ва онро бар чеҳраи падарам биафканед, ки бино шавад… Пас, чун муждарасон омад, он (пироҳан)-ро бар чеҳраи ӯ андохт, пас бино гардид…” (Сураи Юсуф, оятҳои 93-95)

Ва ё дар сураи Бақара дар бораи сандуқе – ки тибқи тафосир, дар он салла ва асо ва чанд чизи мутаъаллиқ ба ҳазрати Мӯсо (а) ва Ҳорун (а) будааст – сухан гуфта ва онро “мояи оромиш аз Парвардигор” хонда ва “нишонаи Худованд” дониста. Барои Бани Исроил ин сандуқ ҳамеша мояи баракат будааст ва дар ҷангҳо ҳамроҳашон мебардоштаанд:

وَقَالَ لَهُمْ نِبِيُّهُمْ إِنَّ آيَةَ مُلْكِهِ أَن يَأْتِيَكُمُ التَّابُوتُ فِيهِ سَكِينَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَبَقِيَّةٌ مِّمَّا تَرَكَ آلُ مُوسَى وَآلُ هَارُونَ تَحْمِلُهُ الْمَلآئِكَةُ إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَةً لَّكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Ва паёмбарашон ба эшон (Бани Исроил) гуфт: Нишонаи подшоҳии ӯ (Толут) ин аст, ки он сандуқ, ки дар он оромиши хотире аз ҷониби парвардигоратон ва бозмондае аз он чӣ хонадони Мӯсо ва хонадони Ҳорун (дар он) бар ҷой ниҳодаанд — дар ҳоле ки фариштагон онро ҳамл мекунанд — ба сӯйи шумо хоҳад омад. Мусалламан, агар мӯъмин бошед, барои шумо дар ин (рӯйдод) нишонае аст.” (Сураи Бақара, ояти 248)

Ва ё ашёи мутаъаллиқ ба ҳазрати Паёмбари худамон (с), чӣ дар замони он ҷаноб (с) ва чӣ пас аз вафоти эшон, ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи мусалмонон буда ва барояш қадосати вижае қоил буданд ва барояшон мояи баракат будааст. Ба унвони намуна, Бухорӣ дар Саҳеҳи худ аз Урва овардааст:

وَمَا تَنَخَّمَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — نُخَامَةً إِلاَّ وَقَعَتْ فِى كَفِّ رَجُلٍ مِنْهُمْ فَدَلَكَ بِهَا وَجْهَهُ وَجِلْدَهُ

Паёмбар (с) оби биниашро берун намеандохт, магар он ки дар кафи дасти яке аз саҳоба воқеъ мешуд ва он гоҳ он саҳобӣ онро ба рӯй ва пӯсташ мемолид.” (Саҳеҳи Бухорӣ, 1/423, Ашшомила)

Оби бинии як инсон, ба худии худ, на танҳо аз ҳеч қадосате бархӯрдор нест балки ишмиъзизовар ҳам аст, вале чун азони Паёмбар (с) ва мутаъаллиқ ба ӯст, қадосат дорад ва мояи баракат аст.

Ва ё мисоле дигар. Муслим дар Саҳеҳи худ аз Анас нақл мекунад:

عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَتَى مِنًى فَأَتَى الْجَمْرَةَ فَرَمَاهَا ثُمَّ أَتَى مَنْزِلَهُ بِمِنًى وَنَحَرَ ثُمَّ قَالَ لِلْحَلَّاقِ خُذْ وَأَشَارَ إِلَى جَانِبِهِ الْأَيْمَنِ ثُمَّ الْأَيْسَرِ ثُمَّ جَعَلَ يُعْطِيهِ النَّاسَ

(Ҳангоми ҳаҷ) Паёмбари Худо (с) ба Мино омад ва рамйи Ҷамара анҷом дод, сипас ба қароргоҳи худ дар Мино ташриф овард ва наҳр (қурбонӣ) кард, сипас ба ҳаллоқ (сартарош) фармуд, бигир – ва ишора ба тарафи рост ва чапи худ кард – сипас мӯйи мубораки хешро ба мардум тақсим мекард.” (Саҳеҳи Муслим, 6/443, Ашомила)

Дар “Усудулғоба” (ва низ дар Мустадрак ва Исоба) дар тарҷумаи Холид ибни Валид (р) омадааст:

وله الأثر المشهور في قتال الفرس والروم وافتتح دمشق وكان في قلنسوته التي يقاتل بها شعر من شعر رسول الله صلى الله عليه و سلم يستنصره به وببركته فلا يزال منصورا

Холид таъсире шигарф дар набардҳои Форс ва Рум дошт. Ӯ буд, ки Димишқро фатҳ кард. Дар кулоҳе, ки дар ин набардҳо дар сар дошт, тиккае аз мӯйи мубораки ҳазрати Расули Акрам (с) буд ва ба василаи он аз Худо кӯмак мехост ва ба баракати ҳамин тикка мӯй буд, ки пайваста пирӯзӣ насибаш буд.” (Усудулғоба, тарҷумаи ҳоли Холид ибни Валид, 1/313, Ашшомила)

4. Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба ин чанд муқаддима гӯем: мо мусалмонон вақте пиромуни Каъба давр мезанем ва ё Ҳаҷаруласвадро мебӯсем, ин ба ҳеч ваҷҳ ба маънои парастиш ва ибодати онҳо нест, балки навъе қадосат қоил шудан ба онҳост. Зеро ки Ҳаҷаруласвад – бино бар баъзе ривоятҳо – фариштае аз фариштаҳои илоҳӣ буда ва мавриди такрим ва эҳтиром буда ва бахусус дар замони ҳазрати Иброҳим (а) мавриди таъзими ин паёмбари илоҳӣ буда. Ва вақте мо онҳоро мебӯсем, ба ин хотир аст, ки пеши мо қадосат дорад. Ва вақте ҳазрати Паёмбар (с) онро бӯсиданд, ба ин ҷиҳат буда, ки барояш қадосат қоил буданд. Яъне, беҷиҳат намебӯсиданд.

Асосан, тамоми аъмоле, ки мо мусалмонон дар айёми ҳаҷ анҷом медиҳем — мисли тавофи Каъба, саъй миёни Сафо ва Марва, ва қурбонӣ дар Мино ва ғайра… — ин аъмол ба таъбири Қуръони Карим, “шаъоири Аллоҳ”, яъне нишонаҳои Худо ҳастанд, на ин ки Каъба, аз он ҷиҳат, ки хонаест биношуда аз санг, дар ҳадди зоти худ, дорои арзише бошад, балки аз он ҷиҳат, ки Худованд онро ба худаш нисбат медиҳад, ин хона қадосат пайдо мекунад.

Пас, бояд миёни ибодат ва қадосат қоил шудан ба чизе ва мояи баракат донистани он, фарқ гузорем. Бинобар ин, на ҳар он чӣ, ки барояш қадосат қоил ҳастем, онро парастида бошем. Миёни ин ду фарқ аз замин то ба осмон аст.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: