Омили пешрафти мо аз назари дониш ва биниш кадом аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мухотаби навиштори ҳозир бештар азизоне ҳастанд, ки аз вуҷуди андеша ва назари мухолиф, изҳори нороҳатӣ мекунанд. Дар яке ду рӯзи ахир дар гурӯҳи “Фалсафа ва ҳикмат” масоиле мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифтанд, ки зоҳиран асбоби нороҳатии шуморе аз азизонро фароҳам овард ва дар паёмҳои хусусӣ аз банда дархост намуданд, ки нагузорем ҳар масъалае дар ин гурӯҳ баҳсу гуфтугӯ бишавад, бахусус масоиле, ки асли вуҷуди Худо ва ё зарурати дин дар ҷомеа ва ин қабил масоилро зери суол бибарад ва мояи илқои шубаҳот дар ҷомеа гардад.

Ҳол, як нукта дар ин замина ҳаст, ки мехоҳам хидмати азизон арз бикунам:

Ва он ин ки: вуҷуди андеша ва назари мухолифи андешаи мо, на танҳо зарару зиёне надорад, балки омили пешрафти мо аз назари дониш ва биниш аст. Агар ҷомеае – ҳар ҷомеае – дар ноҳияи улуми инсонӣ пешрафт дошта, ин пешрафт бештар марҳуни вуҷуди оро ва назароти мухталиф ва мутазориб дар он ҷомеа будааст. Ихтилофи назар ва табодули оро ва баҳсу гуфтугӯ, ғайр аз ҷанҷолҳо ва аҳёнан кашмакашҳои физикӣ аст. Асосан, кашмакашҳои физикӣ инҳо натиҷаи набуди афкори мухолиф дар як ҷомеа аст, на баръакс. Ҳоло равшантар ва бо мисол тавзеҳ бидиҳам. Масалан, вақте дар ҷомеа як андеша ва як фикри мухолифи ақидаи шумо матраҳ мешавад ва бовари шуморо ва масоилеро, ки пеши шумо то имрӯз мусаллам будааст-ро зери суол мебарад, албатта бо далел, он вақт ҳамин худаш сабаб мегардад, ки шумо ба суроғи китоб биравед ва аз нав ва бо умқи бештар, ба мутолеа бипардозед ва ё аз касе, ки огоҳ ба ин масоил аст тавзеҳ бихоҳед. Ва дар ин сурат, аз ду ҳолат берун нест; ё он ки бароятон маълум мешавад, боваре, ки то ба ҳол доштаед, бепоя ва асос будааст, ва ё он ки ба далел ва бурҳони муҳкамтаре даст хоҳед ёфт, ки нодурустии афкори мухолифи шуморо бармало месозад. Яъне, дар ҳар ду сурат, ба нафъ ва суди шумо анҷомида, на ба зарару зиёни шумо. Ва ин аст пешрафти воқеӣ.

Дар торихи худи мо мусалмонон, агар ҷойе пешрафте суроғ дорем, мебинем, ин пешрафт марҳуни вуҷуди ихтилоф ва тазоруби оро ва баҳсҳое будааст, ки миёни уламо воқеъ мешуда. Агар фалосифаи мо мисли Форобӣ ва Бӯалӣ, дар арсаи фалсафа масоили нав ва тозаеро ба армуғон овардаанд, бештари ин навовариҳо ба баракати шубаҳот ва ишколоте будааст, ки мутакаллимон бар орои фалсафӣ ворид мекарданд. Ҳамин тарҳи ишколот боис мешуд, ки фалосифаи мо бештар таъаммуқ ва ғавр бикунанд ва дар натиҷа масоили тозаро ба армуғон оваранд. Агар ишколоти Имом Ғаззолӣ (р) – ва соири мутакаллимони мо – бар масоили фалсафӣ набуд, имрӯз мо китобе ба номи “Таҳофутут-таҳофут” аз Ибни Рушдро, ки воқеан як шоҳкор аст, надоштем. Агар ишколоти мутакаллимоне мисли Иҷӣ ва Тафтозонӣ ва ғайра набуд, ҳаргиз фалсафаи исломӣ ба ин пухтагие имрӯза дар дастраси мост, намерасид.

На танҳо дар арсаи фалсафа, балки дар соири ҳавзаҳо низ масъала аз ҳамин қарор аст. Агар ишколот ва шубаҳоти даҳриюне (атеистҳое) мисли Ибни Абилавҷоъ ва Абӯшокири Дайсонӣ набуданд, оё мо имрӯза дар арсаи илми калом, ин пухтагиеро, ки дар китобҳои каломӣ ва эътиқодии худ мебинем, суроғ доштем? Ҳаргиз.

Асосан, ин худи исломи мост, ки барои тарҳи ақоиди мухолиф маҷол додааст. Як китобе ҳаст маъруф ба “Тавҳиди Муфаззал”, ки шахсе ба номи Муфаззал дар ин китоб ривоятҳоеро аз Имом Содиқ (а) дар заминаи Худошиносӣ гирд овардааст. Ин ривоятҳо дар воқеъ посухҳои Имом Содиқ (а) аст ба шубаҳот ва ишколоте, ки Муфаззал аз забони даҳриюн (атеистҳо) ба Имом Содиқ (а) тарҳ карда. Ҳол, ба муқаддимаи ин китоб, ки тавассути Муфаззал навишта шуда таваҷҷӯҳ бифармоед:

* * *

Поёни рӯз буд. Дар Равза, миёни қабр ва минбари Расули Худо (с) нишаста будам ва дар бораи шарофат ва фазилатҳои худододӣ ва бартарии ҷойгоҳи волои ҳазрати Паёмбар (с), ки ҷумҳури уммат нисбат ба онҳо огоҳ набуданд, меандешидам. Дар ин ҳол будам, ки ногоҳ Ибни Абилавҷоъ (яке аз атеистҳои маъруфи он даврон) ворид шуд ва дар ҷойе нишаст, ки метавонистам суханашро бишнавам. Он гоҳ яке аз ёронаш назди ӯ расид ва нишаст. Ибни Абилавҷоъ лаб ба сухан гушуд ва гуфт:

— Бешак, соҳиби ин қабр (яъне ҳазрати Паёмбар (с)) дар тамоми ҳолатҳояш ба мунтаҳои дараҷаи камол, шарофат ва азамат расида буд.

Ёраш гуфт:

— Ӯ доное буд, ки иддаъои мартибае бас азим ва манзилате бас бузург кард ва бар ин иддаъои худ мӯъҷизаҳое овард, ки ақлҳоро мағлуб ва фаҳмҳоро нотавон ва саргашта намуд. Хирадпешагон барои дарки ҳақиқати онҳо дар дарёи хурӯшони андеша фурӯ рафтанд ва саргашта ва ноком ва тиҳидаст бозомаданд. Он гоҳ, ки андешамандон ва фасеҳон ва хатибон даъваташро ба ҷон пазируфтанд, мардум дигар гурӯҳ-гурӯҳ ба динаш даромаданд. Номи ӯ бо номи Худой қарин гашт ва рӯзона панҷ бор дар азон ва иқома ин фарёд аз азонгоҳи ибодатгоҳҳо ва ҳар ҷойе, ки даъвати ӯ бад-он ҷо роҳ ёфтааст, дар дашту саҳро ва кӯҳу дарё ба ҳаво хост, то ҳар соат ёдаш тоза монад ва рисолаташ ба хамӯшӣ нагарояд.

Ибни Абилавҷоъ гуфт:

— Сухан аз Муҳаммад (с)-ро бигузор ва бигузар, ки ақли ман дар бораи ӯ саргашта ва андешаам дар кори ӯ гумроҳ ва бастааст. Дар бораи розу решаи кори ӯ сухан бигӯ, ки мардум бад-он сабаб онро мепӯянд.

Сипас (Ибни Абилавҷоъ) ба баёни оғози хилқат ва падид омадани ашё пардохт, ки ҳеч пардозиш, тадбир ва тақдире набуда ва офариниш созанда ва тадбиргар ва офаридгоре надорад, балки ҳама чиз худ ба худ ва бидуни тадбири мудаббире падид омада ва дунё ҳамеша чунин буда ва чунин хоҳад буд…

Муфаззал мегӯяд: (Бо шунидани ин суханони нораво) чунон ба хашму ғазаб омадам, ки инон аз кафам берун рафт ва (хитоб ба ӯ) гуфтам:

— Эй душмани Худо! Дар дини Худоят илҳод меварзӣ ва Худовандеро, ки ба некӯтарин сурат ва комилтарин офариниш падидат овард ва туро то бад-ин ҷо расонида, инкор мекунӣ?! Агар дар даруни хеш нек андеша кунӣ ва ҳисси латифи ту дар хато наяфтад, ҳар ойина далелҳо ва бурҳонҳои рубубият ва осори санъати созандаро дар вуҷудат нуҳуфта ва нишонаҳо ва далоили Хуованди Мутаъолро дар офаринишат равшан меёбӣ.

Ибни Абилавҷоъ (пас аз шунидани оҳанги тунди суханони Муфаззал) гуфт:

— Эй мард! Агар аз мутакаллимонӣ (яъне агар аз уламои дониши тавҳид ва ақоид ҳастӣ), бо ту сухан мегӯем. Он гоҳ, дар сурате ки (бар мо пирӯз шудӣ ва) ҳақро назди ту ёфтем, аз ту пайравӣ хоҳем кард, аммо агар аз инон нестӣ, ҳеч сухан магӯй. Ту агар аз ёрон ва асҳоби (Имом) Ҷаъфари Содиқ ҳастӣ, бидон, ки ӯ бо мо ин гуна сухан намегӯяд ва ҳамонанди ту бо мо муҷодила намекунад. Ӯ беш аз он чӣ ту аз мо шунидӣ, аз мо шунида, аммо ҳеч гоҳ суханро бо фуҳшу дашном олуда нанамудааст. Ӯ ҳамвора дар суханони худ шикебо, бовиқор, андешагар ва устувор буда ва ҳеч замоне ба сутуҳ намеомад ва хулқаш танг намегашт ва барнамеошуфт. Балки ибтидо нек ба суханони мо гӯш фаро медиҳад ва мекӯшад, ки далели моро ба дурустӣ дарёбад, мо низ ҳама чизи худро ба миён меоварем. Ва ҳангоме ки (суханони мо тамом мешавад ва) мепиндорем ӯро маҳкум кардем (ва бар ӯ пирӯз шудем), ногоҳ бо сухане кӯтоҳ ва андак, (бар мо ғолиб меояд), далеламонро мешиканад ва моро таслими далели худ мекунад, ба гунае ки ҳеч посухе дар ҷавоб ба далоилаш намеёбем. Ҳол, агар аз ёрони ӯйӣ, ту низ бо мо чун ӯ сухан бигӯ…” (Поёни қисмате аз муқаддимаи Муфаззал бар китоби Тавҳид)

* * *

Ва акси ин, агар дар ҷомеа андеша ва орои якнавохт ҳоким бошад ва касе ҳаққи изҳори ақидаи мухолифи он надошта бошад, афроди ин ҷомеа мунҷамид ва шахшуда ба бор хоҳанд омад. Зеро хотирашон ҳамеша ҷамъ аст. Якчунин ҷомеаеро хатари фурӯрезӣ (дар ноҳияи андеша ва фикр) таҳдид мекунад.

Ба ҳар сурат, дигар беш аз ин намехоҳам баҳсро тӯлонӣ бикунам.



Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: