Руҳ чист? Замон чист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Руҳе, ки фалосифае мисли Ибни Сино аз он мегӯянд, рабте ба олами модда (олами модда яъне ҳар он чӣ маҳсуси мост, аз каҳкашонҳо бигир то кучактарин зарра) надорад. Балки руҳ аввалан маҳсус нест, яъне бо ҳавосси моддӣ (мисли биноӣ, шунавоӣ чашоӣ, ломиса ва бӯёӣ) қобили эҳсос нест. Яъне, на дида мешавад, на бӯида мешавад, на чашида мешавад, на ламсида мешавад ва на шунавида мешавад. Ва сониян, руҳро инсонҳо ё ба ақл дарк мекунанд ва ё ба виҷдон меёбанд.

Далели виҷдонии дарки руҳ яке ин аст, ки шумо худатонро ба унвони “ман” эҳсос мекунед. Ва ин “ман”, ки шумо эҳсос мекунед, мебинед, ки ҳеч як аз хоссиятҳои моддаро надорад. Яъне тағйир ва таҳаввуле, ки дар модда рух медиҳад, шумо онро дар “ман” намеёбед. Ба унвони мисол, модда ҳар лаҳза тағйир мекунад, аносури моддие, ки бадани шумо аз онҳо ташкил шуда, ҳар лаҳза тағйир мекунанд; ҷисм ва бадане, ки шумо ҳамин алъон доред, ғайр аз он аст, ки масалан як моҳ қабл доштед. Зеро он чӣ қаблан доштед, имрӯз комилан тағйир карда. Вале бо ин вуҷуд, шумо худро як воҳид меёбед. Шумо худеро (“ман”-еро), ки масалан 5 сол пеш як коре анҷом додааст, ҳамин ҳоло шумо худро масъули ҳамон кор медонед. Яъне намегӯед, ки “мане”, ки 5 сол пеш фалон корро кардааст, дигар он “ман” ман нестам. Қотиле, ки 25 сол қабл як нафарро куштааст, ӯ масъули ин қатл аст агарчи баъди 25 сол бошад, ӯ намегӯяд, ки он қотил “ман” набудам.

Хулоса, ин дарки “ваҳдат” ва “ман”-и воҳид, нишон медиҳад, ки “ман” як чизи моддӣ набудааст, зеро агар моддӣ мебуд, ин ваҳдатро эҳсос намекард. Аз ин ҷост, ки Ибни Сино (ва соири фалосифаи илоҳӣ) мегӯяд, воқеияти инсон “руҳи” ӯст, ки “ҷисм” фақат маркаби ӯст.

Ва моҳияти руҳро аммо мо инсонҳо – модоме ки дар зарфи замон ва макон ҳастем – ҳаргиз наметавонем дарк кунем. Фақат метавонем вуҷудашро тасдиқ кунем, аммо ин ки моҳияташ чист, намефаҳмем. Ин аст руҳ. Барои ҳамин гуфтаанд, руҳ моддӣ нест, балки муҷаррад аст. Муҷаррад яъне ғайри моддӣ.

Ин ки баъзеҳо гумон мекунанд, руҳ мисли як “фазо” аст, як тасаввури ғалат аст. Ин андешаро бояд аз зеҳнҳо дур кард. Зеро фазо ҳам моддӣ аст. Вақте руҳ мегӯем, яъне чизе ки моддӣ нест; на мисли ҷисм аст, на мисли энержӣ, инҳо нест, ин чизҳо ҳама мутаъаллиқ ба олами модда аст. Пас, тасаввуре, ки баъзе филмҳо аз руҳ ба намоиш гузоштаанд, бояд ба дур рехт. Моҳияти руҳ барои инсон қобили шинохт нест, зеро мо дар зарфи замон ва макон ҳастем, ва аз ин рӯ наметавонем чизеро, ки дар берун аз ин зарф аст, тасаввур намоем.

* * *

Замон

Ва аммо “замон”. Замон, бо он ки малмус нест, вале мутаъаллиқ ба ҳамин олами модда аст. Тавзеҳ он ки: ҳар ҷисми моддӣ (ё ҳар шаъйи моддӣ) ҳар лаҳза дар ҳаракат аст. Ва манзур аз ҳаракат дар инҷо, интиқол аз ҷойе ба ҷойи дигар, ки дар зеҳни ҳамаи мо меояд, нест. Балки ҳар чизи моддӣ, дар ҷавҳари худ, яъне дар даруни худ, дар моҳияти худ, дар ҳоли ҳаракат аст; ба ин маъно, ки ҳар лаҳза аз ҳолате ба ҳолате дигар табдил мешавад. Тамоми мавҷудоти моддӣ, бидуни истисно. Дар истилоҳи фалсафа, инро “интиқол аз қувва ба феъл” ҳам мегӯянд. Манзур аз ҳаракат ҳамин аст.

Хуб, миқдори ин ҳаракати дарунӣ, ҳамон “замон” аст. Агар худамонро меъёр қарор дода бигӯем, ин гуна мегӯем. “Замон яъне миқдори ҳаракатҳои ҷавҳарии худамон”, ҳатто агар якҷо истода бошем. Ин аст воқеияти замон. Ин ки кӯдак ҳастем, сипас навҷавон, сипас ҷавон, сипас миёнсол, сипас пир ва ғайра, инҳо фақат намунаҳое аз ин ҳаракати ҷавҳарӣ аст, вагарна ҳар лаҳза мо дар ҳаракат ва интиқолем аз нуқтае ба нуқтаи дигар. Ва аммо истилоҳоте мисли: сол, моҳ, ҳафта, рӯз, соат, дақиқа, сония, инҳо сохтаи худи инсон аст, яъне эътибори инсон аст. Зеро инсонҳо ҳаракати замин дар атрофи хуршедро меъёр қарор дода, бо ҳамин меъёр, ҳаракати чизҳои дигарро замонманд кардаанд. Вагарна инҳо ҳақиқате надоранд. Мо метавонистем, масалан чизи дигарро меъёр қарор бидиҳем, на ҳаракати замин атрофи хуршед ё ҳаракати моҳ атрофи заминро.

Хуб, хулоса ин шуд, ки замон фақат дар модда қобили тасаввур аст. Ҳар чизе, ки моддист, замонист, ва ҳар чизе, ки замонист моддист.

* * *

Бо тавзеҳе, ки аз “руҳ” ва “замон” дода шуд, ҳоло комилан равшан мешавад, ки руҳ наметавонад замонӣ бошад. Чаро? Зеро моддӣ нест, то замон дошта бошад. Зеро мавҷудоти ғайри моддӣ (яъне муҷаррад) — мисли руҳ, фаришта ва куллан он чӣ марбут ба олами малакут аст — инҳо моддӣ нестанд, то ҳаракати дарунӣ дошта ва он гоҳ замон дошта бошанд.

Албатта, баъзе аз равоншиносони муосир ба ин ҳақиқат эътироф доранд, ки аҳёнан баъзе инсонҳо дар ҳамин олам метавонанд аз ҷисми худ ҷудо шаванд. Ва вақте ҳам тавонистанд ҷудо бишаванд, дигар аз замон ва макон (ки ҳар ду моддист) берун мешаванд, ва метавонанд дар айни он ки инҷо бошанд, онҷо ҳам бошанд. Албатта, инҳоро гуфтаанд, вале шахсан чандон итминони комил ба ин гузоришҳо надорам, зеро инсон то модоме ки дар ин олам аст, баъид ба назар мерасад, ки битавонад руҳашро аз ҷисмаш мунсалих кунад. Шояд дуруст бошад, вале банда наметавонам бо итминон қазоват кунам дар ин замина.

* * *

Мо инсонҳо – то модоме ки дар зарфи замон ва макон ҳастем, яъне дар ҳамин олами модда ҳастем – аслан ва абадан наметавонем моҳияти ашёи ғайри моддӣ (муҷаррад) ва корҳои онҳоро тасаввур намоем; ин ки масалан моҳияти руҳ чист ва чӣ гуна аст, ё моҳияти фаришта чӣ гуна аст, ё корҳои Худо чӣ гуна анҷом мепазиранд, ё он ки “кун фа якун”, ки Худо дар мавриди халқ ва офариниш гуфтааст, ҳақиқаташ чист ва ғайра… Инҳоро наметавонем тасаввур намоем. Фақат метавонем вуҷудашонро тасдиқ намоем. Зеро дар зарфи идроки мо намегунҷанд. Мо дар зарфи идроки худ ҳар чизеро, ки тасаввур мекунем, онро дар зарфи замон метавонем тасаввур кунем.

Ба ҳамин хотир аст, ки он чӣ дар бораи фариштаҳо омада, ки масалан бол доранд, бале, инро тасдиқ мекунем, вале воқеияташ чист, инро дигар намефаҳмем ва ба боли парандаҳо низ ташбеҳ намекунем, ҳамон тавре ки масеҳиён ин корро мутаассифона мекунанд. Ҳеч чизи олами малакут ба чизҳои олами модда монандӣ надорад.

Ба ҳамин далел аст, ки вақте аз “руҳ” суол мешавад, Худо дар Қуръони Карим мефармояд:

وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الرُّوحِ قُلِ الرُّوحُ مِنْ أَمْرِ رَبِّي وَمَا أُوتِيتُم مِّن الْعِلْمِ إِلاَّ قَلِيلًا

Дар бораи руҳ аз ту мепурсанд, бигӯ: Руҳ аз амри Парвардигори ман аст, ва ба шумо аз дониш ҷуз андаке дода нашудааст”. (Сураи Исро, ояти 85)

Бигӯ: Руҳ аз амри Парвардигори ман аст…” Ба ҳамин миқдор иктифо мекунад ва дигар чизе намегӯяд ва изофа мекунад: “Ва ба шумо аз дониш ҷуз андаке дода нашудааст”. Зеро барои инсон қобили дарк нест моҳият ва ҳақиқати руҳ, фақат метавонад тасдиқ намояд.

Дар мавриди “амри илоҳӣ” (ин амр ба маънои фамоиш нест) низ мегӯяд:

إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ

Амри Худо, вақте иродаи чизе бикунад ин аст, ки мегӯяд: “Бош”, пас (бедиранг) мавҷуд мешавад”. (Сураи Ёсин, ояти 82) Дигар чизе беш аз ин намеафзояд. Чаро? Барои он ки кори Худо дар зарфи замон ва макон нест, ки мо битавонем бифаҳмемаш.

Ва низ барои ҳамин аст, ки “кун фа якун”-и Худованд замонӣ нест, яъне чунин нест, ки халқ ва офариниши ӯ ба дирӯзу имрӯзу фардо тақсим шавад. Дирӯзу имрӯзу фардо инҳо замониёт ҳастанд ва мутаъаллиқ ба олами модда.

Чӣ қадр Қуръони Карим ин ҳақиқатро дар ояти зерин зебо баён карда. Воқеан, агар дар Қуръони Карим фақат ҳамин оят буд, дар мӯъҷиза буданаш ва ин ки китоби Худост, кофӣ буд. Ояти карима мегӯяд:

إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ. وَمَا أَمْرُنَا إِلَّا وَاحِدَةٌ كَلَمْحٍ بِالْبَصَرِ

Моем, ки ҳар чизеро ба андоза офаридем. Ва амри мо ҷуз як бор нест, (он ҳам) чун чашм ба ҳам задане”. (Сураи Қамар, оятҳои 49 ва 50)

Чӣ қадр расо ва зебо! Амри Худо (ҳамон “кун фа якун”) дигар замон надорад, балки яке беш нест. Халқ ва офариниши Худо ба ҳамин як амр буда. Аввали офаридаҳо ва то охиринаш ба ҳамин як амр буда. Аммо вақте ба он, аз олами модда, яъне аз ҷониби мо инсонҳо, нигариста мешавад, ин дигар мо ҳастем, ки онро ба дирӯзу имрӯзу фардо тақсим мекунем, яъне дохили замон мекунем ва он гоҳ тасаввур менамоем, зеро ба ғайри ин, наметавонем тасаввур намоем. Вагарна дар мартибаи зоти илоҳӣ “ҷуз як бор” нест. Ин ҳам ки мегӯяд, “чун чашм ба ҳам задане” инро ба хотири он мегӯяд, ки як вақт замон ба зеҳнатон хутур накунад.



Рубрики:Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: